СУРУДИ 11
Офаридаҳо Яҳуваро ҷалол медиҳанд
(Забур 19)
1. Худои ман, дарк мекунам пурра,
Ки васфат кунад ҳар як ситора.
Ҳар рӯзу шаб бе ҳарф роз мегӯянд,
Ба ҳалимон ҷалолат сароянд.
Ҳар рӯзу шаб бе ҳарф роз мегӯянд,
Ба ҳалимон ҷалолат сароянд.
2. Ситорагон, офтобу моҳ аз туст,
Мондаӣ ҳад ба баҳру уқёнус.
Аъмоли ту бузург аст ин қадар,—
Чӣ ҳаст инсон, ки мекунӣ назар?
Аъмоли ту бузург аст ин қадар,—
Чӣ ҳаст инсон, ки мекунӣ назар?
3. Аҳкоми ту ҳаст поку муқаддас.
Пандҳоят ҳар рӯз мекунӣ ёдрас.
Чун ҳастанд беҳ аз ҳар гуна тилло,
Кас гӯш кунад, бешак, гардад доно.
Чун ҳастанд беҳ аз ҳар гуна тилло,
Кас гӯш кунад, бешак, гардад доно.
(Ҳамчунин нигаред ба Заб. 12:6; 89:7; 144:3; Рум. 1:20.)