2 Подшоҳон
2 Баъд аз ин Довуд аз Яҳува пурсон шуд:+ «Оё ба яке аз шаҳрҳои Яҳудо бароям?» Яҳува ба ӯ гуфт: «Баро». Довуд боз пурсид: «Ба куҷо равам?» Ӯ ҷавоб дод: «Ба Ҳебрӯн».+ 2 Довуд бо ду зани худ, Аҳинӯами изреъилӣ+ ва Абиҷайли+ кармилие, ки аз Нобол бева монда буд, ба он ҷо рафт. 3 Довуд ҳамчунин одамонеро, ки ҳамроҳаш буданд,+ ҳар якеро бо хонаводааш, ба он ҷо овард ва онҳо дар шаҳрҳои атрофи Ҳебрӯн сокин шуданд. 4 Баъд аз он мардуми Яҳудо омада, Довудро тадҳин намуданд*, то бар хонадони Яҳудо подшоҳ бошад.+
Ба Довуд хабар расонданд: «Мардуми Ёбиш-Ҷилъод Шоулро гӯронданд». 5 Довуд ба назди мардуми Ёбиш-Ҷилъод хабаррасононро фиристода, гуфт: «Яҳува шуморо барака диҳад, зеро шумо хоҷаи худ Шоулро гӯронда ба ӯ меҳру вафо кардед.+ 6 Бигзор Яҳува ҳамеша ба шумо меҳру вафо кунад. Ман низ барои ин коратон ба шумо некӣ мекунам.+ 7 Пас, ҳарчанд хоҷаи шумо Шоул мурдааст, қавӣ ва далер бошед, зеро хонадони Яҳудо маро тадҳин кард, то бар онҳо подшоҳ бошам».
8 Абнири+ писари Нир, сарлашкари Шоул, бошад, Ишбӯшети+ писари Шоулро гирифта, ба он тарафи дарё, ба Маҳаноим,+ овард 9 ва ӯро бар Ҷилъод,+ ашуриён, Изреъил,+ Эфроим+ ва Бинёмин, бар тамоми Исроил, подшоҳ кард. 10 Вақте ки Ишбӯшети писари Шоул бар Исроил подшоҳ шуд, 40-сола буд ва ӯ ду сол ҳукмронӣ кард. Аммо хонадони Яҳудо Довудро дастгирӣ мекард.+ 11 Довуд дар Ҳебрӯн ҳафт солу шаш моҳ бар хонадони Яҳудо подшоҳ буд.+
12 Чанде пас Абнири писари Нир ва одамони Ишбӯшети писари Шоул аз Маҳаноим+ ба Ҷибъӯн+ рафтанд. 13 Юоби+ писари Саруё+ ва одамони Довуд низ баромада, бо онҳо дар назди ҳавзи Ҷибъӯн вохӯрданд. Як гурӯҳ дар ин тарафи ҳавз ҷойгир шуд ва гурӯҳи дигар — дар он тарафи ҳавз. 14 Абнир ба Юоб гуфт: «Бигзор ҷавонон бархеста, дар назди мо қувваозмоӣ кунанд». Юоб гуфт: «Бигзор бархезанд». 15 Аз тарафи Бинёмин ва Ишбӯшети писари Шоул 12 ҷавон ва аз одамони Довуд 12 ҷавон бархоста, пеш баромаданд. 16 Ҳар яки онҳо аз сари ҳарифаш дошта, ба паҳлуи ӯ шамшер зад ва ҳамаи онҳо дар он ҷо мурданд. Аз ин рӯ он макон, ки дар Ҷибъӯн ҷойгир аст, Ҳелқат-Ҳасурим* ном гирифт.
17 Пас аз он задухӯрди сахте шуд ва Абниру мардони Исроил дар пеши одамони Довуд шикаст хӯрданд. 18 Се писари Саруё+ — Юоб,+ Абишой+ ва Асоил,+ дар он ҷо буданд. Асоил мисли оҳуи саҳро тезпо буд. 19 Ӯ аз пайи Абнир шуд ва ба тарафи рост ё чап нагашта аз пасаш сур мекард. 20 Абнир ба қафо нигариста пурсид: «Ин туӣ, эй Асоил?» Ӯ ҷавоб дод: «Ҳа, ин манам». 21 Абнир ба ӯ гуфт: «Аз думи ман надаву яке аз ҷавононро дастгир кун ва либосу аслиҳаи ӯро барои худ бигир». Аммо Асоил нахост, ки таъқиб кардани ӯро бас кунад. 22 Абнир ба ӯ гуфт: «Аз пасам сур накун. Набошад маҷбур мешавам, ки туро бикушам. Он гоҳ бо кадом рӯ ба бародарат Юоб менигарам?» 23 Аммо Асоил таъқиб кардани ӯро бас накард ва Абнир бо куни найзааш ба шиками ӯ зад+ ва найза аз пушташ зада баромад. Асоил дар он ҷо афтида, ҷо ба ҷо мурд. Ҳар кӣ, ба он ҷое ки Асоил афтида, мурда буд, мерасид, бозмеистод.
24 Юоб ва Абишой аз паси Абнир сур карданд. Вақте офтоб менишаст, онҳо ба теппаи Аммо, ки дар роҳи сӯйи биёбони Ҷибъӯн, дар рӯ ба рӯйи Ҷиҳа, аст, расиданд. 25 Бинёминиён дар назди Абнир ҷамъ омада, як даста шуданд ва бар қуллаи теппа истоданд. 26 Он гоҳ Абнир сӯйи Юоб фарёд зада гуфт: «Наход шамшери мо аз хун сер нашавад? Оё намедонӣ, ки оқибати ин кор талхӣ меорад? Кай ба халқ мегӯӣ, ки сур кардани бародаронашро бас кунад?» 27 Юоб дар ҷавоб гуфт: «Ба номи Худои зинда қасам ки, агар ин суханонро намегуфтӣ, халқ то саҳар аз паси бародаронаш сур мекард». 28 Он гоҳ Юоб шох навохт ва халқ сур кардани Исроилро бас кард ва ҷанг ба охир расид.
29 Сипас Абнир ва одамонаш тамоми он шаб дар Аробо+ роҳ рафта, аз Урдун гузаштанд ва дараро* тай карда, ба Маҳаноим+ омаданд. 30 Вақте Юоб аз таъқиб кардани Абнир баргашт, одамонашро ҷамъ овард ва маълум шуд, ки одамони Довуд, ғайр аз Асоил, 19 нафар кам буданд. 31 Одамони Довуд бинёминиён ва одамони Абнирро мағлуб карданд ва аз онҳо 360 нафар мурд. 32 Асоилро+ бардошта бурданд ва дар қабри падараш, ки дар Байт-Лаҳм+ аст, гӯронданд. Пас аз ин Юоб ҳамроҳи одамонаш тамоми шаб роҳ рафта, вақти дамидани субҳ ба Ҳебрӯн+ расид.