ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • jy боби 30 саҳ. 74-саҳ. 75 сарх. 9
  • Исо писари Худост

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Исо писари Худост
  • Ҳазрати Исо — роҳ, ростӣ ва ҳаёт
  • Маводи монанд
  • Саволи Яҳё ба Исо
    Ҳазрати Исо — роҳ, ростӣ ва ҳаёт
  • Ба кадом маъно Исо ва Падар яканд?
    Ҳазрати Исо — роҳ, ростӣ ва ҳаёт
  • Исои Масеҳ кист?
    Таълимоти Китоби Муқаддас
  • Таъмид гирифтани Исо
    Ҳазрати Исо — роҳ, ростӣ ва ҳаёт
Маълумоти бештар
Ҳазрати Исо — роҳ, ростӣ ва ҳаёт
jy боби 30 саҳ. 74-саҳ. 75 сарх. 9
Яҳудиён Исоро дар вайрон кардани рӯзи шанбе айбдор мекунанд

БОБИ 30

Исо писари Худост

ЮҲАННО 5:17–47

  • ИСО ПИСАРИ ХУДОСТ

  • МУРДАҲО ЗИНДА МЕШАВАНД

Вақте баъзе яҳудиён Исоро айбдор мекунанд, ки ӯ дар рӯзи шанбе мардро шифо бахшид, Исо ба онҳо мегӯяд: «Падари ман то ҳол кор карда истодааст ва ман низ кор мекунам» (Юҳанно 5:17).

Албатта, он мардро шифо дода Исо амри Шариатро дар бораи рӯзи шанбе вайрон накард. Ӯ ба корҳои хуби Худо пайравӣ карда ба одамон хушхабарро мавъиза мекунад ва беморонро шифо мебахшад. Исо ҳар рӯз корҳои хуб мекунад. Лекин ҷавоби Исо айбҷӯёнашро боз ҳам бештар ба хашм меорад ва онҳо ҳатто қасди куштани ӯро мекунанд. Барои чӣ?

Пеш аз ин яҳудиён Исоро барои дар рӯзи шанбе шифо бахшиданаш айбдор карданд. Лекин ҳоло онҳо аз он ки Исо Худоро Падар гуфт, бештар дарғазаб шуданд. Онҳо ин суханони Исоро куфр мешуморанд ва гумон мекунанд, ки бо ин Исо худро ба Худо баробар кардан мехоҳад. Исо бошад, наметарсад ва рӯирост мегӯяд, ки ба Худо то чӣ андоза наздик аст: «Падар Писарро дӯст медорад ва ҳама чизеро, ки худаш ба амал меоварад, ба ӯ нишон медиҳад» (Юҳанно 5:20).

Падар Сарчашмаи ҳаёт аст. Дар замонҳои пеш Ӯ ба ходимонаш қудрат медод, ки мурдаҳоро зинда кунанд. Исо ба ин ишора карда мегӯяд: «Чи тавре ки Падар мурдагонро бармехезонад ва зинда мекунад, Писар низ ҳамон тавр ҳар касеро хоҳад, зинда мекунад» (Юҳанно 5:21). Чӣ суханони пурмаъно ва умедбахше! Ҳатто ҳоло Писар одамонро аз марги рӯҳонӣ зинда мекунад. Барои ҳамин Исо мегӯяд: «Ҳар кӣ сухани маро мешунавад ва ба Оне, ки маро фиристодааст, боварӣ дорад, соҳиби ҳаёти ҷовидонист ва ӯ маҳкум намегардад, балки аз марг ба ҳаёт гузаштааст» (Юҳанно 5:24).

То ин дам Исо ягон одами мурдаро зинда накардааст. Лекин ӯ ба он яҳудиён мегӯяд: «Соате мерасад, ки ҳамаи онҳое, ки дар қабр мебошанд, овози ӯро хоҳанд шунид ва берун хоҳанд омад» (Юҳанно 5:28, 29). Ин нишон медиҳад, ки дар оянда мурдагон ба маънои аслӣ зинда мешаванд.

Дар оянда Исо одамонро доварӣ мекунад ва мурдагонро зинда мегардонад. Ин вазифаро ба ӯ Худо медиҳад. Худи Исо мегӯяд, ки ӯ ба Худо баробар нест: «Ман наметавонам аз пеши худ ягон коре кунам... зеро на хости худ, балки хости Фиристандаамро иҷро кардан мехоҳам» (Юҳанно 5:30). То ин дам Исо дар бораи корҳое, ки барои иҷро шудани нияти Худо мекунад, дар назди ҳама гап назада буд. Лекин дар бораи Исо Яҳё-пайғамбар низ шаҳодат дода буд. Исо мегӯяд: «Шумо ба назди Яҳё кас фиристодед ва ӯ дар бораи ман ҳақиқатро гуфт» (Юҳанно 5:33).

Аз афташ, айбҷӯёни Исо медонанд, ки тақрибан ду сол пеш пайғамбар Яҳё ба сарварони дини яҳудӣ дар бораи касе гуфта буд, ки баъди ӯ меояд ва одамон ӯро «пайғамбари пешгӯйишуда» ва «Масеҳ» меноманд (Юҳанно 1:20–25). Ӯ хотиррасон мекунад, ки чӣ тавр як вақтҳо онҳо пайғамбар Яҳёро, ки ҳоло дар зиндон аст, ҳурмату эҳтиром мекарданд. Барои ҳамин чунин мегӯяд: «Шумо муддати кӯтоҳе хоҳиш доштед, ки дар нури ӯ [Яҳё] шодӣ кунед» (Юҳанно 5:35). Ҳоло бошад, Исо шаҳодате медиҳад, ки аз шаҳодати Яҳё бузургтар аст.

Исо мегӯяд: «Корҳое, ки ба ҷо меорам [аз он ҷумла навакак шифо додани он мард], аз он шаҳодат медиҳанд, ки маро Падар фиристодааст». Баъд илова мекунад: «Худи Падар низ, ки маро фиристод, дар бораам шаҳодат додааст» (Юҳанно 5:36, 37). Лекин кай Худо дар бораи Исо шаҳодат дод? Масалан, дар вақти таъмид гирифтани ӯ (Матто 3:17).

Дар ҳақиқат, айбҷӯёни Исо ҳеҷ узре надоранд ва рафторашонро ҳеҷ чиз сафед карда наметавонад! Онҳо даъво мекунанд, ки Навиштаҳоро меомӯзанд, лекин худи Навиштаҳо дар бораи Исо шаҳодат медиҳанд. Исо дар охир мегӯяд: «Агар шумо ба Мӯсо бовар мекардед, ба ман ҳам бовар мекардед, зеро ӯ дар бораи ман навишта буд. Вале, агар шумо ба он чизе, ки ӯ навиштааст, бовар накунед, пас, чӣ тавр ба суханони ман бовар мекунед?» (Юҳанно 5:46, 47).

  • Чаро Исо бо кардани корҳои хуб дар рӯзи шанбе Шариатро вайрон намекунад?

  • Исо барои иҷро шудани нияти Худо чӣ кор мекунад?

  • Чӣ исбот мекунад, ки Исо Писари Худост?

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан