5 Мӯсо
20 Агар ту ба ҷанги душманонат бароӣ ва аспон, аробаҳо ва ҷанговарони онҳоро бубинӣ, ки аз ту зиёдтаранд, натарс, зеро Худоят Яҳува, ки туро аз замини Миср берун овардааст, бо туст.+ 2 Пеш аз он ки ба ҷанг равӣ, коҳин бояд назди мардум омада, бо онҳо сухан гӯяд.+ 3 Ӯ бояд ба мардум чунин бигӯяд: “Бишнав, эй Исроил! Ҳозир шумо ба ҷанги душман меравед. Бигзор дилатон аз тарс суст нашавад. Аз онҳо натарсед, ба ваҳм наоед ва дар пеши онҳо наларзед, 4 зеро Худоятон Яҳува бо шумо меравад, то бар зидди душманонатон биҷангад ва шуморо наҷот диҳад”.+
5 Фармондеҳон бояд ба мардум бигӯянд: “Кӣ хонаи нав сохтааст ва аз он истифода накардааст? Бигзор ӯ ба хонаи худ баргардад, зеро, агар дар ҷанг бимирад, каси дигаре рафта, дар он сокин мешавад. 6 Кӣ ток шинонда, аз меваи он нахӯрдааст? Бигзор ӯ ба хонаи худ баргардад, зеро, агар дар ҷанг кушта шавад, шахси дигаре аз меваи он мехӯрад. 7 Кӣ дар миёни шумо занеро номзад кардаасту бо вай ҳанӯз хонадор нашудааст? Бигзор ӯ ба хонаи худ баргардад,+ зеро, агар дар ҷанг бимирад, занаш ба марди дигаре мерасад”. 8 Фармондеҳон ҳамчунин бояд аз халқ бипурсанд: “Кӣ дар миёни шумо тарсончак ва буздил аст?+ Бигзор вай ба хонаи худ баргардад, то дили бародаронашро низ суст нагардонад”.+ 9 Вақте фармондеҳон бо мардум гап заданро тамом кунанд, онҳо бояд сарлашкаронро таъйин намоянд, то мардумро роҳбарӣ кунанд.
10 Агар ба шаҳре наздик биёӣ, то бо он биҷангӣ, аввал ба он шартҳои сулҳро эълон кун.+ 11 Агар он шаҳр бо ту сулҳ намуда, дарвозаҳояшро ба рӯят кушояд, тамоми мардуми он аз они ту, хизматгорони ту, мешаванд ва ту метавонӣ меҳнати маҷбуриро бар гардани онҳо бор кунӣ.+ 12 Аммо, агар он шаҳр бо ту сулҳ кардан нахоҳад ва бар зидди ту барояд, онро муҳосира намо. 13 Худоят Яҳува онро ҳатман ба дастат месупорад ва ту бояд ҳама мардони он шаҳрро аз дами шамшер гузаронӣ. 14 Аммо занон, кӯдакон, чорво ва ҳар он чӣ дар он шаҳр ёфт шавад, тамоми ғанимати он, аз они ту мешавад.+ Ту ғанимати душманонатро, ки Худоят Яҳува ба ту додааст, хоҳӣ хӯрд.+
15 Бо ҳама шаҳрҳое, ки аз ту хеле дуранд ва аз ҷумлаи шаҳрҳои ин халқҳои ҳамсоя нестанд, чунин бикун. 16 Аммо дар шаҳрҳои ин халқҳо, ки Худоят Яҳува ба ту мерос медиҳад, ҳеҷ ҷонеро зинда нагузор.+ 17 Онҳоро, яъне ҳиттиён, амӯриён, канъониён, фариззиён, ҳиввиён ва ябусиёнро,+ ҳамон тавре ки Худоят Яҳува ба ту фармуда буд, пурра ба нестӣ супор, 18 мабодо онҳо ба ту корҳои ҳароми худро, ки барои худоёнашон мекунанд, ёд диҳанд ва ту бар зидди Худоят Яҳува гуноҳ кунӣ.+
19 Агар шаҳреро муҳосира кунӣ ва барои забт кардани он дурудароз биҷангӣ, дарахтони онро бо табар зада набур. Аз меваи дарахтон бихӯр, аммо онҳоро набур.+ Охир, дарахт одам нест, ки ба он ҳамла кунӣ*. 20 Танҳо дарахтеро нест карда метавонӣ, ки мева надиҳад. Ту метавонӣ онро бурида, барои сохтани истеҳком бар зидди шаҳре, ки бо ту меҷангад, кор фармоӣ, то он шаҳрро забт кунӣ.