ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • jy боби 44 саҳ. 112-саҳ. 113 сарх. 9
  • Исо тӯфонро хомӯш мекунад

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Исо тӯфонро хомӯш мекунад
  • Ҳазрати Исо — роҳ, ростӣ ва ҳаёт
  • Маводи монанд
  • Исо моро муҳофизат карда метавонад
    Устоди Бузургро гӯш кун
  • Исо қувваҳои табиатро идора мекунад
    Ҳазрати Исо — роҳ, ростӣ ва ҳаёт
  • А7–Г Рӯйдодҳои асосии зиндагонии заминии Исо — Хизмати Исо дар Ҷалил (Қисми 2)
    Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
Ҳазрати Исо — роҳ, ростӣ ва ҳаёт
jy боби 44 саҳ. 112-саҳ. 113 сарх. 9
Исо тӯфони баҳри Ҷалилро хомӯш мекунад

БОБИ 44

Исо тӯфонро хомӯш мекунад

МАТТО 8:18, 23–27 МАРҚӮС 4:35–41 ЛУҚО 8:22–25

  • ИСО ДАР БАҲРИ ҶАЛИЛ ТӮФОНРО ХОМӮШ МЕКУНАД

Баъди рӯзи дарозу пурмашаққат Исо хаста мешавад. Бегоҳӣ ӯ ба шогирдонаш мегӯяд: «Биёед ба соҳили дигари баҳр мегузарем». Онҳо аз Кафарнаҳум ба соҳили дигари баҳри Ҷалил мегузаранд (Марқӯс 4:35).

Дар соҳили шарқии баҳри Ҷалил замини ҷарҷасиён воқеъ аст. Он қисми Декаполис ном маҳале мебошад. Шаҳрҳои Декаполис маркази мадании юнонӣ мебошанд, лекин дар он ҷо яҳудиён ҳам зиндагӣ мекунанд.

Аз рафтани Исо хабар ёфта одамони дигар ҳам ба киштиҳо нишаста, ба роҳ мебароянд (Марқӯс 4:36). Баҳри Ҷалилро гузаштан он қадар душвор нест. Дар асл баҳри Ҷалил кӯл аст. Оби он ширин буда, дарозиаш тахминан 21 километр ва бараш дар ҷойи паҳнтаринаш 12 километр аст. Лекин ин кӯли ба назар хурд чуқур мебошад.

Ҳарчанд Исо марди комил асту саломатии хуб дорад, ӯ рӯзи дароз таълим додааст ва акнун хеле монда аст. Вақте Исову шогирдонаш ба роҳ мебароянд, Исо дар ақиби киштӣ дароз мекашад ва сарашро ба болишт монда, хоб меравад.

Якчанд нафар аз расулон дар киштиронӣ таҷрибаи зиёде доранд. Аммо ин сафари онҳо бе хатар намешавад. Баҳри Ҷалилро кӯҳҳо иҳота мекунанд. Оби сатҳи он гарм аст ва вақте аз кӯҳҳои атроф шамоли хунук мевазаду ба оби гарми баҳр бармехӯрад, тӯфони шадиду ногаҳонӣ ба вуҷуд меояд. Ҳоло низ ҳамин тавр мешавад. Баҳр ба хурӯш омада, мавҷҳои он ба киштӣ задан мегиранд. Киштӣ ба ҳар тараф алвонҷ мехӯрад ва «аз об пур» шудан мегирад (Луқо 8:23). Ҳаёти шогирдон зери хатар аст, лекин Исо ҳоло ҳам хоб аст!

Расулон тамоми маҳорат ва қуввати худро ба кор бурда, мехоҳанд зудтар ҷони худро халос кунанд. Баъзеи онҳо пештар ҳам вақти тӯфон қаиқ меронданд, лекин ин дафъа тӯфон чунон сахт аст, ки онҳо аз тарси ҷони худ Исоро бедор намуда, илтиҷо мекунанд: «Ҳазрат, моро наҷот деҳ, ки ҳозир мемирем!» (Матто 8:25).

Исо бедор шуда, ба шогирдон мегӯяд: «Эй сустимонҳо, чаро ин қадар метарсед?» (Матто 8:26). Баъд Исо ба баҳру бод амр медиҳад: «Бас! Ором шав!» (Марқӯс 4:39). Тӯфони шадид хомӯш мешаваду баҳр ором мегардад. (Марқӯс ва Луқо дар Инҷилҳои худ аввал дар бораи ин мӯъҷиза нақл мекунанд ва баъд ба сустимонии шогирдон ишора мекунанд.)

Чӣ таъсирбахш аст ин мӯъҷиза барои шогирдон! Онҳо диданд, ки чӣ тавр Исо баҳри пурҷӯшу хурӯшро ором кард. Шогирдон ба тарсу ваҳм меафтанд. Онҳо ба якдигар мегӯянд: «Ин шахс кист, ки ҳатто шамол ва баҳр ба ӯ итоат мекунанд?» Исову расулонаш сиҳату саломат ба соҳил мерасанд (Марқӯс 4:41–5:1). Қаиқҳои дигаре, ки аз пушти Исо ба роҳ баромада буданд, аз афташ, ба соҳили ғарбии Ҷалил бармегарданд.

Ин мӯъҷиза нишон медиҳад, ки Писари Худо қувваҳои табиатро идора карда метавонад. Донистани ин ба мо оромӣ мебахшад. Вақте Исо ҳукмронии худро бар замин сар мекунад, ҳама одамон аз хатару офатҳои табиӣ дар амон мешаванд.

  • Аз кадом сабаб дар баҳри Ҷалил тӯфон ба вуҷуд омада метавонад?

  • Шогирдони Исо аз тарсу ҳарос чӣ кор мекунанд?

  • Аз ин мӯъҷиза мо чӣ мефаҳмем?

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан