ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • Чаро Худо одамизодро офарид?
    То абад зинда бошед! Омӯзиши Китоби Муқаддас
    • Дарси 25. Расми замин аз кайҳон.

      ДАРСИ 25

      Чаро Худо одамизодро офарид?

      Дар Каломи Худо гуфта мешавад, ки инсон «умри кӯтоҳи пуразоб дорад» (Айюб 14:1). Оё Худо мехоҳад, ки мо азоб кашида зиндагӣ кунему оқибат бимирем? Агар не, пас, Худо моро бо чӣ мақсад офарид? Оё хосту нияти ӯ ягон вақт ҷомаи амал мепӯшад? Китоби Муқаддас ба ин саволҳо ҷавоби тасаллибахш медиҳад.

      1. Яҳува барои одамон чӣ гуна ҳаётро ният кардааст?

      Яҳува барои мо беҳтарин ҳаётро хоҳон аст. Вақте ӯ Одаму Ҳавворо офарид, онҳоро дар биҳишт, дар боғи зебои Адан, ҷой дод. «Баъд Худо онҳоро баракат доду гуфт: “Серфарзанду сершумор шавед ва заминро пур кунед ва онро соҳибӣ намоед”» (1 Мӯсо 1:28). Яҳува мехост ҷуфти аввалин фарзанддор шаванд, заминро ба биҳишт табдил диҳанд ва ҳайвонотро нигоҳубин кунанд. Ӯ мақсад дошт, ки одамон бардаму бақувват бошанд ва то абад зиндагӣ кунанд.

      Ҳарчанд вазъият ранги дигар гирифтa, Яҳува аз нияташ нагашт (Ишаъё 46:10, 11). Ӯ то ҳол мехоҳад, ки одамони худотарс дар шароити хуб ҷовидона зиндагӣ кунанд. (Ошкорсозӣ 21:3, 4-ро хонед.)

      2. Чӣ тавр аллакай имрӯз ҳаётамонро пурмаъно гардонем?

      Худо моро тавре офаридааст, ки «ташнаи раҳнамоии» ӯ бошем, яъне майлу хоҳиш дошта бошем, ки ӯро шиносему парастиш кунем. (Матто 5:3–6-ро хонед.) Яҳува мехоҳад мо «бо ҳамаи роҳҳои ӯ» равона шавем, ӯро дӯст дорем ва «бо тамоми дил» хизматашро ба ҷо орем (5 Мӯсо 10:12; Забур 25:14). Аз рӯйи ин гуфтаҳо амал карда, мо бо вуҷуди душвориҳои зиндагӣ аллакай имрӯз хушбахт буда метавонем. Дӯстӣ бо Яҳува ва парастиш кардани ӯ ҳаёти моро пурмаъно мегардонад.

      БЕШТАР ФАҲМЕД

      Фаҳмед, ки ҳангоми офаридани замин Яҳува чӣ тавр меҳру муҳаббаташро нишон дод ва дар Каломаш дар бораи мақсади ҳаёт чӣ гуфта шудааст.

      Одаму Ҳавво боғи зеборо, ки пур аз сабзавоту ҳайвонот аст, тамошо доранд.

      3. Яҳува барои одамизод ҳаёти хушро ният кардааст

      ВИДЕОРО тамошо кунед, сипас саволи зеринро дида бароед:

      ВИДЕО: «Чаро Худо заминро офарид?» (порча) (1:41)

      • Чаро Худо сайёраи зебои моро офаридааст?

      Пандгӯ 3:11-ро хонед, сипас саволро дида бароед.

      • Шумо аз ин оят дар бораи Яҳува чӣ фаҳмидед?

      4. Яҳува аз нияташ нагаштааст

      Забур 37:11, 29 ва Ишаъё 55:11-ро хонед, сипас ба саволи зерин ҷавоб диҳед:

      • Мо аз куҷо медонем, ки нияти Яҳува дигар нашудааст?

      А. Хонаи вайрона, ки бому тирезаҳояш шикаста ва ҳавлиаш ифлос аст. Б. Ҳамон хона ҳоло обод асту дар гирду атрофаш гулу сабза шинонда шудааст.

      Чуноне ки хонаи харобу вайронаро обод кардан мумкин аст, Худо заминро, ки аз дасти одамизод хароб гаштааст, обод мекунад ва ба дӯстдорони худ ҳадия менамояд

      5. Яҳуваро парастиш кардан ба ҳаёти мо маъно мебахшад

      Вақте маънову мақсади ҳаётро дарк мекунем, хушбахт мешавем. ВИДЕОРО тамошо кунед, сипас саволи зеринро дида бароед:

      ВИДЕО: «Ман дарк кардам, ки маънои ҳаёт дар чист» (5:03)

      • Дарк кардани маънои ҳаёт ба Теруми чӣ манфиат овард?

      Пандгӯ 12:13-ро хонед, сипас саволи зеринро дида бароед:

      • Бар ивази ҳамаи некиҳои Яҳува мо бояд чӣ кор кунем?

      БАЪЗЕҲО МЕПУРСАНД: «Маънои ҳаёт дар чист?»

      • Шумо ба ин савол чӣ ҷавоб медиҳед?

      ФИКРҲОИ АСОСӢ

      Яҳува мехоҳад, ки мо то абад дар рӯйи замин дар шароити беҳтарин зиндагӣ кунем. Вақте мо аз дилу ҷон ӯро мепарастем, ҳаётамон аз ҳозир пурмаъно мегардад.

      Такрор

      • Чаро Яҳува Одаму Ҳавворо офарид?

      • Мо аз куҷо медонем, ки нияти Худо нисбати одамизод дигар нашудааст?

      • Чӣ тавр шумо ҳаётатонро пурмаъно карда метавонед?

      Мақсад

      ДИДА БАРОЕД

      Фаҳмед, ки чӣ исбот мекунад, ки боғи Адан вуҷуд дошт.

      «Оё боғи Адан вуҷуд дошт?» («Бурҷи дидбонӣ», 1 январи с. 2011)

      Аз мақолаи зерин фаҳмед, ки чаро мо бовар дошта метавонем, ки замин то абад боқӣ мемонад.

      «Магар замин нест мешавад?» (Мақола аз сомона)

      Дида бароед, ки Китоби Муқаддас барои пурмаъно гардондани ҳаёт чӣ маслиҳат медиҳад.

      «Маънои ҳаёт чист?» (Мақола аз сомона)

      Марде фикр мекард, ки дар ҳаёт аз чизе камӣ надорад, вале аҳамият диҳед, ки чӣ тавр ӯ пай бурд, ки дар ҳаёташ чизе намерасад.

      «Акнун ҳаётам маънову мақсад дорад» (3:55)

      a Дарси навбатӣ ба ин мавзуъ равшанӣ меандозад.

  • Подшоҳии Худо чист?
    То абад зинда бошед! Омӯзиши Китоби Муқаддас
    • 2. Ҳамроҳи Исо боз кӣ роҳбарӣ мекунад?

      Исо танҳо худаш роҳбарӣ намекунад. Ҳамроҳи ӯ одамон «аз ҳар қабила, забон, халқ ва миллат... чун подшоҳон бар замин ҳукмронӣ хоҳанд кард» (Ошкорсозӣ 5:9, 10). Шумораи онҳо чанд нафар аст? Аз замонҳои ҳазрати Исо сар карда, миллионҳо одамон пайрави ӯ шуданд. Вале аз байни ҳамаи пайравонаш танҳо 144 000 нафар бо ӯ дар осмон ҳукмронӣ мекунанд. (Ошкорсозӣ 14:1–4-ро хонед.) Пайравони боқимондаи Исо бошанд, чун шаҳрвандони Подшоҳии Худо дар рӯйи замин зиндагӣ мекунанд (Забур 37:29).

  • Подшоҳии Худо ба наздикӣ чӣ кор мекунад?
    То абад зинда бошед! Омӯзиши Китоби Муқаддас
    • Подшоҳии Худо ба наздикӣ чӣ кор мекунад?

      Подшоҳии Худо аллакай ҳукмронӣ карда истодааст. Ба наздикӣ он дар рӯйи замин корҳои бузургро анҷом медиҳад. Биёед баъзе баракатҳои Подшоҳии Худоро дида бароем.

