БОБИ ПОНЗДАҲ
Эҳтироми волидони солхӯрда
1. Чӣ қарзе мо дар назди волидон дорем ва аз ин рӯ чӣ гуна эҳсосу муносибате бояд нисбаташон дошта бошем?
«БА падари худ, ки туро ба дунё овардааст, гӯш андоз; ва аз модари худ, барои пир шуданаш, нафрат накун»,— ин аст панди қадимии марди хирадманде (Масалҳо 23:22). “Охир чӣ гуна ба волидон нафрат карда метавон?!”,— шояд бигӯед шумо. Аксарияти мо ба падару модарамон на танҳо нафрат надорем, балки онҳоро хеле дӯст медорем. Мо дарк менамоем, ки дар назди эшон қарздор ҳастем. Аввалан, волидон ба мо ҳаёт доданд. Ҳарчанд ки Сарчашмаи ҳаёт Яҳува Худост, мо бе падару модар ба дунё омада наметавонистем. Ва ҳеҷ чизе, ки мо ба волидон дода тавонем, аз ҳаёт қимматтар нест. Баъдан, як лаҳза фикр кунед, ки чӣ қадар худфидоӣ, ташвиш, аҳамияту муҳаббат ва харҷҳо лозим аст, ки фарзандро ба воя бирасонӣ. Пас, чӣ ҳаққ аст панди зерини Китоби Муқаддас: «“Падар ва модари худро иззат намо ... то ки некӯаҳвол бошӣ ва бар замин умри дароз бинӣ”» — Эфсӯсиён 6:2, 3.
ДАРКИ НИЁЗҲОИ РАВОНӢ
2. Фарзандони бакамолрасида чӣ гуна метавонанд волидонашонро «қадрдонӣ» намоянд?
2 Павлуси расул ба ходимони Худо навишт: «Бигзор [фарзандон ва ё набераҳо] аввал вазифаи динии худро нисбат ба оила таълим гиранд ва падарону модаронро қадрдонӣ кунанд, зеро ки ин писандидаи Худост» (1 Тимотиюс 5:4). Фарзандони бакамолрасида бар муҳаббату ғамхорие, ки волидон ва бибию бобо солҳо барояшон зоҳир намуданд, «қадрдонӣ»–ро бо миннатдориашон аён месозанд. Яке аз чунин имкониятҳо дарки он аст, ки мисли ҳар як инсон, солхӯрдагон низ ба муҳаббату дастгирӣ ниёз доранд ва аксаран ин ниёз дар онҳо бузург аст. Мисли ҳар яки мо, эшон мӯҳтоҷанд бидонанд, ки дигарон онҳоро қадр мекунанд. Онҳо эҳтиёҷ ба эҳсосе доранд, ки зиндагиашон арзиш дорад.
3. Волидон ва бобою бибиямонро чӣ гуна иззат карда метавонем?
3 Ҳамин тавр мо метавонем волидон, бобою бибиҳоямонро бо зоҳир кардани муҳаббатамон иззат намоем (1 Қӯринтиён 16:14). Агар падару модар бо мо зиндагӣ намекарда бошанд, бояд дар хотир дорем, ки шунидани хабаре аз мо барояшон муҳим аст. Мактуби рӯҳбаландкунанда, занги телефонӣ ё дидорбинӣ барояшон хеле шодиовар хоҳад буд. Мийё, ки дар Ҷопон зиндагӣ мекунад, дар 82–солагияш навишт: «Духтарам [ки шавҳараш ходими сайёр аст], ба ман мегӯяд: “Модар, биё бо мо «сафар» кун!”. Ӯ ба ман нақшаи роҳ ва рақами телефони ҷои зисташонро ҳар ҳафта мефиристад. Ман харитаамро кушода гуфта метавонам: “...Ин ҳафта онҳо дар ана ин ҷоянд!”. Ҳамеша Яҳуваро шукргузорӣ мекунам, ки маро бо чунин духтар баракат бахшид».
КӮМАКИ МОДДӢ
4. Анъанаи динии яҳудиён чӣ гуна ба сангдилии одамон нисбати волидон мусоидат мекард?
4 Оё иззати волидон ҳамчунин маънои ғамхорӣ дар хусуси ниёзҳои моддии онҳоро дошта метавонад? Бале. Аксаран чунин аст. Дар рӯзҳои Исо–пайғамбар, сарварони динӣ анъанае доштанд, ки агар шахсе пулу моли худро «ҳадя барои Худо» эълон намояд, ӯ аз масъулияти ғамхорӣ бар волидон озод аст (Матто 15:3–6). Чӣ сангдилие! Дар асл, он сарварони динӣ мусоидат мекарданд, ки одамон бо зоҳир кардани беэътиноии худхоҳона бар ниёзҳои волидон, бар эшон беҳурматӣ кунанд. Ҳаргиз ин тавр накунем! — Такрори Шариат 27:16.
5. Чаро қатъи назар аз ёрдаме, ки ҳукумати баъзе давлатҳо барои пиронсолон пешкаш мекунад, иззати волидон баъзан кӯмаки моддиро дар бар мегирад?
5 Имрӯз дар аксарияти кишварҳо, баъзе ниёзҳои солхӯрдагон аз қабили ғизо, либос ва хона, аз ҳисоби барномаҳои давлатии таъмини иҷтимоӣ пешкаш мегарданд. Бар замми ин, худи солхӯрдагон низ шояд пасандозе барои пиронсолагиашон карда бошанд. Вале агар ин пасандоз сарф гашта бошад ва ё кофӣ нест, фарзандон ба қадри имкон ба волидон кӯмаки моддӣ расонида, бо ин онҳоро иззат хоҳанд кард. Ғамхорӣ дар хусуси волидайни солхӯрда аз садоқати шахс ба Асосгузори оила — Яҳува Худо шаҳодат медиҳад.
МУҲАББАТ ВА ХУДФИДОӢ
6. Баъзеҳо дар ҳаёти худ чӣ дигаргуниҳое барои бартараф кардани ниёзҳои волидонашон медароранд?
6 Аксарияти фарзандони бакамолрасида ниёзҳои волидони заифу нотавонашонро бо муҳаббату худфидоӣ бартараф месозанд. Баъзеҳо падару модарашонро ба хонаи худ мегиранд ё худашон ба маҳалли ба волидон наздик мекӯчанд. Дигарон қарори дар хонаи падару модар бо онҳо зиндагӣ кардан мекунанд. Аксаран ин дигаргуниҳо ҳам барои волидону ҳам барои фарзандон баракатанд.
7. Чаро ҳангоми ба кӯмак эҳтиёҷ доштани волидони солхӯрда қарорҳоро саросемавор қабул набояд кард?
7 Вале баъзан ин тағйирот натиҷаи хубе намедиҳад. Чаро? Шояд барои он ки қарорҳо саросемавор қабул шуда, фақат бар эҳсосот асос ёфта буданд. «Бофаросат ба ҳар қадами худ диққат медиҳад»,— хирадмандона огоҳ менамояд Китоби Муқаддас (Масалҳо 14:15). Фарз мекунем, ки модари солхӯрдаи шумо аз зистан ба танҳоӣ мушкилӣ мекашад ва шумо фикр доред, ки кӯчидан ба хонаи шумо барояш беҳтар аст. Оқилона дар ин хусус мулоҳиза карда, андешаҳои зеринро ба назар гиред: Эҳтиёҷи ҳақиқии модар чист? Оё хадамоти таъминоти иҷтимоии хусусӣ ё давлатие, ки ин мушкилиро ба таври муносиб ҳал карда тавонанд, вуҷуд доранд? Модар хоҳиши кӯч бастан дорад? Агар дошта бошад, кӯчидан чӣ таъсире ба ҳаёти вай хоҳад гузошт? Оё лозим меояд, ки дӯстонашро тарк кунад? Ин дар вазъи рӯҳияш чӣ гуна инъикос меёбад? Ин суолҳоро бо ӯ муҳокима кардед? Чунин кӯчбандӣ ба шумо, ҳамсаратон, фарзандонатон чӣ тавр таъсир менамояд? Агар ба модаратон нигоҳубин лозим ояд, кӣ мекунад? Оё имконияти тақсим кардани масъулиятҳо хоҳад буд? Ин масъаларо бо тамоми аҳли оила муҳокима намудед?
8. Ҳангоми қарор дар хусуси он ки чӣ тавр ба волидон кӯмак намоед, маслиҳат бо кӣ муфид буда метавонад?
8 Азбаски масъулияти ғамхорӣ бар волидон бар китфи ҳама фарзандони онҳост, оқилона мебуд, ки онҳо дар ҷамъомади оилавӣ ба ҳам омада, қарорҳоро якҷоя қабул кунанд. Сӯҳбат бо пирони ҷамоати ходимони Худо ва ё дӯстоне, ки таҷрибаи чунин вазъият доранд, муфид буда метавонад. «Бе машварат нақшаҳо вайрон мешавад,— мегӯяд Китоби Муқаддас,— вале бо кӯмаки мушовирони бисёр иҷро меёбад» — Масалҳо 15:22.
ҲАМДАРДИВУ ФАҲМ ЗОҲИР КУНЕД
Бе сӯҳбат бо волидон қабули қарорҳо ба ҷои онҳо оқилона нест
9, 10. а) Ҳангоми ғамхорӣ нисбати солхӯрдагон бо вуҷуди куҳансолии онон чиро ба назар бояд гирифт? б) Новобаста аз қарорҳое, ки фарзандони бакамолрасида ба хотири беҳбудии волидон қабул мекунанд, муносибати онҳо нисбати падару модар бояд чӣ гуна бошад?
9 Барои иззату эҳтироми волидони солхӯрда ҳамдардиву фаҳм лозим аст. Бо фарорасии пирӣ, роҳгардиву хӯрдан ва дар хотир доштани чизе торафт душвортар мегардад. Онҳо шояд ба кӯмак эҳтиёҷ пайдо кунанд. Баъзан фарзандон бо ангезаи ғамхорӣ, ба волидонашон аз ҳад зиёд кордор шудаву роҳнамоӣ мекунанд. Аммо волидон шахсони баркамол ҳастанду тӯли ҳаёти пасисаркарда таҷрибаву хирад ҷамъ карданд, худро нигоҳубин намуданд ва худ қарорҳо қабул мекарданд. Шояд фардияту худэҳтиромии онҳо дар падару модар ва шахсони баркамол будан мутаммарказ шуда бошад. Агар волидон эҳсос кунанд, ки лаҷоми идораи зиндагиашонро бояд ба дасти фарзандон диҳанд, ин ба рӯҳафтодагӣ ё ба ғазаби онҳо мусоидат мекунад. Баъзеи волидон бар он чизе, ки ба назарашон ҳамла бар мустақилияташон мекунад, ё қаҳр ё муқовимат менамоянд.
