Ишаъё
20 Дар соле, ки Сарҷуни шоҳи Ошур тартонро* ба Ашдӯд+ фиристод, ӯ бо Ашдӯд ҷангида, онро забт кард.+ 2 Дар он вақт Яҳува ба Ишаъёи+ писари Омӯс паём фиристода гуфт: «Бирав, палосро* аз миёнат бигир ва попӯшатро аз пойҳоят бикаш». Ишаъё чунин кард ва бараҳнаву* пойлуч гашт.
3 Баъд Яҳува гуфт: «Чуноне ки бандаам Ишаъё се сол бараҳнаву пойлуч гашт, то аломат+ ва пешгӯйие бар зидди Миср+ ва Ҳабашистон+ бошад, 4 ҳамон тавр шоҳи Ошур асирони Миср+ ва Ҳабашистон, пиру ҷавонро, бараҳна ва пойлучу кунлуч мебарад ва расвои Мисрро мебарорад. 5 Онҳо аз ҳоли Ҳабашистон, ки умеди онҳост, ва Миср, ки ифтихорашон аст*, ба даҳшат меоянд ва шарм медоранд. 6 Дар он рӯз сокинони ин соҳил мегӯянд: “Бинед, ки бо умеди мо, ки аз вай мадад меҷустем, то моро аз шоҳи Ошур паноҳ диҳад, чӣ шуд! Акнун чӣ тавр халосӣ ёбем?”»