ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • Чаро барои баъзеҳо дӯст доштани Худо душвор аст?
    Бурҷи дидбонӣ — 2013 | ноябр 1
    • МАВЗӮИ МУҚОВА | ДУРӮҒҲОЕ, КИ ХУДОРО БАДНОМ МЕКУНАНД

      Чаро барои баъзеҳо дӯст доштани Худо душвор аст?

      «Худоят Яҳуваро бо тамоми дил, бо тамоми ҷон ва бо тамоми ақли худ дӯст дор. Ин аст амри муҳимтарин ва аввалин» (Ҳазрати Исо, соли 33-и милодӣa).

      Барои баъзеҳо Худоро дӯст доштан хеле душвор аст. Онҳо фикр мекунанд, ки Худо бузург ва даркнопазир асту парвои одамонро надорад. Ҳатто баъзеҳо ӯро чун Худои золиму бераҳм тасаввур мекунанд. Дар бораи гуфтаҳои зерин мулоҳиза кунед:

      • «Ман дар дуо Худоро илтиҷо мекардам, ки ба ман ёрӣ диҳад, вале ҳамзамон ҳис мекардам, ки ӯ аз одамон дур аст. Ман гумон мекардам, ки Худо ҳиссиёт надорад ва барои бандагонаш дастнорас аст» (Марко, Итолиё).

      • «Ман мехостам, ки самимона ба Худо хизмат кунам, лекин ба назарам чунин метофт, ки ба ӯ наздик шудан номумкин аст. Хаёл мекардам ӯ Худои сахтгир асту фақат одамонро ҷазо медиҳад. Бовариам намеомад, ки ӯ меҳрубону дилсӯз аст» (Роза, Гватемала).

      • «Дар хурдсолӣ ман фикр мекардам, ки Худо айбу хатои моро меҷӯяд ва даррав ҷазо медиҳад. Баъдтар ба хулоса омадам, ки ӯ парвои моро надорад. Бароям ӯ чун сарвазире буд, ки бо корҳои давлатӣ машғул асту ба мардум тамоман кор надорад» (Реймонд, Канада).

      Шумо чӣ ақида доред? Оё Худоро дӯст доштан душвор аст? Масеҳиён асрҳо боз атрофи ин савол фикру мулоҳиза мекунанд. Дар асл тӯли асрҳои миёна бисёр масеҳиён ҳатто ба Худои Таолло дуо намегуфтанд. Чунки нисбати Худо дар дилашон тарсу ваҳм буд. Дар ин бора таърихшинос Уилям Дюрант чунин иброз кард: «Чӣ тавр инсони гунаҳгор ҷуръат мекард, ки ба Худои дастнорасу ваҳмангез дуо гӯяд?»

      Чаро дар тасаввуроти одамон Худо «дастнорасу ваҳмангез» гардид? Китоби Муқаддас дар бораи Худо чиро таълим медиҳад? Оё пас аз фаҳмидани ҳақиқат дар бораи Худо шумо ӯро дӯст дошта метавонед?

      a Матто 22:37, 38

  • Дурӯғе, ки номи Худоро аз одамон пинҳон кард
    Бурҷи дидбонӣ — 2013 | ноябр 1
    • МАВЗӮИ МУҚОВА | ДУРӮҒҲОЕ, КИ ХУДОРО БАДНОМ МЕКУНАНД

      Дурӯғе, ки номи Худоро аз одамон пинҳон кард

      БИСЁРИҲО АҚИДА ДОРАНД:

      «Мо ба хулосаи аниқ омада натавонистем, ки оё ба Худо ном доштан хос аст ё не. Агар хос бошад, пас номи ӯ чист?» (Профессор Дейвид Каннингем, маҷаллаи «Theological Studies»).

      ҲАҚИҚАТИ КИТОБИ МУҚАДДАС:

      «Ман Яҳуваам, ин номи ман аст» — мегӯяд Худо (Ишаъё 42:8). Яҳува номи ибронӣ буда, маънояш чунин аст: «Ӯ сабаби шудан мегардад» (1 Мӯсо 2:4, поварақ).

      Яҳува мехоҳад, ки бандагонаш номи ӯро ба забон гиранд. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки «номашро бихонед, корҳои ӯро дар байни халқҳо маълум созед! Эълон намоед, ки номи ӯ волост» (Ишаъё 12:4).

      Ҳазрати Исо номи Худоро ба забон мегирифт. Боре ӯ дар дуо ба Яҳува чунин гуфт: «Ман номи туро ба онҳо шиносондам ва боз мешиносонам». Чаро Исо номи Худоро ба шогирдонаш шиносонид? Ӯ суханашро давом дода мегӯяд: «То муҳаббате, ки ту [Худо] ба ман дорӣ, дар онҳо бошад ва онҳо бо ман якдил бошанд» (Юҳанно 17:26).

