БОБИ 137
Пеш аз иди Ҳафтаҳо садҳо нафар ӯро мебинанд
МАТТО 28:16–20 ЛУҚО 24:50–52 АЪМОЛ 1:1–12; 2:1–4
ИСО БА БИСЁРИҲО ЗОҲИР МЕШАВАД
Ӯ БА ОСМОН МЕРАВАД
ИСО БА 120 ШОГИРДИ ХУД РӮҲИ МУҚАДДАС МЕРЕЗАД
Баъд аз зинда шуданаш Исо ва 11 расулаш дар яке аз кӯҳҳои Ҷалил вомехӯранд. Дигар шогирдон низ дар он ҷо ҳузур доранд ва шумораи онҳо тақрибан ба 500 нафар мерасад. Баъзеи онҳо ба зинда шудани Исо шубҳа доранд (Матто 28:17; 1 Қӯринтиён 15:6). Аммо суханони ӯро шунида ҳар яки онҳо боварӣ ҳосил мекунад, ки Исо дар ҳақиқат зинда аст.
Исо ба онҳо мефаҳмонад, ки Худо тамоми қудратро дар осмон ва дар замин ба вай супурдааст. Барои ҳамин ӯ ба шогирдонаш мегӯяд: «Пас, равед ва аз байни тамоми халқҳо барои ман шогирд тайёр кунед. Онҳоро ба номи Падар, Писар ва рӯҳи муқаддас таъмид диҳед ва риоя кардани ҳар он чизеро, ки ба шумо фармудаам, омӯзонед» (Матто 28:18–20). Бале, Исо на танҳо зинда аст, балки бо ҷону дил мехоҳад, ки хушхабар дар ҳама ҷо паҳн шавад.
Ҳама шогирдони Исо, мардону занон, кӯдакону пиронсолон як хел супоришро мегиранд: онҳо бояд шогирд тайёр кунанд. Баъзе одамон бар зидди онҳо мебароянд ва ба кори мавъизаву таълими онҳо монеъ мешаванд, аммо Исо онҳоро дилпур месозад: «Тамоми қудрат дар замину осмон ба ман дода шудааст... Инак, ман ҳамеша то охирзамон бо шумо ҳастам». Исо дар назар надорад, ки ҳама касоне, ки хушхабарро мавъиза мекунанд, қудрати мӯъҷиза карданро соҳиб мешаванд. Ӯ гуфтанист, ки рӯҳи муқаддас ба онҳо дар ин кор ҳамеша кӯмак мерасонад.
Аз вақти зинда шуданаш Исо «дар давоми чил рӯз» ба шогирдонаш зоҳир мешавад. Ӯ ба худ баданҳои гуногуни одамӣ гирифта, «бо далелҳои боварибахши зиёде нишон» медиҳад, ки зинда аст ва бо пайравонаш «дар бораи Подшоҳии Худо» гап мезанад (Аъмол 1:3; 1 Қӯринтиён 15:7).
Аз афташ, баъзе расулон ҳанӯз дар Ҷалил ҳастанд. Исо ба онҳо мегӯяд, ки ба Ерусалим баргарданд. Вақте бо онҳо дар шаҳр вомехӯрад, чунин мегӯяд: «Ерусалимро тарк накунед, балки иҷрошавии ваъдаи Падарро, ки аз ман шунидаед, интизор шавед; Яҳё бо об таъмид медод, вале шумо якчанд рӯз пас бо рӯҳи муқаддас таъмид меёбед» (Аъмол 1:4, 5).
Исо бори дигар бо расулонаш вомехӯрад ва «онҳоро то худи Байт-Ҳинӣ» мебарад, ки дар тарафи шарқии кӯҳи Зайтун ҷойгир аст (Луқо 24:50). Ҳарчанд Исо гаштаву баргашта ба онҳо гуфта буд, ки бояд ба осмон биравад, онҳо то ҳол бовар доранд, ки худи ҳамон вақт Подшоҳӣ дар замин барқарор мешавад (Луқо 22:16, 18, 30; Юҳанно 14:2, 3).
