ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • jy боби 32 саҳ. 78-саҳ. 79 сарх. 7
  • Дар рӯзи шанбе чӣ равосту чӣ — не?

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Дар рӯзи шанбе чӣ равосту чӣ — не?
  • Ҳазрати Исо — роҳ, ростӣ ва ҳаёт
  • Маводи монанд
  • Оё дар рӯзи шанбе хӯшачинӣ равост?
    Ҳазрати Исо — роҳ, ростӣ ва ҳаёт
  • Дар рӯзи шанбе шифо додан
    Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2018)
  • Ҳам барои кор ва ҳам барои дамгирӣ «замоне ҳаст»
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2019
Ҳазрати Исо — роҳ, ростӣ ва ҳаёт
jy боби 32 саҳ. 78-саҳ. 79 сарх. 7
Исо марди дасташ хушкро шифо медиҳад

БОБИ 32

Дар рӯзи шанбе чӣ равосту чӣ — не?

МАТТО 12:9–14 МАРҚӮС 3:1–6 ЛУҚО 6:6–11

  • ИСО ДАСТИ МАРДЕРО ДАР РӮЗИ ШАНБЕ ШИФО МЕБАХШАД

Як шанбеи дигар Исо ба ибодатгоҳе, эҳтимол, ба яке аз ибодатгоҳҳои Ҷалил, меравад. Дар он ҷо ӯ мардеро мебинад, ки дасташ хушк аст (Луқо 6:6). Фарисиёну шариатдонон Исоро бодиққат мушоҳида мекунанд. Нияти бади онҳо аз саволе, ки ба Исо медиҳанд, маълум мешавад: «Оё дар рӯзи шанбе шифо додан равост?» (Матто 12:10).

Сарварони дини яҳудӣ фикр мекунанд, ки дар рӯзи шанбе танҳо он вақт беморро табобат кардан равост, агар ҳаёти ӯ зери хатар бошад. Масалан, дар ин рӯз шикастабандӣ ва захмбандӣ кардан мумкин нест, чунки ин корҳоро ба пагоҳ гузоштан мумкин аст. Фарисиёну шариатдонон барои айбдор кардани Исо ин саволро медиҳанд, на аз дилсӯзӣ ба он марди бемор.

Ӯ дарк мекунад, ки фарисиён дар бораи кор накардан дар рӯзи шанбе тасаввуроти нодуруст доранд ва дар риояи он аз ҳад гузаштаанд. Исо медонад, ки ин хел фикрронӣ бар Навиштаҳо асос намеёбад (Хуруҷ 20:8–10). Ӯ аллакай дар рӯзи шанбе корҳои нек карда буд ва бо танқиди бемаврид дучор шуда буд. Аммо ҳозир Исо бо рафтораш ба оташи ғазаби фарисиёну шариатдонон равған мерезад. Ӯ ба марде, ки дасташ хушк аст, мегӯяд: «Аз ҷоят хез ва дар миёнаҷо ист» (Марқӯс 3:3).

Баъд ӯ ба фарисиёну шариатдонон муроҷиат карда мегӯяд: «Кадоме аз шумо, агар як гӯсфанд дошта бошад ва он дар рӯзи шанбе ба чоҳ афтад, онро аз чоҳ намебарорад?» (Матто 12:11). Албатта, ҳеҷ кас гӯсфандашро то пагоҳ дар чоҳ намемонад, чунки агар гӯсфанд мурад, соҳибаш зарар мебинад. Ғайр аз ин, дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад: «Одил ба ҷони чорвои худ раҳм мекунад» (Масалҳо 12:10).

Исо ба сари мақсад омада мегӯяд: «Лекин то чӣ андоза одам аз гӯсфанд пурарзиштар аст! Бинобар ин дар рӯзи шанбе кардани кори нек равост» (Матто 12:12). Барои ҳамин, агар Исо он мардро дар рӯзи шанбе шифо диҳад, ҳеҷ гуноҳе намекунад. Сарварони динӣ ба ин суханони меҳрубонона ва далелҳои мантиқии Исо ҷавоби мувофиқе наёфта хомӯш мемонанд.

Исо аз тарзи фикри он раҳбарони динӣ ба қаҳр омада, онҳоро бо ғамгинӣ аз назар мегузаронад. Баъд ӯ ба марди дастхушк мегӯяд: «Дастатро дароз кун» (Матто 12:13). Ӯ дасташро дароз мекунад ва он сип-сиҳат мешавад. Бешакк, шодии он мард ҳадду канор надорад. Оё касоне, ки Исоро айбдор кардан мехоҳанд, ба шодии он мард шарик мешаванд? Не.

Сарварони дин маслиҳат мекунанд, ки Исоро кушанд

Баръакс, фарисиён даррав аз он ҷо берун баромада «бо тарафдорони Ҳиродус дар бораи куштани ӯ [Исо] маслиҳат» мекунанд (Марқӯс 3:6). Аз афташ, дар байни он ҳизби сиёсӣ, яъне тарафдорони Ҳиродус, баъзе саддуқиён ҳам ҳастанд. Одатан саддуқиёну фарисиён байни ҳам душманӣ доранд. Лекин барои бар зидди Исо баромадан пайравони ин ду мазҳаб тифоқ шуда забон як мекунанд.

  • Исо дар куҷо ва чӣ тавр ба муқобили сарварони дини яҳудӣ мебарояд?

  • Сарварони дини яҳудӣ дар бораи қонуни рӯзи шанбе чӣ ақидаи хатое доранд?

  • Исо бо чӣ далеле фикри нодурусти сарварони динро фош мекунад?

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан