ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • bhs саҳ. 207-223
  • Мавзӯъҳои иловагӣ

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Мавзӯъҳои иловагӣ
  • Китоби Муқаддас ба мо чиро таълим медиҳад?
  • Маводи монанд
  • Дар хизмататон қувваи Каломи Худоро истифода баред
    Хизмат ба Салтанати Худо 2015
  • Пешгӯиҳои Дониёл-пайғамбар дар бораи зоҳир шудани Масеҳ
    Таълимоти Китоби Муқаддас
  • Исои Масеҳ — калиди дониш доир ба Худост
    Донише, ки роҳнамои ҳаёти ҷовидонист
Китоби Муқаддас ба мо чиро таълим медиҳад?
bhs саҳ. 207-223

Мавзӯъҳои иловагӣ

1 ЯҲУВА

Номи Худо Яҳува мебошад ва маънои он чунин аст: «Ӯ сабаби шудан аст». Яҳува Худои Қодир аст ва Ӯ ҳама чизро офаридааст. Ӯ ҳар коре, ки хоҳад, карда метавонад ва ҳеҷ чиз пеши роҳашро гирифта наметавонад.

Номи Худо дар забони ибронӣ бо чор ҳарф навишта мешавад. Он чор ҳарфи ибронӣ ба тоҷикӣ ЙҲВҲ мешаванд. Номи Худо дар матни аслии Навиштаҳои Ибронӣ қариб 7000 бор вомехӯрад. Дар ҳар забон номи Яҳуваро ҳар хел талаффуз мекунанд.

▸ Боби 1, сарх. 15

2 КИТОБИ МУҚАДДАС АЗ ТАРАФИ ХУДОСТ

Китоби Муқаддасро одамон навишта бошанд ҳам, он аз тарафи Худост. Раис ба ёрдамчияш мегӯяд, ки аз номи вай мактуб нависад. Ёрдамчӣ дар мактуб фикрҳои худро неву фикрҳои раисро менависад. Ба ҳамин монанд одамоне ки Китоби Муқаддасро навиштанд, онро аз каллаи худ не, балки бо ҳидояту роҳнамоии Худо навиштанд. Худо ба воситаи рӯҳи муқаддасаш хабари худро баъзан дар хоби одамон ва баъзан ҳангоми бедор буданашон нишон медод ва баъд онҳо чизҳои дидаашонро менавиштанд.

▸ Боби 2, сарх. 5

3 ХАБАРИ ПАЙҒАМБАРОН

Пайғамбарон пайғоми Худоро мерасонанд. Пайғом метавонад насиҳат, амр, ҳукм ё маълумот дар бораи нияти Худо бошад. Он ҳамчунин пешгӯӣ дар бораи ягон воқеаи оянда буда метавонад. Бисёр пешгӯиҳои Китоби Муқаддас аллакай иҷро шудаанд.

▸ Боби 2, сарх. 13

4 ПЕШГӮИҲО ДАР БОРАИ МАСЕҲ

Дар Китоби Муқаддас дар бораи Масеҳ пешгӯиҳои зиёде буданд. Дар он пешакӣ навишта шуда буд, ки Масеҳ чӣ кор мекунад ва бо ӯ чӣ рӯй медиҳад. Ҳамаи ин чизҳо бо Исо рӯй доданд. Нигаред ба чорчӯбаи «Пешгӯиҳо дар бораи Масеҳ».

▸ Боби 2, сарх. 17, эзоҳ

ПЕШГӮИҲО ДАР БОРАИ МАСЕҲ

ВОҚЕА

ПЕШГӮӢ

ИҶРОШАВӢ

Аз авлоди Яҳудо пайдо мешавад

Ҳастӣ 49:10

Луқо 3:23–33

Духтари бокира ӯро таваллуд мекунад

Ишаъё 7:14

Матто 1:18–25

Аз авлоди шоҳ Довуд пайдо мешавад

Ишаъё 9:7

Матто 1:1, 6–17

Яҳува Исоро Писари худ номид

Забур 2:7

Матто 3:17

Бисёриҳо бовар намекунанд, ки Исо Масеҳи ваъдашуда аст

Ишаъё 53:1

Юҳанно 12:37, 38

Ба Ерусалим харсавор медарояд

Закарё 9:9

Матто 21:1–9

Дӯсти наздикаш ба ӯ хиёнат мекунад

Забур 40:10

Юҳанно 13:18, 21–30

Ба 30 тангаи нуқра фурӯхта мешавад

Закарё 11:12

Матто 26:14–16

Вақте айбдораш мекунанд, хомӯш мешинад

Ишаъё 53:7

Матто 27:11–14

Барои либосаш қуръа мепартоянд

Забур 21:19

Матто 27:35

Дар сутуни азоб ӯро масхара мекунанд

Забур 21:8, 9

Матто 27:39–43

Ҳеҷ яке аз устухонҳояш шикаста намешавад

Забур 33:21

Юҳанно 19:33, 36

Бо одамони бой гӯр карда мешавад

Ишаъё 53:9

Матто 27:57–60

Худо ӯро зинда мекунад ва баъд ӯ дар тарафи рости Худо мешинад

Забур 109:1

Аъмол 7:55, 56

5 НИЯТИ ХУДО ДАР БОРАИ ЗАМИН

Яҳува заминро барои он офаридааст, то дар он одамоне, ки Ӯро дӯст медоранд, беохир зиндагӣ кунанд. Нияти Ӯ имрӯз ҳам дигар нашудааст. Ба наздикӣ Худо бадиро аз рӯйи замин нест мекунад ва ба хизматгорони худ ҳаёти беохирро дар Биҳишт ато мекунад.

▸ Боби 3, сарх. 1

6 ШАЙТОН

Шайтон аввал фариштаи хуб буд, лекин баъд бар зидди Худо хест. Маънои Шайтон «душман» аст, чунки ӯ душмани Яҳува мебошад. Ӯ ҳамчунин Худоро тӯҳмат мекунад ва одамонро гумроҳ месозад.

▸ Боби 3, сарх. 4

7 ФАРИШТАҲО

Яҳува фариштагонро пеш аз сохтани замин офарида буд. Онҳо барои дар осмон зиндагӣ кардан офарида шуда буданд. Дар осмон зиёда аз садҳо миллион фаришта вуҷуд дорад (Дониёл 7:10). Ҳар яки онҳо ном доранд ва аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Фариштаҳои фурӯтан намегузоштанд, ки одамон онҳоро ибодат кунанд. Онҳо мақому вазифаҳои гуногун доранд ва ҳар хел корҳоро иҷро мекунанд. Масалан, онҳо дар пеши тахти Яҳува хизмат мекунанд, хабарҳои Ӯро ба одамон мерасонанд, одамони ба Худо содиқро роҳнамоӣ ва муҳофизат мекунанд, амрҳои Ӯро эълон мекунанд ва дар паҳн кардани хушхабар ёрӣ мерасонанд (Забур 33:8; Ваҳй 14:6; 22:8, 9). Дар оянда онҳо ҳамроҳи Исо дар ҷанги Ҳармиҷидӯн иштирок мекунанд (Ваҳй 16:14, 16; 19:14, 15).

▸ Боби 3, сарх. 5; боби 10, сарх. 1

8 ГУНОҲ

Гап, фикр ё рафторе, ки бар зидди гуфтаҳои Яҳува мебошад, гуноҳ аст. Гуноҳ моро аз Яҳува дур мекунад, барои ҳамин Ӯ моро таълим медиҳад, то тавре рафтор кунем, ки Ӯро хафа насозем. Яҳува Одаму Ҳавворо бегуноҳ офарид, лекин онҳо дидаву дониста бар зидди Ӯ баромаданд. Ҳамин тавр онҳо гунаҳкор шуданд ва дигар бе камбудӣ набуданд. Оқибат, онҳо пир шуданд ва мурданд. Мо ҳам гунаҳкор таваллуд мешавем, пир мешавем ва мемурем, чунки фарзандони Одаму Ҳавво ҳастем ва гуноҳи онҳо ба мо гузаштааст.

▸ Боби 3, сарх. 7; боби 5 сарх. 3

9 ҲАРМИҶИДӮН

Ин ҷанги Худо бар зидди Шайтон аст. Дар ин ҷанг Худо Шайтон ва ҳама бадиро аз рӯйи замин бартараф мекунад.

▸ Боби 3, сарх. 13; боби 8, сарх. 18

10 ПОДШОҲИИ ХУДО

Подшоҳии Худо ҳукуматест, ки Яҳува дар осмон барпо кардааст. Ҳокими он Исои Масеҳ мебошад. Дар оянда Яҳува ба воситаи ин Подшоҳӣ тамоми бадиро нест мекунад. Баъд аз ин Подшоҳии Худо бар тамоми замин ҳукмронӣ мекунад.

▸ Боби 3, сарх 14

11 ИСОИ МАСЕҲ

Исо аввалин офаридаи Яҳува аст. Яҳува Исоро ба замин фиристод, то ки ӯ барои ҳамаи одамон ҷонашро диҳад. Баъд аз кушта шудани Исо, Яҳува ӯро зинда кард. Ҳозир Исо дар Подшоҳии Худо подшоҳ мебошад.

▸ Боби 4, сарх. 2

12 ПЕШГӮИИ 70 ҲАФТСОЛА

Китоби Муқаддас омадани Масеҳро пешгӯӣ карда буд. Дар он гуфта шуда буд, ки ӯ дар охири 69 ҳафтсола меояд. Ин мӯҳлат соли 455-и пеш аз милод сар шуда, соли 29-и милодӣ тамом шуд.

Аз куҷо медонем, ки 69 ҳафтсола соли 29-и милодӣ тамом шуд? Биёед мефаҳмем. Ин муддат соли 455-и пеш аз милод сар шуд, вақте Наҳемё ба Ерусалим баргашт ва сохтмони шаҳрро сар кард (Наҳемё 2:1, 5–8; Дониёл 9:25). Агар аз соли 455-и пеш аз милод 483 сол гузарад, соли 29-и милодӣ мешавад (зеро соли 0-ум вуҷуд надорад). Ана дар ҳамин сол Исо таъмид гирифт ва Масеҳ гашт (Луқо 3:1, 2, 21, 22).

Дар ҳамон пешгӯӣ дар бораи боз як ҳафтсола гуфта шуда буд. Дар байни ин ҳафтсола, соли 33-и милодӣ, Масеҳ бояд кушта мешуд ва аз соли 36-и милодӣ паҳн кардани хушхабари Подшоҳии Худо ба ҳама халқҳо бояд сар мешуд (Дониёл 9:24–27).

▸ Боби 4, сарх. 7

Ҷадвал: Пешгӯиҳои боби 9-уми китоби Дониёл дар бораи ҳафт ҳафтсола, ки ба омадани Масеҳ ишора мекунад

13 ХУДО СЕГОНА НЕСТ

Китоби Муқаддас мегӯяд, ки Яҳува Худо Офаридгори ҳама мавҷудот аст ва аз ҳама пеш Исоро офаридааст (Қӯлассиён 1:15, 16). Исо Худои Қодир нест. Ӯ худаш ҳеҷ гоҳ нагуфтааст, ки Худо мебошад. Исо боре чунин гуфта буд: «Падар аз Ман бузургтар аст» (Юҳанно 14:28; 1 Қӯринтиён 15:28). Лекин баъзе динҳо таълим медиҳанд, ки Худо сегона аст, яъне Исо Худост, Падараш ҳам Худост ва рӯҳи муқаддас ҳам Худост. Ин таълимоти дурӯғ аст, чунки дар ҳеҷ ҷои Китоби Муқаддас калимаи «Сегона» вонамехӯрад.

Рӯҳи муқаддас қувваи Худост, ки ба воситаи он Яҳува хосташро иҷро мекунад. Он худи Худо ва ё ягон шахс нест. Масалан, дар бораи масеҳиёни аввал навишта шудааст, ки онҳо аз «Рӯҳулқудс пур шуданд». Худо ҳам чунин ваъда дода буд: «Рӯҳи Худро бар тамоми башар хоҳам рехт» (Аъмол 2:1–4, 17). Аз ин оятҳо бармеояд, ки рӯҳи муқаддас шахс нест, балки қувваи Худост.

▸ Боби 4, сарх. 12; боби 15, сарх. 17

14 САЛИБ (КРЕСТ)

Барои чӣ масеҳиёни ҳақиқӣ дар ибодати Худо салиб (крест)-ро истифода намебаранд?

  1. Салибро дар дини дурӯғ муддати зиёде истифода мебурданд. Дар замонҳои қадим бутпарастон ҳангоми парастиши қувваҳои табиат ва расму оини бутпарастонаву бадахлоқонаи худ салибро ба кор мебурданд. Дар муддати сесад соли пас аз марги Исо масеҳиён салибро истифода намебурданд. Лекин баъдтар, императори Рум Константин салибро рамзи дини масеҳӣ кард. Барои чӣ? То ки бутпарастонро ба дини масеҳӣ ҷалб кунад. Аммо салиб бо марги Исо алоқаманд нест. Дар як энсиклопедия гуфта мешавад: «Салиб дар динҳои пеш аз масеҳӣ ва динҳои ғайримасеҳӣ бисёр вомехӯрд» (New Catholic Encyclopedia).

  2. Исо дар салиб намурда буд. Калимаи юноние, ки «салиб» тарҷума шудааст, маънои «ғӯлачӯб», «чӯби рост», «сутун» ё «дарахт»-ро дорад. Дар як китоб гуфта мешавад: «Дар ягон ҷои Навиштаҳои Юнонӣ ду чӯб дар назар дошта нашудаанд» (The Companion Bible). Маълум мешавад, ки Исо дар чӯби рост мехкӯб шудааст.

  3. Яҳува намехоҳад, ки дар вақти ибодат сурат, тасвир ва ё ягон чизи дигарро истифода барем (Хуруҷ 20:4, 5; 1 Қӯринтиён 10:14).

▸ Боби 5, сарх. 12

15 ШОМИ ЁДБУД

Исо ба шогирдонаш фармуда буд, ки ёдбудашро қайд кунанд. Онҳо ҳар сол 14-и нисон, яъне ҳамон рӯзе, ки исроилиён иди Фисҳро ҷашн мегирифтанд, Ёдбуди Масеҳро қайд мекунанд. Дар вақти ин маросим нон ва шароб аз даст ба даст гузаронда мешавад. Онҳое, ки умед доранд дар оянда бо Исо дар осмон ҳукмронӣ кунанд, аз нону шароб мехӯранд. Касоне, ки умеди дар замин зиндагӣ карданро доранд, аз нону шароб намехӯранд, лекин бо иштироки худ дар ин маросим ҳурматашонро нишон медиҳанд.

▸ Боби 5, сарх. 21

16 ҶОН

Калимаи ибронӣ ва юнонии «ҷон» дар Китоби Муқаддас ба маъноҳои зерин меояд: 1) одам, 2) ҳайвон, 3) ҳаёти одам ва ё ҳайвон. Биёед якчанд мисолро дида бароем.

  • Одам. Дар Китоби Муқаддас Яҳува чунин мегӯяд: «Инак ҳамаи ҷонҳо аз они Ман аст; хоҳ ҷони падар ва хоҳ ҷони писар аз они Ман аст; ҷоне ки гуноҳ карда бошад, хоҳад мурд» (Ҳизқиёл 18:4). Маълум аст, ки ин ҷо гап дар бораи одам меравад, чунки фақат одам гуноҳ ё хато мекунад.

  • Ҳайвон. «Худо гуфт: “Об аз ҷонварҳои бешумор пур шавад; ва паррандагон болои замин, бар рӯи фалаки осмон парвоз кунанд”. Ва Худо гуфт: “Замин ҷони зиндаро мувофиқи ҷинсаш, чорпоён, ва ҳайвоноти хазанда, ва ҳайвонҳои ваҳшии заминро мувофиқи ҷинсашон берун оварад”. Ва чунин шуд» (Ҳастӣ 1:20, 24).

  • Ҳаёти одам ва ё ҳайвон. «Худованд дар Мидён ба Мусо гуфт: “Рафта, ба Миср баргард, зеро ҳамаи онҳое, ки қасди ҷони ту доштанд, мурдаанд”» (Хуруҷ 4:19). Вақти дар замин буданаш, Исо гуфта буд: «Ман чӯпони некам: чӯпони нек ҷони худро барои гӯсфандон фидо мекунад» (Юҳанно 10:11).

    Ҳамчунин, калимаи «ҷон» дар таркиби баъзе ибораҳо вомехӯрад. Масалан, вақте одам ягон чизро «бо тамоми ҷони худ» мекунад, ӯ кӯшиш мекунад, ки онро аз таҳти дил ва бо тамоми қувват иҷро кунад (Матто 22:37; Такрори Шариат 6:5). Калимаи «ҷон» боз барои тасвир кардани одаме, ки мурдааст ва ё ба мурдан наздик аст, истифода мешавад (Айюб 33:22).

▸ Боби 6, сарх. 5; боби 15, сарх. 17

17 РӮҲ

Калимаи ибронӣ ва юнонии «рӯҳ» дар Китоби Муқаддас ба ҳар маъно омадааст. Лекин дар ҳар маврид гап дар бораи ягон чизи нонамоён меравад, масалан, шамол ва нафаси одам ё ҳайвон. Ин калима ҳамчунин рӯҳи муқаддас, яъне қувваи Худо ва ё фариштагони хубу бадро дар назар дошта метавонад. Дар Китоби Муқаддас гуфта намешавад, ки баъди марги одам ягон чиз аз вай баромада, зиндагиро давом медиҳад (Хуруҷ 35:21; Забур 103:29; Матто 12:43; Луқо 11:13).

▸ Боби 6, сарх. 5; боби 15, сарх. 17

18 ҶАҲАННАМ

«Ҷаҳаннам» аз калимаи юнонӣ пайдо шуда, дар Китоби Муқаддас ба абадан нест шудани одамони бад ишора мекунад. Дар Китоби Муқаддаси тоҷикӣ ин калима дар бисёр ҷойҳо «дӯзах» тарҷума шудааст, ки ин нодуруст аст. Ҷаҳаннам номи водиест дар Ерусалим, ки дар он партовҳо сӯзонда, нест карда мешуданд. Дар ҳеҷ ҷо гуфта намешавад, ки дар замонҳои Исо дар он водӣ одамон ва ё ҳайвонҳоро зинда ба зинда партофта, месӯзонданд. Барои ҳамин вақте дар матни аслии Китоби Муқаддас калимаи «ҷаҳаннам» меояд, ҷойи азоби беохири мурдагон дар назар дошта нашудааст. Вақте Исо дар бораи «ҷаҳаннам» гап мезад, ӯ дар назар дошт, ки бадкорон несту нобуд мешаванд ва дигар Худо онҳоро зинда намекунад (Матто 5:22; 10:28).

▸ Боби 7, сарх. 20

19 ДУОИ НАМУНАВИИ ИСО

Боре Исо ба шогирдонаш чӣ хел дуо гуфтанро ёд дода буд. Он дуо дуои намунавӣ ном гирифтааст. Ҳамчунин онро дуои «Падари мо» меноманд. Баъзе чизҳое, ки Исо дар бораи дуогӯӣ ба шогирдонаш таълим дода буд, инҳоянд:

  • «Исми Ту муқаддас бод»

    Вақте чунин мегӯем, аз Яҳува хоҳиш мекунем, ки номаш аз ҳар гуна тӯҳмат пок шавад, то ҳам дар осмону ҳам дар замин, ҳама Худоро эҳтиром кунанд.

  • «Малакути Ту биёяд»

    Ин хел гуфта мо дуо мекунем, ки Подшоҳии Худо дунёи Шайтонро нест кунад, бар замин ҳукмронӣ кунад ва онро биҳишт гардонад.

  • «Иродаи Ту... дар замин ҳам ба амал ояд»

    Бо ин суханон мо аз Яҳува мепурсем, ки нияти аввалааш дар бораи замин иҷро шавад ва одамони итоаткору бегуноҳ беохир дар Биҳишт зиндагӣ кунанд.

▸ Боби 8, сарх. 2

20 ҚУРБОНИИ ИСО

Барои он ки одамонро аз гуноҳу марг халос кунад, Яҳува Исоро қурбон кард. Одам ҳаёти бегуноҳро аз даст дод. Барои ҳамин барои бартараф кардани зараре, ки Одам ба фарзандонаш расонда буд, ҳаёти дигар одами бегуноҳ даркор буд. Яҳува Исоро фиристод, ки барои ҳама одамони гунаҳкор ҷонашро диҳад. Ба воситаи ин қурбонӣ ҳама одамон имконият пайдо карданд, ки чун одамони бегуноҳ дар биҳишт беохир зиндагӣ кунанд.

▸ Боби 8, сарх. 21; боби 9, сарх. 13

21 БАРОИ ЧӢ СОЛИ 1914 САНАИ МУҲИМ АСТ?

Аз боби 4-и китоби Дониёл маълум мешавад, ки Худо Подшоҳии худро соли 1914 барпо мекунад.

Пешгӯӣ: Яҳува ба шоҳ Набукаднесар дар хобаш дарахти баландеро нишон дод, ки бурида мешавад. Дар хоби худ шоҳ мебинад, ки кундаи дарахти бурида бо занҷирҳои оҳанину мисин баста мешавад, то ки дар муддати «ҳафт замон» калон нашавад. Баъд аз ин муддат дарахт аз нав месабзад (Дониёл 3:31; 4:7–13).

Чаро ин пешгӯӣ бароямон муҳим аст? Дарахт ҳокимияти Худоро тасвир мекунад. Солҳои зиёд Яҳува ба воситаи подшоҳон бар халқи Исроил ҳукмронӣ мекард. Онҳо дар Ерусалим подшоҳӣ мекарданд (1 Вақоеънома 29:23). Лекин он подшоҳон ба Яҳува вафодор намонданд, барои ҳамин ҳукмрониашон дер давом накард. Ерусалим соли 607-и то милод вайрон карда шуд. Он вақт «ҳафт замон» сар шуд (4 Подшоҳон 25:1, 8–10; Ҳизқиёл 21:25–27). Вақте Исо дар замин буд, ӯ «ҳафт замон»-ро дар назар дошта чунин гуфт: «Ерусалим поймоли ғайрияҳудиён хоҳад шуд, то даме ки даврони ғайрияҳудиён ба анҷом расад» (Луқо 21:24). Ин нишон медиҳад, ки дар рӯзҳои Исо «ҳафт замон» ҳоло тамом нашуда буд. Яҳува ваъда дод, ки дар охири «ҳафт замон» подшоҳи худро таъин мекунад. Ҳукмронии ин подшоҳ, яъне Исо беохир мешавад ва ба халқи Худо баракатҳои зиёд меорад (Луқо 1:30–33).

«Ҳафт замон» чӣ қадар давом кард? Он 2520 сол давом кард. Агар аз соли 607-и то милод 2520 сол гузарад, соли 1914 мешавад (соли 0-ум нест). Дар ин сол Яҳува Исои Масеҳро подшоҳи ҳукумати осмонии худ кард.

Адади 2520 аз куҷо пайдо шуд? Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки сею ним замон ба 1260 рӯз баробар аст (Ваҳй 12:6, 14). Пас, «ҳафт замон», ки аз сею ним замон ду маротиба зиёд аст, ба 2520 рӯз баробар аст. Азбаски дар пешгӯиҳои Китоби Муқаддас бисёр вақт «як рӯзро ба ҷои як сол» ҳисоб мекунанд, «ҳафт замон» ба 2520 сол баробар мешавад (Ададҳо 14:34; Ҳизқиёл 4:6).

▸ Боби 8, сарх. 23

Ҷадвале, ки дар он сана ва воқеаҳои бо хоби Набукаднесар алоқаманд, тасвир шудаанд

22 МИКОИЛ — САРВАРИ ФАРИШТАҲО

Дар Китоби Муқаддас номи Микоил якчанд бор вомехӯрад ва ӯ «сарвари фариштаҳо» номида мешавад (Яҳудо 9, ТДН; Дониёл 12:1).

Микоил пешвои лашкари осмонии Худо, яъне фариштагон аст. Дар Ваҳй 12:7 гуфта мешавад: «Микоил ва фариштаҳояш ба муқобили... аждаҳо ва фариштаҳояш меҷангиданд». Китоби Ваҳй ҳамчунин мегӯяд, ки пешвои лашкари осмонии Худо Исо мебошад. Аз ин ҷо маълум мешавад, ки Микоил номи дигари Исост (Ваҳй 19:14–16).

▸ Боби 9, сарх. 4

23 ОХИРЗАМОН

«Охирзамон» гуфта, замоне дар назар дошта мешавад, ки дар он воқеаҳои муҳим рӯй медиҳанд ва баъди ин Подшоҳии Худо ҷаҳони Шайтонро несту нобуд мекунад. Дар Китоби Муқаддас он ҳамчунин «айёми охир» ва «омадани [«ҳузури», ТДН] Писари Одам» номида шудааст (Матто 24:3, 27, 37). «Охирзамон» соли 1914 сар шуд, вақте ки дар осмон Подшоҳии Худо ҳукмрон шуд. Охирзамон кай бояд тамом шавад? Вақте Подшоҳии Худо дар ҷанги Ҳармиҷидӯн дунёи Шайтонро нест мекунад (2 Петрус 3:3; 2 Тимотиюс 3:1).

▸ Боби 9, сарх. 5

24 ЗИНДАШАВӢ

Дар Китоби Муқаддас даҳ воқеаи зиндашавии одамон навишта шудааст. Он одамонро Илёс, Элишоъ, Исо, Петрус ва Павлус зинда карда буданд. Онҳо бе қуввати Худо ин корро ҳеҷ гоҳ карда наметавонистанд. Яҳува ваъда медиҳад, ки «ҳам барои одилон ва ҳам барои золимон» зиндашавӣ дар пеш аст (Аъмол 24:15). Дар Китоби Муқаддас боз гуфта шудааст, ки баъзеҳо барои ҳаёт дар осмон зинда мешаванд. Ин интихобшудагон дар осмон ҳамроҳи Исои Масеҳ зиндагӣ мекунанд (Юҳанно 5:28, 29; 11:25; Филиппиён 3:11; Ваҳй 20:5, 6).

▸ Боби 9, сарх. 13

25 АЛОҚА БО ДЕВҲО

Алоқа бо девҳо бар зидди Китоби Муқаддас аст, хоҳ одам бо худи девҳо алоқа кунад, хоҳ ба воситаи фолбин, ҷодугар ва ё каси дигар. Одамоне, ки ба фолбинӣ, ҷодугарӣ ва ё амалҳои ба ин монанд даст мезананд, ба таълимоти дурӯғе бовар доранд, ки гӯё баъд аз марги одам рӯҳаш зинда мемонад. Девҳо кӯшиш мекунанд, ки одамонро аз роҳи рост берун кунанд ва мехоҳанд, ки онҳо ба Худо беитоат шаванд. Толеъбинӣ, гарму хунуккунӣ, ириму ҷирим, тӯмору раднома — ҳамаи инҳо бо девҳо алоқаманданд. Ҳамчунин толеъномаҳо, бисёр китобҳову филмҳо, навиштаҷотҳо ва ҳатто баъзе шеъру суруд ба алоқа бо девҳо дохил мешаванд. Инҳо дар назари одамон девҳо ва сеҳру ҷодуро чун як чизи шавқовару безарар тасвир мекунанд. Бисёр маросимҳои бо мурда алоқаманд, масалан, худоӣ, чил ва ғайра алоқа бо девҳоро дар бар мегиранд. Баъзе одамон дар ҳаққи арвоҳи мурдагон дуо мегӯянд, барои шод кардани онҳо хӯрок мепазанд ва ба дигарон тақсим мекунанд, қурбонӣ мекунанд, аз мурдагон ёрӣ мепурсанд ва маросимҳои дигарро иҷро мекунанд. Лекин ҳар коре, ки барои шод кардани арвоҳи мурдагон карда мешавад, алоқа бо девҳо мебошад (Ғалотиён 5:20, 21; Ваҳй 21:8).

▸ Боби 10, сарх. 10; боби 16, сарх. 4

26 ҲОКИМИЯТИ ЯҲУВА

Яҳува Худои Қодир аст ва ҳама чизро офаридааст (Ваҳй 15:3). Барои ҳамин Ӯ Соҳиб ва Хӯҷаини ҳама чиз аст ва ҳуқуқи пурра дорад, ки бар офаридаҳояш ҳукмронӣ кунад (Забур 23:1; Ишаъё 40:21–23; Ваҳй 4:11). Ӯ барои ҳама офаридаҳояш қонун додааст. Яҳува ҳуқуқ дорад, ки дигаронро ҳоким таъин кунад. Чӣ тавр мо метавонем ҳокимияти Яҳуваро дастгирӣ кунем? Агар Ӯро дӯст дорем ва ба гапаш гӯш диҳем (1 Вақоеънома 29:11).

▸ Боби 11, сарх. 10

27 АБОРТ

Аборт — куштани кӯдакест, ки дар шиками модараш аст. Ногаҳон ё дар натиҷаи ягон нохушӣ мурдани кӯдаки таваллуднашуда аборт ҳисоб намешавад. Аз вақти пайдо шудани кӯдак дар шиками модар, ӯ дар назари Худо қисми бадани модараш неву одами зинда аст. Барои ҳамин аборт ба одамкушӣ баробар аст.

▸ Боби 13, сарх. 5

28 ХУНГУЗАРОНӢ

Баъзан барои табобат хуни як касро ба каси дигар мегузаронанд. Ҳамчунин метавонанд хуни худи одамро дар ягон ҷо нигоҳ дошта, баъд ба бадани худаш гузаронанд. Ҳамаи ин корҳо хунгузаронӣ ҳисоб меёбанд. Хун аз чор қисми асосӣ иборат аст: плазма, эритротситҳо, лейкотситҳо ва тромботситҳо. Ҳатто агар худи хун неву яке аз қисмҳои асосии онро ба бадани одам гузаронанд, он хунгузаронӣ ҳисоб мешавад.

▸ Боби 13, сарх. 13

29 ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ

Калимае, ки дар Китоби Муқаддас чун «насиҳат» ва ё «таълим» омадааст, фақат маънои ҷазоро надорад. Таълим додан маънои ислоҳ кардан, фаҳмондан ва омӯзонданро дорад. Вақти таълим додан Яҳува ҳеҷ гоҳ бераҳмона ва дағалона рафтор намекунад (Масалҳо 4:1, 2). Ӯ барои падару модар намунаи беҳтарин аст. Таълиму насиҳати Яҳува фақат фоида меорад. Барои ҳамин вақте Яҳува моро ислоҳ мекунад, ин ба мо ҳатто маъқул шуда метавонад (Масалҳо 12:1). Яҳува халқашро дӯст медорад ва таълим медиҳад. Ӯ ба онҳо дастурот медиҳад ва ёрдам мекунад, ки тарзи фикррониашонро ислоҳ кунанд ва рафтору фикрашон ба Яҳува маъқул бошад. Падару модар ҳам бояд ба фарзандонашон ёрдам кунанд, то онҳо зарур будани таълиму тарбияро фаҳманд. Падару модар ҳамчунин ба фарзандонашон бояд кӯмак кунанд, то онҳо ба Яҳува муҳаббат пайдо кунанд, Каломашро дӯст доранд ва гуфтаҳои онро фаҳманд.

▸ Боби 14, сарх. 13

30 ДЕВҲО

Девҳо фариштагони баданд ва аз одамон пурқувваттар ҳастанд. Мо онҳоро дида наметавонем. Онҳо аввал фариштагони хуб буданд, лекин аз гапи Худо рӯ тофта, бар зидди Ӯ баромаданд (Ҳастӣ 6:2; Яҳудо 6). Онҳо ба Шайтон ҳамроҳ шуданд ва мисли вай душманони Худо гаштанд (Такрори Шариат 32:17; Луқо 8:30; Аъмол 16:16; Яъқуб 2:19).

▸ Боби 16, сарх. 4

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан