Юшаъ
24 Сипас Юшаъ тамоми қабилаҳои Исроилро дар Шакем ҷамъ овард ва пирон, сарварон, доварон ва сардорони халқро+ даъват кард ва онҳо ба ҳузури Худо истоданд. 2 Юшаъ ба тамоми халқ гуфт: «Яҳува, Худои Исроил, чунин мегӯяд: “Дар замонҳои қадим бобоёни шумо,+ аз он ҷумла Тораҳ, падари Иброҳиму Ноҳӯр, дар он тарафи дарёи бузург* зиндагӣ мекарданд+ ва худоёни дигарро парастиш менамуданд.+
3 Лекин ман бобои шумо, Иброҳимро,+ аз он тарафи дарёи бузург* гирифтам ва ӯро дар саросари замини Канъон гардондам ва насли ӯро зиёд кардам.+ Ман ба ӯ Исҳоқро+ додам. 4 Ба Исҳоқ бошад, Яъқубу Эсовро+ додам. Ба Эсов кӯҳистони Сеирро додам,+ Яъқубу писаронаш бошанд, ба Миср рафтанд.+ 5 Дертар Мӯсою Ҳорунро фиристодам+ ва Мисрро гирифтори балоҳо карда,+ шуморо аз он берун овардам. 6 Вақте падарони шуморо аз Миср берун меовардам+ ва шумо сӯйи баҳр омадед, мисриён бо аробаю саворонашон падаронатонро то баҳри Сурх дунболагирӣ карданд.+ 7 Онҳо аз ман, Яҳува, зорӣ карданд+ ва ман байни шумою мисриён торикӣ гузоштам ва баҳрро бар онҳо равона карда, онҳоро пӯшонидам+ ва чашмони шумо он чиро, ки дар Миср кардам, диданд.+ Баъди ин шумо солҳои зиёд дар биёбон зиндагӣ кардед.+
8 Ман шуморо ба замини амӯриён, ки дар он тарафи Урдун зиндагӣ мекарданд, овардам ва онҳо бар зидди шумо баромаданд.+ Лекин ман онҳоро ба дасти шумо супурдам, то шумо замини онҳоро соҳиб шавед ва ман онҳоро аз пеши шумо несту нобуд кардам.+ 9 Баъд Болоқи писари Сипӯр, подшоҳи Мӯоб, бархост ва бар зидди Исроил ҷангид. Ӯ Билъоми писари Баӯрро даъват кард, то бар шумо лаънат хонад.+ 10 Лекин ман нахостам Билъомро гӯш кунам.+ Барои ҳамин ӯ такрору батакрор шуморо дуои нек кард*+ ва ман шуморо аз дасти ӯ халос намудам.+
11 Сипас шумо аз Урдун гузашта,+ ба Ериҳӯ+ омадед. Пешвоёни* Ериҳӯ, амӯриён, фариззиён, канъониён, ҳиттиён, ҷирҷошиён, ҳиввиён ва ябусиён бо шумо ҷангиданд, лекин ман онҳоро ба дасти шумо супурдам.+ 12 Ман пешопеши шумо рӯҳафтодагиро* фиристодам ва он ин халқҳоро, аз назди шумо пеш кард,+ чуноне ки ду подшоҳи амӯриро пеш карда буд. Ин кор на бо шамшери шумо ва на бо камони шумо карда шуд.+ 13 Ҳамин тавр ман заминеро, ки дар он меҳнат накардаед, ва шаҳрҳоеро, ки бино накардаед, ба шумо додам+ ва шумо дар онҳо зиндагӣ мекунед. Шумо аз ток ва зайтуне, ки нашинондаед, мева мехӯред”.+
14 Аз ин рӯ аз Яҳува битарсед ва хизмати ӯро аз дили соф* ва бо вафодорӣ*+ ба ҷо оред. Худоёнеро, ки бобоёнатон дар он тарафи дарёи бузург* ва Миср парастиш мекарданд, аз худ дур созед+ ва Яҳуваро парастиш кунед. 15 Агар ба Яҳува хизмат кардан ба шумо маъқул набошад, имрӯз барои худ интихоб кунед, ки ба кӣ хизмат мекунед:+ ба худоёне, ки бобоёнатон дар он тарафи дарёи бузург* парастиш мекарданд,+ ё ба худоёни амӯриён, ки дар заминашон зиндагӣ доред.+ Ману хонаводаам бошем, Яҳуваро парастиш мекунем».
16 Халқ дар ҷавоб гуфт: «Мо ҳаргиз аз Яҳува рӯ гардонда, худоёни дигарро парастиш намекунем! 17 Охир, мо ва падаронамонро аз замини Миср, аз хонаи ғуломӣ,+ Худоямон Яҳува берун овард+ ва дар пеши назарамон ин корҳои бузургро ба амал овард+ ва ӯ моро дар тамоми сафарамон роҳнамоӣ ва аз ҳамаи халқҳое, ки аз заминашон мегузаштем, муҳофизат мекард.+ 18 Яҳува ҳамаи ин халқҳо, ҳамаи амӯриёнеро, ки дар ин замин зиндагӣ мекарданд, аз назди мо пеш кард. Барои ҳамин мо низ Яҳуваро парастиш хоҳем кард, чунки ӯ Худои мост».
19 Он гоҳ Юшаъ ба халқ гуфт: «Оё парастиши Яҳува аз дастатон меояд? Охир, ӯ Худои Пок аст,+ Худоест, ки вафодории бекаму костро металабад.+ Ӯ исён ва гуноҳҳои шуморо намебахшад.+ 20 Ҳарчанд Яҳува доимо ба шумо некӣ мекард, агар шумо ӯро тарк карда, худоёни бегонаро парастиш кунед, ӯ аз шумо рӯй мегардонад ва шуморо нест мекунад».+
21 Вале мардум ба Юшаъ гуфт: «Не, мо Яҳуваро парастиш хоҳем кард!»+ 22 Юшаъ гуфт: «Шумо шоҳид ҳастед, ки худатон хизмати Яҳуваро интихоб кардед».+ Онҳо гуфтанд: «Мо шоҳидем».
23 «Ин хел бошад, худоёни бегонаеро, ки дар миёни шумоянд, дур созед ва дилҳои худро сӯйи Яҳува, Худои Исроил, нигаронед». 24 Мардум ба Юшаъ гуфт: «Мо ба Худоямон Яҳува хизмат мекунем ва ба овози ӯ гӯш медиҳем!»
25 Дар он рӯз Юшаъ бо халқ аҳд баст ва дар Шакем ба онҳо дастуру қоида дод. 26 Сипас Юшаъ ин суханонро дар Шариати Худо+ навишт ва санги калонеро+ гирифт ва зери дарахти бузурге, ки назди муқаддасгоҳи Яҳува буд, гузошт.
27 Юшаъ ба тамоми мардум гуфт: «Ин санг дар миёни мо шоҳид аст,+ зеро он ҳар он чиро, ки Яҳува ба мо гуфт, шунидааст. Он бар зидди шумо шоҳидӣ хоҳад дод, то шумо Худои худро инкор накунед». 28 Сипас Юшаъ мардумро ҷавоб дод, то ҳар яке ба замини меросии худ равад.+
29 Баъд аз ин Юшаи писари Нун, бандаи Яҳува, дар синни 110-солагӣ аз олам гузашт.+ 30 Ӯро дар замини меросии худаш, дар Тимнат-Сораҳ,+ ки дар минтақаи Эфроим, дар шимоли кӯҳи Ҷоаш аст, ба хок супурданд. 31 Исроилиён ҳама рӯзҳои зинда будани Юшаъ ва зинда будани пироне, ки аз Юшаъ умри дарозтар диданд ва ҳама корҳои Яҳуваро дар ҳаққи Исроил медонистанд, хизмати Яҳуваро ба ҷо меоварданд.+
32 Исроилиён устухонҳои Юсуфро,+ ки аз Миср оварда буданд, дар Шакем гӯронданд. Онҳо ӯро дар порчаи замине гӯронданд, ки Яъқуб аз писарони падари Шакем — Ҳамӯр+ ба нархи 100 қесито*+ харида буд. Ин порчаи замин мероси писарони Юсуф гардид.+
33 Элъозори писари Ҳорун низ аз олам гузашт.+ Ӯро дар теппаи Финҳоси писараш,+ ки дар минтақаи Эфроим ба вай дода буданд, гӯронданд.