4 Подшоҳон
5 Наамони сарлашкари подшоҳи Арам* марди номдоре буд ва хоҷааш ӯро иззату ҳурмат мекард, зеро Яҳува бо дасти ӯ ба Арам ғалаба* бахшида буд. Наамон ҷанговари пурзӯр, аммо махавӣ буд*. 2 Дар яке аз тохтутозҳои худ арамиён аз замини Исроил духтаракеро ба асирӣ бурданд ва ӯ хизматгори зани Наамон шуд. 3 Рӯзе ӯ ба хонуми худ гуфт: «Кошки хоҷаам ба назди пайғамбаре,+ ки дар Сомария аст, мерафт ва ӯ вайро аз махаваш шифо медод».+ 4 Пас аз ин ӯ* рафта, суханони духтараки исроилиро ба хоҷааш нақл кард.
5 Он гоҳ подшоҳи Арам ба ӯ гуфт: «Хез, рав ва ман ба подшоҳи Исроил номае мефиристам». Наамон рафт ва бо худ даҳ киккар* нуқра, 6000 сиқл тилло ва даҳ сарулибос гирифт. 6 Ӯ номаро ба подшоҳи Исроил овард, ки дар он чунин навишта шуда буд: «Бо ин нома ман бандаам Наамонро ба назди ту мефиристам, то ӯро аз махаваш шифо диҳӣ». 7 Вақте подшоҳи Исроил номаро хонд, либосашро чок зада, гуфт: «Магар ман Худоям, ки бикушам ва зинда гардонам?+ Ӯ бошад, ин мардро ба назди ман фиристода, мегӯяд, ки ӯро аз махаваш шифо диҳам. Бубинед, ки ӯ барои ҷанҷол баҳона кофта истодааст».
8 Вақте Элишои марди Худо шунид, ки подшоҳи Исроил либосашро чок задааст, дарҳол ба назди ӯ кас фиристода, гуфт: «Чаро либосатро чок задӣ? Илтимос, ӯро назди ман бифирист, то бидонад, ки дар Исроил пайғамбаре ҳаст».+ 9 Пас аз ин Наамон бо аспҳо ва аробаҳои ҷангияш омада, назди дари хонаи Элишоъ истод. 10 Аммо Элишоъ ба назди ӯ хабаррасонро фиристода, гуфт: «Рафта, дар Урдун+ ҳафт бор+ ғӯта зан ва баданат сиҳат мешаваду ту пок мегардӣ». 11 Он гоҳ Наамон ба қаҳр омад ва аз он ҷо рафтанӣ шуда гуфт: «Ман гумон кардам, ки ӯ ба наздам мебарояд ва дар ин ҷо истода, номи Худояш Яҳуваро мегирад ва дасташро аз болои захмҳоям гузаронда махавро шифо медиҳад. 12 Магар Амоно ва Фарфар, дарёҳои Димишқ,+ аз ҳамаи обҳои Исроил беҳтар нестанд? Оё ман наметавонистам дар онҳо ғӯта зада пок шавам?» Инро гуфта, ӯ тоб хӯрду бо ғазаб рафт.
13 Ходимонаш ба назди ӯ омада, гуфтанд: «Эй падарам, агар пайғамбар ба ту ягон кори мушкиле мефармуд, магар ба ҷо намеовардӣ? Пас, наход “ғӯта зан ва пок шав” гуфтани ӯро, ҳамин кори осонро, накунӣ?» 14 Ӯ ба гапи онҳо гӯш дода рафту, ҳамон тавре ки марди Худо гуфт,+ ҳафт бор худро дар Урдун зери об кард. Он гоҳ баданаш сиҳат шуда мисли бадани тифл+ шуд ва ӯ пок гашт.+
15 Пас аз ин ӯ бо ҳамаи одамонаш* ба назди марди Худо баргашт+ ва дар наздаш истода, гуфт: «Акнун донистам, ки ғайр аз Исроил дар ягон ҷойи замин Худое нест.+ Илтимос, ҳоло ин туҳфаро* аз бандаат қабул кун». 16 Лекин Элишоъ гуфт: «Ба номи Яҳува, Худои зинда, ки ба ӯ хизмат мекунам*, қасам ки, ман онро аз ту қабул намекунам»,+ ва, ҳарчанд Наамон илтимос кард, ӯ розӣ нашуд. 17 Ниҳоят Наамон гуфт: «Агар нагирӣ, илтимос, иҷозат деҳ, ки ба бандаат, ба андозае ки ду хачир бардошта метавонад, хоки ин заминро диҳанд, зеро бандаат дигар ба ягон худо, ғайр аз Яҳува, қурбонии сӯхтанӣ ё қурбоние пешкаш намекунад. 18 Аммо бигзор Яҳува як кори бандаатро бибахшад: вақте хоҷаам ба ибодатхонаи Риммӯн равад, то ба ӯ дар он ҷо саҷда кунад, ӯ ба дасти бандаат такя мекунад ва ба ман ҳам лозим меояд, ки дар ибодатхонаи Риммӯн саҷда барам. Илтимос, бигзор Яҳува бандаатро, вақте дар ибодатхонаи Риммӯн саҷда кунад, бибахшад». 19 Элишоъ ба ӯ гуфт: «Бо хотири ҷамъ бирав». Вақте ӯ рафт ва ба масофае дур шуд, 20 Ҷеҳазӣ,+ дастёри Элишои марди Худо,+ ба худ гуфт: «Хоҷаам нахост, ки аз дасти ин Наамони+ арамӣ он чиро, ки вай оварда буд, бигирад. Ба номи Яҳува, Худои зинда, қасам ки, ман аз пасаш давида, аз ӯ чизе мегирам». 21 Инро гуфта, Ҷеҳазӣ аз ақиби Наамон давид. Вақте Наамон аз қафояш давандаеро дид, ба пешвози ӯ аз аробааш фаромада, гуфт: «Тинҷист?» 22 Ӯ дар ҷавоб гуфт: «Тинҷист. Хоҷаам маро фиристода, гуфт: “Навакак аз кӯҳистони Эфроим ду ҷавоне аз писарони пайғамбарон ба наздам омаданд, илтимос, ба онҳо як киккар нуқра ва ду сарулибос деҳ”».+ 23 Наамон гуфт: «Марҳамат, ду киккар бигир». Наамон аз вай бисёр илтимос кард+ ва ду киккар нуқраро бо ду сарулибос дар ду халта баста, ба ду хизматгузораш дод ва онҳо ин чизҳоро пешопеши вай бурданд.
24 Ба Ӯфал* расида, ӯ ин чизҳоро аз дасти ин мардон гирифт ва дар хона гузошту онҳоро ҷавоб дод. Вақте онҳо рафтанд, 25 ӯ омада, назди хоҷаи худ истод. Элишоъ аз ӯ пурсид: «Аз куҷо омадӣ, эй Ҷеҳазӣ?» Ӯ ҷавоб дод: «Бандаат ба ягон ҷо нарафта буд».+ 26 Элишоъ ба ӯ гуфт: «Вақте он мард ба пешвози ту аз ароба фаромад, магар дили ман аз ин бохабар набуд? Магар ҳоло вақти гирифтани нуқра, либос, боғҳои зайтун, токзорҳо, гӯсфандон, говон, ғуломон ё канизон аст?+ 27 Пас, махави Наамон+ то абад ба ту ва насли ту мечаспад». Он гоҳ Ҷеҳазӣ аз махав мисли барф сафед шуда,+ дарҳол аз пеши вай рафт.