Юшаъ
15 Замине, ки аз рӯйи қуръа+ ба қабилаи Яҳудо аз рӯйи хонаводаҳояш расид, то ба сарҳади Адӯм,+ то худи биёбони Син ва канори ҷанубии Негеб тӯл мекашид. 2 Сарҳади ҷанубии онҳо аз канори баҳри Намак*,+ аз халиҷи ҷанубии он, сар мешуд. 3 Дар ҷануб он сӯйи кӯтали Ақрабим+ тӯл кашида, аз Син мегузашт, сипас аз ҷануб ба Қодеш-Барнеа+ баромада, аз Ҳесрӯн мегузашт. Баъд сӯйи Аддор баромада, ба тарафи Қарқоъ тоб мехӯрд. 4 Сипас он аз Асмӯн+ гузашта, сӯйи водии Миср+ тӯл мекашид ва он дар баҳр* ба охир мерасид. Ин сарҳади ҷанубии қабилаи Яҳудо буд.
5 Сарҳади шарқии замини онҳо баҳри Намак* буд ва то резишгоҳи Урдун тӯл мекашид. Сарҳади шимолӣ бошад, аз халиҷи баҳр, аз резишгоҳи Урдун сар мешуд.+ 6 Сарҳад сӯйи Байт-Ҳоҷло+ баромада, аз шимоли Байт-Аробо+ мегузашт ва баъд ба санги Бӯҳани+ писари Реубен рафта мерасид. 7 Сипас сарҳад сӯйи Дабир, ба водии Охӯр+ мебаромад ва ба тарафи шимол, тарафи Ҷилҷол+ тоб мехӯрд, ки дар рӯ ба рӯйи кӯтали Адумим, ки дар ҷануби водист, ҷойгир аст. Баъд сарҳад ба обҳои Эйн-Шемеш+ тӯл мекашид ва дар Эйн-Рӯҷил+ ба охир мерасид. 8 Он сӯйи водии Писари Ҳиннӯм,+ нишебии ҷанубии ябусиён,+ яъне Ерусалим,+ баромада, сӯйи қуллаи кӯҳе мебаромад, ки аз тарафи ғарб рӯ ба водии Ҳиннӯм нигарон аст. Ин кӯҳ дар канораи шимолии водии Рафоим ҷойгир аст. 9 Сарҳад аз қуллаи кӯҳ сӯйи чашмаи обҳои Нефтӯҳа+ меомад ва то шаҳрҳои кӯҳи Афрӯн тӯл мекашид. Сипас сарҳад ба Баало, яъне Қирят-Яърим,+ рафта мерасид. 10 Баъд сарҳад аз Баало тоб хӯрда, сӯйи ғарб, ба кӯҳи Сеир мерафт ва аз нишебии шимолии кӯҳи Яърим, яъне Касолӯн, гузашта, сӯйи Байт-Шемеш+ мефаромад ва ба Тимно+ мерафт. 11 Он то нишебии шимолии Эқрӯн+ тӯл мекашид ва баъд ба Шикрӯн расида, аз Баало мегузашт ва то Ябнаил меомад. Охири сарҳад баҳр буд.
12 Сарҳади ғарбӣ соҳили баҳри Бузург* буд.+ Ин буд сарҳади насли Яҳудо аз ҳар тараф мувофиқи хонаводаҳояшон.
13 Юшаъ, чуноне ки Яҳува ба ӯ фармуд, ба Колеби+ писари Ефунне дар миёни фарзандони Яҳудо ҳиссае дод. Ӯ ба вай Қирят-Арбаъро, ки ҳамон Ҳебрӯн+ аст, дод (Арбаъ падари Аноқ буд). 14 Колеб се писари Аноқро+ аз он ҷо пеш кард: Шешай, Аҳиман ва Талмайро,+ ки аноқӣ буданд. 15 Баъд ӯ аз он ҷо бар зидди мардуми Дабир баромад+ (номи пештараи Дабир Қирят-Сефер буд). 16 Колеб гуфт: «Ба касе, ки Қирят-Сеферро зарба зада, онро забт кунад, духтарам Аксоро ба занӣ медиҳам». 17 Отниили+ писари Қеназ,+ бародари Колеб, шаҳрро забт кард ва Колеб ба вай духтараш Аксоро+ ба занӣ дод. 18 Вақте ӯ ба хона мерафт, аз шавҳараш илтимос кардан гирифт, ки аз падари ӯ саҳрое биталабад. Баъд Аксо аз болои хар фаромад* ва Колеб аз ӯ пурсид: «Чӣ хоҳиш дорӣ?»+ 19 Ӯ гуфт: «Илтимос, ба ман ҳадияе бидеҳ. Ту ба ман заминеро дар ҷануб* додӣ, пас, Ҷуллот-Маимро* низ бидеҳ». Аз ин рӯ Колеб ба ӯ Ҷуллоти Болою Ҷуллоти Поёнро дод.
20 Ин буд мероси қабилаи Яҳудо мувофиқи хонаводаҳояш.
21 Шаҳрҳои канории қабилаи Яҳудо дар назди сарҳади Адӯм,+ дар ҷануб, инҳо буданд: Қабсаил, Эдар, Ёҷур, 22 Қино, Димӯна, Адъодо, 23 Қедеш, Ҳосӯр, Итнон, 24 Зиф, Толам, Баалӯт, 25 Ҳосӯр-Ҳадатто, Қарийӯт-Ҳесрӯн, яъне Ҳосӯр, 26 Амом, Шамаъ, Мӯлодо,+ 27 Ҳасар-Ҷаддо, Ҳешмӯн, Байт-Фолат,+ 28 Ҳасар-Шуол, Баир-Шобаъ,+ Бизютиё, 29 Баало, Ийим, Осам, 30 Элтӯлад, Касил, Ҳормо,+ 31 Сиқлоҷ,+ Мадманно, Сансанно, 32 Лабоӯт, Шилҳим, Ойин ва Риммӯн+ — ҳамагӣ 29 шаҳр бо маҳалҳои тобеъ.
33 Дар Шефило+ бошад, инҳо буданд: Эштоул, Соръо,+ Ашно, 34 Зонӯаҳ, Эйн-Ҷанним, Тапуҳа, Эном, 35 Ярмут, Адуллом,+ Сукӯҳ, Азеқо,+ 36 Шаароим,+ Адитоим ва Ҷадирову Ҷадирӯтоим* — 14 шаҳр бо маҳалҳои тобеъ.
37 Санон, Ҳадошо, Миҷдал-Ҷод, 38 Дилъон, Мисфо, Ёқтаил, 39 Локиш,+ Босқат, Эҷлӯн, 40 Каббӯн, Лаҳмос, Китлиш, 41 Ҷадирӯт, Байт-Доҷӯн, Наамо ва Маққедо+ — 16 шаҳр бо маҳалҳои тобеъ.
42 Либно,+ Этер, Ошон,+ 43 Ифтоҳ, Ашно, Насиб, 44 Қаило, Акзиб ва Морешо — нуҳ шаҳр бо маҳалҳои тобеъ.
45 Эқрӯн бо шаҳракҳои гирду атроф* ва маҳалҳои тобеаш; 46 аз Эқрӯн ба тарафи ғарб, ҳар он чӣ назди Ашдӯд аст, бо маҳалҳои тобеъ.
47 Ашдӯд+ бо шаҳракҳои гирду атроф* ва маҳалҳои тобеаш; Ғазза+ бо шаҳракҳои гирду атроф ва маҳалҳои тобеаш то ба водии Миср ва соҳили баҳри Бузург*.+
48 Дар кӯҳистон Шомир, Яттир,+ Сукӯҳ, 49 Данно, Қирят-Санно, яъне Дабир, 50 Аноб, Эштемӯ,+ Оним, 51 Ҷӯшан,+ Ҳулӯн ва Ҷилӯ+ — 11 шаҳр бо маҳалҳои тобеъ.
52 Ароб, Думо, Эшъон, 53 Ёнум, Байт-Тапуҳа, Афиқо, 54 Ҳумто, Қирят-Арбаъ, яъне Ҳебрӯн,+ ва Сиӯр — нуҳ шаҳр бо маҳалҳои тобеъ.
55 Моӯн,+ Кармил, Зиф,+ Ютто, 56 Изреъил, Ёқдаом, Зонӯаҳ, 57 Қойин, Ҷибъо ва Тимно+ — даҳ шаҳр бо маҳалҳои тобеъ.
58 Ҳалҳул, Байт-Сур, Ҷадур, 59 Маарот, Байт-Анӯт ва Элтақӯн — шаш шаҳр бо маҳалҳои тобеъ.
60 Қирят-Баал, яъне Қирят-Яърим,+ ва Рабба — ду шаҳр бо маҳалҳои тобеъ.
61 Дар биёбон Байт-Аробо,+ Миддин, Сахохо, 62 Нибшон, шаҳри Намак ва Эйн-Ҷадӣ+ — шаш шаҳр бо маҳалҳои тобеъ.
63 Аммо ябусиёнро,+ ки дар Ерусалим зиндагӣ мекарданд,+ мардони Яҳудо натавонистанд пеш кунанд,+ аз ин рӯ ябусиён то ба имрӯз дар миёни мардуми Яҳудо дар Ерусалим зиндагӣ мекунанд.