ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • jy боби 123 саҳ. 282-саҳ. 283 сарх. 1
  • Исо дар вақти озмоиши сахт дуо мегӯяд

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Исо дар вақти озмоиши сахт дуо мегӯяд
  • Ҳазрати Исо — роҳ, ростӣ ва ҳаёт
  • Маводи монанд
  • Чӣ ба мо ёрдам мекунад, ки ба тарс дода нашавем?
    Устоди Бузургро гӯш кун
  • Исо бори охир дар болохона дуо мегӯяд
    Ҳазрати Исо — роҳ, ростӣ ва ҳаёт
  • Яҳудо Исоро ба дасти душманон месупорад
    Ҳазрати Исо — роҳ, ростӣ ва ҳаёт
  • Исо дар боғ
    Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас
Ҳазрати Исо — роҳ, ростӣ ва ҳаёт
jy боби 123 саҳ. 282-саҳ. 283 сарх. 1
Исо дар боғи Ҷатсамонӣ дуо гуфта истодааст; Петрус, Яъқуб ва Юҳанно хобанд

БОБИ 123

Исо дар вақти озмоиши сахт дуо мегӯяд

МАТТО 26:30, 36–46 МАРҚӮС 14:26, 32–42 ЛУҚО 22:39–46 ЮҲАННО 18:1

  • ИСО БА БОҒИ ҶАТСАМОНӢ МЕРАВАД

  • АРАҚИ Ӯ МИСЛИ ҚАТРАҲОИ ХУН МЕРЕЗАД

Исо ва шогирдони содиқаш дуо мегӯянд ва дар охир дар васфи Худо суруд мехонанд. Баъд аз ин онҳо «аз хона баромада, ба тарафи кӯҳи Зайтун» мераванд (Марқӯс 14:26). Онҳо ба тарафи шарқ, сӯйи боғи Ҷатсамонӣ, ки Исо бисёр вақт ба он ҷо мерафт, равона мешаванд.

Вақте онҳо ба ин боғи зебову пур аз дарахти зайтун наздик мешаванд, Исо аз ҳашт расулаш хоҳиш мекунад: «Ман каме дуртар рафта, дуо мегӯям, шумо бошед, то омаданам дар ин ҷо шинед». Ӯ ҳамроҳи худ Петрус, Яъқуб ва Юҳанноро гирифта ба боғ медарояд. Ӯ дар он ҷо бениҳоят ба изтироб меояд ва ба он се кас мегӯяд: «Аз ғаму ғусса ҷонам ба танг омадааст. Ин ҷо бимонед ва ҳамроҳи ман бедор бошед» (Матто 26:36–38).

Баъд ӯ каме пештар меравад ва ба замин афтода, ба Худо дуо мегӯяд. Дар ин лаҳзаи ҷиддитарин ӯ дар бораи чӣ дуо мегуфта бошад? Исо аз Худо илтиҷо мекунад: «Эй Падар, барои Ту ҳама чиз имконпазир аст, ин пиёларо аз ман дур кун. Лекин на хости ман, балки хости Ту иҷро шавад» (Марқӯс 14:35, 36). Ин суханони Исо чӣ маъно доранд? Магар ӯ намехоҳад барои наҷоти одамон ҷонашро фидо кунад? Не, Исо аз иҷрои супоришаш сар тофтанӣ нест.

Исо аз осмон мушоҳида карда буд, ки румиён ҷинояткоронро азобу уқубати бисёр дода мекушанд. Акнун бошад, ӯ худаш дар замин аст ва чун ҳар як инсон тарс, хавотирӣ ва дардро ҳис карда метавонад. Исо медонад, ки ӯро чӣ интизор аст ва барои ҳамин ошуфтаву беқарор аст. Лекин ӯ бештар на дар бораи худаш, балки дар бораи номи Худо фикр мекунад. Якчанд соат пас Исоро дар кофирӣ айбдор мекунанд ва дар сутун мехкӯб карда мекушанд. Ӯ мефаҳмад, ки чун ҷинояткор мемирад ва ин номи поки Падарашро доғдор карда метавонад.

Исо баъди дурудароз дуо гуфтан назди се расулаш баргашта, мебинад, ки онҳо хоб рафтаанд, ва ба Петрус мегӯяд: «Магар як соат ҳам бо ман бедор монда натавонистед? Бедор бошед ва пайваста дуо гӯед, то ба васваса наафтед». Лекин Исо дарк мекунад, ки ҳоло бевақт шудаасту шогирдон ҳам аз ғаму ташвиши зиёди имрӯз хаста шудаанд. Ӯ илова мекунад: «Рӯҳ бардам аст, вале ҷисм нотавон» (Матто 26:40, 41).

Исо дуюм бор рафта дуо мегӯяд ва аз Худо илтиҷо мекунад, ки «пиёла»-и дарду азобро аз ӯ дур кунад. Вақте ӯ баргашта мебинад, ки се расулаш ба хоб рафтаанд, онҳоро насиҳат дода мегӯяд, ки бедор бошанд, то ба васваса наафтанд. Шогирдон хомӯш меистанд ва намедонанд «ба ӯ чӣ ҷавоб диҳанд» (Марқӯс 14:40). Исо сеюм бор рафта, зону мезанад ва ба Худо дуо мегӯяд.

Исо сахт хавотир аст, ки вақте ӯ чун ҷинояткор мемирад, ин номи Падарашро доғдор месозад. Яҳува дуои Писарашро мешунавад ва фариштаеро мефиристад, то Исоро дилбардорӣ кунад. Ҳатто баъд аз ин Исо дуо гуфтанро бас намекунад, балки «бо ҷидду ҷаҳди бештар»-е дуо мегӯяд. Ғаму ташвиш ва ҳаяҷон мисли кӯҳи азиме бар китфи Исо бор шудааст. Охир, ҳаёти абадии худаш ва ҳаёти тамоми инсоният аз ӯ вобаста аст. Арақи Исо «мисли қатраҳои хун ба замин» чакидан мегирад (Луқо 22:44).

Вақте ӯ бори сеюм назди шогирдонаш меояд, мебинад, ки онҳо ин дафъа ҳам хобанд. «Наход дар чунин вақт ҳам шумо хоб равед ва дам гиред?! — мегӯяд Исо.— Ҳоло соате, ки Писари одам ба дасти гунаҳкорон супорида мешавад, наздик аст. Бархезед, меравем. Инак, шахсе, ки ба ман хиёнат мекунад, омада истодааст» (Матто 26:45, 46).

АРАҚИ Ӯ МИСЛИ ҚАТРАҲОИ ХУН МЕЧАКИД

Луқо, ки духтур аст, аниқ намегӯяд, ки ба кадом маъно арақи Исо «мисли қатраҳои хун ба замин мечакид» (Луқо 22:44). Шояд Луқо дар назар дошт, ки арақи Исо чакра-чакра мерехт, мисли қатраҳои хун аз захм. Боз як ақидаи дигарро олиме бо номи Уилям Эдвардс дар як маҷаллаи илмӣ баён намуда буд. Ӯ гуфт, ки ҳарчанд чунин ҳолат ками дар кам рӯй медиҳад, лекин ин тавр шуданаш мумкин аст, ки бо арақ хун барояд. Дар вазъиятҳои хеле душвор аз шиддати ҳаяҷон шоҳрагҳо (артерияҳо)-и хурд мекафанд ва хун бо арақ омехта мешавад. Барои ҳамин ба назар чунин тофта метавонад, ки аз бадани шахс ба ҷойи арақ хун баромада истодааст (The Journal of the American Medical Association).

  • Баъди аз болохона баромадан Исо бо расулонаш ба куҷо меравад?

  • Вақте Исо дуо мегӯяд, се расулаш чӣ кор мекунанд?

  • Аз он ки арақи Исо мисли хун мерехт, дар бораи ҳиссиёти ӯ чиро фаҳмидан мумкин аст?

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан