БОБИ 104
Оё яҳудиён имон меоранд?
БИСЁР ОДАМОН ОВОЗИ ХУДОРО МЕШУНАВАНД
ДАР КАДОМ АСОС ОДАМОН ДОВАРӢ МЕШАВАНД?
Рӯзи душанбеи даҳуми нисон аст. Исо дар маъбад асту дар бораи он гап мезанад, ки ба наздикӣ бояд кушта шавад. Ӯ хавотир аст, ки ин воқеа ба номи Худо доғ оварданаш мумкин аст. Барои ҳамин ӯ аз Худо хоҳиш мекунад: «Эй Падар, номи Худро ҷалол деҳ». Овози боҳашамате аз осмон шунида мешавад: «Ҷалол додаам ва боз ҷалол хоҳам дод» (Юҳанно 12:27, 28).
Мардум инро шунида ҳайратзада мешаванд. Баъзеҳо фикр мекунанд, ки ин овози раъд аст. Дигарон мегӯянд: «Бо ӯ фариштае гап зад» (Юҳанно 12:29). Лекин ин на раъд буду на фаришта, балки овози Яҳува Худо! Дар ин се соли хизмати Исо мардум на як бор овози Худоро мешунаванд.
Сею ним сол пеш, вақте Исо таъмид мегирифт, Яҳё-пайғамбар аз осмон ин суханони Худоро шунида буд: «Ин Писари азизи Ман аст ва Ман аз ӯ розиям». Баъдтар бошад, баъд аз иди Раҳоии соли 32-и милодӣ, Яъқуб, Юҳанно ва Петрус шоҳиди он буданд, ки чӣ тавр Исо дар пеши назарашон дигаргун шуд. Ҳамон замон онҳо аз осмон овози Худоро шуниданд, ки чунин гуфт: «Ин Писари азизи Ман аст ва Ман аз ӯ розиям. Ӯро гӯш кунед» (Матто 3:17; 17:5). Бори сеюм, яъне ҳозир, Яҳува тавре сухан мегӯяд, ки ҳама овозашро мешунаванд.
Исо ба одамон мегӯяд: «Ин садо на барои ман, балки барои шумо буд» (Юҳанно 12:30). Ин исботи он аст, ки Исо, дар ҳақиқат, Писари Худо ва Масеҳи ваъдашуда аст.
Исо то охири умр ба Худо содиқ монда ба ҳамаи мо намунаи ибрат гузошт. Ҳамчунин ӯ бо тарзи ҳаёташ исбот кард, ки ҳокими ин ҷаҳон — Шайтон бояд ҷазои худро бинад. Исо мегӯяд: «Вақти доварӣ кардани ин ҷаҳон расидааст, акнун ҳокими ин ҷаҳон ронда хоҳад шуд». Марги Исо нишони шикаст неву нишони ғалабаи ӯст. Исо мегӯяд: «Вақте ман аз замин боло бардошта мешавам, ҳар гуна одамонро назди худ ҷалб мекунам» (Юҳанно 12:31, 32). Исо ҷони худро қурбон карда одамонро ба худ ҷалб месозад ва барои ҳаёти ҷовидонӣ роҳ мекушояд.
Вақте Исо мегӯяд, ки боло бардошта мешавад, мардум ҷавоб медиҳанд: «Мо аз Таврот шунидаем, ки Масеҳ то абад мемонад. Чӣ тавр ту мегӯӣ, ки Писари одам бояд боло бардошта шавад? Писари одам кист?» (Юҳанно 12:34). Ин одамон исботи бисёреро бо чашмони худ диданд, ҳатто овози худи Худоро шуниданд, лекин аксари онҳо ҳанӯз имон намеоранд. Онҳо ҳанӯз ҳам бовар намекунанд, ки Исо Писари одам, яъне Масеҳ, аст.
Мисли пештара Исо худашро «нур» меномад (Юҳанно 8:12; 9:5). Ӯ мардумро огоҳ мекунад: «Нур боз муддати кӯтоҳе дар миёни шумо хоҳад буд. То даме ки равшанӣ доред, дар он роҳ равед, то ки торикӣ шуморо фаро нагирад... То даме ки нур бо шумост, ба он имон оред, то писарони нур шавед» (Юҳанно 12:35, 36). Баъд аз гуфтани ин суханон Исо аз он ҷо меравад, чунки ҳоло 10-уми нисон аст ва соати маргаш ҳанӯз фаро нарасидааст. Ӯ бояд 14-уми нисон, ҳангоми иди Раҳоӣ «боло бардошта» шавад, яъне дар сутун мехкӯб карда шавад (Ғалотиён 3:13).
Исо муддати чанд сол ба яҳудиён мавъиза мекард, лекин онҳо ба суханонаш гӯш намедоданд ва ба вай имон намеоварданд. Ҳамин тавр пешгӯйии пайғамбар Ишаъё иҷро гардид. Ӯ пешгӯӣ карда буд, ки чашмони ин одамон кӯру дилҳояшон сахт мешавад ва онҳо ба Худо рӯ намеоранду шифо намеёбанд (Ишаъё 6:10; Юҳанно 12:40). Дар ҳақиқат, аксари яҳудиён Исоро рад мекунанд. Онҳо ба далелҳои раднопазир нигоҳ накарда эътироф намекунанд, ки ӯ Халосгари онҳост, ки дар борааш дар Навиштаҳо пешгӯйӣ шудааст.
Ниқӯдимус, Юсуфи аромотӣ ва дигар роҳбарон ба Исо имон меоранд. Лекин оё онҳо далерона амал мекунанд? Ва ё аз тарси он ки онҳоро аз ибодатгоҳ пеш мекунанд ва ё обрӯйи худро дар назди мардум аз даст медиҳанд, имонашонро нишон намедиҳанд? (Юҳанно 12:42, 43).
Исо мефаҳмонад, ки ба вай имон овардан чӣ маъно дорад: «Ҳар кӣ ба ман имон меорад, на танҳо ба ман, балки ҳамчунин ба Фиристандаи ман имон меорад ва ҳар кӣ маро мебинад, Фиристандаи маро низ мебинад». Худо ба Исо фармудааст, ки ҳақиқатро ба одамон таълим диҳад. Чизҳое, ки Исо таълим медиҳад, то дараҷае муҳим ҳастанд, ки ӯ мегӯяд: «Барои касе, ки маро ҳурмат намекунаду суханонамро қабул наменамояд, доваре ҳаст. Сухане, ки ман гуфтаам, ӯро дар рӯзи охирин доварӣ хоҳад кард» (Юҳанно 12:44, 45, 48).
Исо суханашро тамом карда мегӯяд: «Ман аз пеши худ сухан нагуфтаам, балки Падаре, ки маро фиристодааст, ба ман амр дод, ки маҳз чиро бояд гӯям. Ва ман медонам, ки амри Ӯ сӯйи ҳаёти ҷовидонӣ мебарад» (Юҳанно 12:49, 50). Исо медонад, ки каме пас ӯ ҷони худро барои шахсоне, ки ба ӯ имон доранд, фидо мекунад (Румиён 5:8, 9).