ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • «Инро ба ёдгории Ман ба ҷо оваред»
    Бурҷи дидбонӣ — 2013 | декабр 15
    • 9. Баъзеҳо оиди ноне, ки Исо истифода бурд, чӣ гуна ақида доранд ва чаро он нодуруст аст?

      9 Баъзе аъзоёни калисо ба он ишора мекунанд, ки Исо ба маънои аслӣ нон «бадани Ман аст» гуфт ва барои ҳамин боварӣ доранд, ки нон ба таври мӯъҷизавӣ ба бадани аслии ӯ мубаддал мегардад. Вале ин ба далелҳо мувофиқат намекунадa. Ҳаввориёни вафодори Исо ҳангоми маросим ҳам бадани вай ва ҳам нонро, ки аз он бояд мечашиданд, дида метавонистанд. Фаҳмост, ки Исо рамзан гап зада буд, чӣ тавре ки борҳо дар мавридҳои дигар мекард (Юҳ. 2:19–21; 4:13, 14; 10:7; 15:1).

      10. Ноне, ки ҳангоми Шоми ёдбуд истифода мешавад, рамзи чист?

      10 Ноне, ки ҳаввориён дида буданд ва баъд чашиданд, маънои бадани Исоро дошт. Лекин бадани Исо гуфта, чӣ дар назар дошта шудааст? Азбаски Исо нонро шикаст, вале ягон устухони ӯ шикаста нашуда буд, пеш ходимони Худо фикр мекарданд, ки нон ин ҷамъомади масеҳиёни тадҳиншуда мебошад, ки дар Китоби Муқаддас «бадани Масеҳ» номида шудааст (Эфс. 4:12; Рум. 12:4, 5; 1 Қӯр. 10:16, 17; 12:27). Аммо баъд аз тадқиқоти чуқуртар аён шуд, ки нон ба ҷисми Исо, ба бадани инсоние, ки Яҳува барояш муҳайё намуда буд, ишора мекунад. Исо «ба ҳасби ҷисм» уқубат кашид ва ҳатто мехкӯб карда шуд. Ҳамин тавр, нони таоми Шом рамзи бадани Исо буд, ки дар он «гуноҳҳои моро... бардошт» (1 Пет. 2:21–24; 4:1; Юҳ. 19:33–36; Ибр. 10:5–7).

  • «Инро ба ёдгории Ман ба ҷо оваред»
    Бурҷи дидбонӣ — 2013 | декабр 15
    • 15, 16. Нонеро, ки дар Шоми ёдбуд гузошта мешавад, чӣ тавр истифода мебаранд?

      15 Нотиқ пеш аз анҷом додани нутқаш қайд хоҳад кард, ки вақти ба ҷо овардани гуфтаҳои Исо оиди Шоми ёдбуд расидааст. Барои ин, чӣ тавре ки дар сархатҳои боло зикр шуда буд, ду рамз, яъне нон ва шароби арғувониро истифода мебаранд, ки пешакӣ назди нотиқ, дар рӯи миз гузошта мешаванд. Бародари баромадкунанда ба воситаи Китоби Муқаддас диққатро ба он равона мекунад, ки Исо ҳангоми ҷорӣ намудани маросим чӣ гуфт ва чӣ кор кард. Ин метавонад порчае аз китоби Матто бошад, ки дар он чунин навишта шудааст: «Исо нонро гирифта, баракат дод ва пора карда, ба шогирдон доду гуфт: “Бигиред ва бихӯред, ки ин Бадани Ман аст”» (Мат. 26:26). Исо нони бехамиртурушро шикаста, чанд пораи онро ба ҳаввориёни аз ду тарафаш нишаста дароз кард. Аз ин рӯ, дар маросиме, ки 14-уми апрел мегузарад, шумо нони бехамиртуруши аллакай шикасташударо дар рӯи табақчаҳо хоҳед дид.

Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
Баромадан
Даромадан
  • тоҷикӣ
  • Фиристодан
  • Ҷӯркунӣ
  • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
  • Шарти истифодабарӣ
  • Сиёсати ҳифзи асрор
  • Танзимоти ҳифзи асрор
  • JW.ORG
  • Даромадан
Фиристодан