ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • Шоҳсуруд 5
  • Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

Шарҳи мухтасари Шоҳсуруд

    • ДУХТАРИ ШУЛЕМӢ ДАР ЕРУСАЛИМ (3:6–8:4)

Шоҳсуруд 5:1

Оятҳои иловагӣ

  • +Шҳс 4:16
  • +Шҳс 4:13, 14
  • +Шҳс 4:11
  • +Шҳс 1:2

Шоҳсуруд 5:2

Оятҳои иловагӣ

  • +Шҳс 3:1
  • +Лқ 2:8

Шоҳсуруд 5:6

Эзоҳҳо

  • *

    Ё, эҳтимол, «Вақте ӯ гап зад, ҷонам маро тарк кард».

Оятҳои иловагӣ

  • +Шҳс 3:1, 3

Шоҳсуруд 5:12

Эзоҳҳо

  • *

    Ё, эҳтимол, «назди канораи фаввора».

Индексҳо

  • Роҳнамо

    Бурҷи дидбонӣ,

    15.1.2015, саҳ. 29-30

Шоҳсуруд 5:13

Оятҳои иловагӣ

  • +Шҳс 6:2
  • +Шҳс 1:13

Шоҳсуруд 5:14

Эзоҳҳо

  • *

    Оҷ — устухони фил.

Шоҳсуруд 5:15

Оятҳои иловагӣ

  • +Зб 92:12

Шоҳсуруд 5:16

Оятҳои иловагӣ

  • +Шҳс 2:3

Асосӣ

Шоҳс. 5:1Шҳс 4:16
Шоҳс. 5:1Шҳс 4:13, 14
Шоҳс. 5:1Шҳс 4:11
Шоҳс. 5:1Шҳс 1:2
Шоҳс. 5:2Шҳс 3:1
Шоҳс. 5:2Лқ 2:8
Шоҳс. 5:6Шҳс 3:1, 3
Шоҳс. 5:13Шҳс 6:2
Шоҳс. 5:13Шҳс 1:13
Шоҳс. 5:15Зб 92:12
Шоҳс. 5:16Шҳс 2:3
  • Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5
  • 6
  • 7
  • 8
  • 9
  • 10
  • 11
  • 12
  • 13
  • 14
  • 15
  • 16
Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
Шоҳсуруд 5:1–16

Шоҳсуруд

5 «Ман ба боғи худ даромадам,+

Эй хоҳари ман, эй арӯси ман.

Мурр ва алафҳои хушбӯямро чидам.+

Шаҳди худ ва асали занбӯрхонаи худро хӯрдам,

Шаробу шири худро нӯшидам».+

«Эй дӯстони азиз,

Бихӯред, бинӯшед ва аз навозишҳо маст шавед!»+

 2 «Хобам, лекин дилам бедор аст.+

Тақ-тақи дилдорам ба гӯш мерасад.

“Дарро кушо, эй хоҳарам, эй ҷононаам,

Эй кабӯтари ман, бенуқсони ман!

Зеро сарам аз қатраҳои об

Ва зулфонам аз шабнам пур аст”.+

 3 Куртаамро кашидаам.

Онро боз бипӯшам?

Пойҳоямро шустаам.

Боз чиркин кунам?

 4 Ёрам дасташро аз сӯрохии дар гирифт

Ва дилам суст шуд.

 5 Ман бархестам, то дарро ба ёрам кушоям;

Аз дастонам мурр мечакид,

Аз ангуштонам ба дастаи қуфл

Мурри обакӣ мечакид.

 6 Дарро ба рӯйи ёрам кушодам,

Аммо ӯ аллакай рафта буд.

Вақте ӯ рафт, ошуфтаву ночор гаштам*.

Ӯро ҷустам, лекин наёфтам.+

Садояш кардам, лекин ӯ ҷавобе надод.

 7 Дидбонҳое, ки шаҳрро давр мезананд, маро ёфтанд.

Онҳо маро заданду захмдор карданд.

Дидбонҳои деворҳо рӯймоламро кашида гирифтанд.

 8 Эй духтарони Ерусалим, шуморо қасам медиҳам:

Агар ёри маро бубинед,

Ба ӯ бигӯед, ки аз ишқаш беморам».

 9 «Ёри ту аз ёри дигарон чӣ бартарӣ дорад,

Эй нозанини нозанинҳо?

Ёри ту аз ёри дигарон чӣ бартарӣ дорад,

Ки моро чунин қасам медиҳӣ?»

10 «Ёри ман зебо ва сурхрӯй аст.

Ӯ дар миёни даҳ ҳазор фарқ мекунад.

11 Сараш аз тилло, аз зари холис аст.

Мӯйҳояш мисли баргҳои хурмоянд, ки алвонҷ мехӯранд,

Онҳо мисли пари зоғ сиёҳанд.

12 Чашмонаш мисли кабӯтарони лаби ҷӯянд,

Ки дар шир ғӯта мезананд,

Кабӯтарони назди ҳавзи пуроб*.

13 Рухсораҳояш мисли алафҳои хушбӯянд,+

Мисли пуштаи гиёҳҳои атрафшон.

Лабонаш савсанҳоест, ки аз онҳо равғани мурр+ мечакад.

14 Дастонаш лӯлаҳои тиллост, ки бо забарҷад оро дода шудаанд.

Шикамаш оҷи* сайқалдода аст, ки ба болояш ёқути кабуд чида шудааст.

15 Пойҳояш сутунҳои мармаранд, ки бар пояҳое аз зари холис гузошта шудаанд.

Симояш мисли Лубнон ва мисли дарахтони сидра беҳамтост.+

16 Коми ӯ кони ширинист ва ӯ саропо дилкаш аст.+

Чунин аст ёри ман, дилдори ман, эй духтарони Ерусалим».

Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
Баромадан
Даромадан
  • тоҷикӣ
  • Фиристодан
  • Ҷӯркунӣ
  • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
  • Шарти истифодабарӣ
  • Сиёсати ҳифзи асрор
  • Танзимоти ҳифзи асрор
  • JW.ORG
  • Даромадан
Фиристодан