ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • jy боби 39 саҳ. 98-саҳ. 99 сарх. 7
  • Вой бар ҳоли насли саркаш!

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Вой бар ҳоли насли саркаш!
  • Ҳазрати Исо — роҳ, ростӣ ва ҳаёт
  • Маводи монанд
  • «Назди ман оед... ва ман ба шумо қувват хоҳам бахшид»
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2019
  • «Юғи Маро ба гардани худ гиред»
    Хизмат ба Салтанати Худо 2008
Ҳазрати Исо — роҳ, ростӣ ва ҳаёт
jy боби 39 саҳ. 98-саҳ. 99 сарх. 7
Писаре дар бозор най менавозад, вале дигар бачаҳо рақс кардан намехоҳанд

БОБИ 39

Вой бар ҳоли насли саркаш!

МАТТО 11:16–30 ЛУҚО 7:31–35

  • ИСО БАЪЗЕ ШАҲРҲОРО САРЗАНИШ МЕКУНАД

  • ИСО БА ФУРӮТАНОН ҚУВВАТУ САБУКӢ МЕБАХШАД

Исо Яҳёро иззату эҳтиром мекунад, лекин аксари одамон ба ӯ чунин муносибат намекунанд. Исо мисоле оварда мегӯяд: «Ин насл... мисли кӯдаконест, ки дар бозорҳо мешинанд ва ба рафиқонашон фарёд зада мегӯянд: “Барои шумо най навохтем, вале шумо рақс накардед. Мо навҳагарӣ кардем, вале шумо аз ғаму андӯҳ ба синаатон назадед”» (Матто 11:16, 17).

Ин суханони Исо чӣ маъно доранд? Ӯ мефаҳмонад: «Яҳё хӯрок намехӯрад ва шароб наменӯшад, вале одамон мегӯянд: “Вай дев дорад”. Писари одам бошад, ҳам мехӯрад ва ҳам менӯшад, вале боз одамон мегӯянд: “Ана, одами пурхӯр ва майпараст, дӯсти ҷамъкунандагони андоз ва гунаҳкорон”» (Матто 11:18, 19). Яҳё назир аст. Ӯ чун назирони дигар умр ба сар мебарад ва шароб наменӯшад, лекин ин мардум мегӯяд, ки вай дев дорад (Ададҳо 6:2, 3; Луқо 1:15). Исо бошад, мисли дигарон мехӯраду менӯшад, лекин одамон мегӯянд, ки вай пурхӯру майпараст аст. Дар ҳақиқат, дили одамонро ёфтан душвор аст.

Исо ин наслро ба кӯдаконе монанд мекунад, ки вақте барояшон най менавозанд, рақс кардан намехоҳанд, ё, вақте дигарон навҳагарӣ мекунанд, ғамгин намешаванд. «Лекин бохирад будани одам,— мегӯяд Исо,— аз корҳои дурусти ӯ маълум мегардад» (Матто 11:16, 19). Бале, маҳз корҳои Яҳё ва Исо нишон медиҳанд, ки суханони одамон тӯҳмати холиянд ва асосе надоранд.

Баъд аз ин Исо шаҳрҳои Кӯрозин, Байт-Сайдо ва Кафарнаҳумро, ки он ҷо мӯъҷизаҳои зиёде нишон дода буд, сарзаниш мекунад. Ӯ мегӯяд, ки агар дар шаҳрҳои Сӯру Сидӯн чунин мӯъҷизаҳо ба амал меовард, онҳо тавба мекарданд. Ҳатто дар Кафарнаҳум, ки Исо он ҷо вақти зиёди худро гузаронида буд, бисёриҳо ӯро қабул накарданд. Исо дар бораи сокинони он шаҳр мегӯяд: «Дар Рӯзи Доварӣ ҳолати Садӯм аз ҳолати шумо сабуктар хоҳад буд» (Матто 11:24).

Баъд Исо Падарашро ҳамду сано мехонад, зеро Ӯ ҳақиқатҳои пурарзишро дар бораи худ «аз оқилону донишмандон» пинҳон карда, ба касоне, ки мисли кӯдак хоксору фурӯтананд, маълум месозад (Матто 11:25). Исо ба чунин шахсон муроҷиат карда мегӯяд: «Назди ман оед, эй заҳматкашон ва касоне, ки зери бори вазнин қарор доред, ва ман ба шумо қувват хоҳам бахшид. Юғи маро ба гардани худ гиред ва аз ман таълим ёбед, зеро ман ҳалим ва фурӯтан ҳастам ва шумо қувват хоҳед ёфт. Зеро юғи ман қулай ва бори ман сабук аст» (Матто 11:28–30).

Сарварони дин бар дӯши халқ бори гарони урфу одатҳоро гузоштаанд. Масалан, онҳо дар бораи он ки дар рӯзи шанбе кардани кадом кор раво асту кадомаш не қонуну қоидаҳои зиёде бофта бароварда буданд. Исо бошад, ҳақиқатро дар бораи Худо таълим дода, одамонро аз ин бор озод мекунад. Исо ҳамчунин ба касоне, ки аз зулму ситами ҳокимиятдорон азоб мекашанд ё аз хатову гуноҳҳояшон рӯҳафтодаанд, сабукӣ мебахшад. Ӯ нишон медиҳад, ки онҳо бояд чӣ кор кунанд, то гуноҳҳояшон бахшида шаванд ва бо Худо дӯстӣ пайдо кунанд.

Ҳамаи онҳое, ки юғи Исоро ба гардан мегиранд, метавонанд ҳаёти худро ба Худо бахшанд ва ба Падари меҳрубону дилсӯзи мо хизмат кунанд. Ба Худо хизмат кардан душвор нест, чунки талаботҳои Ӯ гарон нестанд (1 Юҳанно 5:3).

  • «Ин насл... мисли кӯдакон» аст гуфта, Исо чиро дар назар дорад?

  • Барои чӣ Исо Падари осмониашро ҳамду сано мехонад?

  • Одамон аз чӣ азоб мекашанд ва чӣ тавр Исо ба онҳо сабукӣ мебахшад?

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан