Рут
4 Бӯаз назди дарвозаи шаҳр+ рафт ва он ҷо нишаст. Чанде пас аз пеши ӯ ҳамон товондеҳе, ки дар борааш гуфта буд,+ гузашт. Бӯаз гуфт: «Эй фалонӣ, биё, ин ҷо бишин». Ӯ омад ва нишаст. 2 Баъд Бӯаз даҳ пири шаҳрро+ даъват кард ва гуфт: «Ин ҷо бишинед». Онҳо нишастанд.
3 Бӯаз ба товондеҳ+ гуфт: «Ноомӣ, ки аз замини Мӯоб+ баргаштааст, бояд қитъаи заминеро, ки аз они бародарамон Элималик+ аст, фурӯшад. 4 Ман фикр кардам, ки туро хабардор карда гӯям, ки онро дар пеши мардум ва пирони халқ бихарӣ.+ Агар онро хариданӣ бошӣ, бихар, агар не, ба ман гӯй, то ман донам, чунки баъди ту товондеҳ манам». Ӯ ҷавоб дод: «Ман мехарам».+ 5 Он гоҳ Бӯаз гуфт: «Дар он рӯзе ки заминро аз Ноомӣ бихарӣ, ту бояд онро аз Рути мӯобӣ низ бихарӣ, то мероси шавҳари раҳматияш ба каси дигар нагузарад».+ 6 Он товондеҳ гуфт: «Ман харида наметавонам, мабодо мероси худам зарар бинад. Ман аз ҳуқуқи товондеҳӣ даст мекашам, ту ба ҷойи ман бихар».
7 Дар замонҳои қадим дар Исроил чунин расм буд, ки дар вақти бозхаридан ё додугирифт яке чун нишонаи розигӣ пойафзоли худро кашида,+ ба дигаре медод, то шартнома қонунӣ гардад. 8 Барои ҳамин, вақте он товондеҳ ба Бӯаз «Ту онро бихар» гуфт, поайафзоли худро кашид. 9 Бӯаз ба пирон ва тамоми мардум гуфт: «Шумо имрӯз шоҳид+ будед, ки ман ҳама молу мулки Элималик ва писаронаш Килйӯну Маҳлӯнро аз дасти Ноомӣ харидам. 10 Ман ҳамчунин ҳамсари Маҳлӯн — Рути мӯобиро ба занӣ мегирам, то мероси раҳматӣ шавҳараш ба каси дигар нагузарад+ ва ному нишони ӯ аз байни бародаронаш ва мардуми шаҳр гум нашавад. Инак, шумо имрӯз шоҳиди ин ҳастед».+
11 Тамоми мардуми назди дарвозаи шаҳр ва пирон гуфтанд: «Бале, мо шоҳид ҳастем! Бигзор Яҳува занеро, ки ба хонаи ту медарояд, мисли Роҳел ва Леё гардонад, ки онҳо хонадони Исроилро барпо карданд.+ Бигзор ту дар Эфрот+ комёб шавӣ ва дар Байт-Лаҳм+ ном барорӣ. 12 Бигзор насле, ки Яҳува аз ин ҷавонзан ба ту мебахшад, мисли хонадони Форас,+ ки Томор ӯро барои Яҳудо зода буд, бузург гардад».+
13 Пас, Бӯаз Рутро ба занӣ гирифт ва бо ӯ ҳамхоб шуд. Яҳува Рутро баракат дод ва ӯ ҳомила шуда, писаре зоид. 14 Занон ба Ноомӣ гуфтанд: «Яҳуваро ҳамду сано бод, зеро ӯ туро имрӯз бе товондеҳ намонд. Бигзор номи кӯдак дар Исроил вирди забони ҳама гардад! 15 Ӯ ба ту ҷон бахшид ва дар пирӣ асои дастат мегардад, чунки ӯро келинат, ки туро дӯст медораду+ бароят аз ҳафт писар беҳтар аст, ба дунё овардааст». 16 Ноомӣ кӯдакро ба оғӯш гирифт ва дояи ӯ шуд. 17 Баъд занони ҳамсоя ба кӯдак ном монданд. Онҳо гуфтанд: «Ноомӣ писардор шуд», ва ӯро Убайд+ ном монданд. Убайд падари ҳамон Исойест,+ ки падари Довуд буд.
18 Ин аст насли Форас:+ Форас падари Ҳесрӯн+ шуд, 19 Ҳесрӯн падари Ром, Ром падари Аминодоб,+ 20 Аминодоб+ падари Наҳшӯн, Наҳшӯн падари Салмӯн, 21 Салмӯн падари Бӯаз, Бӯаз падари Убайд, 22 Убайд падари Исой+ ва Исой падари Довуд.+