Мисли Исо ҳушёру бедор бошед
«Бедор бошед ва дуо гӯед» (МАТ. 26:41).
ШУМО ЧӢ ТАВР ҶАВОБ МЕДОДЕД?
Чӣ тавр дуоҳои мо нишон медиҳанд, ки мо ҳушёру бедорем?
Бо кадом роҳҳо мо нишон медиҳем, ки дар бобати кори мавъиза ҳушёру бедорем?
Чаро муҳим аст, ки мо ҳангоми озмоишҳо ҳушёру бедор монем ва чӣ тавр мо инро карда метавонем?
1, 2. а) Дар алоқамандӣ бо намунаи ҳушёрии Исо кадом саволҳо пайдо мешаванд? б) Оё намунаи комили Исо барои одамони нокомил фоиданок аст? Мисол оред.
ШУМО ягон бор ба худ чунин савол дода будед: «Оё дар ҳақиқат мумкин аст, ки мо мисли Исо ҳушёру бедор бошем? Охир, Исо шахси комил буд! Беш аз ин, Исо ояндаро дида метавонист, ҳатто якчанд ҳазорсолаҳо пешро! Оё ба вай дар ҳақиқат ҳушёру бедор будан лозим буд?» (Мат. 24:37–39; Ибр. 4:15). Биёед аввал ин саволҳоро дида бароем, то фаҳмем, ки то чӣ андоза ба мо ҳушёру бедор будан муҳим аст.
2 Оё намунаи комил барои одамони нокомил фоиданок аст? Бале, чунки аз муаллими хуб ва намунаи вай чизеро омӯхтан мумкин аст. Масалан, мардеро тасаввур кунед, ки камонвариро ёд гирифтанӣ асту ба дарси аввал меравад. Тире, ки вай аз камон меандозад, ба нишонгоҳ ҳатто наздик намерасад, вале вай боз дарс мегирад ва машқ мекунад. Барои беҳтар шудан вай бодиққат корҳои устодашро, ки дар камонварӣ моҳир аст, меомӯзад. Вай диққат медиҳад, ки чӣ тавр устодаш меистад, чӣ гуна дастҳояшро медорад ва чӣ тавр бо панҷаҳояш камонро мекашад. Оҳиста-оҳиста шогирди қавиирода ёд мегирад, ки барои кашидани тори камон чӣ қадар зӯр задан лозим аст; вай вазидани шамолро ба назар мегирад ва пайваста саъю кӯшиш ба харҷ медиҳад. Ба корҳои устодаш пайравӣ карда, вай оқибат тирандозиро чунон ёд мегирад, ки тираш ба нишон наздик шудан мегирад. Мисли ин, мо минбаъд низ кӯшиш мекунем, ки чун масеҳиён беҳтар шавем ва барои ин мо мувофиқи дастуроти Исо амал мекунем ва ба намунаи комили ӯ пайравӣ менамоем.
3. а) Чӣ тавр Исо нишон дод, ки ба ӯ бедору ҳушёр будан лозим аст? б) Мо дар ин мақола чиро муҳокима хоҳем кард?
3 Лекин, дар бораи ҳушёриву бедорӣ чӣ гуфтан мумкин аст? Оё ба Исо ҳушёру бедор будан лозим буд? Ҳа, лозим буд. Масалан, дар шоми охири ҳаёти заминиаш Исо шогирдони содиқашро барангехт: «Бо Ман бедор бошед». Ӯ илова намуд: «Бедор бошед ва дуо гӯед, то ба озмоиш дучор нашавед» (Мат. 26:38, 41). Ҳарчанд Исо доимо ҳушёру бедор буд, хусусан он вақти душвор ӯ мехост, ки ҳушёру бедор монад ва ба Падари осмониаш боз ҳам наздиктар шавад. Ӯ медонист, ки пайравонаш ҳам ба ҳушёру бедор мондан ниёз доранд, на танҳо он вақт, балки дар оянда низ. Пас биёед бубинем, ки чаро Исо мехоҳад, ки мо бедору ҳушёр бимонем. Баъд мо се роҳеро дида мебароем, ки тавассути онҳо мо метавонем дар ҳаёти ҳаррӯза мисли Исо ҳушёру бедор бошем.
ЧАРО ИСО МЕХОҲАД, КИ МО ҲУШЁРУ БЕДОР БОШЕМ
4. Чаро ба мо лозим аст, ки ҳушёру бедор монем?
4 Барои чӣ Исо мехоҳад, ки мо ҳушёру бедор монем? Кӯтоҳ карда гӯем, барои он ки мо баъзе чизҳоро медонем ва баъзе чизҳоро не. Оё вақте ки Исо дар замин чун инсон зиндагӣ мекард, ӯ ҳама чизро дар бораи оянда медонист? Не, зеро ӯ фурӯтанона гуфт: «Он рӯз ва соатро, ғайр аз Падар, касе намедонад, на фариштагони осмон, на Писар» (Марқ. 13:32). Он вақт «Писар», яъне Исо аниқ намедонист, ки охири дунёи Шайтон кай меояд. Дар бораи мо чӣ гуфтан мумкин аст? Оё мо дар бораи оянда ҳама чизро медонем? Албатта не! Мо намедонем, ки маҳз кай Яҳува Писарашро барои нест кардани ин тартиботи шарир мефиристонад. Агар медонистем, оё ба мо ҳушёру бедор мондан лозим мебуд? Чӣ тавре ки Исо фаҳмонд, анҷоми ин дунёи шарир ногаҳон меояд; пас ба мо лозим аст, ки ҳамеша ҳушёру бедор монем. (Матто 24:43-ро бихонед.)
5, 6. а) Чӣ тавр дониши мо дар бораи оянда ва ниятҳои Худо ба лозимияти ҳушёру бедор будан таъсир мерасонад? б) Чаро дониши мо дар бораи Шайтон иродаи моро дар мавриди ҳушёру бедор мондан боз ҳам қавӣ мегардонад?
5 Аз тарафи дигар, Исо-пайғамбар дар бораи оянда бисёр чизҳои аҷоибро медонист — ҳақиқатҳоеро, ки одамони гирду атрофаш намедонистанд. Дониши мо ба чизе ки Исо медонад, ҳатто наздик нест, лекин ба туфайли ӯ мо дар бораи Салтанати Худо ва корҳое, ки он дар ояндаи наздик ба анҷом мерасонад, бисёр чизро медонем. Агар ба одамони гирду атрофамон нигоҳ кунем, хоҳ дар мактаб бошад, хоҳ дар ҷои кор ё дар хизмат, оё намебинем, ки аксарияти онҳо дар зулмот зиндагӣ мекунанд, яъне онҳо дар бораи ҳақиқатҳои олиҷаноб чизе намедонанд? Ана ин барои ҳушёру бедор монданамон боз як сабаб аст. Мисли Исо ба мо лозим аст, ки ҳамеша ҳушёру бедор монем, то ҳар як имкониятро истифода бурда чизҳоеро, ки оиди Салтанати Худо медонем мавъиза кунем. Чунин имкониятҳо пурарзишанд ва мо онҳоро аз даст додан намехоҳем. Ҳаёти одамон дар хатар аст! (1 Тим. 4:16).
6 Исо боз як чизеро медонист, ки ӯро ба бедору ҳушёр мондан бармеангехт. Ӯ медонист, ки Шайтон сахт мехоҳад, ки ӯро озмояд, таъқиб кунад ва беайбиашро шиканад. Ин душмани бераҳм доимо бедору ҳушёр буд, то барои озмудани Исо «муддате»-ро аз даст надиҳад (Луқ. 4:13). Вале Исо ҳеҷ гоҳ ба беэҳтиётӣ роҳ намедод. Ӯ мехост, ки ба ҳар гуна озмоишҳо тайёр бошад, хоҳ васвасаҳо бошанд, хоҳ муқобилият ва таъқибот. Оё ин дар мавриди мо ҳам дуруст нест? Мо медонем, ки Шайтон то ҳол «мисли шери ғуррон гаштугузор карда, касеро меҷӯяд, то ба коми худ кашад». Ана барои ҳамин Каломи Худо ҳамаи масеҳиёнро ташвиқ мекунад: «Ҳушёр ва бедор бошед» (1 Пет. 5:8). Лекин, чӣ тавр мо ин корро карда метавонем?
ЧӢ ТАВР ДАР БОБАТИ ДУОГӮӢ ҲУШЁРУ БЕДОР БОШЕМ
7, 8. Дар бобати дуогӯӣ Исо чӣ гуна маслиҳат дод ва ӯ чӣ намунае гузошт?
7 Китоби Муқаддас нишон медиҳад, ки аз ҷиҳати рӯҳонӣ ҳушёру бедор будан бо дуогӯӣ зич алоқаманд аст (Қӯл. 4:2; 1 Пет. 4:7). Дере нагузашта баъди он ки Исо аз пайравонаш хоҳиш кард, ки бо ӯ ҳушёру бедор монанд, ӯ гуфт: «Бедор бошед ва дуо гӯед, то ба озмоиш дучор нашавед» (Мат. 26:41). Оё маслиҳати Исо танҳо ба он маврид дахл дошт? Не, маслиҳати ӯро мо бояд дар ҳаёти ҳаррӯзаамон ба кор барем.
8 Дар бобати дуогӯӣ Исо намунаи олиҷанобе гузоштааст. Шояд шумо дар ёд доред, ки боре тамоми шаб ӯ ба Падараш дуо гуфта буд. Биёед он шабро тасаввур кунем. (Луқо 6:12, 13-ро бихонед.) Фасли баҳор аст. Исо ҳоло эҳтимол дар наздикии шаҳри моҳигирон Кафарнаҳум, ки бисёр вақт он ҷо меистод, мебошад. Рӯз ба охир расида истодааст, Исо ба яке аз кӯҳҳое, ки дар наздикии баҳри Ҷалил аст, мебарояд. Манзараи гирду атрофашро тамошо карда мебинад, ки торикӣ фаро гирифта истодааст ва эҳтимол аҳамият медиҳад, ки чароғҳои Кафарнаҳум ва деҳаҳои наздики он фурӯзонанд. Лекин вақте ки Исо ба Яҳува муроҷиат мекунад, диққати ӯ пурра ба дуо аст. Аввал дақиқаҳо мегузаранд, баъд соатҳо. Ӯ ба чароғҳои шаҳру деҳаҳо, ки паи ҳам хомӯш шуда истодаанд кам аҳамият медиҳад. Ҳамчунин ба моҳтобе, ки аз як тарафи осмон ба тарафи дигар ҳаракат мекунад ё овози ҳаракати ҳайвонҳое, ки шабона аз паи ҷустуҷӯи хӯроканд, диққати ӯро парешон намекунанд. Дуои ӯ эҳтимол асосан дар бораи қарори муҳиме, ки ӯ бояд қабул кунад, яъне интихоби 12 ҳаввориёнаш аст. Танҳо тасаввур кунед, ки чӣ тавр Исо тамоми шаб ғарқи дуогӯӣ аст ва ҳама фикру ташвишҳояшро оиди ҳар як шогирдаш ба Падараш баён мекунад ва аз Ӯ роҳнамоиву хирад мепурсад.
9. Мо аз он ки Исо тамоми шаб дуо гуфта буд, чӣ меомӯзем?
9 Мо аз намунаи Исо чӣ меомӯзем? Оё мо бояд ҳамеша дуру дароз дуо гӯем? Не, зеро ӯ меҳрубонона дар бораи шогирдонаш гуфт: «Рӯҳ бардам аст, лекин ҷисм нотавон» (Мат. 26:41). Ба ҳар ҳол, мо ба Исо пайравӣ карда метавонем. Масалан, оё мо пеш аз қабул кардани қароре, ки ба имону садоқатмандии худамон, оилаамон ё ҳамимононамон таъсир мекунад, бо Падари осмониамон маслиҳат мекунем? Оё мо дар бораи ғаму ташвишҳои ҳамимононамон дуо мегӯем? Оё мо аз таҳти дил дуо мегӯем ё ҳамон як калимаву ибораҳоро ҳар бор такрор мекунем? Ҳамчунин аҳамият диҳед, ки Исо имконияти дар танҳоӣ бо Падараш гап заданро қадр мекард. Дар ин ҷаҳони серташвишу ноором ба давутози зиндагӣ дода шуда чизҳои муҳимро фаромӯш кардан хеле осон аст. Агар мо барои дуоҳои шахсӣ ва самимӣ вақти кофӣ ҷудо кунем, мо бештар аз ҷиҳати рӯҳонӣ ҳушёр хоҳем буд (Мат. 6:6, 7). Мо ба Яҳува наздиктар мешавем, муносибатамонро бо Ӯ боз ҳам қавӣ мегардонем ва аз кардани ҳар коре, ки дӯстиамонро бо Ӯ суст мекунад, канорагирӣ менамоем (Заб. 24:14).
ЧӢ ТАВР ДАР БОБАТИ КОРИ МАВЪИЗА ҲУШЁРУ БЕДОР БОШЕМ
10. Кадом мисол нишон медиҳад, ки Исо барои шаҳодат додан имконият меҷуст?
10 Исо нисбати коре, ки Яҳува ба ӯ супориш дода буд, ҳушёру бедор буд. Шояд корҳое бошанд, ки дар давоми онҳо диққати коргар ба чизи дигар равона шавад ҳам, ин ягон оқибати ҷиддӣ намеорад. Лекин бисёр корҳо диққати пурра ва ҳушёрӣ талаб мекунанд ва хизмати масеҳӣ бешубҳа аз ҷумлаи онҳост. Исо нисбати кори худ ҳамеша ҳушёру бедор буд ва барои мавъизаи хушхабар имконият меҷуст. Масалан, баъди он ки Исо ва шогирдонаш аз саҳар роҳи дурударозро тай карда ба шаҳри Суҳар расиданд, шогирдон барои харидани хӯрок рафтанд. Исо барои дамгирӣ назди чоҳ нишаст, лекин ӯ ҳушёру бедор монд ва барои шаҳодатдиҳӣ имконият ҷуст. Зани сомарие барои обгирӣ назди чоҳ омад. Исо метавонист, ки каме дам гирад ё барои бо зан сӯҳбат накардан баҳона ҷӯяд. Лекин вай хомӯш нанишаст, ба зан гап зад ва шаҳодати бузурге дод, ки ҳаёти бисёр одамони он шаҳрро дигаргун сохт (Юҳ. 4:4–26, 39–42). Биёед, мо низ ба намунаи ҳушёрии Исо бештар пайравӣ кунем ва ҳар як имкониятро истифода бурда ба одамоне, ки ҳар рӯз дучор мешавем хушхабарро мавъиза кунем.
11, 12. а) Исо ба онҳое, ки ӯро аз кораш боздоштанӣ шуданд, чӣ гуфт? б) Чӣ тавр Исо дар хизмати худ бомувозинат буд?
11 Баъзан одамон аз ниятҳои нек мекӯшиданд, ки Исоро аз кораш боздоранд. Дар Кафарнаҳум мардум аз он ки Исо ба таври мӯъҷиза беморонро шифо мебахшид, чунон ба ваҷд омаданд, ки хостанд ӯро он ҷо нигоҳ доранд. Фаҳмост, ки барои чӣ. Лекин, вазифаи махсуси Исо ин ба тамоми «гӯсфандони гумшудаи хонадони Исроил» мавъиза кардан буд, на ин ки ба сокинони як шаҳр (Мат. 15:24). Аз ин рӯ, вай ба он одамон гуфт: «Ман бояд ба шаҳрҳои дигар низ аз Малакути Худо башорат диҳам, чунки барои ҳамин фиристода шудаам» (Луқ. 4:40–44). Равшан аст, ки дар ҳаёти Исо хизмати ӯ дар ҷои аввал меистод. Ӯ намегузошт, ки ягон чиз диққаташро аз ин парешон кунад.
12 Оё Исо ба дараҷае ба кораш дода шуда буд, ки чун фанатик рафтор мекард ё худро аз хушиҳои ҳаёт маҳрум месохт? Ё ӯ чунон бо хизматаш банд буд, ки ба ниёзҳои одамон бепарвоӣ мекард? Не, Исо шахси бомувозинат буд ва аз ин ҷиҳат намунаи комил гузошт. Ӯ аз ҳаёт ҳаловат мегирифт ва бо дӯстонаш хурсандӣ мекард. Ӯ сохтори оиларо эҳтиром мекард ва нисбати ниёзҳову мушкилиҳои он дилсӯзӣ мекард. Ӯ аз навозиш кардани кӯдакон шарм намедошт. (Марқӯс 10:13–16-ро бихонед.)
13. Вақте ки сухан дар бораи кори мавъиза меравад, чӣ тавр мо ба намунаи ҳушёрӣ ва бомувозинатии Исо пайравӣ карда метавонем?
13 Ҳангоми ба намунаи ҳушёрии Исо пайравӣ кардан чӣ тавр мо мисли ӯ бомувозинат буда метавонем? Мо намегузорем, ки ин ҷаҳон диққати моро аз хизматамон парешон созад. Ҳатто дӯстон ва хешовандон аз ниятҳои нек метавонанд моро барангезанд, ки камтар хизмат кунем ё мисли дигарон ҳаёт гузаронем. Лекин агар мо ба Исо пайравӣ кунем, мо ба хизматамон чун ба ғизо нигоҳ мекунем (Юҳ. 4:34). Хизмат ба мо аз ҷиҳати рӯҳонӣ қувват мебахшад ва ҳамчунин хурсандӣ меорад. Вале мо ҳеҷ гоҳ намехоҳем, ки фанатик бошем, дар назди дигарон худро одил нишон диҳем ва худро аз хушиҳои ҳаёт маҳрум созем. Мисли Исо, мо мехоҳем, ки хурсандона ва бомувозинат ба «Худои хушбахт» хизмат кунем (1 Тим. 1:11, ТДН).
ЧӢ ТАВР ДАР ВАҚТҲОИ ДУШВОРӢ ҲУШЁРУ БЕДОР БОШЕМ
14. Дар вақти душвориҳо ба кадом майл мо бояд муқобилият кунем ва чаро?
14 Чӣ тавре ки дидем, чанде аз мавридҳое, ки Исо боисрор шогирдонашро ба ҳушёру бедор будан даъват кард, мавридҳое буданд, ки ӯ худаш зери озмоиш қарор дошт. (Марқӯс 14:37-ро бихонед.) Ҳангоми бо мушкилиҳо рӯ ба рӯ шудан ба мо лозим аст, ки аз ҳарвақта бештар ба намунаи Исо пайравӣ кунем. Зери озмоишҳо бисёриҳо ҳақиқати хеле муҳимеро, ки аз сабаби муҳим буданаш дар китоби Масалҳо ду маротиба қайд шудааст, фаромӯш мекунанд. Дар он навишта шудааст: «Роҳе ҳаст, ки ба назари кас рост менамояд, вале оқибаташ роҳҳои мамот [марг] аст» (Мас. 14:12; 16:25). Агар мо ба фаҳмиши худамон такя кунем,— хусусан дар вақти бо проблемаҳо дучор шудан,— мо эҳтимол худамон ва наздиконамонро зери хатар мегузорем.
15. Дар вазъиятҳои сахти иқтисодӣ сарвари оила бо чӣ гуна васваса дучор шуда метавонад?
15 Масалан, сарвари оила метавонад дар мавриди аз ҷиҳати моддӣ таъмин кардани «аҳли хонааш» бо фишори ҷиддӣ дучор шавад (1 Тим. 5:8). Шояд ба ӯ кореро пешниҳод кунанд, ки агар вай онро қабул кунад, ӯ наметавонад мунтазам ба вохӯриҳои масеҳӣ равад, ибодати оилавиро роҳбарӣ кунад ё дар хизмат иштирок кунад. Агар вай танҳо ба фаҳмиши худаш такя кунад, чунин рафтор метавонад ба назараш раво ё ҳатто дуруст тобад. Лекин ин метавонад ба беморӣ ё марги рӯҳонӣ оварда расонад. Чӣ қадар беҳтар аст ба маслиҳати дар Масалҳо 3:5, 6 гуфташуда гӯш додан! Сулаймон гуфт: «Бо тамоми дили худ ба Худованд таваккал намо ва ба хиради худ такя накун. Дар ҳамаи тариқҳои худ Ӯро дарк намо ва Ӯ роҳҳои туро ҳамвор хоҳад кард».
16. а) Дар мавриди он ки ба ҷои ба хиради худ такя кардан ба хиради Яҳува такя кунем, Исо чӣ намунае гузошт? б) Чӣ тавр бисёр сарварони оилаҳо мисли Исо дар вазъиятҳои душвор ба Яҳува такя мекунанд?
16 Вақте ки Исо зери озмоиш қарор дошт, вай ба фаҳмиши худ такя карданро қатъиян рад мекард. Танҳо дар ин бора фикр кунед! Хирадмандтарин шахсе ки дар замин зиста буд, ба хиради худ такя намекард. Масалан, вақте ки Шайтон ӯро меозмуд, Исо такрору ба такрор бо чунин суханон ҷавоб медод: «Навишта шудааст» (Мат. 4:4, 7, 10). Ӯ барои ба васваса муқобилият кардан ба хиради Падараш такя мекард ва бо ин фурӯтанӣ нишон медод, ки Шайтон ин хислатро надорад ва аз он нафрат мекунад. Оё мо низ ба хиради Яҳува такя мекунем? Сарвари оила, ки ба намунаи ҳушёрии Исо пайравӣ мекунад, мегузорад, ки Каломи Худо ӯро роҳнамоӣ кунад,— хусусан дар вазъиятҳои душвор. Дар саросари ҷаҳон ҳазорҳо сарварони оила маҳз ҳамин тавр рафтор мекунанд. Онҳо боқатъият Салтанати Худо ва ибодати покро дар ҷои аввали ҳаёташон мегузоранд, ҳатто болотар аз ташвишҳои моддӣ. Ҳамин тавр, онҳо дар бораи оилаашон ба таври беҳтарин ғамхорӣ мекунанд. Яҳува мувофиқи ваъдае, ки дар Каломаш додааст, кӯшишҳои онҳоро барои таъмини оилаашон баракат медиҳад (Мат. 6:33).
17. Чӣ шуморо бармеангезад, ки мисли Исо бедору ҳушёр бошед?
17 Бешубҳа, Исо дар бобати ҳушёру бедор будан намунаи беҳтарин гузоштааст. Намунаи ӯ амалӣ, фоиданок ва ҳатто ҳаётнаҷотдиҳанда аст. Дар хотир доред, ки Шайтон сахт мехоҳад шуморо ба хоби рӯҳонӣ андозад, имони шуморо суст кунад, ғайрататонро дар ибодати Яҳува кам гардонад ва беайбиатонро шиканад (1 Тас. 5:6). Нагузоред, ки вай ба мақсадаш расад! Мисли Исо, ҳам дар бобати дуогӯӣ, ҳам дар хизмат ва ҳам дар вақтҳои душворӣ ҳушёру бедор монед. Ҳамин тавр рафтор карда шумо ҳатто ҳоло, дар айёми охири ин тартиботи шарир, аз ҳаёти пурмазмун, хушбахтона ва қаноатбахш баҳраманд хоҳед буд. Агар шумо ҳушёру бедор монед, вақте ки Исо барои нобуд кардани ин дунёи шарир меояд, вай шуморо дар хизмати Худо фаъол дарёфт хоҳад кард. То чӣ андоза хурсанд хоҳад буд Яҳува аз он ки шуморо барои садоқатмандиатон мукофот медиҳад! (Ваҳй 16:15).
[Тасвир дар саҳифаи 6]
Исо назди чоҳ ба зан мавъиза кард. Барои ҳар рӯз мавъиза кардан шумо чӣ гуна имкониятҳо меҷӯед?
[Тасвир дар саҳифаи 7]
Нисбати беҳбудии рӯҳонии оилаатон ғамхорӣ намуда шумо нишон медиҳед, ки ҳушёру бедоред