Пандгӯ
2 Сипас ман ба худ гуфтам: «Биё кайфу сафоро бичашам ва бубинам, ки чӣ хубие дорад», вале фаҳмидам, ки ин ҳам ҳеҷу пуч будааст.
2 Дар бораи ханда чунин гуфтам: «Он девонагист!»,
Ва дар бораи кайфу сафо: «Чӣ суде дорад?»
3 Ман аз пайи он шудам, ки аз шароб лаззат барам,+ вале ҳамзамон хирадамро нигоҳ доштам. Ман ҳатто ба аҳмақӣ дода шудам, то бифаҳмам, ки зери осмон кори беҳтарин барои одамизод дар ин умри дурӯзааш чист. 4 Корҳои бузурге кардам.+ Барои худ хонаҳо бино кардам+ ва токҳо парваридам.+ 5 Барои худ боғу бӯстон бунёд кардам ва дар онҳо ҳар гуна дарахти мевадор шинондам. 6 Барои худ ҳавзҳо сохтам, то аз онҳо дарахтзорҳоро обёрӣ кунам. 7 Ғуломону канизон харидам+ ва хизматгорони хоназод доштам. Ғайр аз ин, чорвои бисёре, гову гӯсфанди зиёде, парвариш кардам,+ ба ҳадде ки пеш аз ман касе дар Ерусалим надошт. 8 Барои худ нуқраву тилло,+ ганҷи подшоҳону вилоятҳоро, ҷамъ кардам.+ Аз миёни занону мардон барои худ сароянда ҷамъ кардам. Ҳамчунин занони бисёреро ҷамъ овардам, ки барои инсон лаззати ҷонанд. 9 Ман бузург гаштам, ба тавре ки касе пеш аз ман дар Ерусалим набуд.+ Хирадам низ бо ман буд.
10 Ҳар чиро, ки чашмонам ҳавас кард, аз худ дареғ надоштам.+ Диламро аз ҳеҷ гуна кайфу сафо бознадоштам, зеро аз тамоми заҳмати худ дилшод будам ва ин мукофоте буд барои ҳама заҳматҳоям.+ 11 Аммо, вақте дар бораи тамоми меҳнати дастонам ва дар бораи тамоми кӯшишу заҳматам андеша кардам,+ дидам, ки ҳамааш ҳеҷу пуч ва аз паси шамол давидан* аст.+ Зери осмон ҳеҷ кори арзандае нест.+
12 Ман ки подшоҳам, ҳамаи инро санҷидам. Магар касе баъд аз ман коре карда метавонад, ки ман накардаам? Сипас ба хирад, девонагӣ ва аблаҳӣ рӯ овардам+ 13 ва дидам, ки хирад аз аблаҳӣ бартарӣ дорад,+ ҳамон тавре ки рӯшноӣ аз торикӣ бартар аст.
14 Хирадманд чашмонашро калон мекушояд,+ вале аблаҳ дар торикӣ роҳ меравад,+ аммо дидам, ки оқибати ҳар дуяшон як аст.+ 15 Он гоҳ дар дил гуфтам: «Он чӣ бо аблаҳ рӯй медиҳад, бо ман низ рӯй хоҳад дод».+ Пас, бо он ки бисёр хирадманд шудам, чӣ ба даст овардам? Дар дил гуфтам: «Ин ҳам ҳеҷу пуч аст», 16 зеро на ёди хирадманд поянда асту на ёди аблаҳ.+ Бо гузашти айём ҳама фаромӯш мешаванд. Пас, хирадманд чӣ тавр мемирад? Мисли яке аз аблаҳон.+
17 Он гоҳ дилам аз зиндагӣ монд,+ чунки ҳар коре, ки зери осмон карда мешуд, дар назарам ғамовар буд. Ҳама чиз ҳеҷу пуч+ ва аз паси шамол давидан* буд.+ 18 Аз ҳар заҳмате, ки зери осмон кашидам,+ дилам хунук шуд, чунки онро барои касе мемонам, ки баъд аз сари ман биёяд.+ 19 Боз кӣ медонад, ки вай бохирад мешавад ё аблаҳ?+ Ӯ ҳар чиро, ки ман зери осмон бо ҷон кандану хиради бисёр ба даст овардаам, соҳиб мешавад. Ин ҳам ҳеҷу пуч аст. 20 Он гоҳ ман аз барои тамоми заҳмате, ки зери осмон кашидам, дилафсурда шудам, 21 зеро инсон тамоми хирад, дониш ва ҳунарашро кор фармуда, заҳмат кашад ҳам, бояд насибаи худро ба касе диҳад, ки барои ин меҳнат накардааст.+ Ин ҳам ҳеҷу пуч ва бадбахтии азимест.
22 Аз тамоми меҳнати инсон зери осмон чӣ суд? Аз орзуи дилаш, ки ӯро ба заҳмат кашидан водор мекунад, чӣ ҳосил?+ 23 Зеро тамоми умр натиҷаи меҳнати кас ғуссаву дард аст+ ва ҳатто шабона дилаш ором намеёбад.+ Ин ҳам ҳеҷу пуч аст.
24 Барои инсон беҳтар аз он нест, ки бихӯраду бинӯшад ва аз заҳмати худ лаззат барад.+ Ман дарк кардам, ки ин ҳам аз тарафи Худост.+ 25 Касе инро аз ман беҳтар намедонад, зеро кист, ки аз ман беҳтар бихӯраду бинӯшад?+
26 Ба шахсе, ки дар назараш писанд бошад, Худо хираду дониш ва шодмонӣ ато мекунад,+ вале ба гунаҳкор ӯ ташвиши ҷамъовариву ғунучинро медиҳад, то оқибат ҳамаи онро ба касе бидиҳад, ки писанди Худост.+ Ин ҳам ҳеҷу пуч ва аз паси шамол давидан* аст.