ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • jy боби 129 саҳ. 294-саҳ. 295 сарх. 3
  • Пилотус мегӯяд: «ана он мард!»

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Пилотус мегӯяд: «ана он мард!»
  • Ҳазрати Исо — роҳ, ростӣ ва ҳаёт
  • Маводи монанд
  • Пилотус ва Ҳиродус Исоро айбдор намеҳисобанд
    Ҳазрати Исо — роҳ, ростӣ ва ҳаёт
  • Исоро ба куштан мебаранд
    Ҳазрати Исо — роҳ, ростӣ ва ҳаёт
  • Исоро назди Пилотус мебаранд
    Ҳазрати Исо — роҳ, ростӣ ва ҳаёт
  • Исо кушта мешавад
    Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас
Ҳазрати Исо — роҳ, ростӣ ва ҳаёт
jy боби 129 саҳ. 294-саҳ. 295 сарх. 3
Пилотус Исоро ба назди мардум мебарорад; Исо дар сар тоҷе аз хорҳо ва либоси арғувонӣ дорад

БОБИ 129

Пилотус мегӯяд: «ана он мард!»

МАТТО 27:15–17, 20–30 МАРҚӮС 15:6–19 ЛУҚО 23:18–25 ЮҲАННО 18:39–19:5

  • ПИЛОТУС ИСОРО ОЗОД КАРДАНӢ МЕШАВАД

  • ЯҲУДИЁН БАРРАБОСРО ИНТИХОБ МЕКУНАНД

  • ИСОРО МАСХАРА МЕКУНАНД ВА ПАСТ МЕЗАНАНД

Пилотус ба мардуме, ки қасди куштани Исоро доранд, дар бораи Исо чунин гуфт: «Ман ӯро... тафтиш кардам ва аз он айбҳое, ки ба гардани ӯ гузоштед, чизе наёфтам. Ҳиродус низ дар ӯ айбе наёфт» (Луқо 23:14, 15). Акнун бошад, Пилотус мехоҳад усули дигареро кор фармуда ҷони Исоро халос кунад. Ӯ ба мардум мегӯяд: «Шумо одат доред, ки дар Иди раҳоӣ бандиеро бароятон озод кунам. Пас, оё мехоҳед, ки барои шумо Подшоҳи яҳудиёнро озод кунам?» (Юҳанно 18:39).

Пилотус медонад, ки як роҳзани исёнкору авбоше бо номи Бараббос дар зиндон аст. Барои ҳамин ӯ аз мардум мепурсад: «Киро мехоҳед, ки барои шумо озод кунам: Бараббосро ё Исоеро, ки Масеҳ меноманд?» Ба иғвои коҳинони калон дода шуда мардум мегӯянд, ки Бараббосро озод кунанд, на Исоро. Пилотус боз мепурсад: «Кадомеро аз ин ду нафар бароятон озод кунам?» Мардум дод зада мегӯяд: «Бараббосро» (Матто 27:17, 21).

Пилотус ҳайрону зор мепурсад: «Пас, бо Исое, ки ӯро Масеҳ меноманд, чӣ кор кунам?» Онҳо фарёд зада мегӯянд: «Ба қатл расон ӯро!» (Матто 27:22). Ин мардуми бешарму ҳаё марги марди бегуноҳеро талаб доранд. Пилотус ба ҳайрат омада мепурсад: «Барои чӣ? Ин одам чӣ бадӣ кардааст? Ман дар ӯ ҳеҷ айби сазовори марг наёфтам, барои ҳамин пас аз ҷазо додан ӯро озод мекунам» (Луқо 23:22).

Ба кӯшишҳои Пилотус нигоҳ накарда, мардуми бахашмомада боз ҳам баландтар доду фиғон мебардоранд: «Ба қатл расон ӯро!» (Матто 27:23). Сарварони дин мардумро чунон ба шӯр овардаанд, ки онҳо ташнаи хунанд! Онҳо на марги ягон ҷинояткор ё одамкушеро мехоҳанд, балки марги шахси бегуноҳеро; касеро, ки вақти ба Ерусалим даромаданаш чун подшоҳ қабул карданд. Мо аниқ намедонем, ки оё шогирдони Исо ҳузур доранд ё не. Агар бошанд ҳам, хапу дам нишастаанд.

Пилотус мебинад, ки кӯшишҳои вай беҳудаанд ва доду фиғони мардум бас нашуда истодааст. Барои ҳамин ӯ каме об мегирад ва дар пеши чашми мардум дастонашро мешӯяд. Баъд ӯ ба мардум рӯ оварда мегӯяд: «Ба рехта шудани хуни ин мард ман айбдор нестам. Ба ин шумо ҷавобгаред». Ҳатто ин суханон ба дили онҳо асар намекунад. Онҳо дар ҷавоб мегӯянд: «Бигзор хуни ӯ бар гардани мо ва фарзандони мо бошад» (Матто 27:24, 25).

Пилотуси ҳоким медонад, ки Исоро озод кардан кори дуруст аст, лекин ӯ ба талаби мардум тан медиҳад. Маълум мешавад, ки беш аз ҳама ӯ мехоҳад ба мардум писанд ояд. Пилотус Бараббосро озод мекунад. Исоро бошад, сарбозон бурда, либосҳояшро мекашанд ва қамчинкорӣ мекунанд.

Баъд аз он ки Исоро мурданивор қамчинкорӣ мекунанд, ӯро ба қасри ҳоким мебаранд. Тамоми дастаи сарбозон ҷамъ шуда ба сари ӯ борони мазоҳу масхараро мерезанд. Онҳо аз хорҳо тоҷ сохта, онро ба сари ӯ пахш мекунанд. Сарбозон ба дасти рости Исо чӯби сахтеро, ки аз қамиш аст, дода, ба ӯ либоси арғувонии шоҳона мепӯшонанд. Баъд онҳо ӯро масхара карда мегӯянд: «Салом, эй Подшоҳи яҳудиён!» (Матто 27:28, 29). Беш аз ин, сарбозон ба рӯйи Исо туф мекунанду торсакӣ мезананд. Баъд онҳо чӯбро аз дасташ гирифта, ба сараш задан мегиранд, дар сурате, ки «тоҷ»-е ки бар ӯ ниҳода буданд, ба сараш боз ҳам чуқуртар медарояд.

Мардонагии Исо ва иродаи қавии ӯ Пилотусро ба ҳайрат меорад. Ӯ бори дигар кӯшиш мекунад, ки худро аз ҷавобгарии куштани Исо озод кунад. Ӯ ба мардум муроҷиат карда мегӯяд: «Ӯро пеши шумо мебарорам, то бидонед, ки дар ӯ ҳеҷ айбе наёфтам». Шояд, ҳоким фикр мекунад, ки аз дидани Исои кӯфтаву захмдор ва тани хуншори ӯ дили сангини яҳудиён об мешавад. Пилотус ба Исо ишора мекунад ва ба мардуми бераҳм мегӯяд: «Ана он мард!» (Юҳанно 19:4, 5).

Тани Исо аз захмҳои бешумор дард мекунад, лекин ӯ мардонавор ва бо сари баланд ин душвориҳоро паси сар мекунад. Ҳатто Пилотус инро пай мебарад ва, аз афташ, бо ин суханонаш ӯ эҳтиром ва дилсӯзии худро баён мекунад.

ҚАМЧИНКОРӢ

Қамчин

Дар як маҷалла олиме бо номи Уилям Эдвардс дар бораи он мегӯяд, ки чӣ тавр румиён ҷинояткоронро қамчинкорӣ мекарданд:

«Ин корро одатан бо қамчини хурде мекарданд (флагрум ё флагеллум ном дошт), ки аз як таноб ва ё якчанд таноби чармии бо ҳам печида тайёр мешуд. Дарозии танобҳо гуногун буд ва ба он танобҳо кулӯлачаҳои хурди оҳанӣ ва ё пораҳои устухони гӯсфанд баста мешуданд... Вақте сарбозони румӣ гаштаву баргашта бо тамоми қувват шахсро қамчинкорӣ мекарданд, кулӯлачаҳои оҳанин дар бадани одам пайи чуқур мемонданд, устухонпораҳо бошанд, пӯсти одам ва бофтаҳои зери пӯсташро медарронданд. Бо давом ёфтани қамчинкорӣ захмҳо чуқуртар шуда, то ба мушакҳои устухонбанд мерасиданд. Дар натиҷа, тахтапушти шахс ба пораҳои гӯшти хуншор табдил меёфт» (The Journal of the American Medical Association).

  • Чӣ тавр Пилотус худро аз ҷавобгарӣ халос намуда Исоро озод карданӣ мешавад?

  • Дар давраи румиён ҷинояткоронро чӣ тавр қамчинкорӣ мекарданд?

  • Баъди қамчинкорӣ бо Исо боз чӣ кор мекунанд?

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан