ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • 2 Подшоҳон 11
  • Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

Шарҳи мухтасари 2 Подшоҳон

      • Зинои Довуд бо Батшобаъ (1–13)

      • Довуд Уриёро мекушад (14–25)

      • Довуд Батшобаъро ба занӣ мегирад (26, 27)

2 Подшоҳон 11:1

Эзоҳҳо

  • *

    Яъне баҳорон.

Оятҳои иловагӣ

  • +2Пш 12:26
  • +1Вқ 20:1

2 Подшоҳон 11:3

Оятҳои иловагӣ

  • +2Пш 12:24; 3Пш 1:11
  • +1Вқ 3:5, 9
  • +2Пш 23:8, 39; 3Пш 15:5
  • +1Мс 10:15; 5Мс 20:17

2 Подшоҳон 11:4

Эзоҳҳо

  • *

    Эҳтимол, аз хунравии ҳармоҳаи худ.

Оятҳои иловагӣ

  • +2Мс 20:14, 17
  • +3Мс 18:20; 20:10; Пнм 6:32; Ибр 13:4
  • +3Мс 12:2; 15:19; 18:19

2 Подшоҳон 11:8

Эзоҳҳо

  • *

    Дар матни асл «пойҳоятро бишӯй».

  • *

    Ё «ҳиссаи подшоҳро», яъне ҳиссаеро, ки мизбон барои иззати меҳмон мефиристод.

2 Подшоҳон 11:11

Оятҳои иловагӣ

  • +2Пш 6:17; 7:2
  • +3Мс 15:16; 1Пш 21:5

2 Подшоҳон 11:15

Оятҳои иловагӣ

  • +Зб 51:14; Пнм 3:29

2 Подшоҳон 11:17

Оятҳои иловагӣ

  • +2Пш 12:9

2 Подшоҳон 11:21

Оятҳои иловагӣ

  • +Дв 6:32; 7:1
  • +Дв 9:50–53

2 Подшоҳон 11:24

Оятҳои иловагӣ

  • +2Пш 11:17

2 Подшоҳон 11:25

Оятҳои иловагӣ

  • +2Пш 12:26

2 Подшоҳон 11:27

Оятҳои иловагӣ

  • +2Пш 5:13; 12:9
  • +1Мс 39:7–9; 3Пш 15:5; Зб 5:6; 11:4; Ибр 13:4

Асосӣ

2 Подш. 11:12Пш 12:26
2 Подш. 11:11Вқ 20:1
2 Подш. 11:32Пш 12:24; 3Пш 1:11
2 Подш. 11:31Вқ 3:5, 9
2 Подш. 11:32Пш 23:8, 39; 3Пш 15:5
2 Подш. 11:31Мс 10:15; 5Мс 20:17
2 Подш. 11:42Мс 20:14, 17
2 Подш. 11:43Мс 18:20; 20:10; Пнм 6:32; Ибр 13:4
2 Подш. 11:43Мс 12:2; 15:19; 18:19
2 Подш. 11:112Пш 6:17; 7:2
2 Подш. 11:113Мс 15:16; 1Пш 21:5
2 Подш. 11:15Зб 51:14; Пнм 3:29
2 Подш. 11:172Пш 12:9
2 Подш. 11:21Дв 6:32; 7:1
2 Подш. 11:21Дв 9:50–53
2 Подш. 11:242Пш 11:17
2 Подш. 11:252Пш 12:26
2 Подш. 11:272Пш 5:13; 12:9
2 Подш. 11:271Мс 39:7–9; 3Пш 15:5; Зб 5:6; 11:4; Ибр 13:4
  • Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5
  • 6
  • 7
  • 8
  • 9
  • 10
  • 11
  • 12
  • 13
  • 14
  • 15
  • 16
  • 17
  • 18
  • 19
  • 20
  • 21
  • 22
  • 23
  • 24
  • 25
  • 26
  • 27
Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
2 Подшоҳон 11:1–27

2 Подшоҳон

11 Дар сари сол*, вақте ки подшоҳон ба ҷанг мебароянд, Довуд Юоб, ходимонаш ва тамоми лашкари Исроилро ба ҷанг фиристод, то аммӯниёнро нест кунад. Онҳо Раббаро+ муҳосира карданд, Довуд бошад, дар Ерусалим монд.+

2 Боре, шомгоҳон, Довуд аз ҷогаҳаш бархеста, дар боми хонаи подшоҳ гаштугузор мекард. Ӯ аз бом занеро дид, ки оббозӣ мекард, ва он зан бениҳоят хушрӯй буд. 3 Довуд кас фиристода, дар бораи он зан пурсуков кард ва ба ӯ хабар доданд: «Ин зан Батшобаи+ духтари Элиом+ ва зани Уриёи+ ҳиттӣ+ мебошад». 4 Довуд кас фиристод, ки ӯро биёранд.+ Вақте он зан ба наздаш омад, Довуд бо ӯ хобид.+ (Ин дар вақте рӯй дод, ки зан худро аз нопокиаш пок мекард*.)+ Сипас зан ба хонааш баргашт.

