4 Подшоҳон
3 Еҳуроми+ писари Аҳъоб дар соли 18-уми Еҳушофоти шоҳи Яҳудо дар Сомария бар Исроил подшоҳ шуд ва 12 сол ҳукмронӣ кард. 2 Ӯ он чиро, ки дар назари Яҳува бад буд, ба амал меовард, аммо на ба дараҷаи падару модараш, зеро ӯ сутунеро, ки падараш барои парастиши Баал сохта буд, вайрон кард.+ 3 Бо вуҷуди ин ӯ ба гуноҳҳое, ки Исроил бо айби Ёробъоми писари Набот мекард,+ часпида, аз онҳо даст накашид.
4 Мешои подшоҳи Мӯоб чорводор буд ва ба подшоҳи Исроил 100 000 барра ва 100 000 қӯчқори пашмаш натарошидаро хироҷ мефиристод. 5 Ҳамин ки Аҳъоб мурд,+ подшоҳи Мӯоб бар зидди подшоҳи Исроил исён бардошт.+ 6 Дар он айём шоҳ Еҳуром аз Сомария берун омада, тамоми Исроилро ба ҷанг ҷамъ овард. 7 Ӯ ҳамчунин ба Еҳушофоти шоҳи Яҳудо хабар фиристода гуфт: «Подшоҳи Мӯоб бар зидди ман исён бардоштааст. Оё ҳамроҳам меравӣ, то бо ӯ биҷангем?» Еҳушофот дар ҷавоб гуфт: «Меравам.+ Ману ту якем, халқи ману халқи ту як аст ва аспони ману аспони ту яканд».+ 8 Ӯ пурсид: «Бо кадом роҳ равем?» Вай ҷавоб дод: «Бо роҳи биёбони Адӯм».
9 Шоҳи Исроил ҳамроҳи шоҳи Яҳудо ва шоҳи Адӯм+ ба роҳ баромад. Онҳо роҳи ҳафтрӯзаро тай карданд, аммо барои лашкар ва чорпоёне, ки аз пасашон меоварданд, обе наёфтанд. 10 Шоҳи Исроил гуфт: «Вой бар ҳоли мо! Яҳува ин се подшоҳро ҷамъ овардааст, то ба дасти Мӯоб супорад». 11 Он гоҳ Еҳушофот гуфт: «Оё дар ин ҷо ягон пайғамбари Яҳува ҳаст, ки ба воситаи ӯ аз Яҳува бипурсем?»+ Яке аз ходимони шоҳи Исроил ҷавоб дод: «Элишои+ писари Шофот, ки ба дасти Илёс об мерехт*,+ дар ин ҷост». 12 Еҳушофот гуфт: «Ӯ ба мо каломи Яҳуваро хоҳад гуфт». Аз ин рӯ шоҳи Исроил бо Еҳушофот ва шоҳи Адӯм ба назди ӯ поён омад.
13 Элишоъ ба шоҳи Исроил гуфт: «Чаро ба назди ман омадӣ?+ Назди пайғамбарони падару модарат бирав».+ Аммо шоҳи Исроил гуфт: «Ин тавр нагӯ, зеро ин се подшоҳро Яҳува ҷамъ овардааст, то ба дасти Мӯоб супорад». 14 Элишоъ дар ҷавоб гуфт: «Ба номи Яҳува, Худои лашкарҳо, Худои зиндае, ки ба ӯ хизмат мекунам*, қасам ки, агар Еҳушофоти+ шоҳи Яҳудо намебуд, ба тарафи ту нигоҳ ҳам намекардам ва аҳамияте намедодам.+ 15 Ҳоло чангнавозеро* биёред».+ Ҳамин ки чангнавоз ба навохтан сар кард, рӯҳи* Яҳува бар Элишоъ қарор гирифт+ 16 ва ӯ гуфт: «Яҳува чунин мегӯяд: “Дар саросари водӣ хандақ бикан, 17 зеро Яҳува чунин мегӯяд: “Шумо на шамолро мебинед ва на боронро, аммо ин водӣ аз об пур хоҳад шуд+ ва шумову ҳамаи чорпоёнатон аз он хоҳед нӯшид”. 18 Вале ин дар назари Яҳува кам аст,+ зеро ӯ Мӯобро низ ба дасти шумо месупорад.+ 19 Шумо бояд ҳар шаҳри ҳисордор+ ва ҳар шаҳри беҳтаринро нобуд созед, ҳар дарахти хубро бибуред, ҳамаи чашмаҳоро бибандед ва ба ҳар қитъаи хуби замин санг партоеду онро нокорам созед».+
20 Саҳарӣ, дар вақти пешкаши ҳадияи ғаллаи субҳ,+ ногаҳон аз тарафи Адӯм об ҷорӣ гашт ва замин аз об пур шуд.
21 Тамоми мӯобиён шуниданд, ки подшоҳон бар зидди онҳо ба ҷанг баромаданд, ва ҳамаи мардонеро, ки ба даст шамшер гирифта метавонистанд*, ҷамъ оварданд ва он мардон дар сарҳад ҷойгир шуданд. 22 Вақте мӯобиён, ки дар тарафи муқобил буданд, субҳидам, ҳангоми ба об нур пошидани офтоб, бархестанд, об ба назарашон мисли хун сурх тофт. 23 Онҳо гуфтанд: «Ин хун аст! Подшоҳон якдигарро бо шамшер куштанд. Ба пеш, эй Мӯоб, ғаниматро бигир!»+ 24 Вақте мӯобиён ба урдугоҳи Исроил омаданд, исроилиён бархоста, онҳоро зарба заданд. Мӯобиён рӯ ба гурез оварданд+ ва исроилиён онҳоро зарба зада то Мӯоб омаданд. 25 Онҳо шаҳрҳоро вайрон карданд ва ҳар мард ба ҳар қитъаи хуби замин санг партофт ва онҳо қитъаҳоро аз санг пур карданд. Онҳо ҳамаи чашмаҳои обро бастанд+ ва ҳар дарахти хубро буриданд.+ Оқибат фақат ҳисори сангини Қир-Ҳаросет+ боқӣ монд ва сангандозон онро гирд карда, ба он ҳамла оварданд.
26 Вақте подшоҳи Мӯоб дид, ки ҷангро бой додааст, бо худ 700 марди шамшерзанро гирифт, то ҷангида барои худ сӯйи подшоҳи Адӯм+ роҳ кушояд, аммо инро карда натавонист. 27 Он гоҳ ӯ писари калонии худро, ки бояд ба ҷояш подшоҳ мешуд, бар девор чун қурбонии сӯхтанӣ пешкаш кард.+ Инро дида мардум аз Исроил сахт дарғазаб шуд ва ҷанговарон ақиб нишаста, ба замини худ баргаштанд.