3 Подшоҳон
1 Шоҳ Довуд пиру солхӯрда шуд+ ва, ҳарчанд болои ӯро бо либосҳо мепӯшониданд, гарм намешуд. 2 Ходимонаш ба ӯ гуфтанд: «Бигзор барои хоҷаам подшоҳ духтари бокираеро ёбанд, то ки хизмати подшоҳро карда ӯро нигоҳубин кунад. Ӯ дар оғӯши ту мехобад, то хоҷаам подшоҳ гарм шавад». 3 Онҳо дар саросари Исроил духтари зебоеро ҷустанд ва Абишаги+ шунемиро+ ёфта, назди подшоҳ оварданд. 4 Ин духтар бениҳоят хушрӯ буд. Вай подшоҳро нигоҳубин мекард ва дар хизматаш меистод, аммо подшоҳ бо ӯ хуфтухоб накарда буд.
5 Дар ин миён Адӯниёи+ писари Ҳаҷҷит худро боло гирифта, мегуфт: «Ман подшоҳ мешавам!» Ӯ барои худ ароба ва саворонро гирифт ва 50 нафар пешопеши ӯ медавиданд.+ 6 Вале падараш ҳеҷ гоҳ ӯро сарзаниш карда намегуфт: «Чаро чунин мекунӣ?» Модараш ӯро баъди Абшолӯм таваллуд карда буд ва Адӯниё низ хеле хушрӯй буд. 7 Адӯниё бо Юоби писари Саруё ва Абётори+ коҳин* забон як кард ва онҳо ба ӯ кумак карда, ӯро тарафдорӣ намуданд.+ 8 Аммо Содӯқи+ коҳин, Баноёи+ писари Еҳуёдоъ, Нотони+ пайғамбар, Шимъӣ,+ Реӣ ва паҳлавонони Довуд+ Адӯниёро тарафдорӣ накарданд.
9 Ниҳоят Адӯниё ҳамаи бародаронаш, шоҳзодаҳо, ва тамоми мардони Яҳудоро, ки ходимони подшоҳ буданд, таклиф намуда, гӯсфандон, говон ва моли парвориро дар пеши санги Зӯҳелет, ки назди Эйн-Рӯҷил мебошад, қурбон кард,+ 10 лекин Нотони пайғамбар, Баноё, паҳлавонон ва бародараш Сулаймонро ба он ҷо даъват накард. 11 Он гоҳ Нотон+ ба Батшобаъ,+ модари Сулаймон,+ гуфт: «Магар ту хабар надорӣ, ки Адӯниёи+ писари Ҳаҷҷит подшоҳ шуду хоҷаамон Довуд дар ин бора чизе намедонад? 12 Пас, биё ва ба ту маслиҳат медиҳам, ки чӣ тавр ҷони худро ва ҷони писарат Сулаймонро наҷот диҳӣ.+ 13 Ба назди шоҳ Довуд рафта, бигӯ: “Магар ту, эй хоҷаам подшоҳ, ба канизат қасам хӯрда нагуфтӣ: “Писарат Сулаймон баъд аз ман подшоҳ мешавад ва ба ҷойи ман бар тахт мешинад”?+ Пас, чаро Адӯниё подшоҳ шудааст?” 14 Суханатро ба подшоҳ тамом накарда, ман аз пасат медароям ва суханонатро тасдиқ мекунам».
15 Батшобаъ ба назди подшоҳ, ба хонаи хоби ӯ, даромад. Подшоҳ пири фартут буд ва Абишаги+ шунемӣ ба ӯ хизмат мекард. 16 Батшобаъ ба подшоҳ таъзим кард ва пеши ӯ зону зада хам шуд. Подшоҳ гуфт: «Чӣ хоҳиш дорӣ?» 17 Ӯ дар ҷавоб гуфт: «Эй хоҷаам, ту ба номи Худоят Яҳува қасам хӯрда ба канизат гуфта будӣ: “Писарат Сулаймон баъд аз ман подшоҳ мешавад ва ба ҷойи ман бар тахт мешинад”.+ 18 Вале ҳоло Адӯниё подшоҳ шудааст ва хоҷаам подшоҳ аз ин хабар надорад.+ 19 Ӯ ҳамаи шоҳзодагон, Абётори коҳин ва Юоби сарлашкарро таклиф намуда,+ буққаҳо, моли парворӣ ва гӯсфандони бешуморро қурбон кард, аммо бандаат Сулаймонро даъват накард.+ 20 Акнун, эй хоҷаам подшоҳ, чашмони тамоми Исроил сӯйи ту нигарон аст, то бигӯӣ, ки бар тахти хоҷаам подшоҳ баъд аз ӯ кӣ менишинад. 21 Вагарна, ҳамин ки хоҷаам подшоҳ ором гирифта бо бобоёнаш бихобад, ману писарам Сулаймонро хоин мебароранд».
22 Ҳанӯз ӯ бо подшоҳ сухан меронд ки, пайғамбар Нотон даромад.+ 23 Ба подшоҳ дарҳол хабар доданд: «Пайғамбар Нотон дар ин ҷост!» Ӯ ба назди подшоҳ даромад ва рӯ ба замин афтода ба подшоҳ таъзим кард. 24 Сипас Нотон гуфт: «Эй хоҷаам подшоҳ, оё ту гуфтаӣ: “Адӯниё баъд аз ман подшоҳ мешавад ва ба ҷойи ман бар тахт мешинад”?+ 25 Зеро имрӯз ӯ поён омада, буққаҳо, моли парворӣ ва гӯсфандони бешуморро қурбон кард+ ва ҳамаи шоҳзодагон, сарони лашкар ва Абётори коҳинро даъват намуд.+ Онҳо ҳамроҳи ӯ мехӯранду менӯшанд ва мегӯянд: “Зинда бод шоҳ Адӯниё!” 26 Аммо ӯ мани бандаатро, Содӯқи коҳин, Баноёи+ писари Еҳуёдоъ ва бандаат Сулаймонро таклиф накард. 27 Оё хоҷаам подшоҳ инро фармудаасту бандаашро хабардор накардааст, ки баъд аз ӯ ба тахти хоҷаам подшоҳ кӣ мешинад?»
28 Шоҳ Довуд дар ҷавоб гуфт: «Батшобаъро ба наздам ҷеғ занед». Батшобаъ даромада, дар пеши подшоҳ истод. 29 Он гоҳ подшоҳ қасам хӯрда гуфт: «Ба номи Яҳува, Худои зинда, ки маро аз ҳамаи азобҳоям раҳо кард,+ қасам ки, 30 чуноне ки ба номи Яҳува, Худои Исроил, ба ту қасам хӯрда гуфтам: “Писарат Сулаймон баъд аз ман подшоҳ мешавад ва ба ҷойи ман бар тахт мешинад”, имрӯз ҳамин тавр мекунам». 31 Инро шунида Батшобаъ дар пеши подшоҳ зону заду то ба замин таъзим кард ва гуфт: «Хоҷаам шоҳ Довуд то абад зинда бошад!»
32 Шоҳ Довуд ҳамон замон гуфт: «Содӯқи коҳин, пайғамбар Нотон ва Баноёи+ писари Еҳуёдоъро ба наздам хонед».+ Вақте онҳо ба назди подшоҳ даромаданд, 33 ӯ ба онҳо гуфт: «Ходимони хоҷаатонро ҳамроҳи худ гиред ва писарам Сулаймонро бар хачири ман савор карда,+ назди Ҷайҳун+ баред. 34 Содӯқи коҳин ва пайғамбар Нотон ӯро дар он ҷо тадҳин намуда*+ подшоҳи Исроил мекунанд. Он гоҳ шох навохта, гӯед: “Зинда бод шоҳ Сулаймон!”+ 35 Сипас аз ақиби ӯ биёед. Ӯ омада, бар тахти ман мешинаду ба ҷойи ман подшоҳ мешавад ва ман ӯро пешвои Исроил ва Яҳудо таъйин мекунам». 36 Баноёи писари Еҳуёдоъ ба подшоҳ гуфт: «Омин! Бигзор Яҳува, Худои хоҷаам подшоҳ, чунин кунад. 37 Чуноне ки Яҳува бо хоҷаам подшоҳ буд, бо Сулаймон низ бошад+ ва бигзор Худо тахти ӯро аз тахти хоҷаам шоҳ Довуд бузургтар кунад».+
38 Он гоҳ Содӯқи коҳин, пайғамбар Нотон, Баноёи+ писари Еҳуёдоъ ва каритиёну фалитиён+ поён омада, Сулаймонро бар хачири шоҳ Довуд савор карданд+ ва назди Ҷайҳун+ оварданд. 39 Содӯқи коҳин аз хайма+ шохи равғанро+ гирифт ва Сулаймонро тадҳин кард.+ Сипас шох навохтанд ва тамоми мардум фарёд зада гуфт: «Зинда бод шоҳ Сулаймон!» 40 Баъд аз ин тамоми мардум аз паси ӯ боло баромад. Онҳо най менавохтанд ва шодиву хурсандӣ мекарданд, ба дараҷае ки замин аз нидоҳои онҳо ба ларза омад.+
41 Чун Адӯниё ва ҳамаи меҳмононаш хӯрда шуданд,+ ин садоҳо ба гӯшашон расид. Ҳамин ки Юоб садои шохро шунид, гуфт: «Ин чӣ шӯру ғавғост дар шаҳр?» 42 Ҳанӯз ӯ сухан мегуфт ки, Юнотони+ писари Абётори коҳин омад. Адӯниё гуфт: «Даро, зеро ту марди хуб ҳастӣ ва хабари хуш меорӣ». 43 Вале Юнотон ба Адӯниё гуфт: «Не, ин тавр нест! Хоҷаамон шоҳ Довуд Сулаймонро подшоҳ кард. 44 Подшоҳ бо ӯ Содӯқи коҳин, пайғамбар Нотон, Баноёи писари Еҳуёдоъ ва каритиёну фалитиёнро фиристод ва онҳо Сулаймонро ба хачири подшоҳ савор карданд.+ 45 Содӯқи коҳин ва пайғамбар Нотон ӯро дар назди Ҷайҳун тадҳин карданд, ки подшоҳ шавад. Пас аз ин онҳо бо шодиву хурсандӣ аз он ҷо омаданд ва мардуми шаҳр ғулғула бардошт. Ин аст садое, ки шумо шунидед. 46 Беш аз ин, Сулаймон бар тахти подшоҳӣ нишаст. 47 Инчунин ходимони шоҳ ба назди хоҷаамон шоҳ Довуд омаданд ва ӯро табрик карда гуфтанд: “Бигзор Худоят номи Сулаймонро аз номи ту пурҷалолтар кунад ва тахти ӯро аз тахти ту бузургтар гардонад!” Подшоҳ бар бистари худ таъзим кард 48 ва гуфт: “Яҳува, Худои Исроилро, ҳамду сано бод, зеро ӯ имрӯз касеро додааст, ки бар тахти ман шинад, ва гузошт, ки ман инро бо чашмони сарам бинам!”»
49 Он гоҳ тамоми меҳмонони Адӯниё ба ҳарос афтоданд ва бархоста, ҳар яке бо роҳи худ рафтанд. 50 Адӯниё низ аз Сулаймон тарсид. Ӯ бархоста, назди қурбонгоҳ рафт ва аз шохҳои он дошт.+ 51 Ба Сулаймон хабар дода гуфтанд: «Адӯниё аз шоҳ Сулаймон тарсид. Ӯ шохҳои қурбонгоҳро дошта, чунин мегӯяд: “Бигзор шоҳ Сулаймон аввал қасам хӯрад, ки бандаашро бо шамшер намекушад”». 52 Сулаймон гуфт: «Агар ӯ дуруст рафтор кунад, як тори мӯяш ба замин нахоҳад ғалтид, аммо, агар бадӣ кунад,+ ӯ хоҳад мурд». 53 Сулаймон кас фиристод, то Адӯниёро аз қурбонгоҳ фароварда, ба наздаш оранд. Ӯ омада, ба шоҳ Сулаймон таъзим кард ва Сулаймон ба ӯ гуфт: «Ба хонаи худ бирав».