СУРУДИ 32
Дар тарафи Яҳува бош!
1. Пеш дили мо буд пур аз изтироб,
Дини дурӯғ медод моро шароб.
Валекин гаштем аз таҳти дил шод,
Шунидем вақте паём.
(Нақарот)
Ту бо Яҳува бош, дар ӯ ёб шодӣ.
Тарк накунад туро, ба ӯ мон содиқ.
Расон хушхабар аз сулҳ ва озодӣ,
Ҳам аз Подшоҳие, ки монад боқӣ.
2. Меёбем мо аз хизмат хурсандӣ,
Мекорем ҳама ҷо тухми ростӣ
Ва ҳамдигарро дода мо ёрӣ,
Васф кунем номи Худо.
(Нақарот)
Ту бо Яҳува бош, дар ӯ ёб шодӣ.
Тарк накунад туро, ба ӯ мон содиқ.
Расон хушхабар аз сулҳ ва озодӣ,
Ҳам аз Подшоҳие, ки монад боқӣ.
3. Надорем тарс аз корҳои Шайтон,
Зеро ки ҳаст Яҳува пуштибон.
Гарчанд бисёр аст душман дар ҷаҳон,
Кунад Худо моро ҳифз.
(Нақарот)
Ту бо Яҳува бош, дар ӯ ёб шодӣ.
Тарк накунад туро, ба ӯ мон содиқ.
Расон хушхабар аз сулҳ ва озодӣ,
Ҳам аз Подшоҳие, ки монад боқӣ.
(Ҳамчунин нигаред ба Заб. 94:14; Пнм. 3:5, 6; Ибр. 13:5.)