Доварон
21 Мардони Исроил дар Мисфо+ қасам хӯрда гуфтанд: «Ҳеҷ яке аз мо духтарашро ба марди бинёминӣ ба занӣ намедиҳад».+ 2 Аз ин сабаб халқ ба Байт-Ил+ омада, то бегоҳ дар ҳузури Худо нишаст ва овози худро баланд карда, зор-зор гирист. 3 Онҳо мегуфтанд: «Эй Яҳува, Худои Исроил, ин чӣ рӯзи сахтест, ки ба сари Исроил омад? Чаро имрӯз дар Исроил як қабила кам шавад?» 4 Фардои он рӯз халқ саҳари барвақт хеста, дар он ҷо қурбонгоҳ сохт, то қурбониҳои сӯхтанӣ ва қурбониҳои осоиштагӣ орад.+
5 Халқи Исроил гуфт: «Аз ҳамаи қабилаҳои Исроил кӣ дар назди Яҳува ҷамъ нашуд?» Зеро исроилиён қасами сахт хӯрда буданд, ки ҳар кӣ ба Мисфо назди Яҳува наояд, ҳатман кушта мешавад. 6 Халқи Исроил афсӯс хӯрд, ки бо бародараш Бинёмин чунин воқеае рӯй дод. Онҳо гуфтанд: «Имрӯз аз Исроил як қабила бурида шуд. 7 Чӣ кор кунем, то ба онҳое, ки зинда мондаанд, зан биёбем? Охир, мо ба номи Яҳува қасам хӯрдем,+ ки ҳеҷ кадомамон духтари худро ба онҳо ба занӣ намедиҳад».+
8 Онҳо пурсиданд: «Аз қабилаҳои Исроил кӣ ба Мисфо назди Яҳува наомад?»+ Маълум шуд, ки аз Ёбиш-Ҷилъод ба урдугоҳе, ки ҷамоат дар он буд, касе наомада буд. 9 Вақте халқро ҳисоб карданд, диданд, ки аз Ёбиш-Ҷилъод касе дар миёнашон нест. 10 Мардуми Исроил 12 000 ҷанговари пурзӯрро ба он ҷо фиристода, ба онҳо фармуд: «Биравед ва сокинони Ёбиш-Ҷилъодро бо занон ва кӯдаконашон бо дами шамшер бикушед.+ 11 Бо онҳо чунин бикунед: ҳар мард ва ҳар занеро, ки бо мард ҳамхоб шудааст, ба нестӣ супоред». 12 Ҷанговарон аз миёни сокинони Ёбиш-Ҷилъод 400 духтари бокираеро ёфтанд, ки бо марде ҳамхоб нашуда буд. Онҳо ин духтаронро гирифта, ба урдугоҳи Шилӯ,+ ки дар замини Канъон ҷойгир аст, оварданд.
13 Тамоми халқ назди бинёминиён, ки дар кӯҳи Риммӯн+ буданд, кас фиристоданд, то бо онҳо сулҳ банданд. 14 Дар он рӯз бинёминиён баргаштанд ва ба онҳо духтаронеро, ки дар Ёбиш-Ҷилъод+ зинда нигоҳ доштанд, ба занӣ доданд, лекин ба ҳамаи онҳо духтар нарасид. 15 Халқ афсӯс хӯрд, ки бо Бинёмин чунин воқеае рӯй дод,+ зеро Яҳува дар қабилаҳои Исроил рахнае ба вуҷуд овард. 16 Пирони халқ гуфтанд: «Чӣ кор кунем, то барои мардони боқимонда зан биёбем, охир, ҳамаи занҳои Бинёмин кушта шудаанд?» 17 Сипас гуфтанд: «Касоне, ки дар Бинёмин зинда монданд, бояд мулки меросие дошта бошанд, то ин қабилаи Исроил беному нишон нашавад. 18 Вале мо наметавонем духтарони худро ба онҳо ба занӣ диҳем, зеро мардуми Исроил қасам хӯрда гуфтааст: “Лаънат ба касе, ки духтари худро ба Бинёмин диҳад!”»+
19 Пас аз ин онҳо гуфтанд: «Сол аз сол дар Шилӯ,+ ки дар шимоли Байт-Ил ва дар тарафи шарқии роҳе, ки аз Байт-Ил сӯйи Шакем ва ҷануби Лабӯно боло меравад, иди Яҳува мегузарад». 20 Пирон ба мардони Бинёмин чунин фармуданд: «Рафта, дар токзорҳо камин гиред. 21 Вақте мебинед, ки духтарони Шилӯ барои давра истода рақсидан мебароянд, ҳар яки шумо бояд аз токзор баромада, барои худ аз духтарони Шилӯ зане бидуздад ва ба замини Бинёмин баргардад. 22 Агар падару бародаронашон омада, аз мо шикоят кунанд, ба онҳо чунин мегӯем: “Ба мо ва онҳо кори неке кунед, зеро ки мо ба ҳар яки онҳо дар ҷанг зан наёфтем+ ва шумо низ, бе он ки қасами худро бишканед, ба онҳо духтари худро дода наметавонистед”».+
23 Мардони Бинёмин айнан ҳамин тавр карданд ва ҳар яки онҳо аз миёни раққосагон барои худ зан дуздид. Баъд аз ин онҳо ба мулки меросии худ баргаштанд ва шаҳрҳояшонро аз нав бино карда,+ дар онҳо сокин шуданд.
24 Он вақт исроилиён баромада, ҳар яке ба қабилаи худ ва назди хонаводаи худ рафт. Ҳар яки онҳо аз он ҷо ба мулки меросии худ баргашт.
25 Дар он рӯзҳо дар Исроил подшоҳе набуд+ ва ҳар кас, ҳамон тавре ки дар назараш дуруст буд, амал мекард.