Расулон аз ӯ мепурсанд: «Ҳазрат, оё подшоҳиро дар Исроил дар ҳамин вақт барқарор мекунӣ?» Исо дар ҷавоб мегӯяд: «Ба шумо зарур нест, ки замонҳо ва мӯҳлатҳоро бидонед, зеро муқаррар кардани онҳо танҳо дар ихтиёри Падар аст». Баъд бори дигар диққатро ба коре, ки ба онҳо супурда шудааст, равона карда мегӯяд: «Вақте ки рӯҳи муқаддас бар шумо мефарояд, қувват меёбед ва дар Ерусалим, дар саросари Яҳудия ва Сомария ва то гӯшаю канори замин дар бораи ман шаҳодат медиҳед» (Аъмол 1:6–8).
Расулон ҳанӯз дар кӯҳи Зайтун ҳамроҳи Исо мебошанд. Ногоҳ ӯ ба осмон баромадан мегирад ва абре ӯро аз назари шогирдон пинҳон месозад. Баъди зинда шуданаш Исо ба худ баданҳои гуногуни одамӣ гирифта буд. Ҳозир бошад, ӯ бадани инсониро гузошта, ба осмон ҳамчун офаридаи рӯҳӣ мебарояд (1 Қӯринтиён 15:44, 50; 1 Петрус 3:18). Расулони содиқаш бо ҳайрат ба осмон нигоҳ карда истодаанд ки, «ногаҳон дар наздашон ду марди сафедпӯше пайдо» мешавад. Онҳо фариштагонанд, ки дар шакли одамӣ зоҳир шудаанд. Онҳо ба расулон мегӯянд: «Эй мардони ҷалилӣ, чаро шумо ба осмон нигоҳ карда меистед? Ҳамин Исо, ки аз пеши шумо боло бурда шуд, чи тавре ки ба осмон рафтанашро дидед, ҳамон тавр хоҳад омад» (Аъмол 1:10, 11).
Исо аз замин бе дабдабаю воҳима рафт ва рафтанашро танҳо пайравони вафодораш диданд. Омаданаш ҳам ҳамин тавр мешавад ва танҳо пайравони содиқаш дарк мекунанд, ки ӯ бар қудрати подшоҳии худ омадааст.
Расулон ба Ерусалим бармегарданд. Дар муддати якчанд рӯз онҳо бо дигар шогирдон, аз ҷумла «бародарони Исо» ва модари Исо — Марям, ҷамъ мешаванд (Аъмол 1:14). Онҳо бисёр дуо мегӯянд. Яке аз мавзӯъҳои дуояшон интихоби расулест, ки ҷойи Яҳудои Исқарютро бояд бигирад ва адади расулон аз нав ба 12 бирасад (Матто 19:28). Онҳо мехоҳанд касеро интихоб кунанд, ки шоҳиди хизмат ва зиндашавии Исо бошад. Расулон барои донистани он ки Худо киро интихоб кардааст, қуръа мепартоянд. Ин бори охирон аст, ки дар Навиштаҳо дар бораи партофтани қуръа барои фаҳмидани хости Худо гуфта мешавад (Забур 108:8; Масалҳо 16:33). Дар натиҷа, Матёсро интихоб мекунанд, ки, эҳтимол, аз ҳамон 70 шогирде буд, ки Исо барои мавъиза боре фиристода буд. Ҳамин тавр, Матёс «ба қатори ёздаҳ расули дигар ҳамроҳ» мешавад (Аъмол 1:26).
Даҳ рӯз баъд аз он ки Исо ба осмон баромад, маросими яҳудие бо номи иди Ҳафтаҳо соли 33-и милодӣ баргузор мегардад. Тахминан 120 пайрави Исо дар шаҳри Ерусалим, дар болохонае, ҷамъ меоянд. Ногоҳ садое ба мисли вазидани шамоли сахте хонаро пур мекунад. Дар болои сари ҳар як касе, ки он ҷо ҳузур дорад, чизе ба монанди забонаҳои оташ пайдо мешавад. Шогирдон ба забонҳои гуногун гап задан мегиранд. Чи хеле ки Исо ваъда дода буд, бар шогирдонаш рӯҳи муқаддас рехта шуд! (Юҳанно 14:26).