Ҳушаъ
5 «Инро бишнавед, эй коҳинон!+
Диққат диҳед, эй хонадони Исроил!
Гӯш кунед, эй хонадони подшоҳ!
3 Ман Эфроимро медонам
Ва Исроил аз назари ман пинҳон нест.
Ту, эй Эфроим, бешармона зино мекунӣ,
Исроил худро нопок кардааст.+
4 Корҳояшон намегузорад, ки сӯйи Худои худ баргарданд,
Зеро рӯҳи зино дар байни онҳост+
Ва онҳо Яҳуваро намешиносанд.
5 Ифтихори Исроил бар зиддаш шаҳодат додааст,+
Ҳам Исроил ва ҳам Эфроим ба гуноҳи худ пешпо хӯрдаанд
Ва Яҳудо низ бо онҳо пешпо хӯрдааст.+
6 Онҳо бо рамаи гӯсфандону говони худ ба ҷустуҷӯйи Яҳува омаданд,
Аммо ӯро наёфтанд.
Ӯ аз онҳо дур шудааст.+
7 Онҳо ба Яҳува хиёнат карданд,+
Зеро ба писарони бегона падар шуданд.
Ҳоло, моҳе нагузашта, онҳо бо ҳиссаашон* фурӯ бурда мешаванд.
8 Дар Ҷибъо шох+ ва дар Ромо+ шайпур навозед!
Дар Байт-Овин+ барои ҷанг наъра занед!
Мо аз паси туем, эй Бинёмин!
9 Эй Эфроим, туро дар рӯзи ҷазо дида ба даҳшат меоянд.+
Ана, ман ба қабилаҳои Исроил хабар додам, ки бо онҳо чӣ мешавад.
10 Мирони Яҳудо мисли касонеянд, ки сарҳади заминҳоро мекӯчонанд.+
Ман бар онҳо ғазаби худро мисли об мерезам.
11 Ба Эфроим зулму ситам карданд, ӯро аз рӯйи адолат шикаст доданд,
Зеро ӯ хост, ки аз пайи душманаш биравад.+
12 Ман барои Эфроим мисли куя будам
Ва барои хонадони Яҳудо сабаби пӯсиш гаштам.
13 Вақте Эфроим бемории худ ва Яҳудо захми худро дид,
Эфроим назди Ошур рафт+ ва назди подшоҳи бузург кас фиристод.
Аммо ӯ натавонист туро шифо бахшад
Ва ба захми ту дармон шавад.
14 Ман барои Эфроим мисли шери ҷавон
Ва барои хонадони Яҳудо мисли шери пурзӯр хоҳам буд.
15 Ман ба макони худ бармегардам ва дар он ҷо мемонам, то даме ки онҳо натиҷаи гуноҳашонро чашанд.
Пас аз ин онҳо маро ҷӯё мешаванд, то ба онҳо рӯйи хуш диҳам.+
Азоб ки кашанд, маро меҷӯянд».+