Юшаъ
14 Ин аст меросе, ки исроилиён дар замини Канъон аз Элъозори коҳин, Юшаи писари Нун ва сарварони хонаводаҳои қабилаҳои Исроил гирифтанд.+ 2 Онҳо мероси худро аз рӯйи қуръа гирифтанд,+ ҳамон тавре ки Яҳува ба воситаи Мӯсо барои нуҳу ним қабила фармуда буд.+ 3 Мӯсо боз ба дую ним қабилаи дигар дар он тарафи дарёи Урдун* мерос дод,+ аммо ба левизодагон дар баробари дигар қабилаҳо мерос надод.+ 4 Насли Юсуф аз ду қабила иборат буд:+ қабилаи Менашше ва Эфроим.+ Ба қабилаи левӣ бошад, ғайр аз шаҳрҳо+ барои зиндагӣ карданашон ва чарогоҳ барои чорвою молашон, меросе надоданд.+ 5 Исроилиён заминро, ҳамон тавре ки Яҳува ба Мӯсо фармуда буд, тақсим карданд.
6 Сипас мардони Яҳудо назди Юшаъ ба Ҷилҷол+ омаданд ва Колеб,+ писари Ефуннеи қеназзӣ, ба ӯ гуфт: «Ту медонӣ, ки Яҳува ба воситаи Мӯсо, марди Худо,+ дар ҳаққи туву ман дар Қодеш-Барнеа+ чӣ гуфта буд.+ 7 Вақте ки Мӯсо, хизматгори Яҳува, маро ба Қодеш-Барнеа барои ҷосусӣ кардани ин замин фиристод,+ ман 40-сола будам ва ҳангоми баргаштан он чизеро, ки дидам, аз дили соф хабар додам.+ 8 Ҳарчанд бародаронам, ки бо ман рафта буданд, дар дили мардум воҳима андохтанд, ман бо тамоми дил ба Яҳува итоат кардам.+ 9 Он рӯз Мӯсо қасам хӯрда гуфт: “Заминеро, ки поят расида буд, ман ба ту ва писаронат ба таври доимӣ мерос медиҳам, зеро ту бо тамоми дил ба Яҳува, Худои ман, итоат кардӣ”.+ 10 Аз рӯзе ки Яҳува ҳангоми дар биёбон будани исроилиён+ ин ваъдаро ба Мӯсо дода буд,+ 45 сол гузашт. Яҳува ҳамаи ин солҳо маро зинда нигоҳ дошт+ ва имрӯз ман 85-солаам. 11 Имрӯз ман мисли он рӯзе, ки Мӯсо маро фиристода буд, бақувватам. Ҳозир ҳам қувватам мисли пештара ба ҷанг кардан ва корҳои дигар мерасад. 12 Аз ин рӯ ин кӯҳистонеро, ки Яҳува дар он рӯз ваъда дода буд, ба ман бидеҳ. Дар он рӯз ту шунидӣ, ки дар он замин аноқиёнанд+ ва онҳо дар шаҳрҳои бузурги ҳисордор зиндагӣ мекунанд,+ вале бовар дорам, ки Яҳува бо ман хоҳад буд,+ ва ман, ҳамон тавре ки Яҳува ваъда додааст, онҳоро бадар меронам».+
13 Юшаъ Колеби писари Ефуннеро дуои нек кард ва ба ӯ Ҳебрӯнро мерос дод.+ 14 Аз ин рӯ Ҳебрӯн то ба имрӯз мулку мероси Колеби писари Ефуннеи қеназзӣ аст, зеро ӯ бо тамоми дилаш ба Яҳува, Худои Исроил, итоат кардааст.+ 15 Номи пештараи Ҳебрӯн Қирят-Арбаъ буд+ (Арбаъ дар миёни аноқиён марди бузурге буд). Пас аз ин замин аз ҷанг ором гирифт.+