БОБИ 31
Оё дар рӯзи шанбе хӯшачинӣ равост?
МАТТО 12:1–8 МАРҚӮС 2:23–28 ЛУҚО 6:1–5
ШОГИРДОН ДАР РӮЗИ ШАНБЕ ХӮША МЕЧИНАНД
ИСО «ХӮҶАИНИ РӮЗИ ШАНБЕ АСТ»
Исо ва шогирдонаш як рӯзи шанбе ба тарафи шимол, ба Ҷалил, равона мешаванд. Дар ин фасли баҳор дар саҳро гандум бисёр аст. Шогирдон гурусна мемонанд ва хӯшаҳои гандумро чида, мехӯранд. Ин кори онҳоро фарисиён мебинанд.
Ба хотир оред, ки чанде пеш яҳудиён дар Ерусалим Исоро барноҳақ айбдор карданд, ки ӯ рӯзи шанберо риоя намекунад, ва барои ин ӯро куштан мехостанд. Ҳоло бошад, фарисиён ба хӯшачинии шогирдон ишора карда, ба Исо мегӯянд: «Нигоҳ кун! Шогирдони ту дар рӯзи шанбе кореро мекунанд, ки раво нест» (Матто 12:2).
Яҳува дар Шариат ба халқи Исроил чунин гуфта буд: «Шаш рӯз кор кун, ва дар рӯзи ҳафтум истироҳат намо» (Хуруҷ 34:21). Фарисиён бошанд, ин амри Шариатро нодуруст маънидод карда, шарҳу тафсилоти аз ҳад зиёде дода буданд ва ҳар як чизи майда-чуйдаро кор мешумурданд, ба тавре ки риояи рӯзи шанбе барои одамони одӣ бори гарон шуда буд. Онҳо чидан ва бо даст молидани хӯшаҳоро кор шумурда, онро ба дарав ва орд кардани ғалла баробар карданд. Лекин Яҳува ният дошт, ки исроилиён дар рӯзи шанбе аз таълими Ӯ баҳравар шаванд ва он барояшон хурсандибахш бошад. Исо якчанд мисол оварда нодуруст будани фикрронии фарисиёнро нишон медиҳад. Ӯ мефаҳмонад, ки Худо ҳеҷ гоҳ намехост, ки риояи рӯзи шанбе барои одамон бори гарон шавад.
Аввал Исо Довуд ва ҳамроҳонашро мисол меорад. Боре, вақте онҳо гурусна буданд, ба хайма даромада, нонҳои пешкашшударо хӯрданд. Асосан, вақте нонҳои пешкашшударо гирифта, ба ҷояшон навашро мемонданд, нонҳои кӯҳнаро бояд коҳинон мехӯрданд. Лекин Довуд ва ҳамроҳонаш аз беилоҷӣ ин нонҳоро хӯрданд ва ҳеҷ кас онҳоро барои ин маҳкум накард (Ибодат 24:5–9; 1 Подшоҳон 21:1–6).
Баъди ин Исо мисоли дигаре оварда мегӯяд: «Магар дар Таврот нахондаед, ки дар рӯзҳои шанбе коҳинон дар маъбад қонунро оиди рӯзи шанбе вайрон мекунанд ва бо вуҷуди ин гунаҳкор ҳисобида намешаванд?» Исо дар назар дорад, ки коҳинон рӯзҳои шанбе дар маъбад қурбонӣ меоранд ва корҳои дигар мекунанд. Ӯ гапашро давом дода мегӯяд: «Аммо ман ба шумо мегӯям: шахсе, ки дар ин ҷост, аз маъбад ҳам бузургтар аст» (Матто 12:5, 6; Ададҳо 28:9).
Исо боз ба Навиштаҳо ишора мекунад: «Вале, агар шумо мефаҳмидед, ки суханони “раҳму шафқат мехоҳам, на қурбонӣ” чӣ маъно доранд, одамони бегуноҳро маҳкум намекардед». Баъд ӯ илова мекунад: «Писари одам бошад, Хӯҷаини рӯзи шанбе аст». «Рӯзи шанбе» гуфта, Исо ба ҳукмронии ҳазорсолаи худ ишора мекунад, ки дар он одамон аз сулҳу оромӣ баҳравар мешаванд (Матто 12:7, 8; Ҳушаъ 6:6).
Одамизод тӯли асрҳо асири дунёи Шайтон аст, дунёе, ки пур аз азобу машаққат ва зӯровариву ҷанг мебошад. Лекин дар шанбеи бузург, яъне ҳангоми ҳукмронии Масеҳ, ҳамаи одамоне, ки ташнаи осудагиву роҳатанд, лаззат хоҳанд бурд.