Шоҳсуруд
2 «Ҷононаи ман дар миёни духтарон
Мисли савсанест дар миёни хорҳо».
3 «Азизи ман дар байни ҷавонписарон
Мисли дарахти себест дар миёни дарахтони ҷангал.
Дар ҳасрати онам, ки зери сояаш нишинам.
Меваи ӯ ба коми ман ширин аст.
4 Ӯ маро ба тарабхона бурд
Ва парчами муҳаббаташро бар сари ман паҳн кард.
6 Дасти чапаш дар таги сарам аст
Ва дасти росташ маро оғӯш мекунад.+
Муҳаббатро, то худаш ҷӯш назанад, дар дилам бедор накунед ва наангезед.+
8 Овози азизи ман меояд!
Бубинед, ӯ кӯҳҳоро баромада, аз теппаҳо парида,
Сӯйи ман меояд.
9 Азизи ман мисли ғизол ва оҳубарра аст.+
Ана ӯ дар пушти девори мо истодааст,
Аз тиреза назар меандозад
Ва аз панҷара нигоҳ мекунад.
10 Азизам бо ман сухан ронда мегӯяд:
“Ҷононаам, бархез,
Нозанинам, бо ман биё.
11 Бубин, зимистон* сипарӣ шуд,
Боронгарӣ бас шуд.
13 Ғӯраҳои аввали анҷир пухта истодаанд,+
Токҳо гул карданд ва аз онҳо бӯйи хуш меояд.
Бархезу биё, ҷононаам,
Нозанинам, бо ман биё.
14 Эй кабӯтари ман, ки дар сӯрохҳои кӯҳпораӣ+
Ва дар ниҳонгоҳҳои шахӣ.
15 «Рӯбоҳҳоро қапед,
Рӯбоҳбачаҳоро, ки токзорҳоро хароб мекунанд,
Зеро токзорҳои мо шукуфтаанд».
16 «Дилдорам аз ман асту ман аз они ӯ.+