5 Зан ҳомила шуд ва ба Довуд хабар расонд: «Ман ҳомиладорам». 6 Он гоҳ Довуд ба Юоб хабар фиристода, гуфт: «Уриёи ҳиттиро назди ман бифирист». Юоб Уриёро ба назди Довуд фиристод. 7 Вақте ки Уриё ба назди шоҳ омад, Довуд аз аҳволи Юобу сарбозон ва аз рафти ҷанг пурсон шуд. 8 Баъд аз ин Довуд ба Уриё гуфт: «Ба хонаат рафта, дам гир*». Вақте Уриё аз хонаи подшоҳ баромад, аз пасаш ҳадияи подшоҳро* фиристоданд. 9 Аммо Уриё дар назди дарвозаи хонаи подшоҳ ҳамроҳи ходимони хоҷааш хобида ба хонаи худ нарафт. 10 Ба Довуд хабар доданд: «Уриё ба хонаи худ нарафт». Он гоҳ Довуд ба Уриё гуфт: «Ту, охир, аз сафар омадӣ, пас, чаро ба хонаат нарафтӣ?» 11 Уриё ба Довуд ҷавоб дод: «Сандуқ+ ва Исроилу Яҳудо дар хаймаҳо сокинанд, хоҷаам Юоб низ бо ходимони хоҷаам дар саҳро урду задаанд. Пас, наход ман ба хонаи худ рафта, бихӯраму бинӯшам ва бо занам бихобам?+ Ба ҳаёти ту ва ҷони ту қасам ки, ман ин корро намекунам!»

12 Он гоҳ Довуд ба Уриё гуфт: «Имрӯз низ дар ин ҷо бимон ва пагоҳ ман туро мефиристам». Уриё он рӯз ва рӯзи дигар дар Ерусалим монд. 13 Довуд ӯро даъват карда, бо вай хӯрду нӯшид ва ӯро маст кард. Лекин бегоҳ Уриё баромада, дар ҷогаҳаш бо ходимони хоҷаи худ хобид ва ба хонаи худ нарафт. 14 Саҳарӣ Довуд ба Юоб нома навишта, онро бо дасти Уриё фиристод. 15 Ӯ дар нома навишт: «Уриёро дар сафи пеш, дар ҷое ки ҷанг сахт аст, гузоред. Сипас ақиб гашта, ӯро танҳо монед, то зарба хӯрда, бимирад».+

16 Юоб шаҳрро бодиққат назорат мекард ва Уриёро дар ҷое гузошт, ки дар он ҷанговарони пурзӯр буданд. 17 Вақте мардони шаҳр берун омада, бо Юоб ҷангиданд, баъзе ходимони Довуд ҳалок шуданд ва Уриёи ҳиттӣ низ дар қатори онҳо буд.+ 18 Юоб ба Довуд дар бораи ҷанг як ба як хабар дод. 19 Ӯ ба хабаррасон дастур дода гуфт: «Вақте ба подшоҳ ҳамаи хабарҳои ҷангро мерасонӣ, 20 ӯ мумкин аст ба ғазаб омада гӯяд: “Чаро ба шаҳр наздик омада, ҷангидед? Магар намедонистед, ки онҳо аз болои девор тир меандозанд? 21 Кӣ Абималики писари Ерубошатро+ кушта буд?+ Магар зане аз сари девор санги болоии осиёбро партофта, ӯро дар Тебес накушт? Пас, чаро шумо ба девор ин қадар наздик омадед?” Он гоҳ бигӯй: “Ходимат Уриёи ҳиттӣ ҳам мурд”».

22 Хабаррасон рафта, ҳама чизеро, ки Юоб фармуд, ба Довуд нақл кард. 23 Хабаррасон ба Довуд гуфт: «Мардони шаҳр аз мо зӯр баромаданд ва берун омада, бо мо дар саҳро ҷангиданд, лекин мо гашта, онҳоро то даҳани дарвозаи шаҳр сур кардем. 24 Он вақт камонварон аз болои девор ба ходимонат тир андохта, баъзеашонро куштанд, ходимат Уриёи ҳиттӣ ҳам мурд».+ 25 Довуд ба хабаррасон гуфт: «Ба Юоб чунин бигӯ: “Дар ин бора ғам нахӯр, зеро шамшер гоҳе як касро ва гоҳе дигареро ҳалок месозад. Ҳарбу зарбро бар зидди шаҳр сахттар кун ва онро забт намо”,+ ва ӯро рӯҳбаланд кун».

26 Вақте зани Уриё шунид, ки шавҳараш Уриё мурдааст, барои ӯ мотам гирифт. 27 Ҳамин ки рӯзҳои мотам ба охир расид, Довуд кас фиристода, ӯро ба хонаи худ овард ва ӯ занаш шуд+ ва барояш писаре таваллуд кард. Аммо коре, ки Довуд кард, дар назари Яҳува хеле бад буд.+

Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
Баромадан
Даромадан
  • тоҷикӣ
  • Фиристодан
  • Ҷӯркунӣ
  • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
  • Шарти истифодабарӣ
  • Сиёсати ҳифзи асрор
  • Танзимоти ҳифзи асрор
  • JW.ORG
  • Даромадан
Фиристодан