Пандгӯ
6 Бадбахтии дигареро зери осмон дидам, ки зуд-зуд ба сари одамизод меояд: 2 Худо ба одам боигарӣ, молу мулк ва ҷалол медиҳад, барои ҳамин ӯ аз ҳеҷ чизи дилхоҳаш камӣ надорад. Лекин аз онҳо на худаш, балки бегонагон баҳра мебаранд, зеро Худо ба ӯ чунин имконро намедиҳад. Ин ҳам ҳеҷу пуч ва бисёр ғамангез аст. 3 Агар мард сад бор фарзанддор шаваду умри дароз бубинад, вале пеш аз ба қабр рафтанаш аз чизҳои хуб баҳра набарад, бояд бигӯям, ки кӯдаки мурдазод аз ӯ беҳтар аст.+ 4 Ин кӯдак беҳуда ба дунё омада, дар торикӣ аз дунё рафтааст ва беному нишон мурдааст. 5 Ҳарчанд ӯ офтобро надидаву чизеро нафаҳмидааст, ҳоли ӯ аз он мард беҳтар аст.+ 6 Чӣ суд аз он ки ду карат ҳазорсолӣ бизииву аз ҳаёт лаззат набарӣ? Магар оқибат ҳама ба як ҷо намераванд?+
7 Тамоми заҳмати инсон барои пур кардани даҳонаш аст,+ лекин нафси ӯ сериро намедонад. 8 Хирадманд аз аблаҳ чӣ бартарӣ дорад?+ Чӣ суд аз он ки камбағал медонад чӣ тавр ҳаёт ба сар барад? 9 Бо он чӣ дар пеши чашмат аст, қаноат кунӣ, беҳ аз он ки аз пайи ҳавасҳо шавӣ. Ин ҳам ҳеҷу пуч ва аз паси шамол давидан* аст.
10 Ҳар чизе, ки пайдо гардидааст, аллакай номгузорӣ шудааст ва кӣ будани одам низ маълум аст. Ӯ наметавонад бо он кӣ аз ӯ пурзӯртар аст, баҳс кунад. 11 Сухан ки бисёр шуд, беҳудагӯйӣ бисёр мешавад, пас, аз ин чизҳо ба одамизод чӣ суд аст? 12 Кӣ медонад, ки барои инсон дар умри дурӯзаи ҳеҷу пучаш, ки мисли соя мегузарад,+ кадом кор беҳтар аст? Кӣ ба инсон гуфта метавонад, ки баъд аз сари ӯ дар зери осмон чӣ рӯй медиҳад?