ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • 4 Подшоҳон 6
  • Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

Шарҳи мухтасари 4 Подшоҳон

      • Элишоъ оҳани табарро рӯйи об мебарорад (1–7)

      • Элишоъ ва арамиён (8–23)

        • Чашмони дастёри Элишоъ кушода мешаванд (16, 17)

        • Арамиён нобино мегарданд (18, 19)

      • Гушнагӣ ҳангоми муҳосираи Сомария (24–33)

4 Подшоҳон 6:1

Оятҳои иловагӣ

  • +4Пш 2:3, 5; 9:1

4 Подшоҳон 6:8

Эзоҳҳо

  • *

    Ё «Сурия».

Оятҳои иловагӣ

  • +3Пш 20:1, 34; 22:31

4 Подшоҳон 6:9

Оятҳои иловагӣ

  • +3Пш 17:24

4 Подшоҳон 6:10

Оятҳои иловагӣ

  • +Мт 2:12

4 Подшоҳон 6:11

Эзоҳҳо

  • *

    Дар матни асл «дили подшоҳи».

4 Подшоҳон 6:12

Оятҳои иловагӣ

  • +Дн 2:22, 28

4 Подшоҳон 6:13

Оятҳои иловагӣ

  • +1Мс 37:16, 17

4 Подшоҳон 6:15

Эзоҳҳо

  • *

    Ё «хизматгузори».

4 Подшоҳон 6:16

Оятҳои иловагӣ

  • +2Мс 14:13; Зб 3:6
  • +2Пш 22:31; 2Вқ 32:7; Зб 18:2; 27:3; 46:7; 55:18; 118:11; Рм 8:31

4 Подшоҳон 6:17

Оятҳои иловагӣ

  • +Крн 7:56
  • +Зб 34:7; Мт 26:53
  • +4Пш 2:11; Зб 68:17; Зк 6:1

4 Подшоҳон 6:18

Оятҳои иловагӣ

  • +1Мс 19:10, 11

4 Подшоҳон 6:19

Оятҳои иловагӣ

  • +3Пш 16:29

4 Подшоҳон 6:22

Оятҳои иловагӣ

  • +Пнм 25:21; Рм 12:20

4 Подшоҳон 6:23

Оятҳои иловагӣ

  • +4Пш 5:2

4 Подшоҳон 6:24

Эзоҳҳо

  • *

    Дар матни асл «урдуяшро».

Оятҳои иловагӣ

  • +5Мс 28:52; 3Пш 20:1

4 Подшоҳон 6:25

Эзоҳҳо

  • *

    Як қаб ба 1,22 л баробар аст. Ниг. ба Замимаи Б14.

Оятҳои иловагӣ

  • +3Мс 26:26; 5Мс 28:15, 17
  • +5Мс 14:3; Ҳз 4:14

Индексҳо

  • Роҳнамо

    Тарҷумаи Дунёи Нав, саҳ. 1953

4 Подшоҳон 6:28

Оятҳои иловагӣ

  • +3Мс 26:29; 5Мс 28:53–57; Ҳз 5:10

4 Подшоҳон 6:29

Оятҳои иловагӣ

  • +Нлҳ 4:10

4 Подшоҳон 6:30

Эзоҳҳо

  • *

    Палос — ниг. ба луғат.

Оятҳои иловагӣ

  • +1Мс 37:29; 3Пш 21:27

4 Подшоҳон 6:31

Оятҳои иловагӣ

  • +Ир 38:4

4 Подшоҳон 6:32

Оятҳои иловагӣ

  • +3Пш 18:13; 21:9, 10

Асосӣ

4 Подш. 6:14Пш 2:3, 5; 9:1
4 Подш. 6:83Пш 20:1, 34; 22:31
4 Подш. 6:93Пш 17:24
4 Подш. 6:10Мт 2:12
4 Подш. 6:12Дн 2:22, 28
4 Подш. 6:131Мс 37:16, 17
4 Подш. 6:162Мс 14:13; Зб 3:6
4 Подш. 6:162Пш 22:31; 2Вқ 32:7; Зб 18:2; 27:3; 46:7; 55:18; 118:11; Рм 8:31
4 Подш. 6:17Крн 7:56
4 Подш. 6:17Зб 34:7; Мт 26:53
4 Подш. 6:174Пш 2:11; Зб 68:17; Зк 6:1
4 Подш. 6:181Мс 19:10, 11
4 Подш. 6:193Пш 16:29
4 Подш. 6:22Пнм 25:21; Рм 12:20
4 Подш. 6:234Пш 5:2
4 Подш. 6:245Мс 28:52; 3Пш 20:1
4 Подш. 6:253Мс 26:26; 5Мс 28:15, 17
4 Подш. 6:255Мс 14:3; Ҳз 4:14
4 Подш. 6:283Мс 26:29; 5Мс 28:53–57; Ҳз 5:10
4 Подш. 6:29Нлҳ 4:10
4 Подш. 6:301Мс 37:29; 3Пш 21:27
4 Подш. 6:31Ир 38:4
4 Подш. 6:323Пш 18:13; 21:9, 10
  • Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5
  • 6
  • 7
  • 8
  • 9
  • 10
  • 11
  • 12
  • 13
  • 14
  • 15
  • 16
  • 17
  • 18
  • 19
  • 20
  • 21
  • 22
  • 23
  • 24
  • 25
  • 26
  • 27
  • 28
  • 29
  • 30
  • 31
  • 32
  • 33
Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
4 Подшоҳон 6:1–33

4 Подшоҳон

6 Писарони пайғамбарон+ ба Элишоъ гуфтанд: «Ҷое, ки мо бо ту меистем, бароямон хеле танг аст. 2 Илтимос, иҷозат деҳ, ки назди Урдун равем. Бигзор ҳар яки мо аз он ҷо ғӯлачӯбе бигирад ва мо дар он ҷо барои зисти худ маконе бисозем». Ӯ гуфт: «Биравед». 3 Яке аз онҳо гуфт: «Илтимос, бо бандагонат бирав». Ӯ дар ҷавоб гуфт: «Майлаш, меравам». 4 Ӯ ҳамроҳашон рафт ва онҳо ба назди Урдун омада, дарахтбуриро сар карданд. 5 Вақте яке аз онҳо дарахт мебурид, оҳани табараш ба об афтид ва ӯ фарёд зад: «Воҳ, хоҷаам, онро қарз гирифта будам!» 6 Марди Худо гуфт: «Он ба куҷо афтид?» Ӯ он ҷоро нишон дод. Он гоҳ марди Худо чӯберо бурида, ба он ҷо партофт ва табар рӯйи об баромад. 7 Вай гуфт: «Онро бигир», ва ӯ дасташро дароз карда, онро гирифт.

8 Подшоҳи Арам* бо Исроил ҷангиданӣ шуд+ ва бо ходимонаш маслиҳат карда гуфт: «Ман ҳамроҳи шумо дар фалон ҷо урду мезанам». 9 Вале марди Худо+ ба подшоҳи Исроил хабар фиристода, гуфт: «Эҳтиёт шав, ки аз фалон ҷо нагузарӣ, чунки ба он ҷо арамиён меоянд». 10 Подшоҳи Исроил, ба ҷое ки марди Худо дар борааш огоҳ карда буд, хабар фиристод. Вай подшоҳро на як бору ду бор огоҳ кард ва ӯ ба он ҷойҳо наздик нашуд.+

11 Ин ҳол подшоҳи* Арамро ба ғазаб овард ва ӯ ходимонашро ҷамъ карда, гуфт: «Ба ман бигӯед: дар байни мо тарафдори подшоҳи Исроил кист?» 12 Яке аз ходимонаш гуфт: «Ҳеҷ кас, эй хоҷаам подшоҳ! Ин Элишои пайғамбар, ки дар Исроил аст, он чиро, ки ту дар хонаи хоби худ мегӯӣ, ба шоҳи Исроил хабар медиҳад».+ 13 Ӯ гуфт: «Биравед ва бифаҳмед, ки ӯ дар куҷост, то ман одамонамро фиристода, ӯро дастгир кунам». Баъдтар ба ӯ хабар доданд: «Вай дар Дӯтон+ аст». 14 Ӯ дарҳол ба он ҷо аспу аробаҳои ҷангӣ ва ҳамчунин сарбозони бисёреро фиристод ва онҳо шабона омада, шаҳрро иҳота карданд.

15 Вақте дастёри* марди Худо саҳарии барвақт хеста, берун омад, дид, ки лашкаре бо аспу аробаҳои ҷангӣ шаҳрро иҳота кардааст. Ӯ дарҳол ба вай гуфт: «Оҳ, хоҷаам, чӣ кор кунем?» 16 Аммо вай гуфт: «Натарс,+ чунки онҳое, ки бо моянд, аз онҳое, ки бо инҳоянд, бисёртаранд!»+ 17 Сипас Элишоъ чунин дуо гуфт: «Эй Яҳува, илтимос, чашмони ӯро бикшо, то бубинад».+ Яҳува ҳамон замон чашмони дастёри вайро кушод ва ӯ дид, ки кӯҳистони гирдогирди Элишоъ+ аз аспу аробаҳои оташин+ пур аст.

