ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • 2 Подшоҳон 10
  • Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

Шарҳи мухтасари 2 Подшоҳон

      • Ғалаба бар Аммӯн ва Арам (1–19)

2 Подшоҳон 10:1

Оятҳои иловагӣ

  • +1Мс 19:36, 38; Дв 10:7; 11:12, 33; 1Пш 11:1
  • +1Вқ 19:1–5

2 Подшоҳон 10:4

Оятҳои иловагӣ

  • +3Мс 19:27

2 Подшоҳон 10:5

Оятҳои иловагӣ

  • +Юш 18:21

2 Подшоҳон 10:6

Эзоҳҳо

  • *

    Ё «мардони Туб».

Оятҳои иловагӣ

  • +4Мс 13:21
  • +2Пш 8:5
  • +Юш 13:13
  • +1Вқ 19:6, 7

2 Подшоҳон 10:7

Оятҳои иловагӣ

  • +2Пш 23:8; 1Вқ 19:8, 9

2 Подшоҳон 10:8

Эзоҳҳо

  • *

    Ё «мардони Туб».

2 Подшоҳон 10:9

Оятҳои иловагӣ

  • +1Вқ 19:10–13

2 Подшоҳон 10:10

Оятҳои иловагӣ

  • +1Пш 26:6; 2Пш 2:18; 23:18; 1Вқ 2:15, 16
  • +4Мс 21:24

2 Подшоҳон 10:12

Оятҳои иловагӣ

  • +5Мс 31:6
  • +Зб 37:5; 44:5; Пнм 29:25

2 Подшоҳон 10:13

Оятҳои иловагӣ

  • +1Вқ 19:14, 15

2 Подшоҳон 10:15

Оятҳои иловагӣ

  • +1Вқ 19:16

2 Подшоҳон 10:16

Эзоҳҳо

  • *

    Яъне дарёи Фурот.

Оятҳои иловагӣ

  • +2Пш 8:3–5
  • +1Мс 15:18; 2Мс 23:31

2 Подшоҳон 10:17

Оятҳои иловагӣ

  • +1Вқ 19:17–19

2 Подшоҳон 10:18

Оятҳои иловагӣ

  • +5Мс 20:1; Зб 18:37, 38

2 Подшоҳон 10:19

Оятҳои иловагӣ

  • +1Мс 15:18; 5Мс 20:10, 11

Асосӣ

2 Подш. 10:11Мс 19:36, 38; Дв 10:7; 11:12, 33; 1Пш 11:1
2 Подш. 10:11Вқ 19:1–5
2 Подш. 10:43Мс 19:27
2 Подш. 10:5Юш 18:21
2 Подш. 10:64Мс 13:21
2 Подш. 10:62Пш 8:5
2 Подш. 10:6Юш 13:13
2 Подш. 10:61Вқ 19:6, 7
2 Подш. 10:72Пш 23:8; 1Вқ 19:8, 9
2 Подш. 10:91Вқ 19:10–13
2 Подш. 10:101Пш 26:6; 2Пш 2:18; 23:18; 1Вқ 2:15, 16
2 Подш. 10:104Мс 21:24
2 Подш. 10:125Мс 31:6
2 Подш. 10:12Зб 37:5; 44:5; Пнм 29:25
2 Подш. 10:131Вқ 19:14, 15
2 Подш. 10:151Вқ 19:16
2 Подш. 10:162Пш 8:3–5
2 Подш. 10:161Мс 15:18; 2Мс 23:31
2 Подш. 10:171Вқ 19:17–19
2 Подш. 10:185Мс 20:1; Зб 18:37, 38
2 Подш. 10:191Мс 15:18; 5Мс 20:10, 11
  • Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5
  • 6
  • 7
  • 8
  • 9
  • 10
  • 11
  • 12
  • 13
  • 14
  • 15
  • 16
  • 17
  • 18
  • 19
Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
2 Подшоҳон 10:1–19

