ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • lff дарси 40
  • Дар пеши Худо пок бошед

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Дар пеши Худо пок бошед
  • То абад зинда бошед! Омӯзиши Китоби Муқаддас
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • БЕШТАР ФАҲМЕД
  • ФИКРҲОИ АСОСӢ
  • ДИДА БАРОЕД
  • Худо халқи покро дӯст медорад
    «Худро дар муҳаббати Худо нигоҳ доред»
  • Ходимони Худо бояд пок бошанд
    Худо аз мо чӣ талаб дорад?
  • «Муқаддас бошед»
    Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2019)
  • Яҳува халқи покро дӯст медорад
    Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2019)
То абад зинда бошед! Омӯзиши Китоби Муқаддас
lff дарси 40
Дарси 40. Марде бо собун даст шуста истодааст.

ДАРСИ 40

Дар пеши Худо пок бошед

Нашри чопӣ
Нашри чопӣ
Нашри чопӣ

Модари меҳрубонеро пеши назар оред, ки писарчаашро ба мактаб гусел карданӣ аст. Ӯ аҳамият медиҳад, ки дасту рӯ ва сарулибоси фарзандаш тозаву озода аст ё не. Тозагии кӯдак ба фоидаи худи ӯст ва нишон медиҳад, ки ӯ волидони ғамхор дорад. Ба ин монанд, Падари меҳрубонамон, Яҳува, мехоҳад, ки мо ҳам ҷисман ва ҳам ахлоқан тозаву пок бошем. Агар мо пок бошем, ҳам ба худамон фоида меорем ва ҳам обрӯйи Яҳуваро мебардорем.

1. Чӣ хел ҷисман пок буда метавонем?

Яҳува ба мо чунин мегӯяд: «Пок бошед» (1 Петрус 1:16). Одами пок ақлу танаш пок аст. Барои тозагии бадан лозим аст, ки мунтазам шустушӯ кунем. Инчунин муҳим аст, ки сарулибос, хонаву дар ва мошинамон тозаву озода бошад. Ғайр аз ин, мо ибодатгоҳҳоямонро рӯбучин карда, онҳоро тоза нигоҳ медорем. Тозагии мо нишон медиҳад, ки мо Худои поку муқаддасро парастиш мекунем (2 Қӯринтиён 6:3, 4).

2. Аз кадом одатҳои нопок дурӣ ҷӯем?

Китоби Муқаддас таълим медиҳад, ки «худро аз ҳар чизе, ки ҷисм ва рӯҳро нопок месозад», тоза кунем (2 Қӯринтиён 7:1). Аз ин рӯ мо аз ҳар чизе, ки фикру тани моро нопок месозад, дурӣ меҷӯем. Мо мехоҳем, ки фикрҳоямон ба Яҳува хуш оянд, барои ҳамин фикрҳои бадро аз сарамон дур мекунем (Забур 104:34). Мо инчунин кӯшиш мекунем, ки забонамон пок бошад. (Қӯлассиён 3:8-ро хонед.)

Боз чӣ моро ҷисману ахлоқан нопок карда метавонад? Чизҳое ҳастанд, ки бадани моро заҳролуд мекунанд, масалан, тамоку, нос ва нашъа. Аз ин чизҳо ҳазар карда, мо тансиҳат мемонем, ҳамзамон нишон медиҳем, ки ҳаётро қадр мекунем. Мо инчунин бо тамоми қувват кӯшиш мекунем, ки одатҳои нопокро, ба монанди одати расидан ба узвҳои ҷинсии худ ва тамошои порнография, партоем (Забур 119:37; Эфсӯсиён 5:5). Ин кор осон нест, лекин бо ёрии Яҳува мо бар ин одатҳои нопок дастболо шуда метавонем. (Ишаъё 41:13-ро хонед.)

БЕШТАР ФАҲМЕД

Фаҳмед, ки чӣ тавр тозагии мо шаъну шарафи Яҳуваро мебардорад ва чӣ гуна бар одатҳои бад ғолиб баромада метавонем.

3. Тозагии мо номи Яҳуваро мебардорад

Аз амру фармудаҳое, ки Яҳува ба халқи Исроил дода буд, мо назари ӯро ба тозагӣ фаҳмида метавонем. 2 Мӯсо 19:10 ва 30:17–19-ро хонед, сипас ба саволҳои зерин ҷавоб диҳед:

  • Аз ин оятҳо мо дар бораи назари Яҳува нисбати тозагӣ чӣ мефаҳмем?

  • Кадом одатҳои хуб кумак мекунанд, ки тозаву озода бошем?

Тозагӣ вақту қувват талаб мекунад. Лекин новобаста ба ҷойи зист ва бой ё камбағал буданамон мо тозаву покиза зиста метавонем. ВИДЕОРО тамошо кунед ва ба савол ҷавоб диҳед.

ВИДЕО: «Худо халқи покро дӯст медорад» (4:10)

  • Чӣ тавр тоза будани чизу чораи мо хизматамонро оро медиҳад?

4. Одатҳои бадро партоед

Марде сигорашро ба сатили партов партофта истодааст.

Бо ёрдами Яҳува ҳар одати бадро партофта метавонем

Агар шумо сигор, нос ё нашъа кашед, медонед, ки тарки ин одат басе душвор аст. Чӣ ба шумо кумак мекунад, ки ин одатро партоед? Биёед бинем, ки одати бад ба зиндагии шумо чӣ хел таъсир мекунад. Матто 22:37–39-ро хонед, сипас дида бароед, ки чӣ тавр тамоку, нос ё нашъа кашидан...

  • ба муносибати шумо бо Яҳува таъсир мекунад.

  • ба аҳли оилаатон ва дигарон таъсир мекунад.

Фикр кунед, ки барои партофтани одати бад чӣ кор карда метавонедa. ВИДЕОРО тамошо кунед.

ВИДЕО: «Худдорӣ намоед» (2:47)

Филиппиён 4:13-ро хонед, сипас ба саволи зерин ҷавоб диҳед:

  • Чӣ тавр доимо дуо гуфтан, Китоби Муқаддас хондан ва ба ҷамъомадҳо рафтан ба шахс қувват мебахшад, ки одати бадашро партояд?

5. Бо фикру рафтори нопок мубориза баред

Қӯлассиён 3:5-ро хонед, сипас ба саволҳои зерин ҷавоб диҳед:

  • Мо аз куҷо медонем, ки тамошои расму наворҳои бешармона, додугирифти паёмакҳои шаҳватангез ва одати расидан ба узвҳои ҷинсии худ дар назари Яҳува нопоканд?

  • Яҳува мехоҳад, ки халқаш пок бошад. Ба фикри шумо, оё иҷро кардани ин талаб имконпазир аст? Фаҳмонед.

ВИДЕОРО тамошо карда, фаҳмед, ки чӣ тавр бо фикрҳои нопок мубориза бурдан мумкин аст.

ВИДЕО: «Барои пок мондан талош кунед» (1:51)

Исо бо мисоле нишон дод, ки мо бояд барои пок мондан бе дудилагӣ амал кунем. Матто 5:29, 30-ро хонед, сипас саволи зеринро дида бароед:

  • Исо дар назар надошт, ки мо худро маъюб кунем, балки гуфтанӣ буд, ки бепарвоӣ накарда, аз пайи ислоҳи худ шавем. Барои дур кардани фикрҳои нопок шахс чӣ кор карда метавонад?b

Барои аз сар дур кардани фикрҳои нопок чӣ кӯшише накунед, Яҳува қадр мекунад. Забур 103:13, 14-ро хонед, сипас саволи зеринро дида бароед:

  • Чӣ тавр ин оятҳо ёрӣ медиҳанд, ки барои партофтани одатҳои бад муборизаро давом диҳед?

Аз нобарориҳо ноумед нашавед!

Вақте пас аз кӯшишҳои дурудароз шахс боз ба одати куҳна даст мезанад, ӯ чунин фикр карда метавонад: «Ин қадар ҷонканиҳоям бефоида аст!» Албатта, дар чунин лаҳзаҳо одам даррав ноумед мешавад. Лекин биёед дар бораи мисоле фикр кунем: агар варзишгар ҳангоми давидан пешпо хӯрда ғалтад, ӯ фикр намекунад, ки мусобиқаро бой дод ё ба ақиб баргашта, аз нав бояд давад. Ба ин монанд, ҳангоми нобарориҳо фикр накунед, ки илоҷе нест. Ҳамчунин як лаҳзаи сустӣ маънои онро надорад, ки ҳамаи кӯшишҳоятон барбод рафтанд. Аз нобарориҳо ҳайрону ноумед нашавед. Ба пеш — сӯйи халосӣ шитобед! Дилпур бошед, ки бо ёрдами Яҳува шумо дар мубориза бо одатҳои бад дастболо мешавед.

Варзишгаре, ки афтида буд, хеста истодааст.

БАЪЗЕҲО МЕГӮЯНД: «Тарки одат амри маҳол аст. Ман дигар шуда наметавонам».

  • Ба воситаи кадом оят ба шахс фаҳмонда метавонед, ки бо ёрии Яҳува одатҳои бадро партофтан мумкин аст?

ФИКРҲОИ АСОСӢ

Ақлу тану рафтори пок дили Яҳуваро шод мегардонад.

Такрор

  • Чаро пок будан муҳим аст?

  • Барои тозаву озода будан чӣ кор кунем?

  • Чӣ тавр фикру рафторамонро пок нигоҳ дорем?

Мақсад

ДИДА БАРОЕД

Ҳатто онҳое, ки камбизоатанд, тозаву озода буда метавонанд.

«Тозагӣ гарави саломатист. Дастшӯйӣ» (3:01)

Фаҳмед, ки барои партофтани сигоркашӣ чӣ кор кардан мумкин аст.

«Чӣ тавр сигоркаширо партоям?» («Бедор шавед!», майи с. 2010)

Фаҳмед, ки тамошои расму наворҳои бешармона чӣ таъсири бад дорад.

«Порнография безарар аст ё хатарнок?» («Бурҷи дидбонӣ», 1 августи с. 2013)

Фаҳмед, ки чӣ тавр як мард одати тамошо кардани порнографияро партофт.

«Ман баъди муборизаи дурудароз ғолиб омадам» («Бурҷи дидбонӣ» №4 с. 2016)

a Дар маҷаллаи «Чӣ тавр сигоркаширо партоям?», ки дар бахши «Дида бароед»-и ин дарс оварда шудааст, маслиҳатҳое дода шудаанд, ки ба мо кумак мекунанд.

b Барои даст кашидан аз одати расидан ба узвҳои ҷинсии худ ба шумо мақолаи зерин кумак мекунад: «Чӣ тавр одати расидан ба узвҳои ҷинсии худро партоям?». Ин мақола аз боби 25-и ҷилди 1-уми китоби «Саволҳои ҷавонон. Маслиҳатҳои амалӣ» гирифта шудааст.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан