ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • bt боби 15 саҳ. 133-140
  • Ҷамоатҳоро устувор мегардонданд

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Ҷамоатҳоро устувор мегардонданд
  • Як ба як дар бораи Подшоҳии Худо шаҳодат диҳед
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • «Биё акнун баргардем ва аз ҳоли бародарон... хабар гирем» (Корнома 15:36)
  • «Баҳс... тезутунд шуд» (Корнома 15:37–41)
  • «Ӯро таъриф мекарданд» (Корнома 16:1–3)
  • «Имони ҷамоатҳо мустаҳкам мешуд» (Корнома 16:4, 5)
  • «Бо қудрати Яҳува далерона сухан меронданд»
    Як ба як дар бораи Подшоҳии Худо шаҳодат диҳед
  • Бародарони ҷавон, аз Марқус ва Тимотиюс ибрат гиред
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2025
  • «Аз хурсандӣ ва рӯҳи муқаддас пур мешуданд»
    Як ба як дар бораи Подшоҳии Худо шаҳодат диҳед
Як ба як дар бораи Подшоҳии Худо шаҳодат диҳед
bt боби 15 саҳ. 133-140

БОБИ 15

Ҷамоатҳоро устувор мегардонданд

Бародарони ботаҷриба сафар карда, имони аҳли ҷамоатро қавӣ мегардонанд

Бар Корнома 15:36–16:5 асос ёфтааст

1–3. а) Ҳамсафари нави Павлус кӣ буд ва дар бораи ӯ чӣ гуфтан мумкин аст? б) Аз ин боб мо дар бораи чӣ мефаҳмем?

АЗ ЯК шаҳр ба шаҳри дигар бо роҳи ноҳамвор сафар карда, Павлус ба ҳамсафари ҷавонаш менигараду ба андеша фурӯ меравад. Ин ҷавони бақуввату нерӯманд, ки Тимотиюс ном дорад, эҳтимол, навакак ба 20 қадам мондааст. Ҳангоми сафар, ҳар боре ки ӯ ба пеш қадам мезанад, торафт аз хонааш дур мешавад. Дар охири рӯз бошад, Лустра ва Иқуния оҳиста-оҳиста аз назар нопадид мегарданд. Ин ҳамсафаронро чӣ дар пеш аст? Павлус, ки бори дуюм ба сафари миссионерӣ баромадааст, дар ин бора каму беш тасаввурот дорад. Ӯ медонад, ки онҳо бо хатару душвориҳои зиёд дучор мешаванд. Оё ҳамсафари ҷавони ӯ ба ин душвориҳо тоб меорад?

2 Дили Павлус аз Тимотиюс то андозае пур аст, ки, шояд, худи ин ҷавони хоксор аз худ ҳамин қадар дилпур набошад. Баъд аз воқеаҳои охирон Павлус мефаҳмид, ки ба вай шарики боваринок лозим аст. Павлус дарк мекард, ки барои иҷрои вазифаашон, яъне ҷамоатҳоро хабар гирифтану устувор гардондан, онҳо бояд ҳамфикру қавиирода бошанд. Барои чӣ Павлус чунин андешаҳо дошт? Як сабабаш, шояд, дар он буд, ки каме пештар байни ӯву Барнаббо нофаҳмӣ сар заду онҳо аз ҳам ҷудо шуданд.

3 Аз ин боб мефаҳмем, ки чӣ тавр бо роҳи беҳтарин нофаҳмиҳоро ҳал кунем. Мо инчунин дида мебароем, ки чаро Павлус Тимотиюсро ҳамсафари худ интихоб кард ва нозирони ноҳиявӣ дар рӯзҳои мо кадом корҳоро ба анҷом мерасонанд.

«Биё акнун баргардем ва аз ҳоли бародарон... хабар гирем» (Корнома 15:36)

4. Павлус дар сафари дуюми миссионерияш чӣ гуна мақсадҳо дошт?

4 Дар боби гузашта мо дидем, ки чор бародар, Павлусу Барнаббо ва Яҳудову Сило, қарори ҳайати роҳбарикунандаро дар масъалаи хатна ба ҷамоати Антиохия расонда бародару хоҳаронро рӯҳбаланд карданд. Баъд аз ин Павлус чӣ кор кард? Ӯ сафари навбатиро ба нақша гирифта, ба Барнаббо чунин гуфт: «Биё акнун баргардем ва аз ҳоли бародароне, ки ба шаҳрҳои онҳо рафта, каломи Яҳуваро расонда будем, хабар гирем» (Кор. 15:36). Мақсади Павлус танҳо дидорбинии масеҳиёни навимон набуд. Мувофиқи китоби Корнома як мақсади сафари дуюми Павлус ин буд, ки ба аҳли ҷамоат дастури ҳайати роҳбарикунандаро расонад (Кор. 16:4). Боз ӯ ният дошт, ки вазифаи нозирияшро иҷро карда имони бародару хоҳаронро устувор гардонад (Рум. 1:11, 12). Чӣ тавр имрӯз созмони Шоҳидони Яҳува ба намунаи расулон пайравӣ карда, ҷамоатҳоро мустаҳкам месозад?

5. Чӣ тавр Ҳайати роҳбарикунанда имрӯз ҷамоатҳоро роҳнамоиву дастгирӣ мекунад?

5 Имрӯз Исои Масеҳ ҷамоати худро ба воситаи Ҳайати роҳбарикунандаи Шоҳидони Яҳува роҳнамоӣ мекунад. Ин тадҳиншудагони бовафо ба воситаи номаҳо, адабиёти чопиву электронӣ, вохӯриҳо ва дигар воситаҳо ҷамоатҳои рӯйи дунёро роҳнамоиву дастгирӣ мекунанд. Ҳайати роҳбарикунанда кӯшиш мекунад, ки аз аҳволи ҳар як ҷамоат бохабар бошад. Ба ҳамин хотир ин ҳайат дар саросари дунё ҳазорҳо пирони кордидаву пуртаҷрибаро нозири ноҳиявӣ таъйин кардааст.

6, 7. Нозирони ноҳиявӣ кадом корҳоро иҷро мекунанд?

6 Имрӯз нозирони ноҳиявӣ кӯшиш мекунанд, ки дар ҷамоатҳо ба ҳамаи бародару хоҳарон таваҷҷуҳ карда, онҳоро рӯҳан қавӣ гардонанд. Онҳо инро чӣ тавр мекунанд? Нозирони ноҳиявӣ ба намунаи нозирони асри як, аз ҷумла ба Павлуси расул, пайравӣ мекунанд. Павлус Тимотиюсро, ки мисли ӯ нозир буд, чунин ташвиқ намуд: «Каломро эълон кун, дар ин кор ҳам дар вақти мувофиқ ва ҳам дар вақти душвор ҷидду ҷаҳд намо, бо пуртоқативу санъати омӯзгорӣ танбеҳ, огоҳӣ ва насиҳат деҳ... Хушхабарро пайваста эълон кун» (2 Тим. 4:2, 5).

7 Мувофиқи ин оятҳо нозирони ноҳиявӣ — агар оиладор бошанд, ҳамроҳи ҳамсарашон — бо воизони ҷамоатҳо дар навъҳои гуногуни хизмат иштирок мекунанд. Азбаски онҳо омӯзгорони бомаҳорат мебошанд ва хизматро дӯст медоранд, ба аҳли ҷамоат намунаи хуб нишон медиҳанд (Рум. 12:11; 2 Тим. 2:15). Бародароне, ки кори нозириро иҷро мекунанд, фидокору меҳрубонанд. Онҳо вақту қуввати худро дареғ надошта, дар сармову гармо ва ҳатто дар минтақаҳои хатарнок хизмат мекунанд (Флп. 2:3, 4). Нозирони ноҳиявӣ инчунин дар асоси Каломи Худо нутқҳо гуфта, ҳар як ҷамоатро нерӯи тоза мебахшанд ва панду насиҳат медиҳанд. Хуб мебуд, ки ҳамаи мо дар бораи намунаи онҳо андеша карда, ба имонашон пайравӣ намоем (Ибр. 13:7).

«Баҳс... тезутунд шуд» (Корнома 15:37–41)

8. Барнаббо таклифи Павлусро чӣ хел қабул кард?

8 Барнаббо бо ҷону дил розӣ шуд, ки ҳамроҳи Павлус рафта, «аз ҳоли бародарон» хабар гирад (Кор. 15:36). Аз ин пеш онҳо дар кори нозирӣ ҳамкории хуб доштанд ва ба ҳар дуи онҳо минтақа ва одамоне, ки бояд хабар мегирифтанд, шинос буданд (Кор. 13:2–14:28). Аз ин рӯ дар ин таъйинот ҳамкорӣ кардан пешниҳоди нағз метофт, лекин мушкилие ба миён омад. Дар Корнома 15:37 чунин гуфта мешавад: «Барнаббо қарор кард, ки Юҳанноро, ки Марқус меномиданд, ҳамроҳ гиранд». Барнаббо бо Павлус маслиҳат накарда «қарор кард», ки дар хизмати миссионерӣ хешаш Марқусро ҳамроҳ мегирад.

9. Барои чӣ Павлус бо қарори Барнаббо розӣ нашуд?

9 Павлус ба қарори Барнаббо, ки Марқусро бо худ гиранд, зид мебарояд. Чаро? Дар ин бора дар Китоби Муқаддас мехонем: «Павлус бо ин розӣ набуд, зеро Марқус онҳоро дар Памфилия тарк карда, дар иҷрои супориш онҳоро ҳамроҳӣ накарда буд» (Кор. 15:38). Марқус Павлусу Барнабборо дар сафари якуми миссионерияшон ҳамроҳӣ карда буд, лекин ӯ бо онҳо то охир намонд (Кор. 12:25; 13:13). Ҳанӯз дар аввали сафарашон, вақте онҳо дар Памфилия буданд, Марқус таъйиноташро партофта ба Ерусалим, ба хонааш, баргашт. Дар Китоби Муқаддас гуфта нашудааст, ки барои чӣ ӯ ҳамсафаронашро тарк кард, лекин ин рафтори Марқус дар назари Павлус бемасъулиятӣ тофт. Шояд, аз ҳамин сабаб Павлус ба ҳамкори боваринок будани Марқус шубҳа кард.

10. Чаро Павлусу Барнаббо баҳс карданд ва оқибат чӣ шуд?

10 Барнаббо нею нестон карда Марқусро бо худ гирифтанӣ буд. Павлус ҳам аз фикраш гаштан намехост. Дар Корнома 15:39 гуфта мешавад: «Баҳси Павлусу Барнаббо чунон тезутунд шуд, ки онҳо аз якдигар ҷудо шуданд». Барнаббо бо Марқус ба зодгоҳаш, ба ҷазираи Кипр, баргашт, Павлус бошад, роҳи сафари худро пеш гирифт. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: «Павлус... Силоро интихоб кард ва, пас аз он ки бародарон ӯро ба ихтиёри лутфу марҳамати Яҳува супурданд, ба роҳ баромад» (Кор. 15:40). Павлус бо Сило ҳангоми сафар «аз Сурия ва Қилиқия гузашта, ҷамоатҳоро устувор мегардонд» (Кор. 15:41).

11. Вақте гапамон бо ягон кас мегурезад, кадом хислатҳо кумак мекунанд, ки пайванди дӯстию бародариямонро нигоҳ дорем?

