ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • lff дарси 17 қисмҳои 1-6
  • Исо чӣ гуна хислатҳо дошт?

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Исо чӣ гуна хислатҳо дошт?
  • То абад зинда бошед! Омӯзиши Китоби Муқаддас
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • БЕШТАР ФАҲМЕД
  • ФИКРҲОИ АСОСӢ
  • ДИДА БАРОЕД
  • Исои Масеҳ кист?
    То абад зинда бошед! Омӯзиши Китоби Муқаддас
  • Исо мехоҳад Яҳуваро ошкор кунад
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2012
  • Исои Масеҳ кист?
    Китоби Муқаддас ба мо чиро таълим медиҳад?
  • Исо дар замин бо чӣ кор машғул буд?
    То абад зинда бошед! Омӯзиши Китоби Муқаддас
Маълумоти бештар
То абад зинда бошед! Омӯзиши Китоби Муқаддас
lff дарси 17 қисмҳои 1-6
Дарс 17. Исо дасташро дароз карда марди беморро шифо мебахшад.

ДАРСИ 17

Исо чӣ гуна хислатҳо дошт?

Нашри чопӣ
Нашри чопӣ
Нашри чопӣ

Аз таълиму корҳои Исо мо дар бораи хислатҳои ӯ мефаҳмем ва ин моро ба ӯву Падараш Яҳува наздиктар мегардонад. Биёед баъзе хислатҳои Исоро дида бароем ва фаҳмем, ки чӣ тавр мо аз ӯ ибрат гирифта метавонем.

1. Исо аз кадом ҷиҳат ба Падараш монанд аст?

Исо дар осмон тӯли миллиардҳо сол корҳои Падари меҳрубонашро мушоҳида карда, аз ӯ бисёр чизро омӯхт. Барои ҳамин фикрронӣ, ҳиссиёт ва амалҳояш ба Падараш монанд шуд. (Юҳанно 5:19-ро хонед.) Исо хислатҳои Падарашро ба таври беҳтарин нишон медод, бинобар ин гуфта метавонист: «Ҳар касе, ки маро дидааст, Падарро низ дидааст» (Юҳанно 14:9). Аз ин рӯ дар бораи Исо дониш гирифта, шумо Яҳуваро нағзтар мешиносед. Мисол, раҳмдилии Исо нишон медиҳад, ки то чӣ андоза Яҳува ғами шуморо мехӯрад.

2. Чӣ тавр Исо нишон дод, ки Яҳуваро дӯст медорад?

Исо гуфта буд: «То ҷаҳон бидонад, ки ман Падарро дӯст медорам, ҳамон тавре амал мекунам, ки Падар ба ман амр додааст» (Юҳанно 14:31). Вақте Исо дар замин буд, ҳатто дар лаҳзаҳои душвор ба Падараш итоат карда, муҳаббаташро нишон медод. Исо бо хоҳиши зиёд дар бораи Падараш нақл мекард. Ӯ инчунин ба дигарон кумак мекард, ки дӯсти Яҳува шаванд (Юҳанно 14:23).

3. Чӣ тавр Исо нишон дод, ки одамонро дӯст медорад?

Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки Исо «ба одамизод меҳри бисёр» дошт (Панднома 8:31). Ӯ аз муҳаббат одамонро дилбардориву дастгирӣ менамуд. Муъҷизаҳояш нишон медоданд, ки ӯ на танҳо соҳиби қудрат аст, балки раҳмдилу дилсӯз низ мебошад (Марқус 1:40–42). Ӯ бо одамон меҳрубон буд ва онҳоро ҷудо намекард. Суханони Исо барои одамони самимӣ малҳами дил буд ва ба онҳо умед мебахшид. Исо одамизодро чунон дӯст дошт, ки азоб кашида ҷонашро барои онҳо фидо кард. Вале Исо махсусан онҳоеро дӯст медорад, ки гуфтаҳояшро иҷро мекунанд. (Юҳанно 15:13, 14-ро хонед.)

БЕШТАР ФАҲМЕД

Дар бораи хислатҳои Исо дониши бештар гиред. Фикр кунед, ки чӣ тавр ба муҳаббат ва саховатмандии ӯ пайравӣ карда метавонед.

4. Исо Падарашро дӯст медорад

Аз намунаи Исо мо мефаҳмем, ки чӣ тавр муҳаббатамонро ба Яҳува нишон диҳем. Луқо 6:12, Юҳанно 15:10 ва 17:26-ро хонед. Баъд аз хондани оятҳо ба саволи зерин ҷавоб диҳед:

  • Чӣ тавр мо мисли Исо нишон дода метавонем, ки Яҳуваро дӯст медорем?

Исо дуо гуфта истодааст.

Исо Падари осмониашро дӯст медошт ва пайваста ба ӯ дуо мегуфт

5. Исо ба муҳтоҷон ғамхор аст

Исо бештар ғами дигаронро мехӯрд. Ҳатто вақте ӯ монда буд, вақту қувваташро аз онҳо дареғ намедошт. Марқус 6:30–44-ро хонед, сипас ба саволҳои зерин ҷавоб диҳед:

  • Мувофиқи ин оятҳо чӣ тавр Исо ба дигарон ғамхорӣ мекард? (Нигаред ба оятҳои 31, 34, 41 ва 42.)

  • Чаро Исо ба одамон кумак мекард? (Нигаред ба ояти 34.)

  • Аз хислатҳои Исо, ки ба Падараш пайравӣ мекард, шумо дар бораи Яҳува чӣ фаҳмидед?

  • Бо кадом роҳҳо мо мисли Исо ба одамон ғамхорӣ карда метавонем?

Исо муъҷизавор бо панҷ нон ва ду моҳӣ ҳазорҳо одамро сер мекунад. Шогирдон нону моҳиро ба мардон ва занону кӯдакон тақсим мекунанд.

6. Исо саховатманд аст

Ҳарчанд Исо молу мулки бисёр надошт, одами дасткушод буд. Исо моро низ таълим медиҳад, ки саховатманд бошем. Корнома 20:35-ро хонед, сипас саволи зеринро якҷоя дида бароед:

  • Мувофиқи суханони Исо чӣ ба мо хурсандӣ меорад?

ВИДЕОРО тамошо кунед, сипас ба саволи зерин ҷавоб диҳед:

ВИДЕО: «Дасткушодӣ хушбахтии бештар меорад» (порча) (4:00)

  • Чӣ тавр новобаста ба камбизоатӣ дасткушод будан мумкин аст?

Оё шумо медонистед?

Мувофиқи Китоби Муқаддас мо бояд ба Яҳува ба воситаи Исо дуо гӯем. (Юҳанно 16:23, 24-ро хонед.) Ҳамин тавр мо нишон медиҳем, ки кореро, ки Исо барои мо кард, қадр мекунем, зеро маҳз ба воситаи ӯ мо бо Яҳува дӯст шуда метавонем.

БАЪЗЕҲО МЕГӮЯНД: «Дарду азоби мо бо хости Худост — ӯ моро месанҷад».

  • Ғамхориву дилсӯзии Исоро дониста, чаро гуфтан мумкин аст, ки Худо барои санҷидан одамонро азоб намедиҳад?

ФИКРҲОИ АСОСӢ

Исо Яҳува ва одамонро дӯст медорад. Ӯ ба Падараш монанд аст, барои ҳамин, чи қадаре ки дар борааш бештар дониш гиред, ҳамон қадар Яҳуваро нағзтар мешиносед.

Такрор

  • Чӣ тавр мисли Исо нишон диҳем, ки Яҳуваро дӯст медорем?

  • Чӣ тавр мисли Исо нишон диҳем, ки одамонро дӯст медорем?

  • Ба шумо кадом хислати Исо бештар маъқул аст?

Мақсад

ДИДА БАРОЕД

Фаҳмед, ки кадом хислатҳои Исоро аз худ карда метавонед.

«Аз пайғамбар Исо ибрат гиред» («Ҳазрати Исо — роҳ, ростӣ ва ҳаёт», саҳ. 317)

Фаҳмед, ки барои чӣ пайравони Исо ба воситаи ӯ ба Худо дуо мегӯянд.

«Чаро ба воситаи номи Исои Масеҳ дуо гуфтан муҳим?» («Бурҷи дидбонӣ», 1 феврали с. 2008)

Оё дар Китоби Муқаддас дар бораи қаду баст ва симои Исо чизе гуфта шудааст?

«Андоми Исо чӣ гуна буд?» (Мақола аз сомона)

Мо аз муносибати Исо ба занон чӣ меомӯзем?

«Худо мехоҳад, ки занҳоро ҳурмату иззат кунанд» («Бурҷи дидбонӣ», 1 сентябри с. 2012)

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан