ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • w20 март саҳ. 31
  • Саволҳои хонандагон

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Саволҳои хонандагон
  • Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2020
Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2020
w20 март саҳ. 31
Сарбозони маъбади яҳудӣ бо фармони сарварони дин ду мардро дастгир карда бурда истодаанд.

Саволҳои хонандагон

Киҳо дар маъбади яҳудӣ чун сарбозон хизмат мекарданд? Вазифаи онҳо аз чӣ иборат буд?

Левизодагоне, ки коҳин набуданд, дар маъбад вазифаҳои дигарро ба ҷо меоварданд. Масалан, баъзеи онҳо чун сарбозон хизмат мекарданд. Ин сарбозон зери роҳбарии нозири маъбад буданд. Нависандаи яҳудӣ Филӯни Искандарӣ мефаҳмонад, ки вазифаи ин сарбозон аз чӣ иборат буд: «Баъзеи онҳо [левизодагон] пеши дарвозаҳои маъбад истода посбонӣ мекарданд. Баъзеашон дар даруни маъбад, назди Ҷойи муқаддас меистоданд, то ягон шахсе, ки барои ба Ҷойи муқаддас даромадан ҳақ надорад, нафаҳмида ё дидаву дониста ба он надарояд. Баъзеи он левизодагон дар атрофи деворҳои маъбад истода шабу рӯз бонавбат онро посбонӣ мекарданд».

Ин дастаи сарбозон дар ихтиёри Шӯрои олии яҳудиён буд. Танҳо ба ин гурӯҳи яҳудиён Рум иҷозат медод, ки мусаллаҳ бошанд.

Олими Китоби Муқаддас Иоахим Иеремиас мефаҳмонад, ки «вақте сарбозон Исоро дастгир карданд, Исо ба онҳо савол дод, ки чаро онҳо ӯро вақте ки ҳар рӯз дар маъбад таълим медод, дастгир накарданд (Мат. 26:55). Агар дар маъбад сарбозон хизмат намекарданд, Исо чунин савол намедод». Ба ақидаи ин олим маҳз сарбозони маъбад чанде пеш ба дастгир кардани Исо фиристода шуда буданд (Юҳ. 7:32, 45, 46). Баъдтар Шӯрои олии яҳудиён нозири маъбад ва навкаронашро барои дастгир карда овардани шогирдони Исо фиристод ва эҳтимол онҳо Павлуси расулро кашолакунон аз маъбад бароварда буданд (Аъм. 4:1–3; 5:17–27; 21:27–30).

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан