Ирмиё
34 Ин аст паёми Яҳува ба Ирмиё, вақте ки подшоҳи Бобил, Набукаднесар, бо тамоми лашкараш, тамоми подшоҳиҳои қаламраваш ва тамоми одамонаш бар зидди Ерусалим ва ҳама шаҳрҳои он меҷангид:+
2 «Яҳува, Худои Исроил, чунин мегӯяд: “Рафта, ба подшоҳи Яҳудо, Сидқиёҳу,+ бигӯ: “Яҳува чунин мегӯяд: “Инак, ман ин шаҳрро ба дасти подшоҳи Бобил медиҳам ва ӯ онро оташ мезанад.+ 3 Ту низ аз чанги ӯ раҳо намеёбӣ, балки дастгир карда, ба дасти вай супурда мешавӣ.+ Ту подшоҳи Бобилро бо чашмони худ дида, бо вай рӯ ба рӯ истода, гап мезанӣ ва ба Бобил бурда мешавӣ”.+ 4 Паёми Яҳуваро бишнав, эй Сидқиёҳу, подшоҳи Яҳудо! Яҳува дар ҳаққи ту мегӯяд: “Ту бо шамшер кушта намешавӣ. 5 Ту дар осоиштагӣ аз олам чашм мепӯшӣ+ ва барои ту бухури хушбӯй месӯзонанд, ҳамон тавре ки барои бобоёнат, барои подшоҳоне, ки пеш аз ту буданд, мекарданд. Дар ҳаққи ту нола карда хоҳанд гуфт: “Эй вой хӯҷаин!” Чунин аст сухани ман,— мегӯяд Яҳува”».
6 Пайғамбар Ирмиё ҳамаи ин суханонро ба подшоҳи Яҳудо, Сидқиёҳу, ки дар Ерусалим буд, гуфт. 7 Ин кор дар вақте буд, ки подшоҳи Бобил бар зидди Ерусалим ва шаҳрҳои боқимондаи Яҳудо, яъне Локиш+ ва Азеқо,+ баромад.+ Аз ҳамаи шаҳрҳои ҳисордори Яҳудо фақат ҳаминҳо боқӣ монда буданд.
8 Ба Ирмиё аз ҷониби Яҳува боз паём омад. Ин вақте рӯй дод, ки подшоҳ Сидқиёҳу бо тамоми мардуми Ерусалим дар хусуси эълон кардани озодӣ аҳд баст,+ 9 то ҳар касе, ки ғулом ё канизи ибрӣ дошта бошад, ӯро озод кунад ва касе бародари яҳудияшро ғулом нагардонад. 10 Ба ин амр ҳамаи мирон ва ҳамаи мардум итоат карданд. Онҳо аҳд намуданд, ки ҳар яке ғуломону канизони худро озод карда, дигар онҳоро ғулом намегардонанд. Онҳо ба ин амр гӯш дода, ғуломону канизонашонро сар доданд. 11 Аммо баъдтар онҳо ғуломону канизони озодкардаашонро баргардонда, бори ғуломиро дубора бар дӯшашон гузоштанд. 12 Аз ин рӯ паёми Яҳува ба Ирмиё омад. Яҳува чунин гуфт:
13 «Паёми Яҳува, Худои Исроилро, бишнавед: ман бо бобоёни шумо, дар рӯзе ки онҳоро аз Миср, аз хонаи ғуломияшон, берун овардам,+ аҳд баста,+ гуфтам: 14 “Дар поёни ҳар ҳафт сол ҳар яки шумо бародари ибриятонро, ки худро ба шумо фурӯхта, шаш сол хизмататонро кардааст, озод кунед.+ Ӯро ҷавоб диҳед”. Аммо бобоёни шумо итоат накарданд ва ба гапам гӯш наандохтанд. 15 Имрӯз шумо аз роҳи худ гашта, дар назари ман кори некеро кардеду барои ёри худ озодӣ эълон кардед. Шумо пеши назари ман, дар хонае, ки номи ман бар он аст, аҳд бастед. 16 Аммо баъдтар шумо аз фикри худ гашта, ғуломону канизонеро, ки ба ҷойи дилхоҳашон сар дода будед, маҷбур кардед, ки баргашта, ғуломатон шаванд. Бо ин коратон шумо номи маро беҳурмат кардед.+
17 Аз ин рӯ Яҳува чунин мегӯяд: “Ман ба шумо гуфта будам, ки ҳар кас барои бародари худ ва ҳар кас барои ёри худ озодӣ эълон кунад, вале шумо гапи маро нагирифтед.+ Аз ин рӯ ман бароятон озодӣ эълон мекунам,— мегӯяд Яҳува,— шумо аз ҳаёт озод мешавед, вақте бар саратон шамшер, вабо ва қаҳтӣ биёяд.+ Ман шуморо ба ҳоле гирифтор мекунам, ки подшоҳиҳои тамоми замин инро дида ба даҳшат биёянд.+ 18 Ман онҳоеро, ки аҳдамро шикаста, суханони аҳдеро, ки дар ҳузури ман бастанд, ба ҷо наоварданд, ба дасти душманон месупорам. Ҳангоми бастани аҳд онҳо гӯсоларо дупора карда, аз миёни пораҳои он гузаштанд.+ 19 Мирони Яҳудо, мирони Ерусалим, ходимони дарбор, коҳинон ва тамоми мардуме, ки аз миёни ду пораи гӯсола гузаштаанд, ҷазо мегиранд: 20 ман онҳоро ба дасти душманонашон ва касоне месупорам, ки қасди ҷонашонро доранд. Гӯшти баданашон хӯроки парандагони осмон ва ҷонварони саҳро мешавад.+ 21 Ман подшоҳи Яҳудо, Сидқиёҳуро, ҳамроҳи миронаш ба дасти душманонашон ва касоне месупорам, ки қасди ҷонашонро доранд, яъне ба дасти лашкари подшоҳи Бобил,+ ки аз ҷангидан бо шумо қафо гаштааст.+
22 Инак, бо амри ман онҳо ба ин шаҳр бармегарданд,— мегӯяд Яҳува.— Онҳо омада, бар зидди ин шаҳр меҷанганд ва онро забт мекунанду оташ мезананд.+ Он гоҳ ман шаҳрҳои Яҳудоро ба замини харобаву беодам табдил медиҳам”».+