11 Ин воқеа ба мо хотиррасон мекунад, ки ҳамаамон нокомилем. Павлусу Барнаббо намояндагони ҳайати роҳбарикунанда буданд. Аз афташ, бо гузашти вақт Павлус ҳатто узви он ҳайат гашт. Вале дар он маврид нокомилии Павлусу Барнаббо боло гирифт. Оё ин моҷаро риштаи рафоқати онҳоро канда кард? Не, чунки онҳо нокомил бошанд ҳам, мардони фурӯтан буданд ва кӯшиш мекарданд, ки ба намунаи Масеҳ пайравӣ кунанд. Шубҳае нест, ки Павлусу Барнаббо бо мурури вақт якдигарро бахшиданд ва аз нав дӯсту бародар шуданд (Эфс. 4:1–3). Лекин муносибати Павлусу Марқус чӣ гуна шуд? Баъдтар онҳо боз ҳамкорӣ карда, супоришҳои дигарро иҷро намудандa (Қӯл. 4:10).

12. Имрӯз нозирон ва пирони ҷамоат аз кадом ҷиҳат бояд ба Павлусу Барнаббо пайравӣ намоянд?

12 Чунин баҳси тезутунд ба Павлусу Барнаббо хос набуд. Барнаббо шахси хеле меҳрубону дасткушод буд. Барои ҳамин расулон ба ӯ, ки аслан Юсуф ном дошт, Барнаббо лақаб монданд, ки маънояш «писари тасаллӣ» буд (Кор. 4:36). Павлусро низ чун шахси ғамхору меҳрубон мешинохтанд (1 Тас. 2:7, 8). Имрӯз ҳамаи пирон, аз ҷумла нозирони ноҳиявӣ, ба Павлусу Барнаббо пайравӣ намуда, бояд пайваста кӯшиш кунанд, ки нисбати пирони ҳамкорашон ва дигар бародару хоҳарон меҳрубону ғамхор бошанд (1 Пет. 5:2, 3).

«Ӯро таъриф мекарданд» (Корнома 16:1–3)

13, 14. а) Тимотиюс чӣ гуна бародар буд ва Павлус бо ӯ, эҳтимол, кай шинос шуд? б) Барои чӣ Павлус ба Тимотиюс диққат дод? в) Тимотиюс чӣ супориш гирифт?

13 Павлуси расул дар сафари дуюми миссионерияш якчанд ҷамоатеро, ки дар вилояти Ғалотияи Рум буданд, хабар гирифт. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: «Ҳамин тавр Павлус ба Дарба ва баъд ба Лустра омад. Дар он ҷо Тимотиюс ном шогирде буд, ки модараш яҳудизани имондору падараш юнонӣ буд» (Кор. 16:1)b.

14 Ба назар чунин мерасад, ки Павлус бо аҳли оилаи Тимотиюс ҳангоми сафари якумаш, тахминан соли 47-уми милодӣ, шинос шуда буд. Аммо ду-се сол пас, ҳангоми сафари дуюмаш, Павлус ба Тимотиюс бештар эътибор дод. Чаро? Чунки бародарон Тимотиюсро «таъриф мекарданд». Ӯро на танҳо бародарони шаҳри худаш, балки берун аз он низ қадр мекарданд. Мувофиқи Китоби Муқаддас дар Лустраву Иқуния, ки тақрибан 30 километр дуртар аз ҷою макони Тимотиюс буданд, бародарон дар ҳаққи ӯ суханони хуб мегуфтанд (Кор. 16:2). Аз ин рӯ пирон бо роҳнамоии рӯҳи муқаддас ба Тимотиюси ҷавон вазифаи ҷиддие доданд. Акнун ӯ бояд Павлусу Силоро дар сафари хизматияшон ҳамроҳӣ мекард (Кор. 16:3).

15, 16. Чӣ тавр Тимотиюс дар ҷамоат обрӯю эътибор пайдо кард?

15 Чӣ тавр Тимотиюс аз овони ҷавонияш ин қадар обрӯю эътибори хуб пайдо кард? Шояд, ӯ ақли расо, қаду басти зебо ё қобилиятҳои модарзод дошт? Бисёр вақт барои одамон ин чизҳо аҳамияти калон дорад. Боре ҳатто пайғамбар Самуил ба шахсе аз рӯйи афту андомаш баҳо дод. Лекин Яҳува ба ӯ хотиррасон карда гуфт: «Худо мисли одамизод нигоҳ намекунад, зеро одами хокӣ чизеро мебинад, ки ба чашм маълум аст, Яҳува бошад, дилро мебинад» (1 Подш. 16:7). Тимотиюс на бо сурат, балки бо сирати худ дар байни ҳамимононаш номи нек пайдо карда буд.

16 Солҳо пас Павлус баъзе хислатҳои хуби Тимотиюсро номбар кард. Ӯ дар бораи рӯҳияи хуб ва муҳаббату фидокории Тимотиюс ёдовар шуд. Ӯ инчунин қайд кард, ки Тимотиюс дар корҳои ҷамоат ғайрати зиёд дорад (Флп. 2:20–22). Ғайр аз ин, Тимотиюси ҷавон дар байни бародару хоҳарон бо «имони дилсофона»-и худ обрӯ пайдо карда буд (2 Тим. 1:5).

17. Чӣ тавр ҷавонон имрӯз ба намунаи Тимотиюс пайравӣ карда метавонанд?

17 Имрӯз бисёр ҷавонон ба намунаи Тимотиюс пайравӣ намуда, хислатҳоеро нишон медиҳанд, ки писанди Яҳува аст. Аз ин рӯ онҳо, аз ҷумла касоне, ки хеле ҷавонанд, дар назди Яҳува ва бародару хоҳарон номи нек пайдо кардаанд (Пнм. 22:1; 1 Тим. 4:15). Онҳо тавре зиндагӣ намекунанд, ки як пояшон дар ҷамоату дигараш дар ҷаҳон бошад, балки имони бериё доранд (Заб. 26:4). Бисёри чунин ҷавонон мисли Тимотиюс ба ҷамоат ёрдами калон расонда метавонанд. Вақте онҳо воизи хушхабар мешаванд ва ҳаёташонро ба Яҳува бахшида, таъмид мегиранд, аҳли ҷамоат рӯҳбаланду хушҳол мегарданд.

«Имони ҷамоатҳо мустаҳкам мешуд» (Корнома 16:4, 5)

18. а) Чӣ тавр Павлусу Тимотиюс ҳайати роҳбарикунандаро дастгирӣ мекарданд? б) Ҷамоатҳо соҳиби чӣ гуна баракатҳо гаштанд?

18 Павлусу Тимотиюс тӯли солҳои зиёд якдилона ҳамкорӣ карданд. Онҳо чун нозирон ҳар гуна супоришу дастури ҳайати роҳбарикунандаро иҷро менамуданд. Дар ин бора аз Каломи Худо мехонем: «Онҳо шаҳр ба шаҳр гашта, дастурҳои расулону пирони Ерусалимро ба бародарон мерасонданд, то аз рӯйи он дастурҳо амал кунанд» (Кор. 16:4). Он ҷамоатҳо ба роҳнамоии расулону пирони Ерусалим итоат мекарданд, «аз ин рӯ имони ҷамоатҳо мустаҳкам мешуд ва шумораи имондорон рӯз аз рӯз меафзуд» (Кор. 16:5).

19, 20. Чаро аҳли ҷамоат бояд ба бародароне, ки «роҳбариро ба уҳда доранд», итоаткору фармонбардор бошад?

19 Ба ин монанд, имрӯз Шоҳидони Яҳува ба дастуру роҳнамоии «касоне, ки... роҳбариро ба уҳда доранд», итоаткору фармонбардор буда, соҳиби баракатҳои зиёд мегарданд (Ибр. 13:17). Азбаски саҳнаи ин ҷаҳон доим тағйир меёбад, ба мо хеле муҳим аст, ки пайваста ба дастури «ғуломи бовариноку боандеша» диққат диҳему сари вақт аз рӯйи он амал кунем (Мат. 24:45; 1 Қӯр. 7:29–31). Ин тавр карда мо дар имон устувор мемонем ва худро ба ин ҷаҳон олуда намесозем (Яъқ. 1:27).

20 Пӯшида нест, ки бародароне, ки имрӯз дар созмони Яҳува сарварӣ мекунанд, аз ҷумла Ҳайати роҳбарикунанда, мисли Павлусу Барнаббо, Марқус ва дигар пирони тадҳиншудаи асри як нокомиланд (Рум. 5:12; Яъқ. 3:2). Аъзои Ҳайати роҳбарикунанда нокомил бошанд ҳам, ба Яҳува вафодоранд, чунки онҳо аз рӯйи маслиҳатҳои Каломи Худо ва намунаи муқарраркардаи расулон амал мекунанд (2 Тим. 1:13, 14). Аз ин рӯ, вақте ҷамоатҳо аз рӯйи дастури ин «ғуломи боваринок» амал мекунанд, дар имон устувору мустаҳкам мешаванд.

ТИМОТИЮС «ДАР ПАҲН КАРДАНИ ХУШХАБАР ХИЗМАТ НАМУД»

Павлуси расул кумаку дастгирии Тимотиюсро беҳад қадр мекард. Баъди тахминан 11 соли ҳамкорияшон Павлус дар ҳаққи Тимотиюс чунин навишт: «Ман каси дигаре надорам, ки феълу табиати ӯро дошта бошад ва дар бораи шумо аз таҳти дил ғамхорӣ кунад... Шумо медонед, ки Тимотиюс бо ман чун фарзанд бо падараш дар паҳн кардани хушхабар хизмат намуд ва чӣ гуна инсон будани худро исбот кард» (Флп. 2:20, 22). Азбаски Тимотиюс дар хизмат ғайрати зиёд дошт, табъи дили Павлус буд ва барои мо намунаи хуб гузошт.

Тимотиюс.

Тимотиюс, аз афташ, дар шаҳри Лустра ба воя расид. Падари ӯ юнониву модараш яҳудӣ буд. Модараш Авниқо ва бибияш Лӯид ба ӯ аз хурдсолӣ Навиштаҳоро таълим медоданд (Кор. 16:1, 3; 2 Тим. 1:5; 3:14, 15). Эҳтимоли зиёд аст, ки, Тимотиюс бо модару бибияш ҳамон вақт масеҳӣ шуд, ки Павлус якум бор ба Лустра рафта буд.

Якчанд сол пас, вақте Павлус ба Лустра баргашт, Тимотиюс тахминан 20-сола буд ва «бародарон дар Лустра ва Иқуния ӯро таъриф мекарданд» (Кор. 16:2). Ҳамчунин дар бораи ин ҷавон бо рӯҳи муқаддас «пешгӯйиҳо» карданд, аз ин рӯ Павлусу пирони маҳаллӣ Тимотиюсро ба хизмати махсус таъйин карданд (1 Тим. 1:18; 4:14; 2 Тим. 1:6). Ҳамин тавр ӯ дар хизмати миссионерии Павлус ҳамсафараш шуд. Тимотиюс бояд оилаашро тарк мекард ва, ба хотири он ки яҳудиён ягон хел норозигӣ накунанд, хатна мешуд (Кор. 16:3).

Тимотиюс ба бисёр ҷойҳо сафар карда буд. Ӯ бо Павлусу Сило дар Филиппӣ, баъд бо Сило дар Бирия, сипас худаш танҳо дар Таслӯникӣ хушхабарро паҳн мекард. Вақте Тимотиюс ба Қӯринт назди Павлус омад, ба ӯ хабари хуш овард, ки таслӯникиён, ба азобу уқубаташон нигоҳ накарда, муҳаббату вафодорӣ нишон медиҳанд (Кор. 16:6–17:14; 1 Тас. 3:2–6). Вақте Павлус дар Эфсӯс буд, дар бораи ҷамоати Қӯринт хабари нохушро шунида Тимотиюсро ба он ҷо равон кард (1 Қӯр. 4:17). Баъдтар Павлус Тимотиюсу Арастусро аз Эфсӯс ба Мақдуния фиристод. Ҳангоми ба румиён нома навиштани Павлус бошад, Тимотиюс ҳамроҳаш дар Қӯринт буд (Кор. 19:22; Рум. 16:21). Ин танҳо баъзе аз сафарҳои хизматии Тимотиюс мебошад, ки ӯ ба хотири паҳн намудани хушхабар карда буд.

