ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • jy боби 24 саҳ. 62-саҳ. 63 сарх. 7
  • Хизмати Исо дар Ҷалил пешрафт мекунад

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Хизмати Исо дар Ҷалил пешрафт мекунад
  • Ҳазрати Исо — роҳ, ростӣ ва ҳаёт
  • Маводи монанд
  • А7–В Рӯйдодҳои асосии зиндагонии заминии Исо — Хизмати Исо дар Ҷалил (Қисми 1)
    Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
  • Масеҳ пешгӯиро иҷро кард
    Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2016)
  • Исо дар Кафарнаҳум корҳои бузург мекунад
    Ҳазрати Исо — роҳ, ростӣ ва ҳаёт
  • Фурӯтанӣ муҳим аст
    Ҳазрати Исо — роҳ, ростӣ ва ҳаёт
Ҳазрати Исо — роҳ, ростӣ ва ҳаёт
jy боби 24 саҳ. 62-саҳ. 63 сарх. 7
Петрус, Андриёс, Яъқуб ва Юҳанно Исоро меёбанд

БОБИ 24

Хизмати Исо дар Ҷалил пешрафт мекунад

МАТТО 4:23–25 МАРҚӮС 1:35–39 ЛУҚО 4:42, 43

  • ИСО БО ЧОР ШОГИРДАШ ДАР САРОСАРИ ҶАЛИЛ САФАР МЕКУНАД

  • ОВОЗА ДАР БОРАИ МАВЪИЗА ВА МӮЪҶИЗАҲОИ ИСО ДАР ҲАМА ҶО ПАҲН МЕШАВАД

Исову шогирдонаш дар Кафарнаҳум рӯзи дароз банд буданд. Бегоҳ низ одамон беморонро назди ӯ меоранд ва ӯ онҳоро шифо медиҳад. Исо вақте надорад, ки танҳо бимонад.

Саҳари барвақт, ҳанӯз чашми рӯз накафида, Исо аз хоб мехезад ва танҳо берун меравад. Ӯ ҷойи хилвате ёфта, мехоҳад дар танҳоӣ ба Падараш дуо гӯяд. Лекин «Шимъӯн ва онҳое, ки бо ӯ буданд», даррав пай мебаранд, ки Исо нест ва ба ҷустуҷӯйи ӯ мебароянд. Мумкин, ин корро Петрус роҳбарӣ мекунад, чунки Исо дар хонаи ӯ меҳмон аст (Марқӯс 1:36; Луқо 4:38).

Вақте онҳо Исоро меёбанд, Петрус мегӯяд: «Ҳама туро кофта истодаанд» (Марқӯс 1:37). Фаҳмост, ки мардуми Кафарнаҳум мехоҳанд, ки Исо бо онҳо монад. Онҳо барои корҳояш аз Исо миннатдоранд, барои ҳамин «ӯро дар пеши худ нигоҳ доштанӣ» мешаванд (Луқо 4:42). Лекин оё Исо ба замин фақат барои мӯъҷиза кардан омадааст? Оё ӯ бояд фақат дар як маҳал корҳои худашро нишон диҳад? Худи Исо дар ин бора чӣ мегӯяд?

Исо бо Петрус, Андриёс, Яъқуб ва Юҳанно гап зада, ба шаҳре ки дар наздикиашон аст, ишора мекунад

Исо ба шогирдонаш мегӯяд: «Биёед ба ҷойи дигар, ба шаҳрҳои гирду атроф, равем, то ки ман дар он ҷо низ мавъиза кунам, зеро маҳз барои ҳамин омадаам». Ӯ ба мардум низ чунин мегӯяд: «Ман бояд хушхабарро дар бораи Подшоҳии Худо дар шаҳрҳои дигар низ эълон кунам, зеро барои ҳамин фиристода шудаам» (Марқӯс 1:38; Луқо 4:43).

Бале, яке аз сабабҳои асосии ба замин омадани Исо ин аст, ки дар бораи Подшоҳии Худо ба дигарон нақл кунад. Ин Подшоҳӣ номи Худоро ҷалол дода, тамоми бадбахтиҳои инсониятро бартараф мекунад. Исо бо мӯъҷиза одамонро шифо дода, исбот мекунад, ки ӯро Худо фиристодааст. Асрҳо пеш Мӯсо-пайғамбар ҳам бо ҳамин мақсад корҳои бузург мекард (Хуруҷ 4:1–9, 30, 31).

Исо аз Кафарнаҳум меравад, то ки дар дигар шаҳрҳо ҳам мавъиза кунад. Ҳамроҳаш чор шогирдаш мераванд: Петрусу бародараш Андриёс ва Юҳаннову бародараш Яъқуб. Аз вақте, ки Исо онҳоро даъват намуд, ки ҳамроҳаш сафар кунанд, як ҳафта гузаштааст.

Мавъизаи Исо бо чор шогирдаш дар Ҷалил баракатҳои бисёре меорад. Хабар дар бораи ӯ дар ҳама ҷо паҳн мешавад. «Овозаи Исо дар тамоми Сурия», дар Декаполис, маҳалле, ки даҳ шаҳр дорад, ва дар дигар тарафи дарёи Урдун паҳн мешавад (Матто 4:24, 25). Одамони бисёре аз он ҷойҳо ва ҳамчунин аз Яҳудия аз паси Исову пайравонаш равона мешаванд. Аз ҳар ҷо назди ӯ беморонро меоранд. Исо бошад, ҳеҷ касро ноумед намекунад, балки беморонро шифо медиҳад ва девҳоро берун мекунад.

  • Саҳари барвақт, баъд аз рӯзи серташвиш, дар Кафарнаҳум чӣ рӯй медиҳад?

  • Чаро Исо ба замин фиристода шуд ва ӯ бо кадом мақсад мӯъҷиза ба амал меорад?

  • Кӣ ҳамроҳи Исо ба дигар шаҳрҳои Ҷалил меравад ва хизмати онҳо чӣ натиҷа меорад?

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан