4 Подшоҳон
8 Элишоъ ба зане, ки писарашро зинда карда буд, гуфт:+ «Хеста, бо хонадонат ба мулки дигаре бирав ва дар он ҷо чун мусофир сокин шав, чунки Яҳува гуфтааст, ки гушнагӣ мешавад,+ ва он дар замин ҳафт сол давом меёбад». 2 Он зан бархеста, ҳамон тавре кард, ки марди Худо ба ӯ гуфт. Ӯ бо хонадони худ рафта, дар замини фалиштиён+ сокин шуд ва ҳафт сол дар он ҷо зист.
3 Бо гузашти ҳафт сол он зан аз замини фалиштиён баргашт ва ба назди подшоҳ рафт, то хоҳиш кунад, ки хонаву киштзорашро баргардонанд. 4 Подшоҳ он вақт бо Ҷеҳазии дастёри марди Худо суҳбат карда мегуфт: «Ба ман тамоми корҳои бузургеро, ки Элишоъ кардааст,+ нақл кун». 5 Ҷеҳазӣ дар бораи зинда кардани мурда ба подшоҳ нақл мекард ки, зане, ки Элишоъ писарашро зинда карда буд,+ ба назди шоҳ омад, то дар бораи хонаву киштзори худ арзашро баён кунад.+ Ҷеҳазӣ ӯро дидан замон гуфт: «Эй хоҷаам подшоҳ, ин ҳамон зан аст ва ин писари ӯст, ки Элишоъ вайро зинда карда буд». 6 Он гоҳ подшоҳ аз зан пурсон шуд ва ӯ ба шоҳ он воқеаро нақл кард. Баъд подшоҳ ходими дарборашро даъват намуда, гуфт: «Тамоми молу мулки ин зан ва тамоми ҳосили киштзорашро, ки аз рӯзи аз сарзамин рафтанаш ва то ҳол ҷамъ овардаанд, ба вай баргардон».
7 Вақте Элишоъ ба Димишқ+ омад, Бин-Ҳадади+ шоҳи Арам* бемор буд. Ба шоҳ хабар доданд: «Марди Худо+ ба ин ҷо омадааст». 8 Инро шунида подшоҳ ба Ҳазоил+ гуфт: «Бо худ дастовезе гирифта, ба назди марди Худо бирав+ ва ба воситаи ӯ аз Яҳува бипурс, ки оё ман аз ин беморӣ шифо меёбам». 9 Ҳазоил ба назди вай рафт ва бо худ дастовезе гирифт, ки аз ҳар навъ нозу неъмати Димишқ ба андозаи бори 40 шутур буд. Ӯ омада, дар пешаш истод ва гуфт: «Писарат, Бин-Ҳадади подшоҳи Арам, маро ба наздат фиристода, гуфт: “Оё ман аз ин беморӣ шифо меёбам?”» 10 Элишоъ ба вай гуфт: «Рафта, ба ӯ бигӯ: “Ту ҳатман шифо меёбӣ”, лекин Яҳува ба ман маълум сохт, ки ӯ ҳатман мемирад».+ 11 Ӯ аз Ҳазоил чашм наканда нигоҳ мекард, ба тавре ки вай ноҳинҷор шуд. Сипас марди Худо ба гиря даромад. 12 Ҳазоил пурсид: «Чаро хоҷаам мегиряд?» Вай ҷавоб дод: «Чунки ман фалокатеро, ки ту ба сари халқи Исроил меорӣ,+ медонам. Ту истеҳкомҳои онҳоро оташ мезанӣ, мардони яккачини онҳоро бо дами шамшер мекушӣ, кӯдакони онҳоро зада майда-майда мекунӣ ва занони ҳомилаи онҳоро шикамчок месозӣ».+ 13 Ҳазоил гуфт: «Бандаат, ки як сагест, кист, ки чунин коре кунад?» Вале Элишоъ гуфт: «Яҳува ба ман маълум кард, ки ту подшоҳи Арам мешавӣ».+
14 Ӯ аз пеши Элишоъ рафта, ба назди хоҷаи худ баргашт. Хоҷааш пурсид: «Элишоъ ба ту чӣ гуфт?» Вай ҷавоб дод: «Ӯ гуфт, ки ту ҳатман шифо меёбӣ».+ 15 Вале рӯзи дигар Ҳазоил рӯйпӯшеро гирифта, дар об тар кард ва бар рӯйи вай гузошту ӯро нафасгир карда кушт.+ Ҳамин тавр Ҳазоил ба ҷойи ӯ подшоҳ шуд.+
16 Дар соли панҷуми Еҳуроми+ писари Аҳъоби шоҳи Исроил, ҳангоме ки Еҳушофот подшоҳи Яҳудо буд, Еҳуроми+ писари Еҳушофоти шоҳи Яҳудо подшоҳ шуд. 17 Ӯ дар вақти подшоҳ шуданаш 32-сола буд ва ҳашт сол дар Ерусалим ҳукмронӣ кард. 18 Ӯ мисли хонадони Аҳъоб+ подшоҳони Исроилро пайравӣ кард,+ зеро духтари Аҳъоб зани вай шуда буд.+ Еҳуром он чиро, ки дар назари Яҳува бад буд, ба амал меовард.+ 19 Аммо Яҳува ба хотири бандааш Довуд нахост, ки Яҳудоро валангор созад,+ зеро ваъда дода буд ба ӯ ва писаронаш чароғе диҳад,+ ки доимо фурӯзон хоҳад буд.
20 Дар рӯзҳои ӯ Адӯм бар зидди Яҳудо исён бардошт+ ва барои худ подшоҳе гузошт.+ 21 Ба ин сабаб Еҳуром бо тамоми аробаҳои худ сӯйи Соир гузашт ва шабона бархеста, адӯмиёнро, ки ӯву сардорони аробаҳоро иҳота карда буданд, шикаст дод ва ҷанговарон ба хаймаҳои худ гурехтанд. 22 Аммо исёни Адӯм бар зидди Яҳудо то ба имрӯз бас нашудааст. Он вақт Либно+ низ исён бардошт.
23 Воқеаҳои дигари ҳаёти Еҳуром, тамоми корҳое, ки ӯ кард, дар таърихномаи шоҳони Яҳудо навишта шудааст. 24 Еҳуром ором гирифта бо бобоёни худ хобид ва бо падарони худ дар Шаҳри Довуд гӯронда шуд.+ Ба ҷойи вай писараш Аҳазё+ подшоҳ шуд.
25 Дар соли 12-уми Еҳуроми писари Аҳъоби шоҳи Исроил Аҳазёи писари Еҳуроми шоҳи Яҳудо подшоҳ шуд.+ 26 Аҳазё дар вақти подшоҳ шуданаш 22-сола буд ва як сол дар Ерусалим ҳукмронӣ кард. Модари ӯ Аталёи+ набераи* Омрии+ шоҳи Исроил буд. 27 Ӯ ба хонадони Аҳъоб пайравӣ кард+ ва мисли хонадони Аҳъоб он чиро, ки дар назари Яҳува бад буд, ба амал меовард, зеро бо хонадони Аҳъоб хешутаборӣ дошт.+ 28 Ӯ бо Еҳуроми писари Аҳъоб ба Ромӯт-Ҷилъод+ равона шуд, то бо Ҳазоили шоҳи Арам биҷангад, вале арамиён Еҳуромро захмдор карданд.+ 29 Он вақт Еҳуроми подшоҳ ба Изреъил+ баргашт, то захмҳое, ки арамиён дар Ромо, ҳангоми бо Ҳазоили шоҳи Арам ҷангиданаш, ба ӯ расонда буданд, шифо ёбад.+ Аҳазёи писари Еҳуроми шоҳи Яҳудо ба хабаргирии Еҳуроми писари Аҳъоб ба Изреъил омад, чунки вай захмдор шуда буд*.