Аз афташ, Тимотиюс ҷуръат намекард, ки баъзеҳоро дар ҷамоат ислоҳ кунад, барои ҳамин Павлус ба ӯ навишт: «Нагузор, ки касе аз сабаби ҷавоният ба ту нописандӣ кунад» (1 Тим. 4:12). Павлус, ки дилаш аз Тимотиюс пур буд, ӯро барои ҳалли душвориҳои ҷамоате фиристода, чунин гуфт: «Аз ту хоҳиш мекунам, то ба баъзе касон амр диҳӣ, ки таълимоти дигарро паҳн накунанд» (1 Тим. 1:3). Павлус инчунин ба Тимотиюс ҳақ дод, ки дар ҷамоат нозирон ва ходимони ёварро таъйин кунад (1 Тим. 5:22).

Павлус Тимотиюсро барои хислатҳои зебояш дӯст медошт. Аз Навиштаҳо мефаҳмем, ки ин бародари ҷавон барояш ҳамроҳи меҳрубону вафодор ва мисли писар азиз буд. Масалан, Павлус навишта буд, ки ашкҳои Тимотиюсро дар ёд дорад, ӯро пазмон шудааст ва дар ҳаққаш дуо мегӯяд. Инчунин ӯ ба Тимотиюс, ки «зуд-зуд нотоб» мешуду аз афташ, бемории меъда дошт, мисли падари ғамхор маслиҳат дод (1 Тим. 5:23; 2 Тим. 1:3, 4).

Вақте Павлус якум бор дар Рум ҳабс шуд, Тимотиюс дар бараш буд. Якчанд муддат Тимотиюс низ дар ҳабс қарор дошт (Филем. 1; Ибр. 13:23). Ин ду марди бовафо мисли ҷону ҷигар бо ҳам пайванд буданд. Аз ин рӯ Павлус наздик будани маргашро фаҳмида ба Тимотиюс чунин навишт: «Илоҷе карда, зудтар наздам биё» (2 Тим. 4:6–9). Мо намедонем, ки оқибат дида ба дидор расид ё не, чунки дар Китоби Муқаддас дар бораи вохӯрии Тимотиюс бо омӯзгори азизаш чизе гуфта нашудааст.

МАРҚУС СУПОРИШҲОИ ПУРШАРАФИ ЗИЁД ДОШТ

Дар Хушхабари Марқус гуфта мешавад, ки ҳангоми Исоро дастгир кардан «як ҷавонмард»-ро низ қапиданӣ шуданд, вале ӯ «нимбараҳна аз онҳо гурехт» (Марқ. 14:51, 52). Дар ин бора танҳо Марқус, ки ӯро Марқуси Юҳанно низ меномиданд, навиштааст. Барои ҳамин хулоса кардан мумкин аст, ки он ҷавонмард худи Марқус мебошад ва ӯ то як андоза бо Исо шинос буд.

Марқус суханони марди калонсолро гӯш карда, қайд монда истодааст.

Тақрибан 11 сол пас аз марги Исо, ҳангоми масеҳиёнро озор додани Ҳиродуси Ағрипос, «одамони зиёде» аз ҷамоати Ерусалим дар хонаи Марям — модари Марқус, ҷамъ омада, дуо мегуфтанд. Ин ҳамон хонае буд, ки Петрус баъди муъҷизавор аз зиндон озод шуданаш рост ба он ҷо рафт (Кор. 12:12). Пас, Марқус дар хонае ба воя расида буд, ки баъдтар ҷойи вохӯрии масеҳиён гашт. Аз ин бармеояд, ки ӯ шогирдони аввалини Исоро нағз мешинохт ва онҳо ба ӯ таъсири хуб расонда буданд.

Марқус бо нозирони ҷамоати асри як ҳамкорӣ дошт. То он ҷое ки медонем, аввалин супориши пуршарафи ӯ ин буд, ки ба Павлуси расул ва хеши наздикаш Барнаббо ҳамроҳу ҳамкор гашт. Он вақт Павлусу Барнаббо дар Антиохияи Сурия таъйиноти махсус доштанд (Кор. 12:25). Вақте Барнаббову Павлус ба сафари якуми миссионерияшон шурӯъ намуда аввал ба Кипр ва сипас ба Осиёи Хурд рафтанд, Марқус ҳамроҳашон буд. Аз он ҷо ӯ бо сабабҳои ба мо номаълум ба Ерусалим баргашт (Кор. 13:4, 13). Чи хеле дар Корнома, боби 15, гуфта мешавад, баъди он ки аз пушти Марқус гапи Барнаббою Павлус гурехт, Барнаббо ва Марқус хизмати миссионерияшонро дар Кипр давом доданд (Кор. 15:36–39).

Гуфтан мумкин аст, ки бо гузашти вақт аз он норозигию гапгурезӣ ягон асар намонд, зеро соли 60 ё 61-уми м. Марқус аз нав бо Павлус, ин дафъа дар шаҳри Рум, ҳамкорӣ мекард. Павлус, ки дар он ҷо зиндонӣ буд, ба ҷамоати Қӯлассо нома навишта чунин гуфт: «Ористархус, ки бо ман дар ҳабс аст, ва Марқус, хеши Барнаббо, ба шумо салом мерасонанд (шумо дар бораи Марқус дастур гирифта будед, ки, агар наздатон ояд, ӯро нағз қабул кунед)» (Қӯл. 4:10). Аз ин суханон бармеояд, ки Павлус Марқусро ҳамчун намояндааш аз Рум ба Қӯлассо фиристоданӣ буд.

Тахминан солҳои 62–64-уми м. Марқус бо Петруси расул дар Бобил хизмат мекард. Чи хеле дар боби 10-уми ин китоб зикр шудааст, онҳо дӯсти қарин шуданд ва Петрус Марқусро ҳатто «писарам» гуфт (1 Пет. 5:13).

Ниҳоят, тақрибан соли 65-уми м., вақте Павлуси расул бори дуюм дар Рум ҳабс шуд, ӯ ба ҳамкораш Тимотиюс, ки дар Эфсӯс буд, чунин навишт: «Бо худ Марқусро биёр, зеро ӯ дар хизмат бароям мададгори хубест» (2 Тим. 4:11). Бешубҳа, Марқус ин даъватро бо ҷону дил қабул карда, аз Эфсӯс ба Рум рафт. Азбаски Марқус ба кумак тайёр буд, Барнаббою Павлус ва Петрус ӯро қадр мекарданд.

Супориши аз ҳама пуршарафи Марқус ин буд, ки бо илҳоми илоҳӣ яке аз китобҳои Хушхабарро навишт. Ба ақидаи баъзеҳо, бисёр чизҳоро ӯ аз Петруси расул фаҳмида буд. Ин ақида ҷон дорад, чунки дар ин Хушхабар баъзе тафсилоте ҳаст, ки аз онҳо танҳо шоҳидони зинда, ба мисли Петрус, бохабар буданд. Аз афташ, Марқус Хушхабарро на дар Бобил, вақте бо Петрус буд, балки дар Рум ба қалам овардааст. Чунин ба назар мерасад, ки Марқус китобашро асосан барои ғайрияҳудиён навиштааст, зеро калимаву ибораҳои лотиниро ба фаровонӣ истифода бурдааст, мафҳумҳои иброниро бошад, барои душворфаҳм нашудани матн тарҷума кардааст.

a Нигаред ба чорчӯбаи «Марқус супоришҳои пуршарафи зиёд дошт».

b Нигаред ба чорчӯбаи «Тимотиюс “дар паҳн кардани хушхабар хизмат намуд”».

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан