БОБИ 52
Исо ҳазорон нафарро бо якчанд нону моҳӣ сер мекунад
МАТТО 14:13–21 МАРҚӮС 6:30–44 ЛУҚО 9:10–17 ЮҲАННО 6:1–13
ИСО 5000 НАФАРРО СЕР МЕКУНАД
Дувоздаҳ расули Исо аз мавъиза дар саросари Ҷалил бармегарданд ва бо хурсандӣ ба Исо «дар бораи ҳамаи корҳои кардаашон ва дар бораи чизҳои ба одамон таълимдодаашон» нақл мекунанд. Онҳо хеле монда бошанд ҳам, барои хӯрдану дамгирӣ фурсат надоранд, чунки одамони бисёре омадурафт мекунанд. Барои ҳамин Исо мегӯяд: «Биёед ба ягон ҷойи беодам меравем, то шумо каме дам гиред» (Марқӯс 6:30, 31).
Онҳо, эҳтимол, дар наздикиҳои Кафарнаҳум ба қаиқе савор шуда, ба тарафи шарқии дарёи Урдун, каме дуртар аз Байт-Сайдо, ба ҷойи беодаме, мераванд. Одамони бисёре рафтани онҳоро дида лаб-лаби соҳил ба тарафи онҳо шитоб мекунанд. Исову шогирдонаш ба соҳил мерасанд ва мебинанд, ки танҳо нестанд.
Вақте Исо он мардумро мебинад, дилаш ба онҳо месӯзад, чунки онҳо мисли гӯсфандони бечӯпонанд. Ӯ ба онҳо дар бораи Подшоҳии Худо чизҳои бисёреро таълим медиҳад (Марқӯс 6:34). Ҳамчунин ӯ «касонеро, ки бемор буданд», шифо медиҳад (Луқо 9:11). Вақте бегоҳ мешавад, шогирдон ба ӯ мегӯянд: «Ин ҷо ҷойи беодам аст ва аллакай бегоҳ шуда истодааст, мардумро ҷавоб деҳ, то ба қишлоқҳо рафта, барои худ хӯрдание харанд» (Матто 14:15).
Исо бошад, ҷавоб медиҳад: «Ба рафтани онҳо ҳоҷат нест — шумо ба онҳо хӯрок диҳед» (Матто 14:16). Исо аз Филиппус, ки аз ҳамин ҷойҳо, яъне аз наздикиҳои Байт-Сайдо мебошад, мепурсад: «Барои ин одамон аз куҷо нон харем?» Исо ин саволро барои озмудани Филиппус медиҳад, чунки аллакай медонад, ки ин душвориро чӣ хел ҳал кунад. Дар ин ҷо панҷ ҳазор мард ҷамъ шудааст. Агар занону кӯдаконро ба назар гирем, шумораи мардум ду маротиба зиёдтар мешавад! Пас, чӣ хел барои ин қадар одам нон харидан мумкин аст? Филиппус ба Исо мегӯяд: «Ҳатто агар ба дусад динорa нон харем, ба ҳамаи онҳо як бурдагӣ ҳам намерасад» (Юҳанно 6:5–7).
Ин қадар одамро сер кардан кори номумкин аст. Аз афташ, Андриёс ҳам ба ҳамин ишора карда мегӯяд: «Дар ин ҷо писарчае ҳаст, ки панҷ нони ҷавин ва ду моҳии хурд дорад. Лекин ин барои мардуми бисёр чӣ мешавад?» (Юҳанно 6:9).
Ҳоло баҳори соли 32 мебошад ва иди Раҳоӣ наздик аст. Дар ин фасл кӯҳу саҳро ва теппаҳо сабзапӯшанд. Исо аз мардум хоҳиш мекунад, ки 50–100 нафарӣ тақсим шуда, ба рӯйи сабза шинанд. Ӯ панҷ нон ва ду моҳиро гирифта, Худоро шукргузорӣ мекунад. Баъд Исо нонро шикаста, моҳиро қисм-қисм мекунад ва ба шогирдонаш медиҳад, то ба мардум тақсим кунанд. Ҳама одамон мехӯранду сер мешаванд.
Баъд Исо ба шогирдонаш мегӯяд: «Пораҳои боқимондаро ҷамъ кунед, то ҳеҷ чиз ҳайф нашавад» (Юҳанно 6:12). Шогирдон аз нонпораҳои боқимонда 12 сабадро пур мекунанд!
a Як динор ба музди якрӯзаи мардикор баробар буд.