ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • jy боби 60 саҳ. 144-саҳ. 145 сарх. 7
  • Дигаргун шудани Исо

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Дигаргун шудани Исо
  • Ҳазрати Исо — роҳ, ростӣ ва ҳаёт
Ҳазрати Исо — роҳ, ростӣ ва ҳаёт
jy боби 60 саҳ. 144-саҳ. 145 сарх. 7
Исо дар пеши назари Петрус, Яъқуб ва Юҳанно дигаргун мешавад; дар рӯъё Мӯсо ва Илёс пайдо мешаванд

БОБИ 60

Дигаргун шудани Исо

МАТТО 16:28–17:13 МАРҚӮС 9:1–13 ЛУҚО 9:27–36

  • РАСУЛОН РӮЪЁ МЕБИНАНД

  • ОНҲО ОВОЗИ ХУДОРО МЕШУНАВАНД

Ҳоло Исо дар гирду атрофи Қайсарияи Филиппӣ, ки аз кӯҳи Ҳермӯн дар масофаи 25 километр ҷойгир аст, мардумро таълим медиҳад. Дар ин вақт ӯ ба расулонаш чизи аҷоибе мегӯяд: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям: баъзе аз онҳое, ки дар ин ҷо истодаанд, то даме ки дар Подшоҳии худ омадани Писари одамро набинанд, нахоҳанд мурд» (Матто 16:28).

Шояд, шогирдон намефаҳманд, ки Исо чӣ гуфтан мехоҳад. Тақрибан баъди як ҳафта Исо се расули худ — Петрус, Яъқуб ва Юҳанноро гирифта, ба кӯҳи баланде мебарояд. Аз афташ, онҳо шабонгоҳ ба кӯҳ мебароянд, чунки расулон хоболуданд. Дар вақти дуо гуфтанаш Исо дар назди онҳо дигаргун мешавад. Расулон мебинанд, ки рӯйи Исо мисли офтоб дурахшон ва либосаш чун нур сап-сафед мешавад.

Баъд ду нафаре пайдо мешаванд, ки расулон онҳоро «Мӯсо ва Илёс» меноманд. Онҳо «оиди рафтани Исо, ки бояд дар Ерусалим ба амал меомад», гап мезананд (Луқо 9:30, 31). Аз афташ, «рафтани Исо» гуфта, онҳо марг ва зинда шудани ӯро дар назар доранд. Каме пеш Исо дар ин бора ба шогирдонаш гап зада буд (Матто 16:21). Ин нишон медиҳад, ки баръакси суханони Петрус Исо тайёр аст бо мазоҳу масхара рӯ ба рӯ шавад ва мурад.

Вақте расулон ҳушёр мешаванд, онҳо ба ҳайрат афтода саропо гӯшу ҳуш мешаванд. Ин рӯъё чунон зиндаву воқеист, ки Петрус худро гум карда мегӯяд: «Устод, дар ин ҷо будани мо хуб аст. Иҷозат деҳ се хайма занем — якеаш барои ту, дигараш барои Мӯсо ва сеюмаш барои Илёс» (Марқӯс 9:5). Шояд, Петрус мехоҳад, ки рӯъё давом ёбад, барои ҳамин мегӯяд, ки дар он ҷо хайма зананд.

Ҳанӯз Петрус гапашро тамом накарда, дар болои сарашон абри сафеде пайдо мешавад ва овозе аз даруни абр мебарояд: «Ин Писари азизи Ман аст ва Ман аз ӯ розиям. Ӯро гӯш кунед». Овози Худоро шунида расулон сахт метарсанд ва рӯй ба замин меафтанд. Исо ба онҳо мегӯяд: «Бархезед, натарсед» (Матто 17:5–7). Сарҳои худро бардошта, онҳо ғайр аз Исо каси дигареро намебинанд. Рӯъё ба охир расид. Вақте рӯз мешавад, онҳо аз кӯҳ мефароянд. Он вақт Исо ба онҳо мефармояд: «То даме ки Писари одам аз мурдагон зинда нашавад, чизи дидаатонро ба ҳеҷ кас нагӯед» (Матто 17:9).

Расулон дар ин рӯъё Илёсро диданд, барои ҳамин аз Исо мепурсанд: «Барои чӣ шариатдонон мегӯянд, ки аввал бояд Илёс биёяд?» Исо ҷавоб медиҳад: «Илёс аллакай омад, лекин онҳо ӯро нашинохтанд» (Матто 17:10–12). Исо Яҳёи Таъмиддиҳандаро, ки хизматаш ба хизмати Илёс монанд буд, дар назар дорад. Илёс барои Элишоъ роҳ тайёр карда буд, Яҳё бошад, барои Масеҳ.

Ин рӯъё, бешубҳа, имони Исо ва расулонро хеле қавӣ мегардонад. Ба воситаи он шӯҳрату ҷалоли Подшоҳии Масеҳ ба онҳо нишон дода шуд. Чи тавре ки Исо ваъда дода буд, шогирдон «дар Подшоҳии худ омадани Писари одамро» диданд (Матто 16:28). Бале, дар кӯҳ онҳо «бузургии ӯро бо чашмони худ» диданд. Пеш аз ин фарисиён аз Исо талаб карда буданд, ки бо аломате Подшоҳи интихобшудаи Худо буданашро исбот кунад, лекин Исо ин корро накард. Шогирдони наздикаш бошанд, дигаргун шудани ӯро бо чашмони худ диданд ва ҳамин тавр ба иҷро шудани пешгӯйиҳо дар бораи Подшоҳӣ дилпурӣ пайдо карданд. Баъдтар Петрус дар ин бора чунин менависад: «Боварии мо ба суханони пешгӯйишуда боз ҳам қавитар гашт» (2 Петрус 1:16–19).

  • Чӣ тавр расулон пеш аз мурданашон дар Подшоҳии худ омадани Исоро мебинанд?

  • Дар рӯъё Мӯсову Илёс бо Исо дар бораи чӣ гап мезананд?

  • Чӣ тавр рӯъёи дидаашон имони расулонро қавӣ мегардонад?

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан