Шоҳсуруд
1 Шоҳсуруди Сулаймон:+
3 Равғанҳои атрафшонат дилпазиранд.+
Номи ту мисли равғани хушбӯйи рехта аст,+
Аз ин рӯ духтарон туро дӯст медоранд.
4 Маро бо худ бибар,
Биё бигрезем,
Зеро подшоҳ маро ба ҳуҷраҳои худ даровард!
Биё ҳамроҳ шодиву хурсандӣ кунем,
Навозишҳоятро аз шароб бештар васф кунем.
Онҳо* туро беҳуда дӯст намедоранд.
6 Ба сиёҳтоб буданам нигоҳ накунед,
Зеро маро офтоб сӯзондааст.
Писарони модарам аз ман дарғазаб шуданд,
Онҳо маро посбони токзорҳо гузоштанд,
Вале токзори худро натавонистам нигаҳбонӣ кунам.
Чаро дар миёни рамаҳои рафиқонат мисли зане бошам,
Ки рӯяшро бо чодар* пӯшондааст?»
8 «Эй нозанинтарини занон! Агар инро надонӣ, аз пайи рама бирав
Ва бузғолаҳоятро назди хаймаҳои чӯпонон бичарон».
9 «Эй ҷононаи ман,
Туро ба байтале монанд кардам, ки дар миёни аробаҳои фиръавн аст.+
10 Рухсораҳоят бо зебу зинат* дилкаш аст,
Гарданат бо муҳра чӣ зебост!
11 Бароят ороише аз тилло месозем,
Ки нуқрачинӣ шуда бошад».
12 «Подшоҳ бар сари мизи мудаввар нишастаасту
Атри+ ман бӯйи хуш медиҳад.
13 Ёри ман бароям мисли халтачаи мурр аст,+
Ки дар миёни синаҳоям шабро рӯз мекунад.
15 «Чӣ нозанинӣ, эй ҷононаам!
Чӣ нозанинӣ! Чашмонат мисли чашмони кабӯтар аст».+
16 «Ту нозанинӣ, эй ишқи ман, ту дилпазирӣ.+
Ҷогаҳи мо дар миёни сабзаҳост.
17 Болорҳои хонаи мо аз дарахти сидра аст,
Вассаҳоямон аз дарахтони арча.