2 Подшоҳон

10 Чанде пас подшоҳи аммӯниён+ мурд ва ба ҷойи ӯ писараш Ҳонун подшоҳ шуд.+ 2 Довуд гуфт: «Ман ба Ҳонуни писари Ноҳош меҳру вафо мекунам, чуноне ки падараш ба ман карда буд». Аз ин рӯ Довуд ходимонашро фиристод, то ӯро ба сабаби вафоти падараш дилбардорӣ кунад. Аммо, вақте ки ходимони Довуд ба сарзамини аммӯниён омаданд, 3 мирони аммӯнӣ ба хоҷаашон Ҳонун гуфтанд: «Оё ту гумон мекунӣ, ки Довуд барои эҳтироми падарат ходимонашро ба дилбардории ту фиристод? Магар ӯ барои аз назар гузаронидан, ҷосусӣ кардан ва сарнагун намудани шаҳр ходимонашро нафиристодааст?» 4 Ин суханонро шунида Ҳонун ходимони Довудро дастгир карда, нисфи ришашонро тарошид+ ва либосашонро то нисфаш, яъне қариб то миён, бурида кӯтоҳ намуд ва онҳоро пеш кард. 5 Вақте дар ин бора ба Довуд гуфтанд, ӯ дарҳол ба пешвозашон одам фиристод, зеро онҳо беҳад шарманда шуда буданд. Подшоҳ ба онҳо гуфт: «То дароз шудани ришатон дар Ериҳӯ+ бимонед ва баъд аз он баргардед».

6 Пас аз чанде аммӯниён фаҳмиданд, ки дар назари Довуд шум шуданд. Барои ҳамин аммӯниён кас фиристода, аз арамиёни Байт-Раҳӯб+ ва арамиёни Сӯбо+ 20 000 сарбози пиёда, подшоҳи Маъкоро+ бо 1000 нафар ва аз Иштуб* 12 000 нафарро киро карданд.+ 7 Довуд инро шунида Юоб ва тамоми лашкарашро, аз он ҷумла ҷанговарони зӯртаринашро, ба ҷанг фиристод.+ 8 Аммӯниён баромада, пеши даҳани дарвозаи шаҳр саф кашиданд, арамиёни Сӯбо ва Раҳӯб бошанд, ҳамроҳи Иштуб* ва Маъко дар саҳро алоҳида ҷойгир шуданд.

9 Вақте Юоб дид, ки душман ҳам аз пеш ва ҳам аз пас ҳамла оварданӣ аст, сарбозони беҳтарини Исроилро интихоб карда, бар зидди арамиён саф кашид.+ 10 Сарбозони дигарро ӯ ба дасти бародараш Абишой+ супурд, то ки саф кашида бар зидди аммӯниён+ барояд. 11 Баъд вай гуфт: «Агар бинӣ, ки зӯри ман ба арамиён намерасад, ба ёрии ман биё, лекин, агар зӯри ту ба аммӯниён нарасад, ман ба ёрии ту меоям. 12 Мо бояд қавӣ бошем+ ва барои халқи худ ва шаҳрҳои Худои худ далерона биҷангем ва Яҳува он чиро, ки дар назараш писанд аст, ба ҷо меорад».+

13 Юоб бо одамонаш бар зидди арамиён биҷангид ва онҳо аз пешаш гурехтанд.+ 14 Вақте аммӯниён диданд, ки арамиён рӯ ба гурез оварданд, аз Абишой гурехта, ба шаҳр даромаданд. Пас аз ҷанги аммӯниён Юоб ба Ерусалим омад.

15 Вақте арамиён диданд, ки Исроил онҳоро шикаст дод, аз нав ҷамъ омаданд.+ 16 Ҳададозар+ ба назди арамиён, ба минтақаи дарёи бузург*,+ кас фиристод ва онҳо бо сарварии Шубаки сарлашкари Ҳададозар ба Ҳелом омаданд.

17 Ин хабарро ба Довуд расонданд ва ӯ ҳамон замон тамоми Исроилро ҷамъ овард ва аз дарёи Урдун гузашта, ба Ҳелом омад. Арамиён бар зидди Довуд саф кашида, бо ӯ ҷангиданд,+ 18 вале шикаст хӯрда, аз пеши Исроил гурехтанд. Довуд аз арамиён 700 аробасавор ва 40 000 аспсаворро кушт. Ҳамчунин ӯ Шубаки сарлашкарашонро зарба зад ва ӯ дар он ҷо мурд.+ 19 Вақте ҳамаи подшоҳони зердасти Ҳададозар диданд, ки пеши Исроил шикаст хӯрданд, дарҳол бо Исроил сулҳ бастанд ва тобеи исроилиён шуданд.+ Арамиён аз тарси Исроил аммӯниёнро дигар дастгирӣ накарданд.

Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
Баромадан
Даромадан
  • тоҷикӣ
  • Фиристодан
  • Ҷӯркунӣ
  • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
  • Шарти истифодабарӣ
  • Сиёсати ҳифзи асрор
  • Танзимоти ҳифзи асрор
  • JW.ORG
  • Даромадан
Фиристодан