      1. Чӣ тавр Подшоҳии Худо сулҳу адолатро дар рӯйи замин барқарор мекунад?

      Исо, шоҳи Подшоҳии Худо, бадкорон ва ҳукуматҳои ин дунёро дар ҷанги Ҳармаҷиддӯн нест мекунад (Ошкорсозӣ 16:14, 16). Он вақт пешгӯйии зерини Китоби Муқаддас пурра иҷро мешавад: «Боз андак сабр кун ва бадкор боқӣ намемонад» (Забур 37:10). Ҳамин тавр, зери Подшоҳии Худо дар тамоми рӯйи замин тинҷиву амонӣ ва адолат ҳукмфармо мешавад. (Ишаъё 11:4-ро хонед.)

      2. Ҳангоми ҳукмронии Худо ҳаёт дар замин чӣ гуна мешавад?

      Зери ҳукмронии Подшоҳии Худо «росткорон соҳиби замин мешаванд ва дар он то абад зиндагӣ мекунанд» (Забур 37:29). Тасаввур кунед, ки шумо дар дунёе зиндагӣ хоҳед кард, ки ҳамаи одамон росткоранд ва Худову якдигарро дӯст медоранд. Ҳеҷ кас касал намешавад ва ҳама одамон то абад зиндагӣ мекунанд.

      3. Баъд аз нест кардани бадкорон Подшоҳии Худо чӣ кор мекунад?

      Баъди нест кардани бадкорон Исо давоми 1000 сол подшоҳӣ мекунад. Дар он муддат ӯ ва 144 000 ҳамроҳонаш одамонро аз гуноҳ озод карда, ба комилият мерасонанд. Дар охири подшоҳии ҳазорсола замин ба биҳишт табдил меёбад ва одамони ба Яҳува итоаткор дар он хушбахтона зиндагӣ мекунанд. Сипас Исо подшоҳиро ба Падараш Яҳува месупорад. Он вақт номи Яҳува беш аз ҳарвақта «муқаддас» мегардад (Матто 6:9, 10). Ҳамин тавр исбот мешавад, ки Яҳува Ҳокими беҳтаринест, ки ғами одамонро мехӯрад. Сипас Яҳува Шайтон, девҳо ва тарафдорони онҳоро нест мекунад (Ошкорсозӣ 20:7–10). Подшоҳии Худо шароити беҳтаринро муҳайё месозад, ки ҳеҷ гоҳ аз байн намеравад — он то абад мемонад!

      БЕШТАР ФАҲМЕД

      Фаҳмед, ки чӣ моро бовар мебахшад, ки Худо ба воситаи Подшоҳиаш ҳама ваъдаҳои худро иҷро мекунад.

      4. Подшоҳии Худо ба ҳукуматҳои ин дунё хотима мебахшад

      «Одам ба зарари одам ҳукмронӣ мекунад» (Пандгӯ 8:9). Подшоҳии Худо ҳамаи ин зарарро рӯпӯш мекунад ва адлу инсофро пойдор месозад.

      Дониёл 2:44 ва 2 Таслӯникиён 1:6–8-ро хонед, сипас саволҳои зеринро дида бароед:

      • Яҳува ва Исои Масеҳ бо ҳукуматҳои ҳозира ва тарафдорони онҳо чӣ кор мекунанд?

      • Чӣ тавр донише, ки дар бораи Яҳува ва Исо гирифтед, шуморо бовар мебахшад, ки онҳо боинсофона ҳукм меронанд?

      Исо ба сифати Подшоҳ бар замини биҳиштосо ҳукмронӣ карда истодааст.

      5. Исо Шоҳи беҳтарин аст

      Исо ба сифати шоҳи Подшоҳии Худо барои беҳбудии одамон бисёр корҳоро ба анҷом мерасонад. ВИДЕОРО тамошо кунед ва фаҳмед, ки Исо барои дастгирӣ кардани одамон ҳам хоҳиш дораду ҳам қудрати худодод.

      ВИДЕО: «Исо нишон дод, ки Подшоҳии Худо чӣ баракатҳо меорад» (1:13)

      Вақте Исо дар замин буд, нишон дод, ки Подшоҳии Худо чӣ баракатҳо меорад. Дар ҷадвал баъзеи онҳо номбар шудаанд. Оятҳои овардаро хонед ва гӯед, ки кадоме аз ин баракатҳоро шумо бештар интизоред?

      ДАР ЗАМИН ИСО...

      АЗ ОСМОН ИСО...

      • офатҳои табииро пешгирӣ кард (Марқус 4:36–41).

      • зарареро, ки ба табиат расонда шуд, бартараф мекунад (Ишаъё 35:1, 2).

      • муъҷизавор ҳазорон одамонро сер кард (Матто 14:17–21).

      • гуруснагиро аз байн мебарад (Забур 72:16).

      • беморони зиёдро шифо бахшид (Луқо 18:35–43).

      • ҳамаро тансиҳату саломат мегардонад (Ишаъё 33:24).

      • одамонро зинда кард (Луқо 8:49–55).

      • марг ва дарду ғамро аз байн мебарад (Ошкорсозӣ 21:3, 4).

      6. Подшоҳии Худо ба мо ояндаи дурахшон меорад

      Яҳува ба воситаи Подшоҳии худ нияти аввалаашро пурра ба ҷо меорад. Он вақт одамон дар биҳишти рӯйи замин абадан зиндагӣ мекунанд. ВИДЕОРО тамошо кунед ва бинед, ки чӣ тавр Яҳува ба воситаи Писараш нияти худро иҷро карда истодааст.

      ВИДЕО: «Назаре ба ояндаи пурбаракат» (4:38)

      Забур 145:16-ро хонед, сипас саволи зеринро дида бароед:

      • Донистани он ки Яҳува дар оянда «ҳар ҷони зиндаро бо чизи дилхоҳаш» сер мекунад, ба шумо чӣ тавр таъсир мекунад?

      БАЪЗЕҲО МЕГӮЯНД: «Агар ҳама аз як гиребон сар барорад, душвориҳои одамизодро ҳал карда метавонем».

      • Кадом мушкилиҳоро танҳо Подшоҳии Худо ҳал карда метавонад?

      ФИКРҲОИ АСОСӢ

      Подшоҳии Худо нияти Яҳуваро иҷро мекунад. Ин Подшоҳӣ тамоми заминро ба биҳишт табдил медиҳад ва одамони хубе, ки Яҳуваро мепарастанд, дар он то абад зиндагӣ мекунанд.

      Такрор

      • Чӣ тавр бо ёрии Подшоҳии Худо номи Яҳува муқаддас мегардад?

      • Чаро мо бовар дошта метавонем, ки Подшоҳии Худо ваъдаҳои Яҳуваро иҷро мекунад?

      • Шумо кадом баракати Подшоҳии Худоро бесаброна интизоред?

      Мақсад

      ДИДА БАРОЕД

      Фаҳмед, ки Ҳармаҷиддӯн чӣ маъно дорад.

      «Ҳармаҷиддӯн чӣ гуна ҷанг аст?» (Мақола аз сомона)

      Дар бораи «азоби азиме», ки Исо гуфт, фаҳмед (Матто 24:21).

      «Азоби азим чист?» (Мақола аз сомона)

      Бинед, ки чӣ тавр аҳли оила дар бораи баракатҳои оянда мулоҳиза ронда метавонад.

      «Худро дар биҳишт тасаввур кун» (1:50)

      Мақолаи «Саволҳои зиёде маро ором намегузоштанд»-ро хонда, фаҳмед, ки чӣ тавр марде, ки зидди сиёсати давлаташ буд, ба саволҳояш ҷавоб ёфт.

      «Китоби Муқаддас ҳаётро дигаргун месозад» («Бурҷи дидбонӣ», 1 январи с. 2012)

Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
Баромадан
Даромадан
  • тоҷикӣ
  • Фиристодан
  • Ҷӯркунӣ
  • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
  • Шарти истифодабарӣ
  • Сиёсати ҳифзи асрор
  • Танзимоти ҳифзи асрор
  • JW.ORG
  • Даромадан
Фиристодан