Юшаъ
7 Исроилиён дар хусуси он чӣ бояд ба нестӣ супурда мешуд, бевафоӣ карданд, зеро Охони+ писари Кармӣ, писари Забдӣ, писари Зораҳ, аз қабилаи Яҳудо, баъзе чизҳоеро, ки бояд ба нестӣ супурда мешуданд, барои худ гирифт.+ Аз ин сабаб хашми Яҳува бар исроилиён аланга зад.+
2 Он гоҳ Юшаъ аз Ериҳӯ ба Ой,+ ки дар наздикии Байт-Овин, дар тарафи шарқии Байт-Ил+ ҷойгир аст, одам фиристод ва ба онҳо гуфт: «Биравед ва заминро ҷосусӣ кунед». Онҳо рафта, Ойро ҷосусӣ карданд. 3 Вақте онҳо назди Юшаъ баргаштанд, ба ӯ гуфтанд: «Шарт нест, ки тамоми мардум ба он ҷо равад. Тахминан ду ё се ҳазор нафар барои шикаст додани Ой бас аст. Тамоми халқро ба он ҷо бурда, заҳмат надеҳ, чунки мардуми Ой каманд».
4 Тахминан 3000 нафар ба он ҷо равона шуданд, аммо аз дасти мардуми Ой рӯ ба гурез оварданд.+ 5 Мардуми Ой 36 нафарро зарба зада, куштанд. Онҳо исроилиёнро аз беруни дарвозаи шаҳр то Шеборим* сур карданд ва дар нишебӣ онҳоро зарба задан гирифтанд. Дили мардум аз тарс об шуду ғайраташон барбод рафт.
6 Юшаъ либосҳояшро чок зад ва рӯ ба замин ниҳода, дар пеши сандуқи Яҳува афтод. Ӯ ва пирони Исроил бар сари худ хок пошида, то бегоҳ дар он ҷо монданд. 7 Юшаъ гуфт: «Ё Яҳува, Парвардигоро, чаро ин халқро аз Урдун гузарондӣ? Магар ту мехоҳӣ моро ба дасти амӯриён супурда, нобуд созӣ? Кошки дар он тарафи Урдун* мемондем. 8 Маро бубахш, эй Яҳува. Охир, баъд аз он ки Исроил аз пеши душманонаш рӯ ба гурез овардааст, ман дигар чӣ гӯям? 9 Вақте ин воқеа ба гӯши канъониён ва ҳама мардуми ин замин расад, онҳо омада, моро гирд мекунанд ва ному нишонамонро аз рӯйи замин нест месозанд. Он гоҳ бо номи бузурги ту чӣ мешавад?»+
10 Яҳува ба Юшаъ гуфт: «Бархез! Чаро рӯ ба замин афтодаӣ? 11 Исроил гуноҳ кардааст. Онҳо аҳди маро,+ ки ба онҳо фармудаам, поймол кардаанд ва чизеро, ки бояд ба нестӣ супурда мешуд,+ дуздидаанд+ ва дар миёни чизҳои худ пинҳон намудаанд.+ 12 Аз ин рӯ исроилиён ба душманони худ ғолиб намеоянд. Онҳо пушташонро гардонда, аз душманон мегурезанд, зеро ба чизе табдил ёфтаанд, ки бояд ба нестӣ супурда шавад. То даме ки шумо он чиро, ки бояд ба нестӣ супурда шавад, аз миёни худ нобуд насозед, ман бо шумо нахоҳам буд.+ 13 Бархез ва мардумро пок гардон.+ Ба онҳо бигӯ: “Барои пагоҳ худро пок созед, зеро Яҳува, Худои Исроил, чунин мегӯяд: “Эй Исроил, дар миёни ту чизест, ки бояд ба нестӣ супурда шавад! То даме ки аз миёнатон чизеро, ки бояд ба нестӣ супурда шавад, нобуд насозед, шумо бар душманонатон дастболо намешавед. 14 Саҳарӣ қабила ба қабила ҳозир шавед. Аз қабилае, ки Яҳува ба он ишора кунад,+ бигзор ҳар хонадонаш ба навбат пеш ояд. Аз хонадоне, ки Яҳува ба он ишора кунад, бигзор ҳар хонаводааш ба навбат пеш ояд. Аз хонаводае, ки Яҳува ба он ишора кунад, бигзор ҳар мард ба навбат пеш ояд. 15 Ба ҳар кӣ ишора шавад, ки он чӣ бояд ба нестӣ супурда шавад, дар дасти ӯст, бигзор ӯро ҳамроҳи ҳар чӣ ӯ дорад, оташ зананд,+ зеро вай аҳди Яҳуваро+ поймол намудааст ва кори нанговаре дар Исроил ба амал овардааст”».
