4 Подшоҳон
1 Баъд аз марги Аҳъоб Мӯоб+ бар зидди Исроил исён бардошт.
2 Дар он айём Аҳазё дар Сомария аз панҷараи болохонааш афтида, захмдор шуд. Ӯ хабаррасононро фиристода, ба онҳо фармуд: «Рафта, аз Баал-Забуб, худои Эқрӯн,+ пурсед, ки ман аз ин беморӣ шифо меёбам ё не».+ 3 Аммо фариштаи Яҳува ба Илёси*+ тишбӣ гуфт: «Бархез ва аз сари роҳи хабаррасонони подшоҳи Сомария баромада, ба онҳо бигӯй: “Магар дар Исроил Худо нест ки, шумо барои пурсидан ба назди Баал-Забуб, худои Эқрӯн, меравед?+ 4 Барои ҳамин Яҳува чунин мегӯяд: “Ту аз бистаре, ки бар он хобидаӣ, намехезӣ, балки ҳатман мемирӣ”». Бо ин суханон Илёс рафт.
5 Ҳамин ки хабаррасонон баргаштанд, подшоҳ аз онҳо пурсид: «Барои чӣ баргаштед?» 6 Онҳо дар ҷавоб гуфтанд: «Марде аз пеши мо баромада, гуфт: “Гашта ба назди подшоҳе, ки шуморо фиристод, биравед ва ба ӯ бигӯед: Яҳува чунин мегӯяд: “Магар дар Исроил Худо нест ки, ту барои пурсидан ба назди Баал-Забуб, худои Эқрӯн, кас мефиристӣ? Азбаски чунин кардӣ, аз бистаре, ки бар он хобидаӣ, намехезӣ, балки ҳатман мемирӣ”».+ 7 Шоҳ аз онҳо пурсид: «Марде, ки аз пеши шумо баромад ва ин суханонро гуфт, чӣ гуна буд?» 8 Онҳо ба ӯ гуфтанд: «Он мард дар тан либоси пашмӣ+ ва дар миён камарбанди чармине дошт».+ Ӯ дарҳол гуфт: «Он мард Илёси тишбӣ аст».
9 Подшоҳ мирипанҷоҳеро бо 50 нафараш ба назди ӯ фиристод. Мирипанҷоҳ назди Илёс, ки дар сари кӯҳ нишаста буд, омада, гуфт: «Эй марди Худо,+ подшоҳ мегӯяд, ки “Фаро!”». 10 Вале Илёс дар ҷавоб ба мирипанҷоҳ гуфт: «Агар ман марди Худо бошам, бигзор аз осмон оташ фаромада,+ туву 50 нафаратро фурӯ барад». Ҳамон замон аз осмон оташ фаромада, ӯву 50 нафарашро ба коми худ кашид.
11 Подшоҳ боз мирипанҷоҳи дигареро бо 50 нафараш ба назди вай фиристод. Ӯ низ омада, ба Илёс гуфт: «Эй марди Худо, подшоҳ мегӯяд, ки “Зуд фаро!”». 12 Аммо Илёс дар ҷавоб гуфт: «Агар ман марди Худо бошам, бигзор аз осмон оташ фаромада, туву 50 нафаратро фурӯ барад». Ҳамон лаҳза аз осмон оташи Худо фаромада, ӯву 50 нафарашро ба коми худ кашид.
13 Подшоҳ мирипанҷоҳи сеюмро бо 50 нафараш фиристод. Мирипанҷоҳи сеюм низ ба назди Илёс омад ва дар пешаш зону зада таъзим карду бо зорию илтиҷо гуфт: «Эй марди Худо, илтимос, ба ҷони ману ҷони ин 50 бандаат раҳм кун. 14 Аз осмон оташ фаромада, ду мирипанҷоҳеро, ки пеш аз ман омада буданд, бо 50 нафарашон фурӯ бурд, лекин ҳоло ба ҷони ман раҳм кун».
15 Он гоҳ фариштаи Яҳува ба Илёс гуфт: «Ҳамроҳаш фаро ва аз вай натарс». Илёс хеста, бо вай ба назди подшоҳ омад. 16 Илёс ба шоҳ гуфт: «Яҳува чунин мегӯяд: “Ту барои пурсидан хабаррасонҳоро ба назди Баал-Забуб, худои Эқрӯн,+ фиристодӣ. Магар дар Исроил Худо нест ки, чунин кардӣ?+ Барои чӣ аз ӯ напурсидӣ? Азбаски чунин кардӣ, аз бистаре, ки бар он хобидаӣ, намехезӣ, балки ҳатман мемирӣ”». 17 Аҳазё, чуноне ки Яҳува ба Илёс паём фиристода, гуфта буд, мурд ва, азбаски писар надошт, дар соли дуюми Еҳуроми+ писари Еҳушофоти шоҳи Яҳудо ба ҷояш Еҳуром*+ подшоҳ шуд.
18 Воқеаҳои дигари ҳаёти Аҳазё,+ корҳое, ки ӯ кард, дар таърихномаи шоҳони Исроил навишта шудааст.