2 Подшоҳон
3 Ҷанги байни хонадони Шоул ва хонадони Довуд давом ёфт. Довуд пурзӯртар мегашт,+ хонадони Шоул бошад, торафт суст мешуд.+
2 Довуд дар Ҳебрӯн соҳиби писарон шуд:+ писари калониаш — Амнӯн,+ аз Аҳинӯами изреъилӣ+ ба дунё омад, 3 дуюмаш — Килъобро, Абиҷайли кармилӣ,+ ки аз Нобол бева монда буд, ба дунё овард, сеюмаш — Абшолӯмро,+ Маъкои духтари Талмай,+ подшоҳи Ҷашур, ба дунё овард, 4 чорумаш — Адӯниёро,+ Ҳаҷҷит ба дунё овард, панҷумаш — Шафатёҳуро, Абитол ба дунё овард 5 ва шашумаш — Итромро, Эҷло ба дунё овард. Ин писарони Довуд дар Ҳебрӯн ба дунё омаданд.
6 Вақте ки ҷанги хонадони Шоул ва хонадони Довуд давом меёфт, Абнир+ мавқеи худро дар хонадони Шоул пурзӯртар мекард. 7 Шоул Рисфо+ ном суррияе дошт, ки духтари Айё буд. Рӯзе Ишбӯшет+ ба Абнир гуфт: «Чаро бо суррияи падарам ҳамхоб шудӣ?»+ 8 Абнир аз суханони Ишбӯшет сахт дарғазаб шуда гуфт: «Ман дар Яҳудо каллаи сагам ки, чунин мегӯӣ? То ба имрӯз ман ба хонадони падарат Шоул ва ба бародарону дӯстонаш меҳру вафо кардам ва туро ба дасти Довуд насупурдам. Ту бошӣ, имрӯз маро барои зане айбдор мекунӣ. 9 Бигзор Худо Абнирро ба балоҳо гирифтор кунад, агар ман барои Довуд он чиро, ки Яҳува ба ӯ қасам хӯрдааст, ба ҷо наорам.+ 10 Ӯ қасам хӯрда буд, ки подшоҳиро аз хонадони Шоул дур карда, тахти Довудро бар Исроил ва Яҳудо, аз Дон то Баир-Шобаъ,+ устувор мегардонад». 11 Ишбӯшет дар ҷавоб ба Абнир чизе гуфта натавонист, зеро аз ӯ метарсид.+
12 Абнир зуд ба назди Довуд кас фиристода, гуфт: «Ин замин аз они кист?» Ӯ ҳамчунин гуфт: «Бо ман аҳд бибанд ва ман ҳар чӣ аз дастам ояд, мекунам, то тамоми Исроил тарафдори ту шавад».+ 13 Довуд дар ҷавоб гуфт: «Хеле хуб. Ман бо ту аҳд мебандам, фақат ин ки, то Микали духтари Шоулро+ набиёрӣ, рӯйи маро нахоҳӣ дид». 14 Довуд ба назди Ишбӯшети+ писари Шоул хабаррасононро фиристода, гуфт: «Занам Микалро, ки барояш 100 пӯсти сари узви фалиштиёнро дода будам, ба ман бидеҳ».+ 15 Ишбӯшет кас фиристод, то Микалро аз шавҳараш Фалтиили+ писари Лаиш гирифта биёранд. 16 Аммо шавҳараш гирякунон аз паси ӯ то Баҳурим+ рафт. Он гоҳ Абнир ба ӯ гуфт: «Ба хонаат баргард!», ва ӯ гашта рафт.
17 Дар ин миён Абнир ба назди пирони Исроил кас фиристода, гуфт: «Шумо чанд вақт боз мехостед, ки Довуд подшоҳатон шавад. 18 Акнун амал кунед, зеро Яҳува ба Довуд гуфтааст: “Бо дасти бандаам Довуд+ халқи худ Исроилро аз дасти фалиштиён ва аз дасти ҳамаи душманонаш халос мекунам”». 19 Пас аз ин Абнир бо мардуми Бинёмин+ гап зад. Ӯ ҳамчунин ба Ҳебрӯн рафт, то дар танҳоӣ ба Довуд гап занад ва гӯяд, ки Исроил ва тамоми хонадони Бинёмин чӣ ният доранд.
20 Вақте Абнир ҳамроҳи 20 нафар назди Довуд ба Ҳебрӯн омад, Довуд барои ӯву ҳамроҳонаш зиёфате орост. 21 Абнир ба Довуд гуфт: «Иҷозат деҳ, ки биравам ва тамоми Исроилро ба назди хоҷаам подшоҳ ҷамъ орам, то онҳо бо ту аҳд банданд ва ту бар тамоми Исроил* подшоҳ шавӣ». Довуд Абнирро фиристод ва ӯ бо хотири ҷамъ бирафт.
22 Дарҳол пас аз он одамони Довуд бо Юоб аз тохтутоз баргаштанд ва бо худ ғанимати зиёде оварданд. Он вақт Абнир аллакай дар Ҳебрӯн набуд, чунки вай бо иҷозати Довуд хотирҷамъ аз он ҷо рафт. 23 Вақте Юоб+ ва тамоми лашкаре, ки бо ӯ буд, омаданд, ба Юоб гуфтанд: «Абнири+ писари Нир+ ба назди подшоҳ омада буд ва подшоҳ ӯро сиҳату саломат ҷавоб дод». 24 Он гоҳ Юоб назди подшоҳ рафта, гуфт: «Ту чӣ кор кардӣ?! Барои чӣ Абнирро, ки ба наздат омад, ҷавоб додӣ ва мондӣ, ки сиҳату саломат биравад? 25 Наход ту Абнири писари Нирро надонӣ?! Вай ба ин ҷо омад, то ки туро фиреб диҳад, ҳар як қадаматро фаҳмад ва аз ҳар як корат хабардор шавад».
26 Юоб аз пеши Довуд рафта, аз паси Абнир хабаррасононро фиристод ва онҳо вайро аз назди обанбори Сиро баргардониданд, вале Довуд аз ин дараке надошт. 27 Вақте ки Абнир ба Ҳебрӯн+ баргашт, Юоб ӯро ба даруни дарвоза як тараф бурд, то бо ӯ паноҳӣ гап занад, аммо дар он ҷо ба шикамаш зарба зада ӯро кушт,+ чунки ӯ хуни бародараш Асоилро рехта буд.+ 28 Чанде пас Довуд дар ин бора шунида гуфт: «Ман ва одамони қаламравам дар пеши Яҳува аз хуни Абнири писари Нир то абад пок ҳастем.+ 29 Илоҳо ин гуноҳ бар сари Юоб ва тамоми хонадони ӯ бошад.+ Бигзор марде, ки аз беморӣ ҷараёне дорад+ ё махавӣ аст,+ марди ресанда*, марде, ки аз дами шамшер кушта мешавад ва ё муҳтоҷи нон аст,+ аз хонадони Юоб кам нашавад!» 30 Ҳамин тавр, Юоб ва Абишой+ Абнирро+ куштанд, чунки ӯ бародарашон Асоилро дар муҳорибаи назди Ҷибъӯн кушта буд.+
31 Сипас Довуд ба Юоб ва ҳамаи одамоне, ки бо вай буданд, гуфт: «Либоси худро чок зада ва палос* баста, барои Абнир навҳа кунед». Худи шоҳ Довуд бошад, аз паси тобут мерафт. 32 Онҳо Абнирро дар Ҳебрӯн гӯрониданд. Подшоҳ дар сари қабри Абнир зор-зор гирист ва ҳамаи одамон низ домани гиряро сар доданд. 33 Подшоҳ барои Абнир чунин марсия хонд:
«Наход Абнир чун аблаҳе бе шаъну шараф бимирад?
34 Дастҳои ту дар банд
Ва пойҳои ту дар занҷир* набуданд.
Ту гӯё аз дасти бадкорон кушта шудӣ».+
Инро шунида тамоми мардум боз барои ӯ гирист.
35 Мардум, ҳанӯз ки рӯз буд, омада, ба Довуд нони тасаллӣ* доданӣ шуданд, лекин ӯ қасам хӯрда гуфт: «Бигзор Худо маро ба балоҳо гирифтор кунад, агар то нишастани офтоб ноне ё чизи дигаре ба даҳон барам!»+ 36 Тамоми мардум инро дид ва ин ба онҳо хуш омад. Чун ҳар кори дигари подшоҳ ин кор ҳам ба мардум хуш омад. 37 Мардум ва тамоми Исроил дар он рӯз донист, ки хуни Абнири писари Нир бар гардани подшоҳ нест.+ 38 Сипас подшоҳ ба ходимонаш гуфт: «Магар намедонед, ки имрӯз дар Исроил сарваре ва марди бузурге кушта шуд?+ 39 Ман имрӯз ба подшоҳӣ тадҳин шуда бошам*+ ҳам, нотавон ҳастам ва ин мардон, писарони Саруё,+ аз ҳад бераҳманд.+ Бигзор Яҳува бадкорро мувофиқи бадияш ҷазо диҳад».+