16 Юшаъ саҳари барвақт бархост ва исроилиёнро аз рӯйи қабилаҳояшон пеш овард ва ба қабилаи Яҳудо ишора шуд. 17 Сипас хонадонҳои Яҳудо пеш омадан гирифтанд ва ба хонадони Зораҳ+ ишора шуд. Сипас хонаводаҳои хонадони Зораҳ пеш омадан гирифтанд, ва ба хонаводаи Забдӣ ишора шуд. 18 Оқибат ҳар марди хонаводаи Забдӣ пеш омадан гирифт ва ба Охони писари Кармӣ, писари Забдӣ, писари Зораҳ, аз қабилаи Яҳудо ишора шуд.+ 19 Юшаъ ба Охон гуфт: «Писарам, хоҳиш мекунам, Яҳува, Худои Исроилро, ҷалол деҳ ва пеши ӯ росташро бигӯ. Илтимос, бигӯ, ки чӣ кор кардӣ. Аз ман ҳеҷ чизро пинҳон накун».
20 Охон ба Юшаъ ҷавоб гардонда гуфт: «Ман, ҳақиқатан ҳам, зидди Яҳува, Худои Исроил, гуноҳ кардаам. Ман чунин кардам: 21 вақте дар миёни ғанимат як ҷомаи зебову гаронбаҳои шинъорӣ,+ 200 сиқл* нуқра ва як пораи тиллои вазнаш 50 сиқлро дидам, онҳоро ҳавас кардам ва гирифтам. Ин чизҳо дар даруни хаймаи ман пинҳонанд, пул бошад, дар таги либос аст».
22 Юшаъ дарҳол одам фиристод ва онҳо сӯйи хайма давиданд. Онҳо он либосро, ки дар хайма пинҳон буд, бо пуле, ки дар таги он буд, ёфтанд. 23 Сипас онҳо он чизҳоро аз хайма бароварда, назди Юшаъ ва ҳамаи исроилиён оварданд ва онҳоро ба ҳузури Яҳува гузоштанд. 24 Юшаъ ва ҳамаи исроилиён Охони+ писари Зораҳро бо нуқра, ҷомаи гаронбаҳо, пораи тиллояш+ ва писарону духтарон, гову молу хараш ва ҳар он чӣ дошт, гирифта, ба водии Охӯр+ оварданд. 25 Юшаъ гуфт: «Чаро ту бар сари мо бало овардӣ?+ Имрӯз Яҳува бар сари ту бало меорад». Он гоҳ тамоми Исроил ӯро бо оилааш сангсор намуд+ ва сипас ҳамаашонро дар оташ сӯзонданд.+ Ҳамин тавр, ҳамаи онҳо сангсор шуданд. 26 Сипас мардум бар болои ӯ тӯдаи калони санге гузоштанд, ки он то имрӯз боқист, ва оташи ғазаби Яҳува хомӯш шуд.+ Аз ин рӯ он ҷо то ба имрӯз водии Охӯр* ном бурда мешавад.