Доварон
6 Исроилиён боз он чиро, ки дар назари Яҳува бад буд,+ ба амал оварданд ва Яҳува онҳоро ба муддати ҳафт сол ба дасти Мидён супурд.+ 2 Мидён бар Исроил зулму зӯрӣ мекард+ ва исроилиён аз дасти мидёниён барои худ дар кӯҳҳо, ғорҳо ва ҷойҳои душворгузар паноҳгоҳҳо* сохтанд.+ 3 Вақте ки исроилиён кишт менамуданд, Мидён, Амолеқ+ ва мардуми шарқ+ ба онҳо ҳуҷум мекард. 4 Онҳо бар зидди Исроил урду зада, ҳосили заминро то худи Ғазза нест мекарданд ва баъд аз худ на чизе барои хӯрдани мардум мемонданд, на гӯсфанде ва на гову харе.+ 5 Онҳо мисли малах+ сершумор буда, бо чорво ва хаймаҳои худ меомаданд ва онҳову шутуронашон сону шумор надоштанд.+ Онҳо ба ин сарзамин меомаданд, то ки онро хароб кунанд. 6 Исроил аз дасти Мидён қашшоқу хонахароб шуд ва халқ зора карда аз Яҳува мадад пурсид.+
7 Вақте ки исроилиён аз дасти Мидён ба дод омада аз Яҳува мадад пурсиданд,+ 8 Яҳува пайғамбареро фиристода, ба онҳо гуфт: «Яҳува, Худои Исроил, чунин мегӯяд: “Ман шуморо аз Миср, аз хонаи ғуломӣ, берун овардам.+ 9 Шуморо аз дасти Миср ва аз дасти ҳамаи ситамгаронатон халос кардам ва онҳоро аз пеши шумо бадар ронда, заминашонро ба шумо додам.+ 10 Ман ба шумо гуфтам: “Ман Яҳува, Худои шумо, ҳастам.+ Худоёни амӯриёнро, ки дар заминашон сокинед, напарастед*”,+ вале шумо ба ман гӯш надодед”».+
11 Баъд аз ин фариштаи Яҳува+ омада, дар Офро, дар зери дарахти калон, ки аз они Юоши абиозерӣ+ буд, нишаст. Ҷидъӯни+ писари Юош гандумро дар чархушт мекӯфт, то аз чашми Мидён пинҳон дорад. 12 Фариштаи Яҳува ба ӯ намудор шуда, гуфт: «Яҳува бо туст,+ эй паҳлавони шердил!» 13 Ҷидъӯн ба ӯ гуфт: «Маро бубахш, эй хоҷаам, лекин, агар Яҳува бо мо бошад, чаро ҳамаи ин ба сари мо омад?+ Канӣ ҳамаи он корҳои аҷоиби ӯ, ки падаронамон ба мо нақл карда+ мегуфтанд: “Яҳува моро аз Миср берун овард”?+ Вале ҳоло Яҳува моро партофтааст+ ва ба дасти Мидён супоридааст». 14 Яҳува ба вай рӯ оварда гуфт: «Бирав ва бо зӯру қуввате, ки дорӣ, Исроилро аз дасти Мидён наҷот деҳ,+ зеро ман туро мефиристам». 15 Ҷидъӯн ба ӯ ҷавоб дод: «Мебахшӣ, Яҳува, лекин чӣ тавр ман Исроилро метавонам наҷот диҳам? Охир, авлоди* ман дар Менашше камтарин аст ва ман дар хонадони падарам назарногиртарин ҳастам». 16 Вале Яҳува ба ӯ гуфт: «Ман бо ту хоҳам буд+ ва ту Мидёнро, мисли он ки як нафар бошад, шикаст медиҳӣ».
17 Сипас Ҷидъӯн ба вай гуфт: «Агар дар назари ту писанд бошам, аломате нишон бидеҳ, ки ин ту бо ман гап мезанӣ. 18 Илтимос, то дами ҳадия оварда, дар пешат гузоштанам аз ин ҷо нарав».+ Ӯ гуфт: «То омаданат дар ҳамин ҷо меистам». 19 Ҷидъӯн рафта, аз гӯшти бузғола хӯрок пухт ва аз як эфа* орд фатир* тайёр кард.+ Ӯ гӯштро ба сабад ва оби гӯштро ба хурма* андохта, дар зери дарахти калон дар пешаш гузошт.
20 Фариштаи Худо ба вай гуфт: «Гӯшт ва фатирро гирифта, бар он харсанг бимон ва оби гӯштро бирез». Ӯ ҳамин тавр кард. 21 Он гоҳ фариштаи Яҳува асои дасташро дароз карда, нӯги онро ба гӯшту фатир расонд ва оташе аз санг баромада, гӯшту фатирро фурӯ бурд.+ Баъд аз ин фариштаи Яҳува аз пеши назараш нопадид шуд. 22 Он вақт Ҷидъӯн фаҳмид, ки ин фариштаи Яҳува буд.+
Ҷидъӯн гуфт: «Вой бар ман, эй Яҳува, Парвардигоро, чунки ман фариштаи Яҳуваро рӯ ба рӯ дидам!»+ 23 Вале Яҳува ба ӯ гуфт: «Осуда бош. Натарс,+ ту нахоҳӣ мурд». 24 Ҷидъӯн дар он ҷо барои Яҳува қурбонгоҳ сохт ва он то имрӯз Яҳува-салом* номида мешавад.+ Он то ҳол дар Офрои абиозериён мебошад.
25 Он шаб Яҳува ба ӯ гуфт: «Буққаи ҷавони* падаратро, буққаи ҳафтсолаи дуюмро, бигир ва қурбонгоҳи Баалро, ки аз они падарат аст, вайрон кун ва Ашераеро*, ки дар он ҷост, бишкан.+ 26 Баъди он ки дар болои ин истеҳком барои Худоят Яҳува сангҳоро чида, қурбонгоҳ месозӣ, буққаи ҷавони дуюмро бигир ва онро бар чӯбҳои Ашераи* шикастаат чун қурбонии сӯхтанӣ пешкаш намо». 27 Он гоҳ Ҷидъӯн даҳ хизматгорашро гирифта, ба гуфти Яҳува кард. Лекин аз тарси хонадони падараш ва мардуми шаҳр ин корро рӯзона нею шабона ба ҷо овард.
28 Мардуми шаҳр саҳари барвақт аз хоб хеста, диданд, ки қурбонгоҳи Баалро вайрон кардаанд, Ашераеро*, ки дар назди он буд, шикастаанд ва буққаи ҷавони дуюмро бар қурбонгоҳи навбунёд қурбон кардаанд. 29 Онҳо аз якдигар пурсиданд: «Инро кӣ карда бошад?» Пас аз пурсуков онҳо гуфтанд: «Ин кори Ҷидъӯни писари Юош аст». 30 Аҳли шаҳр ба Юош гуфтанд: «Писаратро барор, то ки вайро бикушем, чунки вай қурбонгоҳи Баалро вайрон кардааст ва Ашераеро*, ки дар бари он буд, шикастааст». 31 Юош+ ба ҳамаи он даъвогарон гуфт: «Наход шумо Баалро тарафгирӣ кунед? Чӣ, шумо ӯро наҷот доданиед? Ҳар касе, ки тарафи ӯро гирад, худи ҳамин саҳар кушта мешавад.+ Вай ки худо бошад, бигзор худашро ҳимоя кунад,+ чунки қурбонгоҳи ӯро вайрон кардаанд». 32 Дар он рӯз ӯ Ҷидъӯнро Ерубаал* номида, гуфт: «Бигзор худи Баал худашро ҳимоя кунад, чунки қурбонгоҳи ӯро вайрон кардаанд».
33 Тамоми Мидён,+ Амолеқ+ ва мардуми шарқ якҷоя шуда,+ аз дарё гузаштанд ва дар водии Изреъил урду заданд. 34 Он гоҳ рӯҳи Яҳува Ҷидъӯнро фаро гирифту+ ӯ шох навохт+ ва абиозериён+ назди ӯ ҷамъ омаданд. 35 Ӯ ба тамоми Менашше одам фиристод ва онҳо ба назди ӯ ҷамъ омаданд. Ӯ боз ба Ошер, Забулун ва Нафтолӣ кас фиристод ва онҳо ба пешвозаш баромаданд.
36 Сипас Ҷидъӯн ба Худо гуфт: «Агар ту Исроилро бо дасти ман наҷот доданӣ бошӣ, чуноне ки ваъда карда будӣ,+ 37 ба ман чунин аломате нишон деҳ: ман дар хирмангоҳ пашм мегузорам. Агар шабнам фақат дар пашм бошаду тамоми замин хушк монад, ман хоҳам донист, ки ту Исроилро, чуноне ки ваъда дода будӣ, бо дасти ман наҷот медиҳӣ». 38 Ҳамин тавр ҳам шуд. Вақте ки ӯ саҳари барвақт хест ва пашмро ҷафид*, шабнамаш чунон бисёр буд, ки як шоҳкоса пур мешуд. 39 Вале Ҷидъӯн ба Худо гуфт: «Бигзор хашми ту бар ман аланга назанад, лекин иҷозат деҳ, ки боз як бор аз ту хоҳише кунам. Илтимос, иҷозат деҳ, ки бо пашм боз як санҷиш кунам: бигзор пашм хушк монаду дар тамоми рӯйи замин шабнам бошад». 40 Худо он шаб ҳамин тавр кард: танҳо пашм хушк монд, дар рӯйи замин бошад, шабнам буд.