10 Роҳи осони ҳалли чунин мушкилиҳо вуҷуд надорад, вале ба волидони солхӯрда то қадри имкон иҷозаи худашонро нигоҳубин кардану қабули қарорҳои шахсиро додан нишонаи меҳрубонист. Хирадмандона аст, ки бе сӯҳбат бо волидон оиди он ки чӣ барояшон беҳтар хоҳад буд, қарорҳо қабул накунед. Бо расидани пирӣ онҳо аз бисёр чизҳо маҳрум шуданд. Бигузоред, то чизҳоеро, ки ҳанӯз дороянд,— аз қабили мустақилият,— нигаҳ доранд. Шумо хоҳед дид, ки ҳар қадар камтар ба идораи ҳаёти волидонатон бикӯшед, ҳамон қадар муносибататон бо онҳо беҳтар хоҳад шуд. Онҳо хушбахттар мешаванд ва бо онҳо шумо низ. Ҳатто агар ба манфиати худи онҳо ба чизе исрор кардан лозим ояд ҳам, ҳурмати волидон талаб мекунад, ки ба иззати нафсашон нарасед ва эҳтиромеро, ки ба он арзандаанд, ба ҷо оред. Каломи Худо панд медиҳад: «Пеши мӯйсафед бархез ва пирро эҳтиром намо» — Ибодат 19:32.
МУНОСИБАТИ ДУРУСТРО НИГАҲ ДОРЕД
11–13. Ҳатто агар муносибати фарзанди бакамолрасида дар гузашта бо волидонаш хуб набуд, чӣ тавр ӯ ба ҳар ҳол дар пиронсолагиашон ба онҳо ғамхорӣ карда метавонад?
11 Баъзан мушкилӣ дар он аст, ки барои фарзандони бакамолрасида эҳтиром кардани волидони солхӯрдаашон бо сабаби муносибатҳое, ки пештар бо онҳо доштанд,— осон нест. Эҳтимол падаратон ба шумо сарду бемеҳрона муносибат мекарду модаратон омиру ҳукмфармо ва дағал буд. Шояд то ҳанӯз эҳсоси ошуфтагӣ, хашм ё озурдагӣ доред, аз он ки падару модаратон он гунае ки мехостед, набуданд. Оё метавонед, ки бар чунин эҳсосот ғолиб оед?a
12 Бассе, ки дар Финланд ба воя расид, нақл мекунад: “Падарандари ман афсари СС дар Олмони фашистӣ буд. Ӯ ба осонӣ дарғазаб мешуд ва дар чунин лаҳзаҳо хатарнок буд. Борҳо модарамро дар пеши чашмонам зад. Боре ба ман хашм гирифт ва бо тасма қулоч кашида, ба рӯям бо ҳалқаи тасма зад. Зарба чунон сахт буд, ки ман рӯи кат афтодам”.
13 Вале падар хусусиятҳои дигар ҳам дошт. Бассе давом медиҳад: “Аз тарафи дигар, ӯ хеле зиёд меҳнат мекард ва худро барои аз ҷиҳати моддӣ таъмин намудани оила дареғ намедошт. Ӯ ҳаргиз ба ман дилгармии падарона зоҳир намекард, аммо ман медонистам, ки ин асари захмҳоест, ки дар рӯҳияи ӯ монда буд. Ҳанӯз писари хурде буд, ки модараш ӯро аз хона пеш кард. Бо дасти худ барои худ мубориза бурда калон шуд ва дар синни ҷавонӣ ба ҷанг рафт. Ба дараҷае, ман ӯро мефаҳмидам ва гунаҳкор намекардамаш. Вақте бузургтар шудаму падарам бемор гашт, қарор намудам, ки барояш ҳар коре ки аз дастам ояд, карда то дами марг дастгирӣ хоҳамаш кард. Ин амал бароям осон набуд, вале ҳар чизе ки метавонистам, кардам. Ман кӯшидам, ки то ба охир фарзанди хуб бошам ва фикр мекунам падарам маро чунин меҳисобид”.
14. Кадом оят дар ҳар вазъият, аз он ҷумла ҳангоми пайдо шудани эҳтиёҷ ба нигоҳубини волидони куҳансол лоиқи корбурд аст?
14 Дар вазъиятҳои гуногуни оила, чун дар мавриди ҳолатҳои дигар ин панди Китоби Муқаддас лоиқи корбурд аст: «Марҳамат, меҳрубонӣ, хоксорӣ, фурӯтанӣ ва пурсабриро дар бар кунед ва ба ҳамдигар илтифот намуда, якдигарро афв кунед, агар касе аз дигаре ранҷида бошад: чӣ тавре ки ... [«Яҳува», ТДН] шуморо омурзидааст, шумо низ ҳамин тавр кунед» — Қӯлассиён 3:12, 13.
ҒАМХОРОН НИЗ БА ҒАМХОРӢ МӮҲТОҶАНД
15. Чаро нигоҳубини волидон баъзан дардовару аламангез аст?
15 Ғамхорӣ бар волидони заифу нотавонгашта кори осон нест, он вазифаҳои зиёдеро дар бар мегирад ва масъулияти бузург буда, вақти бисёре талаб менамояд. Лекин душвортарин қисми ин кор аксаран фишори равонии он аст. Дидани он ки волидон дар пеши чашмонат саломатӣ, хотира ва мустақилиятро гум мекунанд, талху ногувор мебошад. Сэнди аз Пуэрто–Рико мегӯяд: “Модарам такягоҳи хонадон буд. Ҳангоми ғамхорӣ ба ӯ дидани азобаш хеле дардовар буд. Аввал ӯ ба лангидан сар кард, баъд ба асо мӯҳтоҷ шуд, дертар ба асобағал ва билохир ба аробаи маъюбӣ нишаст. Баъд аз он аҳволаш торафт бад шуд ва охиран ӯ аз олам даргузашт. Вай мубталои саратони устухон буду рӯзу шаб ба нигоҳубин ниёз дошт. Мо ӯро шустушӯ мекардем, ғизо медодем ва барояш адабиёт мехондем. Ин хеле мушкил буд, хусусан эҳсосан. Вақте дарк намудам, ки модарам мемирад, гиря кардам; охир хеле дӯсташ медоштам...”.
16, 17. Кадом маслиҳат ба шахси волиди нотавонро нигоҳубинкунанда барои дар эътидол нигоҳ доштани назараш кӯмак хоҳад кард?
16 Агар шумо дар чунин вазъият қарор дошта бошед, барои аз ӯҳдаи он баромадан чӣ кор карда метавонед? Гӯш додан ба Яҳува тавассути хондани Китоби Муқаддас ва дар дуо ба Ӯ холӣ намудани дил бароятон хеле кӯмак хоҳад кард (Филиппиён 4:6, 7). Амалан, саъй кунед, ки хӯроки серғизо бихӯред ва кофӣ хоб кунед. Ин ҷисму рӯҳи худатонро дастгирӣ хоҳад намуд, то шумо ба шахси наздикатон ғамхорӣ карда тавонед. Гоҳ–гоҳ аз корҳои ҳаррӯза таваққуфу истироҳат намуда метавонед. Ҳатто агар рухсатӣ гирифта натавонед, оқилона мебуд, ки ба ҳар ҳол барои истироҳат вақт ҷудо кунед. Метавонед аз касе хоҳиш намоед, то ҳангоми дар хона набуданатон ҳамроҳи волиди бемори шумо бошад.
17 Аксаран, онҳое ки бар волидони нотавони худ нигоҳубин мекунанд, интизориҳои аз ҳад зиёде зи худ доранд. Вале оиди коре, ки аз дастатон намеояд, худро гунаҳкор набояд кард. Агар шумо нигоҳубинкунандаи волидони нотавон бошед, аз худ беш аз ҳад талаб накунед. Шумо бояд на танҳо эҳтиёҷи волидонатон, балки ниёзҳои бачаҳо, ҳамсаратон ва худатонро низ бароварда созед.
ХУДО «БАРТАРИИ ҚУВВАТ» МЕБАХШАД
18, 19. Яҳува дар хусуси дастгирӣ чӣ ваъдае дод ва кадом намуна нишон медиҳад, ки Худо ин ваъдаашро иҷро мекунад?
18 Яҳува тавассути Каломаш — Китоби Муқаддас бомуҳаббат ҳидоятеро пешкаш мекунад, ки барои шахси волидони нотавонро нигоҳубинкунанда кӯмаки бузурге мебошад. Лекин ёрии Худо бо ин маҳдуд намешавад. «Худованд наздик аст ба ҳамаи онҳое ки Ӯро мехонанд,— навишт забурнависи аз Худо илҳомгирифта.— Истиғосаи онҳоро мешунавад ва онҳоро наҷот медиҳад». Яҳува ходимони содиқашро, ки бо мушкилиҳои сахттарин рӯ ба рӯ шуданд, наҷот медиҳад, ё нигаҳ медорад — Забур 144:18, 19.
19 Мирна, ки сокини Филиппин аст, инро ҳангоми нигоҳубини модари фалаҷгаштааш фаҳмид. “Чизе тазйиқовартар аз дидани он нест, ки шахси наздикат азият мекашаду наметавонад бигӯяд, ки куҷояш дард мекунад,— менависад Мирна.— Модарам, гӯё ки оҳиста–оҳиста ғарқ мешуду вале ман барои халосияш коре карда наметавонистам. Борҳо ба зону афтода, ба Яҳува мегуфтам, ки чӣ тавр хастаям. Мисли Довуд, ки Яҳуваро илтиҷои ба зарфе ҷамъ намудану дар хотир нигоҳ доштани ашкҳояшро менамуд, нола мекардам [Забур 55:9]. Ва Яҳува мувофиқи ваъдааш ба ман қувваеро, ки ба он мӯҳтоҷ будам, дод. «Худованд муттакои ман буд»” — Забур 17:19.
20. Кадом ваъдаи Китоби Муқаддас рӯҳияи нигоҳубинкунандагонро мусбат нигоҳ дошта метавонад, ҳатто дар сурате, ки шахси нигоҳубиншаванда бимирад?
20 Мегӯянд, ки нигоҳубини волидони куҳансол “ҳикояест, ки анҷоми нохуш дорад”. Новобаста аз ҳатто беҳтарин кӯшишҳо дар нигоҳубин, пирон метавонанд бимиранд, мисли оне ки бо модари Мирна рӯй дод. Аммо шахсоне ки ба Яҳува эътимод доранд, медонанд, ки марг анҷоми нохуши ин ҳодиса нест. Павлуси ҳавворӣ гуфтааст: «Аз Худо умед дорам ... ки ҳам барои одилон ва ҳам барои золимон эҳёи мурдагон дар пеш аст» (Аъмол 24:15). Онҳое, ки волидони солхӯрдаашонро марг рабудааст, аз умеди эҳёи мурдагон ва ваъдаи фараҳбахш оиди дунёи наве, ки Худо бунёд мекунад ва дар он «мамот [марг] дигар нахоҳад буд», тасаллӣ ёфта метавонанд — Ваҳй 21:4.
21. Самарҳои хуби иззату ҳурмати волидони пир чӣ гунаанд?
21 Ходимони Худо ба волидони худ иззату эҳтироми амиқ зоҳир менамоянд, ҳатто ҳангоми куҳансол шудани онҳо (Масалҳо 23:22–24). Ва аз ин иҷроиши суханҳои зерини аз Худо илҳомшударо мебинанд: «Бигзор падари ту ва модари ту шод шаванд ва касе ки туро ба дунё овардааст, хурсандӣ кунад» (Масалҳо 23:25). Ва муҳимтар аз ҳама, онҳое ки волидони пири худро ҳурмат мекунанд, писанди Яҳува ҳастанд ва Ӯро иззат менамоянд.
a Ин ҷо сухан дар бораи вазъиятҳое намеравад, ки волидон аз ҳокимияти худ ва эътимоди кӯдакон сӯиистифода намуда, амали баробар ба ҷиноят содир карданд.