      ЧАРО ИН МУҲИМ АСТ?

      Уолтер Лоури ном диншиносе чунин навиштааст: «Одаме, ки номи Худоро намедонад, дар асл ӯро намешиносад. Агар Худо барои ӯ чун қувваи ноаёне бошад, пас ӯро дӯст доштан мушкил мегардад».

      Номи Худоро пинҳон кардан ё иваз намудан баробари онро аз Китоби Муқаддас гирифта партофтан аст.

      Марде бо номи Виктор ҳар ҳафта ба калисо мерафт, лекин ҳис мекард, ки Худоро дар асл намешиносад. Ӯ чунин гуфт: «Баъдтар, вақте фаҳмидам, ки номи Худо Яҳува аст, тасаввур кардам, ки гӯё маро расман бо ӯ шинос карданд. Ниҳоят ман бо Оне, ки дар борааш бисёр шунида будам, шинос шудам. Ҳамин тавр Худо бароям воқеӣ гашт ва ман дарк кардам, ки бо ӯ дӯст шуда метавонам».

      Бояд гуфт, ки Яҳува ба онҳое, ки номи ӯро ба забон мегиранд, наздик мешавад ва ба шахсоне, ки «дар бораи номи ӯ андеша мекунанд» чунин ваъда медиҳад: «Ман ба онҳо раҳм мекунам, чуноне ки падар ба писаре, ки хизмати ӯро ба ҷо меорад, раҳм мекунад» (Малокӣ 3:16, 17). Ҳамчунин Худо касонеро, ки номашро мехонанд, баракат медиҳад. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: «Ҳар кӣ номи Яҳуваро бихонад, наҷот меёбад» (Румиён 10:13).

  • Дурӯғе, ки одамонро аз Худо дур кард
    Бурҷи дидбонӣ — 2013 | ноябр 1
    • МАВЗӮИ МУҚОВА | ДУРӮҒҲОЕ, КИ ХУДОРО БАДНОМ МЕКУНАНД

      Дурӯғе, ки одамонро аз Худо дур кард

      БИСЁРИҲО АҚИДА ДОРАНД:

      «Худо сегона аст. Ӯ Худои ягонаест, ки худро дар се шахсияти илоҳӣ ошкор сохтааст: Падар, писар ва рӯҳулқудс. Ҳар шахсияти ӯ комилан илоҳӣ аст ва бо ду шахсияти дигар баробар аст. Онон се худо нестанд, балки як ва ягона мебошанд» (Доират-ул-маорифи Китоби Муқаддас ба забони форсӣ).

      ҲАҚИҚАТИ КИТОБИ МУҚАДДАС:

      Ҳазрати Исо, ки писари Худо мебошад, ҳеҷ гоҳ худро ба Падараш баробар намекард ва ба мавқеи ӯ дастдарозӣ наменамуд. Баръакс, ӯ чунин гуфта буд: «Ман назди Падар меравам, зеро Падар аз ман бузургтар аст» (Юҳанно 14:28). Исо ҳамчунин ба яке аз пайравони худ гуфт: «Ман назди Падари худ ва Падари шумо, назди Худои худ ва Худои шумо боло рафта истодаам» (Юҳанно 20:17).

      Рӯҳи муқаддас шахсият нест. Мувофиқи Китоби Муқаддас, вақте масеҳиёни асри як «аз рӯҳи муқаддас пур шуданд» Яҳува ба онҳо гуфт: «Ман бар ҳар гуна одамон аз рӯҳи худ мерезам» (Корнома 2:1–4, 17). Рӯҳи муқаддас қисми Сегона нест, балки он қувваи Худост.

      ЧАРО ИН МУҲИМ АСТ?

      Диншиносони католикӣ Карл Ранер ва Герберт Форгримлер чунин мегӯянд: «Сегона ин сирре мебошад, ки онро то худи Худо ошкор насозад, касе фаҳмида наметавонад ва ошкор созад ҳам, пурра дарк кардани он амри маҳол аст». Агар шумо шахсро нашиноседу хислатҳояшро надонед, оё ба ӯ меҳр баста метавонед? Аз ин бармеояд, ки таълимоти Сегона барои Худоро шинохтану ба ӯ наздик шудан санги монеа аст.

      Марко, ки суханонаш дар мақолаи аввал оварда шудаанд, мегӯяд, ки таълимоти Сегона барои шинохтани Худо садди роҳи ӯ мешуд. Ӯ илова мекунад: «Ман фикр мекардам, ки Парвардигор худро ба ман ошкор кардан намехоҳад, барои ҳамин торафт худро аз ӯ дур ҳис мекардам. Ҳатто гумон доштам, ки ӯ Худои асроромез аст ва ҳеҷ гоҳ ӯро шинохта наметавонам». Лекин дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки Худо «аз ҳеҷ кадоми мо дур нест» (Корнома 17:27). Ӯ худро махфӣ намедорад. Баръакс, мехоҳад мо ӯро шиносем. Дар ин хусус Ҳазрати Исо чунин гуфтааст: «Мо он чиро, ки медонем, мепарастем» (Юҳанно 4:22).

      Марко боз қайд мекунад: «Вақте ман фаҳмидам, ки Худо қисми Сегона нест, ниҳоят тавонистам, ки бо ӯ наздиктар шавам». Агар Яҳува барои мо ношиносу асроромез неву Худои зинда бошад, ӯро дӯст доштан осон мегардад. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: «Ҳар кӣ дӯст намедорад, Худоро нашинохтааст, зеро Худо муҳаббат аст» (1 Юҳанно 4:8).

  • Дурӯғе, ки Худоро бераҳм баровард
    Бурҷи дидбонӣ — 2013 | ноябр 1
    • МАВЗӮИ МУҚОВА | ДУРӮҒҲОЕ, КИ ХУДОРО БАДНОМ МЕКУНАНД

      Дурӯғе, ки Худоро бераҳм баровард

      АҚИДАИ БИСЁР ОДАМОН: «Дарҳол баъд аз марг ҷони одамоне, ки гирифтори гуноҳи марговаранд, ба дӯзах меравад, он ҷо онҳо дар “оташи абадӣ” бисёр азоб мекашанд» («Catechism of the Catholic Church»). Баъзе роҳбарони динӣ мегӯянд, ки дӯзах ҳолати дурӣ ва ҷудоии пурра аз Худост.

      ҲАҚИҚАТИ КИТОБИ МУҚАДДАС:

      «Ҳар ҷоне, ки гуноҳ кунад, барои гуноҳи худ мемирад» (Ҳизқиёл 18:4). «Мурдаҳо ҳеҷ чизро намедонанд» (Пандгӯ 9:5). Дар ин ҷо гуфта мешавад, ки ҷони одам мурда метавонад ва шахс баъд аз марг чизеро ҳис намекунад. Пас, чӣ тавр ҷони одам метавонад дар дӯзах, дар «оташи абадӣ», азоб кашад ё аз дарди ҷудоии абадӣ аз Худо ранҷ барад?

      Дар баъзе тарҷумаҳои Китоби Муқаддас калимаи «дӯзах» истифода шудааст, ҳол он ки дар матни асли ибриву юнонӣ ин калима маънои гӯрро дорад — гӯри умумии инсониятро. Масалан, вақте Айюб аз бемориаш азоб мекашид, чунин дуо гуфт: «Кошки маро дар гӯр [“дӯзах”, тарҷумаи П. Юнгеров] нигоҳ медоштӣ» (Айюб 14:13). Айюб мехост дар гӯр ҷонаш оромӣ ёбад, на ин ки ба ҷойи азоб афтад ё ин ки аз Худо дур бошад.

      ЧАРО ИН МУҲИМ АСТ?

      Бераҳмӣ моро ба Худо наздик намесозад, баръакс, он моро аз ӯ дур мекунад. Росео, ки дар Мексика зиндагӣ мекунад, чунин мегӯяд: «Маро аз кӯдакӣ дар бораи дӯзах таълим дода буданд. Аз ин рӯ ман чунон ба даҳшат афтода будам, ки тасаввур намекардам, ки Худо ягон сифати хуб дорад. Ман гумон мекардам, ки ӯ золиму сангдил аст».

      Вақте Рико аз Китоби Муқаддас бо ҳукмҳои Худо ва ҳолати мурдагон ошно шуд, ӯ назарашро ба Худо дигар кард. Ӯ мегӯяд: «Ман худро озод ҳис кардам, гӯё бори гароне аз китфам афтид. Ман дилпур шудам, ки Худо ғами моро мехӯрад, дӯстамон медорад ва дарк кардам, ки ман ҳам ӯро дӯст дошта метавонам. Ӯ мисли падар дасти моро маҳкам медорад ва барои мо беҳтарин ояндаро мехоҳад» (Ишаъё 41:13).

      Баъзеҳо мекӯшанд аз тарси оташи дӯзах диндор бошанд, вале Худо намехоҳад, ки шумо аз тарсу ҳарос ба ӯ хизмат кунед. Исо гуфта буд: «Худоят Яҳуваро... дӯст дор» (Марқус 12:29, 30). Вақте мо дарк мекунем, ки Худо имрӯз аз рӯйи адолат амал мекунад, бовар ҳосил мекунем, ки фардо низ ҳукмҳои одилона мебарорад. Мисли дӯсти Айюб, Элиҳу, мо низ бо дилпурӣ гуфта метавонем: «Ҳеҷ гоҳ аз Худо бадӣ сар намезанад ва ҳаргиз аз Худои Тавоно ноинсофӣ барнамеояд!» (Айюб 34:10).

  • Ростӣ шуморо озод карда метавонад
    Бурҷи дидбонӣ — 2013 | ноябр 1
    • МАВЗӮИ МУҚОВА | ДУРӮҒҲОЕ, КИ ХУДОРО БАДНОМ МЕКУНАНД

      Ростӣ шуморо озод карда метавонад

      Рӯзе ҳазрати Исо дар Ерусалим дар бораи Худои бузург, Яҳува, сухан гуфт ва фиреби роҳбарони динии он замонро фош кард (Юҳанно 8:12–30). Суханҳое, ки Исо он вақт гуфт, нишон медиҳанд, ки чӣ тавр боварҳои паҳншударо дар бораи Худо санҷем, бинем, ки онҳо ростанд ё не. Исо гуфт: «Агар ҳамеша ба гуфти ман кунед, дар ҳақиқат, шогирдони ман ҳастед. Шумо ростиро хоҳед шинохт ва ростӣ шуморо озод хоҳад кард» (Юҳанно 8:31, 32).

      «Ба гуфти ман кунед» гуфта, Исо меъёреро муқаррар кард, ки мо аз рӯйи он рост будан ё набудани ягон таълимоти диниро санҷида метавонем. Вақте дар бораи Худо ягон чиро мешунавед, аз худ пурсед: «Оё ин таълимот ба суханони Исо ва дигар ҷойҳои Навиштаҳои Муқаддас мувофиқат мекунанд?» Мо метавонем аз мардуме, ки суханони Павлуси расулро шуниданд, ибрат гирем. Онҳо «ҳар рӯз Навиштаҳоро бодиққат меомӯхтанд, то бидонанд, ки суханони шунидаашон рост аст ё не» (Корнома 17:11).

      Марко, Роза ва Реймонд, ки суханонашонро дар аввали ин силсиламақола оварда будем, бо Шоҳидони Яҳува омӯзиш карда, боварҳои худро бодиққат санҷиданд. Онҳо ба чӣ хулоса омаданд?

      Марко: «Ҳар боре ки ману занам аз омӯзгорамон ягон чиз мепурсидем, ӯ ҳама вақт аз Китоби Муқаддас ба мо ҷавоб медод. Оқибат пайванди дӯстии мо бо Яҳува мустаҳкамтар гардиду мо низ ба якдигар наздик шудем».

      Роза: «Дар аввал ман фикр мекардам, ки Китоби Муқаддас як китоби фалсафиест, ки дар бораи Худо аз нигоҳи инсонӣ сухан мегӯяд. Вале бо гузашти вақт ман дидам, ки Китоби Муқаддас ба саволҳои ман ҷавоб медиҳад. Акнун Яҳува барои ман воқеист! Ман ба ӯ пурра такя карда метавонам».

      Реймонд: «Ман дар дуо аз Худо пурсидам, то ба мо кумак кунад, ки дар бораи ӯ таълим гирем. Дере нагузашта ману шавҳарам омӯзиши Китоби Муқаддасро сар кардем. Мо хеле шод будем, ки ҳақиқатро дар бораи Яҳува, дар бораи Худое, ки ин қадар хислатҳои зебо дорад, фаҳмидем».

      Китоби Муқаддас на фақат дурӯғҳоро дар бораи Худо фош мекунад, балки инчунин ҳақиқатро дар бораи сифатҳои зебои ӯ ошкор мекунад. Он паёми илоҳмбахшидаи Худост ва ба мо кумак мекунад, «то ба он чизе, ки Худо ба мо ато кардааст, сарфаҳм равем» (1 Қӯринтиён 2:12). Китоби Муқаддас ба саволҳои муҳим дар бораи Худо, нияти ӯ ва ояндаи мо ҷавоб медиҳад. Шумо метавонед бо онҳо дар вебсайти www.pr2711.com ошно шавед. Барои ин ба бахши «Таълимоти Китоби Муқаддас > Ба саволҳои худ аз Китоби муқаддас ҷавоб ёбед», дароед. Ҳамчунин дар ин сомона шумо метавонед омӯзиши Китоби Муқаддасро бо яке аз Шоҳидони Яҳува дархост кунед. Мо умедворем, ки, агар чунин кунед, меҳратон ба Худо аз пештара бештар мегардад.

Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
Баромадан
Даромадан
  • тоҷикӣ
  • Фиристодан
  • Ҷӯркунӣ
  • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
  • Шарти истифодабарӣ
  • Сиёсати ҳифзи асрор
  • Танзимоти ҳифзи асрор
  • JW.ORG
  • Даромадан
Фиристодан