18 Вақте ки арамиён сӯйи Элишоъ поён омаданд, вай ба Яҳува дуо гуфт: «Илтимос, ин халқро ба кӯрӣ гирифтор кун».+ Худо, чуноне ки Элишоъ хоҳиш кард, онҳоро ба кӯрӣ гирифтор намуд. 19 Он гоҳ Элишоъ ба онҳо гуфт: «Ин он роҳ ва он шаҳр нест. Аз паси ман оед ва ман шуморо ба назди марде, ки вайро мекобед, мебарам». Аммо вай онҳоро ба Сомария бурд.+

20 Ҳангоме ки онҳо ба Сомария расиданд, Элишоъ гуфт: «Эй Яҳува, чашмони онҳоро бикшо, то бубинанд». Яҳува чашмони онҳоро кушод ва онҳо диданд, ки дар даруни Сомария мебошанд. 21 Подшоҳи Исроил онҳоро дида ба Элишоъ гуфт: «Оё онҳоро бикушам, эй падарам? Онҳоро бикушам?» 22 Вале ӯ гуфт: «Накуш. Оё ту касонеро, ки бо шамшер ва камонат асир месозӣ, мекушӣ?! Ба онҳо нону об бидеҳ, то бихӯранду бинӯшанд+ ва ба назди хоҷаи худ баргарданд». 23 Вай барои онҳо зиёфати калоне орост ва онҳоро, пас аз он ки хӯрданду нӯшиданд, ба назди хоҷаашон фиристод. Баъд аз ин дастаҳои Арам+ дигар ба замини Исроил тохтутоз накарданд.

24 Бо гузашти вақт Бин-Ҳадади подшоҳи Арам тамоми лашкарашро* ҷамъ овард ва баромада, Сомарияро муҳосира кард.+ 25 Аз сабаби муҳосира дар Сомария гушнагии сахте шуд,+ ба тавре ки нархи каллаи хар+ 80 сиқл нуқра ва нархи чоряк қаб* саргини кафтар 5 сиқл нуқра шуд. 26 Вақте ки подшоҳи Исроил сар-сари ҳисор мерафт, зане фарёд зада ба вай гуфт: «Эй хоҷаам подшоҳ, ба мо мадад кун!» 27 Ӯ дар ҷавоб гуфт: «Яҳува ки ба ту мадад накунад, ман чӣ хел мадад кунам? Магар дар хирмангоҳ ё дар чархушту ҷувоз чизе мондааст?!» 28 Подшоҳ аз вай пурсид: «Чӣ гап шудааст?» Вай ҷавоб дод: «Ин зан ба ман гуфт: “Писаратро бидеҳ, то ки вайро имрӯз бихӯрем, пагоҳ бошад, писари маро мехӯрем”.+ 29 Мо писари маро пухта, хӯрдем.+ Рӯзи дигар ман ба вай гуфтам: “Писаратро бидеҳ, то ӯро бихӯрем”, лекин вай писарашро пинҳон кард».

30 Ҳамин ки подшоҳ суханони занро шунид, либосашро чок кард.+ Вақте ӯ бар ҳисор мегузашт, мардум дид, ки аз таги либосаш палос* пӯшидааст. 31 Ӯ гуфт: «Бигзор Худо маро ба балоҳо гирифтор кунад, агар имрӯз сари Элишои писари Шофотро аз танаш ҷудо накунам!»+

32 Элишоъ дар хонаи худ менишаст ва пирон низ бо ӯ нишаста буданд. Подшоҳ пешопеши худ хабаррасонро фиристод, лекин, пеш аз он ки вай бирасад, Элишоъ ба пирон гуфт: «Оё мебинед, ки ин писари одамкуш+ ба назди ман кас фиристодааст, то сари маро аз танам ҷудо кунад? Вақте ки хабаррасон ояд, дарро пӯшед ва онро сахт қапед, ки надарояд. Ана, аз паси вай овози пойи хоҷааш меояд». 33 Ҳанӯз вай бо онҳо гап мезад ки, ба наздаш хабаррасон омад. Подшоҳ низ омада, гуфт: «Ин мусибат аз тарафи Яҳува аст. Пас, чаро боз ёрии Яҳуваро интизор шавам?»

Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
Баромадан
Даромадан
  • тоҷикӣ
  • Фиристодан
  • Ҷӯркунӣ
  • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
  • Шарти истифодабарӣ
  • Сиёсати ҳифзи асрор
  • Танзимоти ҳифзи асрор
  • JW.ORG
  • Даромадан
Фиристодан